Мафҳум ва таъиноти шартномаи коллективӣ

Шартномаи коллективӣ – санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатиро дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ба танзим медарорад ва аз тарафи намояндагони ваколатдорашон байни корфармоён ва кормандон баста мешавад (қисми 11 М1 Қонун«Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» аз 28 июли соли 2006).

Шартнома ва созишномаҳои коллективӣ бо мақсади илова ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ баста мешаванд<sup/>.

Тартиби таҳия, ба имзо расонидан ва амали шартномаҳо ва созишномаҳои коллективиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Назорати иҷрои шартнома ва созишномаи коллективӣ аз ҷониби тарафҳо ва намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо амалӣ мегардад.

Ба мақсади беҳтар намудани гузориши масъала ва ҳали мусбии он зарурияти омузиш ва таҳлили мафҳумҳои зеринро қайд бояд кард. Аз ҷумла:

1) шарикии иҷтимоӣ-ҳамкории иштирокчиёни муно-сибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатие, ки ба таъмини мувофиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд;

2) системаи шарикии иҷтимоӣ-принсипҳо ва қоидаҳое, ки тавассути онҳо дар сатҳу сохторҳои гуногун, бо мақсади ҳосил шудани ризоияти тарафҳо, қабули қарорҳои муштарак, татбиқи амалиёти якҷоя ва пешгирии ихтилофот, ҳамкории иштирок-чиёни муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ созмон дода мешавад;

3) муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ –маҷмӯи муносибатҳо байни кормандон ва корфармоён;

4) тарафҳои шарикии иҷтимоӣ –мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандон ва корфармоён дар шахси намояндагони ваколатдори онҳо тибқи тартиби муқаррар-гардида;

5) корфармо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ, ҳамчунин намояндагӣ ва бахшҳои он ва шахси воқеие, ки тибқи қонунгузорӣ дорои хуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебошанд;

6) намояндагони кормандон – мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо (ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ), ки мувофиқи оинномаҳои онҳо ҳамчун намоянда ваколатдор шудаанд, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии дар маҷлиси умумии (конференсия) кормандони ташкилот таъсисёфта ва аз ҷониби онҳо ваколатдоршуда;

7) корманд – шахсе, ки бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад;

8) иттиҳодияҳои корфармоён – шакли ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки ба узвияти корфармоён асос ёфтааст;

9) созишнома дар бораи шарикии иҷтимоӣ- санади хуқуқиест, ки муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии байни кормандон, корфармоён, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳо ва касбҳоро ба танзим медарорад.

Мақсади шарикии иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:

-татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи кафолатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мусоидат ба танзими масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, аз ҷумла масъалаи муқаррар намудани андозаи музди меҳнат;

-зиёд намудани даромади кормандон дар асоси афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот;

-таъсиси механизми самараноки танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;

-гузаронидани музокироти коллективӣ, машваратҳои мутақобила, таҳия ва бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-пешгирии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва мусоидат ба ҳалли низоъҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;

-таҳким ва инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар асоси принсипҳои демократӣ;

-фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи бозори меҳнат.

Шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ инҳоянд:

-музокирот ва машваратҳо;

-таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳои муштарак;

-бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;

-иттилоотонии мутақобилаи Тарафҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои қабулгардида.

Мақомоти асосии системаи шарикии иҷтимоӣ дар тамоми сатҳҳо комиссияҳои сетарафа (дутарафа) ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби комиссияҳо музокироти коллективӣ гузаронида, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ таҳия ва баста мешаванд, ҳамчунин рафти иҷрои онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мувофиқи Низомнома дар бораи комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи иттиҳодияҳои намояндагони кормандон ва иттиҳодияи корфармоён тасдиқ мегардад, фаъолият мекунанд.

Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ-комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, мақомоти оид ба таъмини мутобиқгардонии манфиатҳои давлат ва тарафҳои муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо карда мешаванд. Комиссияҳои сетарафа (дутарафа) аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои корфармоён иборатанд.

Дар сатҳи соҳавӣ-комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ таъсис дода мешаванд. Ҳайати комиссияҳои соҳавӣ, ки ба он намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён шомиланд, аз ҷониби Тарафҳо ташкил карда мешавад.

Дар сатҳи минтақавӣ комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корфармоён ва кормандон ташкил карда мешаванд.

Дар сатҳи ташкилотҳо оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, таҳия ва бастани шартномаҳои коллективӣ комиссияҳои дутарафа таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати комиссия намояндагони корфармоён ва кормандон шомил мешаванд.

Дар сатҳи гурӯҳҳои молиявӣ-саноатӣ ва корпоратсияҳои трансмиллӣ комиссияҳои дутарафа (сетарафа) оид ба гузаронидани музокироти (машваратҳои) коллективӣ, таҳия ва бастани созишнома дар иттиҳодияҳои хоҷагиҳои мазкур, аз ҷумла ташкилотҳои берун аз ҳудуди давлат ҷойгирбуда ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияҳо намояндагони корфармо ва кормандон дохил мебошанд.

Аз номи кормандон ҳуқуқи гузаронидани музокироти коллективӣ ба мақомоти намояндагии онҳо дода мешавад.

Дар музокироти (машваратҳои) коллективӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандон ва корфармоён иштирок менамоянд.

Мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ, инчунин корфармо (соҳибмулк) вазифадоранд оид ба масъалаҳое, ки барои баррасӣ аз тарафи иттифоқҳои касаба ва ё мақомоти дигари намояндагии ваколатдори махсуси кормандон пешниҳод карда мешаванд, музокирот доир намоянд.

Ҳар кадоме аз тарафҳо дар муддати на дертар аз се моҳи то ба охир расидани мӯҳлати амали созишномаҳо ва шартномаҳои коллективии қаблӣ ё дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи ин ҳуҷҷатҳо ҳақ дорад ба тарафи дигар оид ба оғози музокирот огоҳии хаттӣ ирсол намояд.

Дар ҳамаи ҳолатҳои зикргардида Тарафе, ки аз Тарафи дигар огоҳии хаттӣ гирифтааст, вазифадор аст дар муддати 7 рӯз дар сатҳи ташкилот ва дар муддати 15 рӯз дар дигар сатҳҳо музокирот оғоз намояд.

Барои гузаронидани музокироти коллективӣ Тарафҳо бо шумораи баробари намояндагон, ки дорои ваколатҳои зарурӣ мебошанд, барои таҳияи лоиҳаи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ комиссия таъсис медиҳанд.

Ҳайати комиссия, мӯҳлат, макони баргузорӣ ва рӯзномаи музокирот бо қарори Тарафҳо муайян карда мешавад.

Тарафҳое, ки дар музокирот иштирок менамоянд, ҷиҳати интихобу муҳокимаи масъалаҳое, ки ба ҳалли ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо тааллуқ доранд, комилҳуқуқанд.

Тарафҳои шарикии иҷтимоӣ барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар доираи шарикии иҷтимоӣ ба гирифтани иттилооти эътимодбахш ба тариқи ройгон ва бемонеа ҳуқуқ доранд. Иттилооти мазкурро Тарафҳо вазифадоранд ба якдигар на дертар аз ду ҳафта аз рӯзи гирифтани дархости дахлдор пешниҳод намоянд.

Мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ, инчунин корфармо (соҳибмулк) вазифадоранд, ки ба мақомоти иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии ваколатдори махсуси кормандон барои салоҳиятнок гузаронидани музокирот иттилооти зарурӣ пешниҳод намоянд. Иштирокчиёни музокирот, шахсони дигари ба музокирот алоқаманд, набояд маълумоти дорои сирри давлатӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратиро ошкор созанд.

Агар дар анҷоми музокирот созишнома ба имзо расонида нашавад, протокол тартиб дода мешавад, ки ба он пешниҳодҳои ниҳоии ифодаёфтаи Тарафҳо ва тадбирҳое, ки мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, корфармо (соҳибмулк) бо тартиби яктарафа ҷиҳати ҳалли ихтилофот бояд андешанд, дохил карда мешавад.

Шахсоне, ки ба сифати намояндагони Тарафҳо дар музокирот иштирок менамоянд, инчунин мутахассисони дар давоми музокирот ба кори комиссия даъватгардида аз ҷойҳои кори асосиашон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат муваққатан озод карда мешаванд. Тамоми хароҷоти вобаста ба иштирок дар музокирот тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Музди меҳнати коршиносон ва мутахассисоне, ки бо мувофиқаи Тарафҳо даъват карда мешаванд, аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён (соҳибмулкон) пардохта мешавад.

Намудҳои созишномаҳо-созишномаҳои Генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ.

Созишномаи Генералӣ-санади ҳуқуқиест, ки принсипҳои умумии сиёсати шарикии иҷтимоию иқтисодиро муқаррар намуда, равандҳои асосии ҳамкорӣ ва ӯҳдадориҳои тарафайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон ва иттиҳодияҳои умумиҷумҳуриявии корфармоёнро дар соҳаи шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, зиёд кардани даромади меҳнаткашонро бо мурури мӯътадил гардидани вазъи иқтисодиёт муайян мекунад.

Созишномаи соҳавӣ санади ҳуқуқиест, ки равандҳои иҷтимоиву иқтисодии инкишофи соҳа, шароити меҳнат, сатҳи шуғл, музди меҳнат, кафолатҳои иҷтимоиро барои кормандони соҳа муқаррар ва масъалаҳои тарафайни сатҳи соҳавиро муайян менамояд.

Созишномаи минтақавӣ санади ҳуқуқиест, ки дар минтақаи воҳиди дахлдори маъмурии ҳудудӣ шароити умумии меҳнат, кафолат ва имтиёзҳои меҳнатиро ба танзим медарорад, ки барои ҳамаи Тарафҳо ҳатмист ва ҳангоми бастани шартномаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

Созишнома бо мувофиқаи Тарафҳо метавонад дутарафа ва сетарафа бошад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоравӣ, ки дар музокироти сетарафа ширкат меварзанд, дар сурати ба он исрор намудани ду тарафи дигар метавонанд аз бастани созишнома худдорӣ кунанд.

Созишномаҳо дар сатҳҳои зерин баста мешаванд:

-дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи корфармоён ва намояндагони кормандони Тоҷикистон;

-дар сатҳи соҳавӣ – байни мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён ва мақомоти соҳавии намояндагии кормандон;

-дар сатҳи вилоятӣ – байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои корфармоён ва иттиҳодияҳои вилоятии намояндагони кормандон;

-дар сатҳи шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ноҳияҳои шаҳрҳо-байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён (соҳибмулкон), намояндагони кормандон.

Тартиб, мӯҳлати таҳияву бастани созишнома ва ҳайати комиссия аз ҷониби Тарафҳо муайян гардида, тавассути протокол ба расмият дароварда мешаванд.

Лоиҳаи созишнома аз ҷониби комиссия таҳия гардида, аз тарафи мақомоти дахлдори идораи давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, мақомоти иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии ваколатдори махсуси кормандон ба имзо расонида мешавад.

Тартиби мушаххаси бастани созишномаҳоро Низомномаи тартиби таҳия ва бастани Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақомоти намояндагии кормандон ва иттиҳодияҳои корфармоён тасдиқ кардааст, муайян менамояд.

Мазмуни созишномаро Тарафҳо муайян мекунанд.

Дар созишнома инҳо пешбинӣ мегарданд:

-ӯҳдадориҳо дар соҳаи пардохти музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, киро кардан ва аз кор озод намудани кормандон;

-иҷрои маҷмӯи тадбирҳои махсус оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, чорабиниҳо оид ба инкишофи бозори меҳнат, таъминоти муфиди шуғли аҳолӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, аз ҷумла молҳои ниёзи мардум ва кишоварзӣ;

-муқаррар намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ;

-муқаррар намудани имтиёзот ва афзалиятҳои иловагӣ ба ташкилотҳо, корфармоёне (соҳибмулконе), ки ҷойҳои кории иловагӣ ташкил намуда, аз меҳнати маъюбон, ҷавонон, аз ҷумла наврасон истифода менамоянд;

-иштироки кормандон дар истифодабарии даромадҳое, ки аз фурӯши амволи ба моликияти давлатӣ тааллуқдошта ба даст меоянд;

-ҳифзи манфиати кормандон ҳангоми хусусигардонии фонди манзилӣ;

-зиёд намудани ҳаҷми иловапулиҳои хусусияти ҷубронидошта, ки андозаи ҳадди ақаллашон дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидааст;

-таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатӣ;

-масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ;

-беҳтар намудани шароити хизматрасонии иҷтимоии шахсоне, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, дигар масъалаҳои ба соҳаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ вобаста, инчунин ӯҳдадориҳо оид ба пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ ва эътирозҳо, таҳкими интизоми меҳнат, муайян намудани масъулияти иштирокчиёни созишнома, таъмини назорат оид ба ҷараёни иҷрои созишнома.

Созишнома аз рӯзи ба он имзо гузоштани Тарафҳо ва ё аз рӯзи дар созишнома муқарраршуда эътибор пайдо мекунад. Давраи амал ва мӯҳлати бастани созишномаро Тарафҳо муайян мекунанд.

Созишнома доираи кормандонеро, ки дар созишнома муайян карда шудааст, фаро мегирад.

Ҳангоми ба амал баровардани назорат тарафҳо вазифадоранд ҳамаи иттилооти зарурии дар даст доштаашонро пешниҳод намоянд.

Намояндагони тарафҳо, ки шартномаи коллективиро имзо намудаанд, ҳар сол ва ё дар мӯҳлатҳои дар шартномаи коллективӣ муқаррар гардида оид ба иҷрои дар маҷлиси умумии (конференцияи) коллективи меҳнатӣ ҳисбот медиҳанд.

Тавассути шартномаи коллективӣ танзими коллективӣ- шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ –иқтисодии байни кордиҳандагон ва коркунони корхона, муассиса ва ташкилотҳо мушаххас ба амал бароварда шуда, ҳамоҳангсозии манфиат ва ҳамкории кордиҳанда ва коркунони корхона ва воситаи муҳимтарини таъмини иштироки меҳнаткашон дар идоракуии корхонаҳо мебошад.

Шартномаи коллективӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, макотибӣ, олӣ, миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ баста мешавад.

Шартномаи коллективиро коллективи меҳнатӣ дар симои як ё якчанд иттифоқҳои касаба ё дигар мақомоти намояндагии ваколатдоркардашуда бевосита бо кордиҳанда ё намояндагони ваколатдоркардаи он баста метавонанд.

Ба мақсади пеш бурдани музокироти коллективӣ ва таҳияи лоиҳаи шартномаи коллективӣ аз намояндагони баробаршумори тарафҳо комиссияи муштарак созмон дода мешавад.

Лоиҳаи омодагаштаи шартномаи коллективӣ дар коллективҳои меҳнатии корхона муҳокима шуда, дар шакли мукаммал ҳаволаи маҷлиси умумӣ (конференсияи коллективӣ меҳнатӣ корхона) мешавад.

Шартномаи коллективӣ аз лаҳзаи ба имзо расиданаш ё аз рӯзи дар он нишондодашуда қувваи юридикиро доро мешавад. Давраи амали шартномаи коллективиро тарафҳо муайян мекунанд.

Шартномаи коллективӣ дар ташкилотҳо, новобаста аз шаклҳои моликият ва намуди хоҷагидориашон, дар муассисаҳои таҳсилоти олии миёнаи касбӣ ва ибтидоии касбӣ, ҳамчунин дар воҳидҳои таркибии ташкилотҳо оид ба масъалаҳое, ки марбут ба салоҳияти ин қисматҳои сохторӣ мебошанд, баста мешаванд.

Тарафҳои шартномаи коллективӣ мақомоти намояндагии кормандон, корфармо, (соҳибмулк) ё мақомоти аз тарафи онҳо ваколатдоршуда ба ҳисоб мераванд.

Дар сурати дар ташкилот мавҷуд будани якчанд мақомоти намояндагии кормандон, бо мувофиқаи байни онҳо, ба сифати тарафи шартномаи коллективӣ мақомоти намояндагие, ки аксарияти кормандони ташкилотро муттаҳид менамояд ё мақоме, ки дар он ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот мутаносибан аз рӯи шумораи аъзояшон намояндагӣ мекунанд, тарафи шартномаи коллективӣ шуморида мешавад.

Тартиб ва мӯҳлати бастани шартномаи коллективӣ, ҳайати комиссияи барои пешбурди музокирот таъиншавандаро Тарафҳо муаяйн мекунанд, ки он бо фармони корфармо ба расмият дароварда мешавад.

Лоиҳаи шартномаи коллективӣ бояд ба таври ҳатмӣ дар коллективҳои меҳнатӣ муҳокима карда шавад. Лоиҳаи такмилдодашуда аз тарафи маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.

Маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатии ташкилот бо протокол (қарор) намояндаи худро вазифадор менамояд, ки бо корфармо шартномаи коллективӣ бандад (имзо кунад).

Намояндаи кормандон ҳуқуқ дорад, ки бо тартиб ва шартҳои барои бастани шартномаи коллективӣ муқаррар-намудаи Қонуни мазкур дар бораи ба имзо расонидани замима ба шартномаи коллективӣ, ки аз номи коллективи меҳнатӣ баста шудааст, музокирот намояд. Замима ҷузъи ҷудо-нашавандаи шартномаи коллективӣ буда, баробари он эътибори ҳуқуқӣ дорад.

Мазмуни шартномаи коллективиро Тарафҳо дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд.

Шартномаи коллективӣ муқаррароти зеринро дар бар мегирад:

-дар бораи ташкили меҳнат;

-дар бораи шаклҳо, системаи пардохти музди меҳнат, мукофотпулиҳо, кӯмакпулиҳо, ҷубронпулиҳо ва пардохтҳои иловагӣ;

-дар бораи андозаҳои тарифии маош ва маошҳои вазифавӣ вобаста ба касб, дараҷаи тахассуси кормандон, мушкилот ва шароити корӣ, ки онҳо иҷро менамоянд;

-дар бораи давомнокии вақти корӣ ва вақти истироҳат;

-дар бораи ташкил намудани шароити бехатарии меҳнат, беҳтар намудани ҳифзи саломатӣ, кафолатҳои суғуртаи тиббии аъзои коллективи меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, дигар намудҳои суғурта;

-дар бораи таъмини шуғл, омодасозии кадрҳо, бо кор таъминкунии кормандони аз кор озодшуда;

-дар бораи танзими тартиботи дохилии меҳнат;

-дар бораи тартиботи таъсис ва фаъолияти комиссияҳои созиш оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ;

-дар бораи тартиботи огоҳонидани мақомоти намояндагии кормандон ва гузаронидани машварат ҳангоми ба таври оммавӣ озод намудани коргарон бо сабаби такмил додани ташкили кор, барҳам додани ташкилот, пурра ва ё қисман аз кор бозмондани истеҳсолот.

Дар шартномаи коллективӣ бо назардошти имкониятҳои иқтисодии ташкилот метавонанд шартҳои дигар, аз ҷумла шартҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиву иқтисодии имтиёзнок дар муқоиса бо меъёрҳо ва муқаррароти бо қонунгузорӣ ва созишномаҳои муқаррарнамуда (рухсатиҳои иловагӣ, иловапулиҳо ба нафақа, ҷуброни хароҷоти нақлиёт ва сафарҳои хизматӣ, таъмини хӯроки ройгон ё қисман пардохтшавандаи кормандон дар истеҳсолот ва фарзандони онҳо дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои иловагии дигар) ҷой дошта бошанд.

Мӯҳлати эътибори шартномаи коллективиро Тарафҳо муайян мекунанд.

Шартномаи коллективӣ аз рӯзи аз ҷониби Тарафҳо имзо шуданаш ё аз рӯзи дар шартномаи коллективӣ муқаррар-гардида эътибор пайдо мекунад.

Дар мавриди тағйир ёфтани ҳайати мақомоти идоравии ташкилот, иваз шудани соҳибмулки амвол, шартномаи коллективӣ то вақти қабули шартномаи нав амал мекунад.

Дар ҳолати барҳам додани ташкилот бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шартномаи коллективӣ дар тамоми мӯҳлати раванди барҳамдиҳӣ амал менамояд.

Ба шартномаи коллективӣ дар давоми мӯҳлати амали он бо мувофиқаи Тарафҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи шартнома тағйиру иловаҳо ворид кардан мумкин аст.

Назорати татбиқи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро комиссияҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, Тарафҳо (намояндагони онҳо), инчунин мақомоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда амалӣ менамоянд.

Назорати рафти иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ дар асоси Низомномаи комиссияи сетарафаи ҷумҳуриявӣ оид ба шарикии иҷтимоӣ ва танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.

Созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз имзо шуданаш бо намояндаи корфармо (корфармоён) барои бақайдгирии огоҳонӣ ба мақоми дахлдор оид ба меҳнат фиристода мешавад.

Бақайдгирӣ ба эътибори қонунӣ пайдо кардани созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ таъсир намерасонад.

Шартҳои созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ, ки ҳолати кормандонро нисбат ба қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ бад мекунанд, беэътиборанд ва набояд татбиқ карда шаванд.

Дар сурати саркашӣ намудан аз музокирот ва бо иштибоҳи яке аз Тарафҳо иҷро нагардидани шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ Тарафи дигар ҳуқуқ дорад дар бораи ҷуброни зарари моддии дар натиҷаи ин амал расонидашуда тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвоӣ пешниҳод намояд.

5 Загрузки

473
Нет комментариев. Ваш будет первым!