Интизоми меҳнат ва масъулияти моддии тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ

§ 1.Мафҳум ва усулҳои таъмин намудани интизоми меҳнат

Интизоми меҳнат – ин тартиботи зарурӣ барои амалӣ кардани ҳама гуна меҳнати якҷоя, қатъи назар аз шаклҳои моликият ва доираи фаъолият мебошад.

Итоат намудан ба чунин тартибот дар корхона, муассиса ва ташкилотҳо ифодаи худро, дар дахлдор (бояду шояд) иҷро намудани вазифаҳои меҳнатии ба зиммаи коркун тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, қоидаи тартиботи дохилӣ-меҳнатӣ, дастурамалҳо, фармоишҳои кордиҳанда гузошта шуда меёбад.

Тартиботи меҳнатӣ дар ташкилот бо қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ки корфармо бо мувофиқаи мақоми намояндагии дахлдори кормандон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

Барои категорияҳои алоҳидаи кормандон оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат, ки ба тартиби муқаррар-намудаи қонун тасдиқ карда шудаанд, амал мекунанд.

Ҳар корманд бояд қаблан ба қоидаҳои тартиботи дохили меҳнатӣ, оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат шинос карда шавад.

Корфамо вазифадор аст, ки интизоми меҳнат ва истеҳсолотро таъмин намояд, қонунҳои меҳнатро бечунучаро риоя кунад, аз корманд иҷрои амалҳои ғайриқонунӣ, инчунин амалҳоеро, ки аз ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд нест, амалҳоеро, ки ҳаёту саломатии корманд ё ашхоси дигарро таҳти хатар мегузоранд, шаъну шарафи корманд ашхоси дигарро паст мезананд, талаб нанамояд.

Корманд бояд қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, қоидаҳои техникии муқарраршуда, талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва санитарияи истеҳсолӣ, амру дастурҳои корфаморо, ки аз вазифаҳои меҳнатии ӯянд, риоя намояд, бо кофармо, бо аъзои коллективи меҳнатӣ, муштариёни ташкилот, дигар ашхосе, ки дар ҷараёни кор бо онҳо тамос мегирад, ҳалимона муносибат намояд.

Барои комёбиҳои кор, барои кори бардавом ва бенуқсон, навоварӣ дар меҳнат ва дигар дастовардҳои корӣ корфармо аз чунин тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ истифода мебарад:

1) эълони раҳматнома;

2) додани мукофот;

3) мукофотонидан бо тӯҳфаи пурқимат;

4) сарфароз гардондан бо ифтихорнома;

5) навиштани ном дар Лавҳаи ифтихор, дар Дафтари ифтихор .

Бо қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ҳамчунин дигар навъҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ шуда метавонанд.

Кормандон барои хизматҳои махсус баҳри ҷомеа ва давлат ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуда метавонанд.

Дар қоидаҳои тартиботи дохили меҳнатӣ, инчунин дигар чораҳои қадркунии меҳнат пешбинӣ шуданашон мумкин мебошад.

Барои хизматҳои махсусан шоёни меҳнатӣ дар назди ҷамъият ва давлат коркунро барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ пешниҳод намудан мумкин аст.

§ 2. Чораҳои танбеҳи интизомӣ ва тартиби татбиқи онҳо

Корфармо ҳақ дорад барои вайрон кардани интизоми меҳнат, яъне бо гуноҳи корманд иҷро нашудан ё ба таври лозима иҷро нашудани ӯҳдадориҳояш муҷозоти зерини интизомиро истифода намояд.

1) сарзаниш;

2) танбеҳ;

3) аз вазифа озод кардан (бандҳои 3, 4, 6, 7, 10, 11 қисми якуми моддаи 46-уми Кодекс)

Бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат барои категорияҳои алоҳидаи кормандон дигар навъҳои муҷозот низ пешбинӣ шуда метавонанд.

Истифодаи чораҳои таъсиррасонии интизомие, ки бо Қонун, оиннома ё низомномаи интизом пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

Қабл аз истифодаи муҷозоти интизомӣ аз корманд бояд баёноти хаттӣ талаб карда шавад. Аз додани баёнот саркашӣ кардани корманд ба татбиқи муҷозот монеъ шуда наметавонад.

Муҷозоти интизомӣ бевосита баъди содири кирдори корманд, аммо на дертар аз як моҳи содири он, ба ғайр аз вақти беморӣ ё дар рухсатӣ будани ӯ татбиқ мегардад.

Муҷозот баъди шаш моҳи содири кирдори корманд ва аз рӯи натиҷаҳои тафтиш ё санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ на дертар аз ду соли баъди содири чунин кирдор татбиқ шуда наметавонад. Ба мӯҳлатҳои зикршуда вақти тафтиши парвандаи ҷиноӣ дохил намешавад.

Ҳангоми татбиқи муҷозоти интизомӣ вазнинии кирдор, ҳолати содиршавии он, кору амали пешина ва рафтори корманд ба эътибор гирифта мешаванд.

Барои як кирдор фақат як муҷозоти интизомӣ дода мешавад.

Фармон (амр) ё қарори татбиқи муҷозоти интизомӣ ба корманд эълон карда шуда, ӯ дар зераш имзо мегузорад.

Аз муҷозоти интизомӣ бо тартибе, ки барои баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқаррар гардидааст, арз кардан мумкин аст.

Мӯҳлати амали муҷозоти интизомӣ аз рӯи татбиқи он зиёда аз як сол буда наметавонад. Агар корманд дар ин муддат ба муҷозоти нави интизомӣ гирифтор нашавад. Дар ин сурат ӯ муҷозотногирифта ҳисобида мешавад.

Корфармое, ки муҷозоти итизомиро татбиқ кардааст, ҳақ дорад бо ташаббуси худ, бо хоҳиши корманд бо тавсияи мақоми намояндагии дахлдори кормандони ташкилот ё роҳбари бевоситаи корманд муҷозотро пеш аз мӯҳлати яксола беэътибор гардонад.

§ 3. Мафҳум, вазифа ва намудҳои масъулияти моддии коркунон

Масъулиятии моддии коркунон гуфта, вазифаи ҳуқуқии онҳоро меноманд, ки дар қисман ё пурра талофӣ намудани зарари ба кордиҳанда расонидаи онҳо ифодаи худро меёбад.

Тавассути масъулияти моддӣ ҷои зарари моддӣ пурра карда шуда, коркунон дар рӯҳияи муносибати эҳтиёткорона ба амволи кордиҳанда тарбия карда мешаванд ва музди кори онҳо аз ҳама гуна боздоштҳои беасос ва ғайриқонунӣ ҳифз карда мешаванд.

Масъулияти моддӣ ҷой доштани маҷмӯи чунин шартҳоро тақозо менамояд:

– ҷой доштани зарари бевоситаи ҳақиқӣ (воқеӣ);

– зиддиҳуқуқӣ будани кирдори коркун;

– робитаи бевоситаи байни чунин кирдор ва зарари ба вуҷуд омада;

– гуноҳи коркун дар шакли қасд ё беэҳтиётӣ.

Ду намуди масъулияти моддии коркунон муқарар шудааст: масъулияти маҳдуд ва масъулияти пурра. Намуди асосии масъулияти моддиро масъулияти маҳдуд ташкил медиҳад, ки андозаи ба ҳаҷми зарари бевоситаи воқеӣ, лекин на зиёда аз музди якмоҳаи миёнаи меҳнати коркун баробар аст.

Тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бинобар иҷрои ӯҳдадории соҳаи меҳнат ба тарафи дигар зиён расонидааст, ин зиёнро мутобиқи Кодекси Меҳнат, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё созишномаи хаттии иловагии он басташаванда, ҳамчунин аҳдномаи коллективӣ метавонанд, ки ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро мушаххас намоянд. Ҳамзамон бо ин масъулияти шартномавии корфармо дар назди корманд набояд камтар ва масъулияти корманд дар назди корфармо набояд бештар аз он бошад, ки дар Кодекси меҳнат, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Қатъи муносибатҳои меҳнатӣ баъди расонидани зиён тарафи шартнома (қарордод)- ро аз ҷавобгарии моддии пешбиникардаи Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намесозад.

Корфармо ба корманд ҳама гуна зиён (аз ҷумла зиёни маънавӣ)- ро, агар дар Кодекс тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, пурра ҷуброн мекунад.

Зиёни маънавӣ бо пул ё бо дигар шакл ба андозае, ки корфармо ва корманд муайян мекунанд, ҷуброн карда мешавад, дар сурати ба миён омадани баҳс ин масъала аз ҷониби суд ҳаллу фасл мегардад.

Корфармо ӯҳдадор аст, ки ба корманд маоши нагирифтаашро дар ҳама ҳолатҳои ғайриқонунӣ аз имконияти меҳнат кардан маҳрум намудани ӯ ҷуброн намояд. Чунин ӯҳдадорӣ вақте ба миён меояд, ки корманд маоши худро дар натиҷаи:

1) ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан, аз кор дур кардан, ба кори дигар гузаронидан, ё аз кор озод кардан;

2) қарори мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатиро дар бораи кори собиқа барқарор намудан сари вақт иҷро накардан;

3) дер додани дафтарчаи меҳнатӣ;

4) бо ҳар роҳ паҳн кардани маълумоте, ки шаъни кормандро паст мезанад, нагирифтааст.

Корфармо дар ин ҳолат вақте ҷавобгар мешавад, ки корманди аз кор озод кардашуда ҳангоми ба кори дигар қабул шудан ба мушкилӣ дучор ояд.

Корфармое, ки дар натиҷаи ғайри қобили қабул иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ мувофиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба асбобу анҷоми шахсӣ ё дигар амволи корманд зиён расонидааст, онро пурра ҷуброн мекунад. Андозаи зиён бо нархи бозор, ки дар маҳалли мазкур дар лаҳзаи ҷуброни зиён амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.

Бо мувофиқаи тарафайн ё бо қарори суд зиён метавонад бо мол ҷуброн карда шавад.

Корманд дар бораи ҷуброни зиён ба корфармо ариза менависад. Корфармо вазифадор аст, ки аризаи расидаро баррасӣ намояд ва дар давоми даҳ рӯзи баъди расидани он қарори дахлдор қабул кунад.

Агар корманд бо қарори корфармо розӣ набошад ё дар мӯҳлати муқарраршуда ҷавоб нагирад, ӯ метавонад ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатиро баррасӣ мекунад, муроҷиат намояд.

Корманд вазифадор аст зиёни воқеии бевоситаи ба корфармо расонидаашро ҷуброн намояд, ба шарте, ки дар Кодекси меҳнат, қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Зиёни воқеии бевосита маънии кам ё вайрон кардани амволи нақди корфармо (аз ҷумла амволе, ки корфармо аз ашхоси дигар ба киро гирифтааст), ҳамчунин зарурати барои корфармо харидан ё барқарор кардани амвол ва ё пардохти маблағи иловагиро дорад.

Корманд барои зиёни бевоситаи воқеӣ, ки чӣ мустақиман ба корфамо расидааст ва чӣ бо гуноҳи ӯ ба корфармо дар натиҷаи зиёни дигар шахсонро ҷуброн карданаш расидааст, аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар мебошад.

Корфармо бо назардошти ҳолатҳои мушаххасе, ки бар асари онҳо ба ӯ зиён расидааст, ҳамчунин бо назардошти аҳволи моддии корманд ҳақ дорад аз пурра ё қисман ситонидани товони зиён даст кашад.

Дар ташкилотҳои давлатӣ қарори мазкурро корфармо бо мувофиқаи мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот қабул мекунад ва товони зиён дар ин ҳолат аз ҳисоби маблағи ташкилот дода мешавад.

Корманде, ки бо гуноҳи ӯ ба корфармо зиёни моддӣ расидааст, ба андозаи зиёни бевоситаи воқеӣ, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнааш ҷавобгарии моддӣ дорад.

Ҷавобгарии моддии зиёда аз моҳонаи миёна танҳо дар ҳолатҳои пешбиникардаи моддаи 136 Кодекс, яъне масъуляти пурраи моддӣ иҷозат дода мешавад.

Мутобиҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо ҷавобгарии ҷузъии моддӣ доранд:

1) кормандон – ба андозаи зиёни расонидаашон, вале на зиёдтар аз моҳонаи миёнаашон барои аз беэҳтиёти вайрон ё нобуд кардани масолеҳ, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми истеҳсоли онҳо. Барои аз беэҳтиётӣ вайрон ё нобуд кардани афзор, олоти андозагирӣ, либоси махсус ва дигар чизҳое, ки ташкилот ба корманд ҷиҳати истифода додааст, кормандон ба ҳамин андоза ҷавобгарии моддӣ доранд:

2) роҳбарони ташкилотҳо ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони бахшҳои таркибии ташкилотҳо ва муовинони онҳо ба андозаи зиёни расондаашон, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнаашон, ба шарте, ки дар натиҷаи зиён ташкилот ба пардохтҳои иловагӣ маҷбур шавад ё зиён дар натиҷаи пешбурди нодурусти ҳисоб ва сариштаи арзишҳои моддӣ ва пул, наандешидан чораҳои пешгирии истеҳсоли маҳсулоти бесифат, дуздӣ, нобуд ва хароб кардани арзишҳои моддӣ ва пул расонида шавад;

3) ашхоси масабдор – дар ҳолатҳо ва ҳудуде, ки дар моддаи 203- юми Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд.

Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии кормандон

Ҷавобгарии пурраи моддии корманд аз ӯҳдадории корманд дар мавриди ҷуброни пурраи зиён иборат аст.

Ҷавобгарии моддӣ ба андозаи пурраи зиёни расонидашуда ба зиммаи корманд дар ҳолатҳои зерин гузошта мешавад:

1) барои камомади арзишҳое, ки ба ӯ дар асоси шартномаи махсуси хаттӣ супорида шудаанд:

2) барои камомади арзишҳое, чи бо санадҳои якдафъавӣ қабул карда шудаанд:

3) дар асоси санади махсуси қонунӣ;

4) барқасдона расонидани зиён;

5) расондани зиён дар ҳолати мастӣ аз шароб ё аз моддаҳои нашъадор ё токсикӣ;

6) расонидани зиён дар натиҷаи амали ҷинояткоронаи корманд, ки бо ҳукми суд муқаррар шудааст;

7) расонидани зиён ҳангоми ба ҷо наовардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ;

8) барқасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ, агар шартҳои маҳфуз нигоҳ доштани он дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошанд. Ҳангоми барқасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ корманд ба кофармо инчунин даромадҳои ба даст наомада (фоидаи аз даст рафта) – ро, ки корфармо дар сурати поймол нашудани ҳуқуқҳояш соҳиб шуда метавонист, ҷуброн мекунад;

9) дар ҳолатҳое, ки ҷавобгарии пурраи, зиёни ҳангоми иҷрои вазифа расондаи корманд мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ ба зимааш гузошта шудааст.

Ҷавобгарӣ дар ҳаҷми пурраи зиёни расондашуда дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бо роҳбари ташкилот, муовинони ӯ ва сармуҳосиб баста шудааст, муқаррар шуда метавонад.

Корманде, ки бо пул ё арзишҳои молӣ сарукор дорад, барои камомади онҳо, ки ба ӯ дар асоси шартномаи мхсус супорида шудаанд ҷавобгарии пурраи моддӣ дорад.

Бо корманде, ки ба синнӣ ҳаждаҳ расидаасту бевосита бо пулу арзишҳои молӣ сарукор дорад, ҳам дар вақти ба кор қабул кардан ва ҳам баъдан ба таври илова ба шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ оид ба ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ ё бригадавӣ шартномаи махсус баста шуданаш мумкин аст.

Номгӯи категорияҳои кормандоне, ки бо онҳо шартномаи мазкур баста шуданаш мумкин аст, бо шартномаи коллективӣ муқаррар мешавад; агар шартнома, баста нашуда бошад, номгӯи мазкур аз тарафи корфармо бо мувофиқаи мақоми намояндагии кормандони ташкилот муайян карда мешавад. Ба ҳамин тартиб номгӯи бахшҳои таркибие низ муқаррар карда мешаванд, ки дар онҳо ҳангоми корҳои бевосита бо пул ё арзишҳои молӣ алоқамандро якҷоя ба ҷо овардани кормандон ҷавобгарии бригадавӣ ё дигар ҷавобгарии коллективӣ ҷори шуданаш мумкин аст.

Шартномаи ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ ё бригадавӣ ва ё дигар ҷавобгарии коллективӣ ӯҳдадориҳои тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро оиди эҳтиёт кардани арзишҳое, ки ба корманд (коллектив) супорида шудаанд, мушаххас месозад ва ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии иловагии онҳоро муқаррар менамояд.

Мувофиқи шартномаи ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ арзишҳо ба корманди мушаххас, ки барои камомади онҳо шахсан ҷавобгар аст, супорида мешаванд. Барои озод шудан аз ҷавобгарӣ корманде, ки бо ӯ шартномаи мазкур баста шудааст, бояд бегуноҳии худро исбот созад.

Мувофиқи шартномаи ҷавобгарии моддии бригадавӣ (коллективӣ) арзишҳо ба гурӯҳи муқарраршудаи ашхос (бригада), ки барои камомади онҳо ҷавобгарии пурраи моддӣ ба дӯши ин ашхос вогузор мегардад, супорида мешаванд. Барои озод шудан аз ҷавобгарӣ узви алоҳидаи бригада бояд бегуноҳии худро исбот созад.

Дар ташкилотҳое, ки арзишҳо, сару кор доранд (нигоҳдорӣ, фурӯш, ҳамлу нақл, коркард) корфармо баъди машварат бо мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот фонди таввакал (риск) таъсис карда метавонад, ки аз ҳисоби он камомад ҷуброн карда мешавад.

Ҳангоми ихтиёран ҷуброн кардани зиён (моддаи 14-уми Кодекси мазкур) андозаи гуноҳи ҳар узви бригада бо мувофиқаи ҳамаи аъзои бригада ва корфармо муайян карда мешавад. Ҳангоми бо тартибӣ судӣ ситонидани товони зиён андозаи гуноҳи ҳар узви бригадаро суд муайян мекунад.

Муайян кардани андозаи зиён – андозаи зиёни ба корфармо расонида аз рӯи талафоти воқеӣ, дар асоси маълумоти ҳисобу китоби муҳосибавӣ муайн карда мешавад.

Ҳангоми гум кардан, хароб намудан ва дуздидани амволи корфармо, ки ба фондҳои (воситаҳои) асосӣ мансубанд, андозаи зиён аз рӯи нархи бозории роиҷи маҳалли мазкур дар рӯзи расонидани зиён (аммо на камтар аз арзиши балансӣ бо назардошти дараҷаи фарсудагии амвол) ҳисоб карда мешавад.

Дар ҳолатҳои дигар андозаи зиён бо нархи бозорӣ, ки дар маҳалли мазкур дар рӯзи расонида шудани зиён роиҷ аст, ҳисоб карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби махсуси муайян намудани андозаи товони зиён, аз ҷумла ба ҳисоби карати зиёни ба корфармо бо роҳи дуздидан, барқасдона хароб ё гум кардани навъҳои алоҳидаи амвол ва дигар арзишҳо расондаро, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки андозаи воқеъии зиён аз андозаи аслии он зиёд аст, муқаррар менамояд.

Корфармо вазифадор аст то қабул гардидани қарори товони зиёнро додани кормандони мушаххас ҷиҳати муқаррар намудани андозаи зиён ва сабабҳои сар задани он тафтиш гузаронад.

Барои чунин тафтиш корфармо ҳақ дорад бо иштироки мутаххасисони дахлдор комиссия ташкил намояд.

Аз корманд талаб кардани баёноти хаттӣ барои муқаррар намудани сабаби сар задани зиён ҳатмӣ мебошад.

Корманд ҳақ дорад, ки бо тамоми маводи тафтиш шинос шавад, дар тафтиш иштирок намояд.

Товони зиёнро ихтиёран додани корманд – корманде, ки ба кофармо зиён расондааст, метавонад товони онро ихтиёран пурра ё қисман диҳад.

Зиён дар ҳудуди пешбиникардаи Кодекси мазкур ихтиёран ҷуброн карда мешавад.

Бо мувофиқаи корманд ва корфармо товони зиёнро дертар додан мумкин аст. Дар ин ҳолат корманд дар бораи ҷуброни зиён бо зикри мӯҳлати мушаххаси пардохт ба корфармо ӯҳдадории хаттӣ пешниҳод мекунад.

Агар корманде, ки дар бораи ҷуброни ихтиёрии зиён ӯҳдадории хаттӣ додааст, бо сабаби қатъи муносибатҳои меҳнатӣ зиёнро ҷуброн накунад, дар ин сурат товони зиён ба тариқи судӣ ситонида мешавад.

Корманд метавонад бо ризоияти корфармо барои ҷуброни зиён ба ӯ амволи баробарқимат диҳад ё амволи харобшударо дуруст намояд.

Тартиби ситонидани товони зиён – маблағи зиёне, ки аз маоши якмоҳаи корманди гунаҳгор зиёд нест бо фармоиши корфармо ситонида мешавад. Фармоиш на дертар аз ду ҳафтаи ошкор шудани зиён содир шуда метавонад.

Агар маблағи зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад, аз моҳонаи миёнаи ӯ зиёд бошад ё аз рӯзи ошкор шудани зиён ду ҳафта гузашта бошад, он ба тариқи судӣ ситонида мешавад.

Дар сурати розӣ набудани корманд аз маблағи ситонидашудаи зиён ӯ ҳақ дорад, ки ба суд муроҷиат намояд.

Ҷуброни зиёне, ки ба ташкилоти давлатӣ роҳбар расонидааст – товони зиёне, ки ба ташкилоти давлатӣ бо гуноҳи роҳбари он расидааст, бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ситонида мешавад.

Қарори аз роҳбари ташкилоти давлатӣ ситонидани товони зиёнро мақоме, ки ҳаққи моликро дорад, қабул мекунад. Ин мақом ҳамчунин ҳақ дорад, ки товони зиёнро аз роҳбар бо тариқи судӣ ситонад.

Аз тарафи суд кам кардани андозаи зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад – суд метавонад бо назардошти андоза ва намуди гуноҳ, ҳолатҳои мушаххас ва аҳволи моддии корманд андозаи товони зиёнеро, ки бояд аз корманд ситонида шавад, кам кунад.

Агар зиён бо ғарази ҷиноят расонида шуда бошад, ба кам кардани товони зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад, роҳ дода намешавад.

6 Загрузки

541
Нет комментариев. Ваш будет первым!