Шахси ҳуқуқӣ ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ
Соҳибкории шахси ҳуқуқӣ фаъолияти мустақилона ва таваккалонаи ташкилотест, ки мақсадаш мунтазам фоида гирифтан аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат аст[1].
Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, тасарруфи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ молу мулкро дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Шахсони ҳуқуқӣ бояд тавозун (баланс) ё сметаи мустақил дошта бошанд.
Аз ин таъриф аломатҳои зерини шахси ҳуқуқиро ҳамчун ташкилот метавон баррасӣ намуд:
- дар моликият, хоҷагидорӣ, идоракунии оперативӣ доштани молу мулки хоса;
- ҷавобгарӣ аз рӯи ӯҳдадориҳо бо молу мулк;
- аз номи худ ба даст даровардани ҳуқуқи молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ;
- ӯҳдадорӣ доштан (гирифтан);
- дар суд даъвогар ва ҷавобгар будан;
- тавозун (баланс) ё сметаи мустақил доштан.
Истилоҳи «ташкилот» дар назарияи ҳуқуқ маънои муайяни ташкил, яъне пойдории таъсисотро дорад, ки он дар ҳуҷҷатҳои таъсисотии шахси ҳуқуқӣ зикр меёбад.
Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқиро вобаста ба мақсади таъсис додани шахси ҳуқуқӣ ва фаъолияташ ба ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ҷудо мекунад. Мақсади асосии ташкилотҳои тиҷоратӣ гирифтани фоида ва онро дар байни иштирокчиён тақсим кардан аст. Ҳадафи ташкилоти ғайритиҷоратӣ, одатан, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Вале агар ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, пас фоидаи онро байни иштирокчиён (аъзоён) тақсим намекунад, балки ҳамчунин барои амалӣ гардонидани мақсадҳои иҷтимоӣ ва дигар мақсадхои манфиатдори ҷамъиятӣ харҷ менамояд.
Мувофиқи қонунгузории ҷорӣ ҳар гуна шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла, шахсҳои ҳуқуқии аз нав таъсисёфта бояд ба яке аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии пешбининамудаи боби 4 КГ ҶТ мувофиқ бошанд;
- ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ;
- кооперативҳои истеҳсолӣ;
- корхонаҳои воҳиди (муваҳадаи) давлатӣ ва маҳаллӣ;
- ташкилотҳои ғайритиҷортӣ.
Дар навбати худ ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ шаклҳои зерин доранд:
- ширкати комил;
- ширкати ба боварӣ асосёфта;
- ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶММ);
- ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ (ҶМИ);
- ҷамъияти саҳҳомии кушода (ҶСК);
- ҷамъияти саҳҳомии пӯшида (ҶСП);
- ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобаста.
Шахси ҳуқуқӣ бояд дар мақомотҳои адлия бо тартиби муайяннамудаи Қонун дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Маълумоти бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла барои ташкилотҳои тиҷоратӣ номи фирма ба реестри (феҳристи) ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқие, ки барои шиносоии умумӣ кушода аст, дохил карда мешавад. Барои қайди давлатии таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдори бақайдгиранда ариза бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, ки дар моддаи 53 КГ ҶТ пешбинӣ гардидаанд;
- қарори муассис дар бораи таъсиси шахси ҳуқуқӣ. Агар муассисони шахси ҳуқуқӣ якчанд нафар бошанд, ин гуна қарор дар маҷлиси умумии муассисон қабул карда, ба мақомоти бақайдгиранда протоколи маҷлиси умумии муассисон пешниҳод карда мешавад, ки он бояд масъалаҳои зеринро дар бар гирад:
а) қарор дар бораи таъсис додан;
б) қарор дар бораи тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
в) қарор дар бораи таъин кардани роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ;
- иқтибос аз феҳристи ягона дар бораи бақайдгирии давлатӣ, ба шарте, ки муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ дигар шахси ҳуқуқӣ бошад;
- маълумот дар бораи шахси воқеӣ, ба шарте, ки муассис (муассисон) шахси воқеӣ бошад;
- ҳуҷҷатҳое, ки суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли будубошро тасдиқ намуда, онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардааст;
- ҳуҷҷат дар бораи ташаккул додани фонди оинномавӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- квитансия ё нусхаи пардохтнома дар бораи пардохти боҷи давлатӣ.
Ин ҳуҷҷатҳо ду нусха пешниҳод карда шуда, як нусхаи онҳоро баъди қайди давлатии шахси ҳуқуқӣ мақоми дахлдори бақайдгирӣ тасдиқ намуда, ҳамроҳи шаҳодатнома дар бораи қайди давлатӣ ба аризадиҳанда месупорад.
Муассис (муассисон) ба мақоми бақайдгирӣ барои бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ бояд дар давоми як моҳи қабул кардани ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муроҷиат намояд.
Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигари бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ нашуда бошад, он аз тарафи мақомоти бақайдгирӣ на дертар аз 10 рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда қайди давлатӣ карда мешавад.
Мақомоти бақайдгирӣ дар давоми даҳ рӯзи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ мақомоти давлатии омор ва мақомоти андози маҳалли чойгиршавии шахси ҳуқуқиро аз амали иҷрогардида огоҳ менамояд[2].
Шахси ҳуқуқӣ аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш таъсисёфта шуморида мешавад.
Агар ташкилоти тиҷоратӣ таъсис дода шавад, муассисони он бояд дар рӯзи таъсис дода шудани ташкилот сармояи оинномавиро пардозанд.
Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ ҳангоми таъсис ёфтанаш ба саҳмияҳои ҷамъият тақсим карда мешавад. Арзиши номиналии саҳмия дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бояд якхела бошад. Ҳиссаи шахси ҳуқуқӣ ба сармояи оинномавӣ метавонад пул, коғазҳои қиматнок, чизҳои дигар ё худ ҳуқуқҳои шайъӣ (амволӣ) ё дигар хел ҳуқуқҳое буда метавонад, ки арзиши пулӣ доранд.
Шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои гражданиро тавассути мақомоти худ, ки мутобиқи қонун, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ амал мекунанд, соҳиб мегардад ва ӯҳдадориҳои гражданиро ба зимма мегирад.
Тартиби таъсиси мақомоти шахси ҳуқуқӣ бо қонун ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муайян карда мешавад.
Шахси ҳуқуқӣ метавонад аз нав таъсис дода шавад. Азнавташкилдиҳӣ шаклҳои зерини тағйири вазъи шахси ҳуқуқиро дар бар мегирад:
- Дар мавриди ба дигар шахси ҳуқуқӣ ҳамроҳ гардидани шахси ҳуқуқӣ тамоми ҳуқуқҳои амволӣ ва ӯҳдадориҳои ҳар кадоми онҳо ба шахси ҳуқуқие мегузаранд, ки дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ таъсис ёфтааст.
- Ҳангоми ҳамроҳ гардидан арзи вуҷуди мустақилонаи яке аз шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшаванда қатъ ёфта, дигараш арзи вуҷуд мекунад.
- Ҳангоми дар асоси қатъи мавҷудияти мустақилонаи аз ҳам ҷудо шудани шахси ҳуқуқӣ дигар шахсони ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд.
- Дар мавриди ҷудо кардани шахси ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқии навтаъсис ба вуҷуд меояд, вале шахси ҳуқуқие, ки аз он шахси ҳуқуқии навтаъсис ба вуҷуд омадааст, минбаъд мустақилона арзи вуҷуд мекунад.
- Ҳангоми ба намуди дигар табдил додан шахси ҳуқуқӣ арзи вуҷуди мустақилонаашро қатъ мекунад ва дар заминаи он шахси ҳуқуқии нав ба вуҷуд меояд[3].
Дар рафти азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ вазъи ҳуқуқии он хеле тағйир меёбад. Ин бо тағйири шакли моликият низ алоқаманд буда метавонад.
Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба қайдгирии давлатии он аҳамияти калон дорад, чунки шахси ҳуқуқӣ танҳо аз рӯзи ба қайд гирифтан ё аз рӯзи аз феҳристи давлатӣ бароварда шуданаш таъсисёфта ё худ барҳамхӯрда ҳисоб меёбад.
Банди 4 моддаи 58 КГ ҶТ муқаррар менамояд, ки шахси ҳуқуқӣ аз рӯзи бақайдгирии шахсони ҳуқуқии навтаъсис азнавташкилшуда дониста мешавад. Азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ истисно мебошад. Дар ин ҳолат шахси ҳуқуқӣ аз рӯзи ба Феҳристи ягонаи давлатӣ сабт шудани қатъи фаъолияти шахси ҳуқуқии ҳамроҳгашта азнавташкилёфта дониста мешавад.
Моддаи 62 КГ ҶТ асосҳои барҳам додани шахси ҳуқуқиро муқаррар менамояд. Шахси ҳуқуқӣ метавонад ҳам ихтиёран ва ҳам маҷбуран барҳам дода шавад. Шахси ҳуқуқӣ метавонад чӣ аз тарафи муассисонаш ва чӣ бо қарори суд барҳам дода шавад.