Асосҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ

Асосҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ

1. Мавзӯи ҳуқуқи соҳибкорӣ.

2. Тарзҳои танзими ҳуқуқӣ.

3. Усулҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ.

4. Низоми ҳуқуқи соҳибкорӣ.

5. Сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ.

6. Ҳуқуқи соҳибкорӣ дар низоми ҳуқуқ.

  1. Мавзӯи ҳуқуқи соҳибкорӣ

Мустақилияти ин ё он соҳаи ҳуқуқ дар низоми ҳуқуқӣ бо мавҷудияти мавзӯъ, тарзи танзими ҳуқуқӣ ва ҳамчунин усулҳои танзими ҳуқуқӣ алоқаманд мебошад.

Мавзӯ (предмет)-и ҳуқуқи соҳибкорӣ муносибатҳои ҷамъиятии дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамчунин муносибатҳои ғайритиҷоратии ба онҳо сахт алоқаманд, аз ҷумла муносибатҳои танзими давлатии фаъолияти хоҷагидорӣ мебошанд. Ин муносибатҳо ба ду гурӯҳ: муносибатҳои соҳибкорӣ (муносибатҳои уфуқӣ, яъне муносибатҳои соҳибкор бо соҳибкор) ва муносибатҳои ғайритиҷоратӣ (муносибатҳои амудӣ, яъне муносибатҳои соҳибкор бо мақомоти идоракунанда) тақсим мешаванд ва дар маҷмӯъ муносибатҳои ҳуқуқи хоҷагидорӣ, муомилоти ягонаи ҳуқуқи хоҷагидориро ташкил медиҳанд.

Таърифи фаъолияти соҳибкорӣ дар моддаи 1 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (КГ ҶТ) ин тариқ баён ёфтааст: ин, аввало, фаъолияти мустақил, дуюм, фаъолияти ба таваккали худ амалишаванда ва сониян, аз ҳама муҳимаш, – барои мунтазам ба даст даровардани фоида равона карда шудааст.

Ғайр аз ин, соҳибкорӣ бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шавад. Бақайдгирӣ аломате, нишонае нест, балки вазифа, ӯҳдадории муқарраркардаи қонун, аниқтараш, шарти соҳибкории қонунӣ мебошад.

Ба гурӯҳи дигари муносибатҳои дахлдори мавзӯи ҳуқуқи соҳибкорӣ муносибатҳои ғайритиҷоратии бо муносибатҳои соҳибкорӣ зич алоқаманд, аз ҷумла муносибатҳои вобаста бо таъсиси корхона (соҳибкор), иҷозатномагирӣ ва ғайра мансубанд. Ба ин гурӯҳ муносибатҳои оид ба танзими давлатии иқтисодиёт, чунончӣ, муносибатҳои оид ба дастгирии рақобат ва маҳдудгардонии фаъолияти инҳисорӣ (монополӣ), танзими ҳуқуқии сифати маҳсулот, молу хизматрасонӣ, танзими ҳуқуқии нархгузорӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Хусусияти муҳими ҳуқуқи соҳибкорӣ таркиби субъектӣ мебошад. Дар ҳуқуқи соҳибкорӣ «субъекти хоҷагидор» мафҳуми асосӣ буда, он дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ (монополӣ) дар бозори мол» баён ёфтааст. Дар ин бобат ҳуқуқи соҳибкории миллӣ (мисли ҳуқуқи соҳибкории Федератсияи Россия) баъд аз Кодекси тиҷоратии Германия шахсияти тоҷирро ба асос мегирад, яъне мутобиқи1 Кодекси тиҷоратии Германия, тоҷир (бозаргон) касест, ки бо тиҷорат сарукор дорад ва бояд дар феҳристи (реестри) савдо ба қайд гирифта шавад. Ба ҳамин тариқ, субъекти хоҷагидор шахсе мебошад, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. Дар баробари ин мафҳуми «субъекти хоҷагидор» аз мафҳуми «соҳибкор» васеътар аст, зеро ташкилоти ғайритиҷоратӣ – муассисаи таълимӣ, ки соҳибкор нест, метавонад дар муомилоти хоҷагӣ иштирок намояд, масалан, аз ҷамъияти масъулияташ маҳдуд (ҶММ) молу маҳсулот бихарад.

Ҳуқуқи соҳибкориро метавон ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие муайян кард, ки муносибатҳои хоҷагидориро танзим менамоянд. Таҳлили ин таъриф се шакли зуҳуроти соҳаи ҳуқуқ: назарияи (консепсияи) ҳуқуқ, меъёри ҳуқуқ ва муносибатҳои ҳуқуқиро нишон медиҳад. Ба шакли аввал ғояҳои ҳуқуқие мансубанд, ки доктринаи дахлдор фаро гирифтааст. Чунин ғояву доктринаҳо якҷоя назарияи (консепсияи) ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.

Дар асоси ин назария (консепсия) мазмуну моҳияти меъёрҳои ҳуқуқиро муайян кардан мумкин аст. Меъёрҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ қоидаҳои хоҷагидории субъектро муқаррар менамоянд. Ин меъёрҳоро одатан қонуну санадҳои меъёрӣ фаро гирифта, умуман як соҳаи қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунгузории хоҷагиро ташкил медиҳанд. Меъёрҳои танзимгардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқ намудҳои асосии меъёрҳои хоҷагианд. Ба аксарияти меъёрҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ хусусияти танзимгардонӣ хос аст.

Меъёрҳои ҳуқуқи соҳибкорие, ки дар ҳаёт амалӣ нагардидаанд, ба тазоҳурот, яъне ба намоишкорӣ мубаддал мешаванд, бинобар ин муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳамчун шакли мавҷудияти ҳуқуқи соҳибкорӣ фотонусхаи мазмуну моҳияти меъёри ҳуқуқ нестанд, чунки ҳангоми татбиқ шуданашон дучори таъсири омилҳои гуногун мегарданд. Ба ҳамин тариқ, муносибатҳои ҳуқуқӣ ҷузъи сеюми соҳаи ҳуқуқ буда, бе онҳо ҳуқуқи соҳибкорӣ эътиборе надорад. Муносибати ҳуқуқӣ инҳисорӣ (монополизми) меъёрҳои ҳуқуқи хоси назарияи меъёрии ҳуқуқро барҳам мезанад ва ба амалияи татбиқи меъёрҳои ҳуқуқ диққати асосӣ медиҳад. Ҷиҳатҳои мусбати назарияи меъёриро бо назарияи иҷтимоии ҳуқуқ пайваста, метавон аз хаёли хоми қонунофарӣ раҳо ёфта, татбиқи ҳуқуқро афзал донист ва аз рӯи натиҷааш самарабахшии ҳуқуқро воқеан арзёбӣ кард.

Дар асоси таҳлили шакли зуҳуроти соҳаи ҳуқуқ метавон ҳуқуқи соҳибкориро ба тарзи зайл муайян кард:

Ҳуқуқи соҳибкорӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки муносибатҳои соҳибкорӣ ва дигар муносибатҳои бо онҳо алоқаманд, аз ҷумла муносибатҳои ғайритиҷоратӣ ва ҳамчунин муносибатҳои танзими давлатии муносибатҳои хоҷагидориро баҳри таъмини манфиати давлат ва ҷомеа танзим мегардонад[1].

Ба фаъолияти соҳибкорӣ аломатҳои зерин хосанд;

  1. Мустақилият ва соҳибихтиёрии субъекти хоҷагидор. Соҳибкор метавонад бо ҳар гуна фаъолияти пешбининамудаи оинномааш, ки хилофи қонун нест, машғул шавад;
  2. Тиҷорати озод. Дар иқтисодиёт озодии мутлақ вуҷуд надорад. Соҳибкор побанди бозор, побанди талабҳои сахти он аст. Дар шароити бозаргонӣ ӯ роҳу усулҳои фурӯши маҳсулоташро озодона муайян менамояд, ҳарифонаш (контрагентҳояш)-ро озодона интихоб мекунад; озодона шартномаҳои равобити иқтисодӣ мебандад; нархи маҳсулоташро озодона муқаррар менамояд;
  3. Манфиатдории шахсии иқтисодӣ – омили муҳими фаъолияти соҳибкорӣ буда, мақсад аз он бештар фоида гирифтан аст;
  4. Масъулияти шахсӣ барои риоя накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, қарзӣ, ҳисобу китоб ва андоз, ҷавобгарӣ барои сифати маҳсулот аст, ки метавонад дар натиҷаи ин ба саломатии аҳолӣ зарар расад;
  5. Соҳибкор бояд дар ҳама бобат сарфакор бошад, замин ва захираҳои табиии онро оқилона истифода барад, муҳити атрофро олуда насозад, қоидаҳои бехатарии истеҳсолотро вайрон накунад ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ, талаботи ҳифзи сиҳатии кормандони истеҳсолотро риоя намояд;
  6. Навоварӣ ва ҷустуҷӯи доимии эҷодӣ. Зеро дар шароити бозаргонӣ танҳо аз ҳисоби баланд бардоштани нарх фоидаи зиёд гирифтан душвор мебошад. Барои ин маҳсулотро хушсифат ва мунтазам нав карда истодан зарур аст. Ин корро бе техникаю технологияи аввалиндараҷаи замонавӣ, бе ҷалби кадрҳои баландихтисос ё таълими доимии кормандони худ баҷо овардан мумкин нест;
  7. Таваккали хоҷагидорӣ ҳамраҳу ҳамқадами корчаллонист. Вай тафаккур, рафтори хосаи соҳибкор, яъне кордонӣ, рақобат ва ғайрати ҳамаҷонибаи ӯро ташаккул медиҳад.
  1. Тарзҳои танзими ҳуқуқӣ

Тарзҳо (методҳо)-и танзими ҳуқуқие, ки дар соҳаи ҳуқуқ татбиқ мегарданд, тарзу воситаҳои танзими муносибатҳои байни субъектҳое мебошанд, ки дар натиҷаи хосиятҳои махсуси танзимгардонӣ рӯи кор меоянд.

Ҳар соҳаи ҳуқуқ тарзи хоси танзими ҳуқуқиеро дорост, ки бо муносибатҳои хоси ҷамъиятӣ ва хусусиятҳои зерин муайян карда мешавад:

  1. хусусияти мавқеи иштироккунандагони муносибатҳои ҳуқуқӣ;
  2. хусусияти мазмуни муносибатҳои ҳуқуқӣ;
  3. хусусияти таркиби омилҳои ҳуқуқӣ;
  4. хусусияти масъулият.

Баҳси дар соҳаи ҳуқуқ мавҷуд будани як ё чандин усули танзимро як тараф гузошта, таъкид менамоем, ки дар соҳаҳои маҷмаавӣ (комплексӣ), ки ҳуқуқи соҳибкорӣ низ ба он мансуб аст, одатан чанд тарзи танзимгардонӣ истифода карда мешавад.

Дар танзими муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ тарзҳои ҳам омирона (иперативӣ) ва ҳам ғайриомиронаи (диспозитивии) танзими ҳуқуқӣ истифода мешаванд, чунки онҳо ҳам муносибатҳои уфуқӣ (муносибатҳои баробарӣ) ва ҳам муносибатҳои амудӣ (муносибатҳои шаклу намуди идоракунӣ – соҳибкор)-ро фаро мегиранд.

Муҳимтарин тарзи танзими ҳуқуқие, ки дар ҳуқуқи соҳибкорӣ истифода мешавад, тарзи мувофиқат, тавофуқ (тарзи қарорҳои мустақил, мухтор), мебошад, ки муносибатҳои иштироккунандагони баробарҳуқуқу мустақили фаъолияти соҳибкориро танзим мегардонад. Ҳуқуқу вазифаҳои тарафҳо дар ин муносибатхо бо мувофиқати (тавофуқи) байни онҳо муқаррар карда мешаванд.

Дар ҷараёни танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ тарзи дастурҳои (амрҳои) ҳатмӣ татбиқ карда мешавад. Дар ин маврид як ҷониби муносибати ҳуқуқӣ ба ҷониби дигар дастур, амре медиҳад, ки иҷрояш ҳатмист.

Барои танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳамчунин тарзи тавсияро ба кор бурдан мумкин аст. Ҳангоми татбиқи ин тарз як тарафи муносибати ҳуқуқӣ ба тарафи дигар дар бораи тартиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ тавсия медиҳад[2].

Ғайр аз ин, тарзи манъкунӣ истифода карда мешавад. Масалан, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист барои амали субъектҳои хоҷагидор, ки ба муҳити зист зиён мерасонанд, мамнӯъиятҳо муқаррар карда шудаанд[3].

  1. Усулҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ

Усулҳо (принсипҳо)-и ҳуқуқи соҳибкорӣ чун манбаи асосии он низоми муносибатҳои соҳибкорӣ асоси сохт ва инкишофи онро муайян намуда, фаъолияти хоҷагиро ба танзим медароранд. Барои ин соҳаи ҳуқуқ усулҳои зерин хосанд:

  1. Бо мақсад таъсир расонидан барои ҳосил гардидани манфиатҳои тарафайн дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ.
  2. Баробарҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ новобаста ба дараҷае, ки онҳо дар фаъолияти хоҷагӣ ишғол менамоянд.
  3. Озодии иқтисодӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкории ташкилотҳои хоҷагидорӣ.
  4. Озодии рақобат ва ҳимоя аз инҳисорот ва рақобати бевиҷдонона (ноадолатона).
  5. Танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ бо роҳи якҷоякунии механизмҳои иқтисодӣ, ташкилию маъмурӣ, сиёсӣ ва дахолат накардан ба корҳои хусусӣ.
  6. Якҷоя кардани манфиатҳои хусусӣ ва оммавӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ.
  7. Қонуният. Дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ комёбии иқтисодии фаъолият ба манфиати давлат ва ҷомеа бидуни вайрон кардани мамнӯиятҳои қонун ва ҳуқуқи шахсони дигар ба мадди аввал мебарояд.

Ин рӯйхати усулҳо чӣ аз рӯи миқдор ва чӣ аз рӯи номашон пурра намебошанд ва аз ин ваҷҳ номгӯи усулҳо дар адабиёти ҳуқуқшиносӣ аз ҳам хеле фарқ мекунад.

Бинобар ин, ба меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ таҷассум ёфтани мазмуни усулҳо асоснокии мавҷудияти соҳаи ҳуқуқи соҳибкориро собит менамояд.

  1. Низоми ҳуқуқи соҳибкорӣ

Низоми ҳуқуқи соҳибкорӣ гуфта, ҷойгиронии мантиқии меъёру институтҳои ҳуқуқи соҳибкориро меноманд.

Ҳуқуқи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи меъёрҳои аз рӯи хусусият ва равия гуногуни ҳуқуқии хоҷагидорӣ мебошад. Ин меъёрҳо ба гурӯҳи институтҳо ҷудо мешаванд. Институти ҳуқуқи соҳибкорӣ аз маҷмӯи меъёрҳое иборат аст, ки як қатор муносибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла муфлисшавӣ, хусусигардонӣ, танзими ҳуқуқии сифати маҳсулот, мол ва хизматрасониро муттаҳид менамоянд. Меъёрҳо дар институтҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ чун дар соҳаҳои дигари ҳуқуқ вобаста ба умумияти вазифаҳои институт ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд.

Низоми ҳуқуқи соҳибкорӣ сохтори онро чун соҳаи ҳуқуқ, соҳаи қонунгузорӣ, фанни илмӣ ва таълимӣ муайян мекунад.

  1. Сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ

Сарчашмаи ҳуқуқ гуфта шаклҳои ифодаи меъёрҳои ҳуқуқро меноманд. Сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие иборат мебошанд, ки меъёрҳои ҳуқуқии ба танзим дароварандаи муносибатҳои хоҷагиро дар бар мегиранд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосие буда, меъёрҳои он таъсири бевосита дошта, дар саросари кишвар татбиқ карда мешаванд. Конститутсия (Сарқонун) дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ мақоми муҳим дорад. Дар он усулҳои асосии машғул гаштан бо фаъолияти соҳибкорӣ (баробарии шаклҳои моликият, кафолати озодии иқтисодӣ, равнақи фаъолияти соҳибкорӣ) сабт шудаанд. Конститутсия (Сарқонун) дорои қувваи эътибори олии ҳуқуқӣ буда, қонунҳо ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии хилофи Конститутсия (Сарқонун) эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ, ки дар рафти фаъолияти соҳибкорӣ ба миён меоянд, санади асосии ҳуқуқӣ мебошад. Вай қоидаҳои асосиро оид ба ташкилу азнавсозӣ ва қатъи фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар

бар гирифтааст. Аз ҳама муҳимаш, Кодекси гражданӣ санади ҳуқуқии дархӯрди ҳама гуна масъалаҳои соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Сарчашмаи дигари иқтисодии ҳуқуқи соҳибкорӣ қонунҳо мебошанд. Қонунҳои ҷорӣ ба танзими ҷиҳатҳои ҷудогонаи фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидаанд. Аз ҷумла, дар ин бобат Қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 маи соли 2002[4], Қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» аз 10 маи соли 2002[5], Қонун «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ» аз 2 декабри соли 2002 ва ғайра мисоли чунин фаъолияти қонунофарӣ шуда метавонад. Дар байни сарчашмаҳои ҳуқуқ қарорҳои якҷоя қабулнамудаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи салоҳияти ба зиммаи онҳо вогузоштаи Конститутсия ва қонунҳои дахлдор аҳамияти калон доранд. Қарорҳои қабулкардаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқианд ва амрияи қабулнамудаи онҳо барои иҷро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

Сарчашмаи дигари ҳуқуқи соҳибкорӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Мутобиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия (Сарқонун) мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва дар ин маврид меъёрҳои Конститутсия амал мекунанд. Бинобар ин фармонҳо ҳамчун воситаи танзими муносибатҳои хоҷагӣ, одатан, ҳангоми набудани қарорҳои қонунгузорӣ аз рӯи ин ё он масъалаҳо ва ҳамчунин дар мавриди зарурати инкишофи фаврии қоидаҳои қонунгузорӣ татбиқ карда мешаванд.

Сарчашмаи дигари ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳибкориро таъмин менамояд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки мутобиқи салоҳияташон ба табъ расидаанд. Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои аниқи имкониятҳои танзимгардонии худ барои инкишоф ва иҷрои қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар асоси онҳо нашр карда мешаванд.

Санадҳои вазорату идораҳое, ки мутобиқи салоҳияташон дар Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ғайра амал мекунанд, аз ҷумлаи сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорианд. Дар баъзе соҳаҳои соҳибкорӣ, масалан, дар соҳаи тафтиши аудиторӣ, ҳисоботдиҳӣ танзими аниқи муносибатҳо маҳз бо санадҳои мазкур таъмин карда мешаванд. Вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мутобиқи салоҳияташон, одатан, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарорҳо, амру фармонҳо, қоидаҳо ва дастурамалу низомномаҳо, вале мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ санадҳои ҳуқуқиро дар шакли қарору амрияҳо нашр карда метавонанд.

Санадҳои меъёрии маҳаллӣ (локалӣ) дар фаъолияти сохторҳои соҳибкорӣ мақоми муҳим дошта, онҳоро худи субъектҳои хоҷагӣ бо мақсади танзими фаъолияти соҳибкориашон қабул мекунанд. Ин гуна санадҳоро метавон ба фаъолияти тамоми корхона (Оинномаи корхона) ва ҳамчунин ба фаъолияти ҷузъу томҳои ҷудогона (филиалу намояндагӣ ва ғайра) нисбат дод.

Тартиби муқаррарнамудаи Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»[6] аз 8 декабри соли 2003 ба он нигаронида шудааст, ки ҳар гуна санади меъёрӣ бояд ба Конститутсия (Сарқонун), қонунҳо ва дигар асноди ҳуқуқӣ мувофиқат намояд. Вазорати адлия аз рӯи ҳамин қонун мувофиқати ҳамаи санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллиро ба санадҳои дигари қонунгузорӣ, фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат тафтиш менамояд ва ба қайди давлатӣ мегирад. Гурӯҳи санадҳои мавриди таҳлил бе ишораи маълумот дар бораи қайди давлатӣ ва нашр беэътибор дониста мешавад ва албатта, татбиқ намегардад.

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 10 боз як хусусияти бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдорро муайян мекунад. Аз ҷумла, ин санадҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошанд ва дар сурати ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накардани қонунҳои ҷумҳурӣ меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ татбиқ мегарданд.

  1. Ҳуқуқи соҳибкорӣ дар низоми ҳуқуқӣ

Низоми ҳуқуқӣ зуҳуроти таркибии томи ҳуқуқиест, ки унсурҳои зерини сохториро дар бар мегирад:

  • соҳаи ҳуқуқ;
  • институт (тартибот) –и ҳуқуқ;
  • меъёрҳои ҳуқуқ.

Унсури асосии низоми ҳуқуқ соҳаи ҳуқуқ аст. Ин ҳамчун ҷузъи нисбатан мустақили низоми ҳуқуқ, аз меъёрҳои ҳуқуқи танзимкунандаи намуди хоси муносибатҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад. Меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятии дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд омадаро танзим мекунанд, ҳуқуқи соҳибкорӣ барин соҳаро ташкил менамоянд. Соҳаи ҳуқуқ ба институтҳои ҳуқуқӣ – маҷмӯи махсуси меъёрҳои ҳуқуқие ҷудо мешавад, ки муносибатҳои ҷамъиятии намуди мушаххасро ба танзим меоварад.

Ҳуқуқи соҳибкорӣ аз дигар соҳаҳо бо роҳи муқоисаи мавзӯи он бо мавзӯъҳои танзими ҳуқуқии соҳаҳои алоқаманд (ҳамҷавор) маҳдуд карда мешавад.

Ҳуқуқи соҳибкорӣ аз ҳуқуқи маъмурӣ бо он фарқ мекунад, ки мавзӯи охирулзикр фаъолияти иҷроияву амрияи маъмурият, яъне муносибатҳои соҳаи ҳукумат ва тобеиятро фаро мегирад. Чунин муносибатҳо одатан, дар маҳалли фаъолияти субъектҳои ин фаъолият, яъне мақомоти идоракунӣ, баъзе шахсони мансабдоре, ки инони ҳокимият ва идора дар дасташон буда, ҳукми худро ба мақомоту шахсони мансабдори зердаст раво медоранд, амалӣ мегарданд. Ин соҳаи хоси муносибатҳои ҷамъиятии ҳуқуқи маъмурӣ мебошад.

Вале дар муносбатҳои хоҷагӣ фаъолияти иҷроияву амрия дида намешавад. Дар муносибатҳои шартномавии хоҷагидорӣ мақомоти идоракунӣ ва шахсони ҷудогонаи мансабдор таъсир ва баромад намекунанд.

Ҳуқуқи соҳибкорӣ аз ҳуқуқи меҳнат бо он фарқ мекунад, ки вай на ба муносибатҳои муздурони (коргарони кирояи) ҷудогона, ки ба ин ваҷҳ ба қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, тартиботи муқарраршудаи кор ва ба ин монанд муносибатҳои муздурӣ тобеъанд, балки ба муносибатҳои соҳибкории корхона ва умуман қисматҳои онҳо чун ҷузъҳои хоҷагӣ таъсир мерасонад.

Танзими муносибатҳо аз рӯи шартномаи коллективҳои меҳнатӣ, шӯроҳои онҳо оид ба ҳуқуқи кормандони ҷудогона бояд дар салоҳияти ҳуқуқи меҳнатӣ бошад. Масъалаҳое, ки коллективи меҳнатии корхона иродаашро дар корубори хоҷагӣ амалӣ месозад, шартҳои қарордодро бо роҳбар муайян менамояд, дар бораи азнавсозии ҷузъу том қарор қабул мекунад, фаъолияти он ва муносибатҳои дар натиҷаи ин ба миёномада ба танзими хоҷагию ҳуқуқӣ мутааллиқанд.

Тафовути ҳуқуқи молиявӣ аз ҳуқуқи соҳибкорӣ дар он аст, ки танзими молияи буҷет (нақшаи давлатии ташаккул ва харҷи даромади давлат) аз мавзӯи ҳуқуқи молиявист. Вале танзими манбаъҳои даромади корхонаҳо ва соҳибкорон ва дар муомилоти истеҳсолот истифода кардани он аз салоҳият ҳуқуқи соҳибкорӣ мебошад.

Фаъолияти хоҷагӣ бе ташкили даромад ва харҷи он аз рӯи қоидаҳои муайян ғайриимкон аст. Он аз тарафи корхона бояду шояд ташаккул додани арзиши аслии маҳсулот, аниқ муайян кардани ҳаҷми даромаду фоидаро дар назар дорад. Бинобар ин танзими муомилоти маблағи субъектҳои хоҷагидор бо меъёрҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ сурат мегирад. Доир ба ташаккули даромади давлат дар асоси андоз, истифодаи маблағи буҷет, муносибатҳо аз мавзӯи ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи андоз мебошанд.

798
Нет комментариев. Ваш будет первым!