Мафҳуми субъекти ҳуқуқи соҳибкорӣ

Соҳибкор шахси асосии фаъоли бозор ва пояи ҳар гуна низоми иқтисодист, ки на дар заминаи давлатию инҳисорӣ (монополистӣ), балки дар асоси рақобат матраҳ шудааст. Ӯ мол истеҳсол карда, онро дастраси истеъмолкунандаи ниҳоӣ мегардонад, ҳаракати молро дар давраҳои гуногуни муомилот ба роҳ монда, ба шаҳрвандон ва дигар истеъмолкунандагон ҳар гуна хизмат мерасонад ва роҳу биноҳо, корхонаву шаҳрҳо месозад, бозорҳои молия ва фондиро ба ҳаракат меоварад, захираҳои ақлонии ҷомеаро барои равнақу ривоҷи илм ва офаридани технологияҳои нави ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот сафарбар менамояд, дар амалӣ сохтани барномаҳои соҳавии дорои аҳамияти давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаи мудофиа ва кайҳон ширкат меварзад. Билохир, ба давлат ҳаҷми асосии андозро пардохта, бо ҳамин хароҷоти онро ба дӯш мегирад.

Бинобар ин давлат низ бояд тамоми шароитро муҳайё намояд, ки шаҳрвандонаш ба нафъи худ ва ба нафъи умум озодона бо соҳибкории софдилона машғул шаванд. Охир, маҳз соҳибкор ба давлат имконият медиҳад, ки вазифаҳои онро дар назди шаҳрвандон сазовор иҷро кунад: ҳаёт ва молу мулкашро боэътимод аз суиқасдҳои ҷинояткорона ҳимоя намояд, барои тамоми шаҳрвандон сатҳи лоиқи кафолатноки таълим ва хизматрасонии тиббиро таъмин кунад, ба пиронсолон нафақа ва ба беморон ёрдампулӣ диҳад.

Соҳибкор кафили устуворӣ ва пойдории ҷомеаи гражданӣ (шаҳрвандӣ) аст. Диёре, ки соҳибкор надорад, аҳолиаш аз ҳимояи ҳақиқии иҷтимоӣ бенасиб аст.

Қонунгузорие, ки фаъолияти соҳибкориро ба танзим медарорад, қисми ҳуқуқи миллие мебошад, ки барои мо нав аст. Он аз қонунгузории хоҷагии солҳои пеш бо он ба куллӣ фарқ мекунад, ки ҳадафи вай танзим гардонидани муносибатҳои бозаргонӣ, яъне муносибати байни истеҳсолкунандагону пудратчиён, миёнаравону истеъмолкунандагони озод аст. Меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ нисбати чунин муносибатҳои субъектҳои озоди ҳуқуқ пурра татбиқ карда мешаванд.

Албатта, ҳуқуқи соҳибкорӣ дорои унсурҳои ҷудогонаи танзими маъмурӣ мебошад. Аммо чунин унсурҳо на барои ҳифзи манфиатҳои табақавӣ, балки барои ҳимояи механизмҳои рақобатии соҳибкорон ва истеъмолкунандагон аз суиистифодаи монополистӣ (инҳисорӣ) ва кирдори бевиҷдононаи баъзе иштироккунандагони бозор ҷорӣ карда мешаванд.

Гузаштан аз танзими куллан (ағлаб) маъмурии иқтисодиёт ба танзиме, ки ба усулҳои ҳуқуқи хусусӣ асос ёфтааст, аз қонунбарор на танҳо куллан тағйир додани афзалиятҳои пурарзиши анъанавӣ, балки маҳорати баланди ҳуқуқшиносиро талаб мекунад.

Мафҳуми ҳуқуқии соҳибкор ба таълимоти ҳуқуқи гражданӣ дар бораи шахсоне асос меёбад, ки қобилияти ҳуқуқу ӯҳдадории шаҳрвандӣ доштани на танҳо шахсони воқеӣ (шаҳрвандон), балки шахсони ҳуқуқиро, ки онҳо, аз ҷумла корхонаҳо мебошанд, эътироф мекунанд. Ин усул барои тамоми низоми ҳуқуқии муосир асосӣ ва умумӣ мебошад[1].

На танҳо шаҳрванд, балки шахси ҳуқуқӣ низ соҳибкор шуда метавонад. Меъёрҳо (критерияҳо)-е, ки ин ё он шахсро ба субъекти фаъолияти соҳибкорӣ мансуб медонанд, кадомҳоянд? Аввало, ин гуна шахс бояд бо фаъолияти хоҷагӣ машғул бошад, яъне бо истифодаи амвол сарукор дошта бошад, молфурӯшӣ кунад, кореро баҷо оварад ё хизмат расонад. Дуюм, ин фаъолият бояд доимӣ бошад (ба сифати машғулияти асосии шахс). Сеюм, шахс ин корҳоро мустақилона ва ба таваккали худ иҷро намояд. Чаҳорум, фаъолияти хоҷагӣ ба шарте соҳибкорӣ номида мешавад, ки мақсад аз он мунтазам фоида гирифтан бошад. Ва, панҷум, шахс бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта шуда бошад.

Ба ҳамин тариқ, таърифи соҳибкориро ба ин тарз ифода кардан мумкин аст:

«Соҳибкор шахси воқеӣ ё ҳуқуқиест, ки бо мақсади мунтазам фоида дидан аз истифодаи амвол, додугирифти мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ мустақилона, аз рӯи таваккал фаъолият карда, ба ин сифат бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шудааст»[2].

Субъекти муносибатҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ – иштироккунандагони мушаххас, ҷонибҳои муносибатҳои ҳуқуқианд, ки дар соҳаи хоҷагидорӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳо доранд. Онҳо мувофиқи қонунгузории ҷорӣ метавонанд дар се маврид дар ин муносибатҳо иштирок намоянд:

  • меъёри ҳуқуқии соҳибкорӣ, ки ҳуқуқ ё (ва) ӯҳдадориҳои субъектро пешбинӣ менамояд;
  • соҳибҳуқуқӣ барои соҳибкорӣ ва қобили амал будани субъект;
  • асосҳои ба миён омадан, тағйир ёфтан ва қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ (амри ҳуқуқӣ).

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷонибҳо дар муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки бо ҳуқуқи гражданӣ танзим ёфта (ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ), аз инҳо ба миён меоянд:

  • аз шартнома ва дигар аҳдҳое, ки дар қонун пешбинӣ гардидаанд ва ҳамчунин аз шартнома ва аҳдҳои дигаре, ки дар қонун пешбинӣ нашуда бошанд ҳам, вале хилофи он нестанд;
  • аз санадҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ, ки дар қонун ба сифати асоси ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ пешбинӣ шудаанд;
  • аз қарори суд, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданиро муқаррар намудааст;
  • дар натиҷаи бунёд ва ба даст овардани молу мулк дар асоси пешбининамудаи қонун;
  • дар натиҷаи эҷоди (таълифи) асарҳои илмӣ, адабӣ, санъат, ихтироот ва самараҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ;
  • дар натиҷаи расонидани зиён ба шахси дигар;
  • дар натиҷаи дорошавии беасос;
  • дар натиҷаи дигар амалҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ;
  • дар натиҷаи ҳодисаҳое, ки қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ фаро расидани оқибати ҳуқуқии гражданиро вобаста медонад (КГ ҶТ мод.8).

Ҳуқуқҳои граждании субъектҳои (ҳуқуқҳои иштироккунандагони) муносибатҳои хоҷагӣ бо роҳҳои зерин ҳимоя карда мешаванд:

  • эътирофи ҳуқуқ;
  • барқарор намудани вазъе, ки то вайрон гардидани ҳуқуқ ҷой дошт ва пешгирӣ кардани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё худ барои вайрон кардани он таҳдид менамоянд;
  • беэътибор донистани аҳдҳои мавриди баҳс ва истифодаи оқибати беэътибории он, истифодаи оқибати беэътибор донистани аҳдҳои беэътибор;
  • беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ;
  • худҳифозати ҳуқуқ;
  • водор намудани ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар шакли асл (натура);
  • ҷуброни зиён;
  • рӯёнидани ҷаримаи аҳдшиканӣ (ноустуворона);
  • ҷуброни зиёни маънавӣ;
  • қатъ кардан ё тағйир додани муносиботи ҳуқуқӣ;
  • аз ҷониби суд истифода нагардидани санади хилофи қонунбудаи мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ;
  • бо роҳҳои дигари пешбининамудаи қонун (КГ ҶТ мод.12).

Ҳуқуқҳои вайроншударо мутобиқи тобеияти парвандаҳо суд, суди иқтисодӣ ё суди ҳакамӣ ва дар баъзе ҳолатҳои пешбининамудаи қонун мақоми ҳокимияти иҷроия ва идоракунӣ бо тартиби маъмурӣ ҳимоя менамояд.

  1. Соҳибкори инфиродӣ ҳамчун субъекти фаъолияти хоҷагӣ

Шаклҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: инфиродӣ (соҳибкории хусусӣ) ва дастҷамъӣ (ки таъсиси шахси ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд) мебошанд.

Соҳибкории инфиродӣ фаъолияти мустақилонаи шахси воқеъие мебошад, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз номи худ, таҳти таваккал ва бо масъулияти амволи худ бо мақсади гирифтани фоида (даромад) равона карда шудааст.

Фаъолияти соҳибкории шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амал мекунанд, яке аз шаклҳои соддатарини ташкили чунин фаъолият мебошад.

Ҳоло фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ хеле маъмул гаштааст. Ин бо бартариятҳои соҳибкории инфиродӣ нисбат ба дигар шаклҳои фаъолияти иқтисодӣ алоқаманд мебошад.

Дар ин бобат, пеш аз ҳама кордонию ӯҳдабароӣ ва чусту чолокӣ барин сифатҳои (хусусиятҳои) фаъолияти мулкдории хусусиро таъкид кардан зарур аст. Соҳибкорони инфиродӣ, одатан, дар доираи (фазои, муҳити) танги бозор амал мекунанд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад ба дигар шудани талабот фавран таваҷҷӯҳ намоянд ва худро ба шароити нав зуд мутобиқ гардонанд. Шарти ҳатмии фаъолияти самарабахши иқтисодӣ, яъне қобилияти ошкор сохтани талабот ва қонеъ гардонидани он беш аз ҳама маҳз ба фаъолияти шаҳрвандон хос мебошад, ки шахси ҳуқуқиро таъсис намекунанд.

Соҳибкори инфиродӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо тамоми молу мулкаш ҷавобгар аст, ки ин замонати аз тарафи ӯ барои фаъолияти пурсамари соҳибкорӣ ғайратмандона ба кор бурдани неруи зеҳнӣ ва ҷисмониаш мебошад.

Бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ ошкоро буда, шахс ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта мешавад.

Бо фаъолияти соҳибкорӣ шаҳрвандони пурра қобили амал машғул шуда метавонанд. Аз рӯи қоидаи умумӣ инҳо шахсони 18-солаанд. Ғайр аз ин, шахсоне, ки то синни 18 издивоҷ кардаанд, пурра қобили амал эътироф карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки ба муносибати ривоҷу равнақи фаъолияти соҳибкорӣ дар қонунгузорӣ имконияти то фаро расидани синни балоғат пурра қобили амал эътироф шудани шаҳрвандон муқаррар карда шудааст (КГ ҶТ мод.28). Ин эмансипатсия, озодиест, ки агар ноболиғи ба синни шонздаҳ расида тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла аз рӯи қарордод кор кунад ё худ бо розигии волидайн, фарзандхондагон ё парастор бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, ӯро дорои қобили пурраи амал эълон кардан мумкин аст.

Ноболиғ бо қарори мақомоти васияту парасторӣ ва розигии волидайн, фарзандхондагон ё парастор ё дар сурати розӣ набудани онҳо бо қарори суд пурра қобили амал эълон карда мешавад.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардидани баъзе категорияҳои шаҳрвандон, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ (мод.5 Конститутсия), Президент (мод.68 Конститутсия), аъзои Ҳукумат (мод.73 Конститутсия) ва ғайра манъ карда шудааст.

Шаҳрванд статуси (мақоми) соҳибкори инфиродиро баъди гузаштан аз расмиёти бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун соҳиб мешавад.

Бо вуҷуди комёбиву бартариятҳои амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ин шакли соҳибкорӣ норасоиву камбудиҳои муайян дорад, ки яке аз онҳо маҳдудияти соҳаи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ аст. Одатан, соҳибкорони хусусӣ дар соҳаҳое кор мекунанд, ки ба маблағгузории зиёд эҳтиёҷ надоранд. Чунончӣ, аксари томи шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, бо тиҷорат сарукор доранд, аниқтараш, ба хариду фурӯш машғуланд.

Иллати соҳибкории хусусӣ, одатан, имконияти сусти гирдоварии сармоя аст. Маҳдудияти захира (сармоя), дар навбати худ, боиси баробар рақобат карда натавонистан бо корхона мешавад.

Фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ду роҳ амалӣ мешавад: бо истифодаи меҳнати кироя ва бе истифодаи меҳнати кироя.

Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии соҳибкории инфиродӣ дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ низ аҳамияти калон дорад. Чунин шаҳрванд аз рӯи ӯҳдадориҳои худ (аз ҷумла дар назди кормандон) бо тамоми молу мулкаш, ба истиснои молу мулке, ки тибқи қонун аз он ҷарима ситонидан мумкин нест, ҷавобгар мебошад.

Соҳибкори инфиродӣ ҳамчун корфармо нисбати кормандони кирояаш субъекти худфаъол (худмашғул) аст. Машғулияти ӯ бо фаъолияти соҳибкорӣ дар собиқаи кораш ба ҳисоб гирифта мешавад, ки ин ба ӯ ҳуқуқ медиҳад нафақа гирад.

Доир ба масъалаи бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ бошад, онҳо бар хилофи шахсони ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори андоз ба қайд гирифта мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд.

Шахси воқеие, ки майлу хоҳиши бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро дорад, барои гирифтани патент бояд ариза навишта, ба бозрасии (инспексияи) андози ноҳиявии (шаҳрии) маҳалли фаъолият муроҷиат намояд. Дар ариза намуди фаъолияти соҳибкорие, ки соҳибкор нияти минбаъд ба он машғул шуданро дорад, зикр меёбад. Дар ин ҳолат мақомоти андоз дар давоми мӯҳлати муқарраркардаи қонун ҳуҷҷатҳои заруриро гирифта бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродиро ба анҷом мерасонад ва ба талабгор ба мӯҳлати то як соли тақвимӣ патент медиҳад.

Патент ҳуҷҷатест, ки ба сифати соҳибкор ба қайди давлатӣ гирифта шудани шаҳрвандонро муайян карда, барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории дар он пешбинигардида ҳуқуқ медихад.

Ҳуқуқи истифода кардани патентро шахсе дорост, ки ному насабаш дар он зикр шудааст. Патент ба соҳибкор ҳуқуқ медиҳад, ки танҳо дар соҳа ва минтақаи дар он зикршуда фаъолият кунад.

Агар дар патент минтақаи фаъолияти соҳибкор саросари ҷумҳурӣ зикр ёфта бошад, арзиши патент аз рӯи нархи барои шаҳри Душанбе муқарраргардида ва агар минтақаи фаъолият ягон вилояти (вилоятҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуда бошад, арзиши патент аз рӯи нархи барои яке аз марказҳои бештар муносиби вилоятҳо муқарраргардида ва агар минтақаи фаъолияти соҳибкор ду ва аз ин зиёд ноҳияҳои (шаҳрҳои) тобеи ҷумҳурӣ зикр шуда бошад, арзиши он аз рӯи баландтарин нархи барои ин ноҳияҳои (шаҳрҳои) тобеи ҷумҳурӣ муқарраргардида муайян карда мешавад[3].

Шаҳодатнома ҳуҷҷатест, ки низоми андози даромад ва кӯмакпулиҳои иҷтимоиро содда гардонидааст ва ҳамзамон ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудани шаҳрвандро тасдиқ намуда, ба соҳибкор ба ивази патент дода мешавад.

Соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома бо ҳар намуди фаъолияти манънакардаи қонун, аз ҷумла бо фаъолияти хориҷии иқтисодӣ, ки барояш андозбандии патентӣ пешбинӣ нагардидааст, машғул шуда метавонанд.

Соҳибкорони инфиродӣ метавонанд иштирокчиёни ширкатҳои комил ва дар ширкатҳои ба боварӣ асосёфта шарикони комил бошанд.

Хусусияти вазъи ҳуқуқии соҳибкорони инфиродӣ ҳамчунин дар он аст, ки баҳсҳои байни шаҳрвандони ба сифати соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифташуда ва инчунин байни шаҳрвандони мазкур ва шахсони ҳуқуқӣ, ба истиснои баҳсҳое, ки бо фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон вобастаанд, на аз тарафи судҳои муқаррарӣ (судҳои умумӣ), балки аз тарафи судҳои иқтисодӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.

Соҳибкори инфиродие, ки талабҳои бо фаъолияти соҳибкориаш алоқаманди кредиторонро қонеъ гардонида наметавонад, бо қарори суд нотавон (муфлис) эътироф карда мешавад. Аз рӯзи эътибор пайдо кардани ин гуна қарор ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудани ӯ беэътибор мегардад. Соҳибкори инфиродие, ки муфлис эътироф шудааст, дар давоми як соли муфлис эътироф гардиданаш наметавонад ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шавад[4].

420
Нет комментариев. Ваш будет первым!