Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор

Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор ташкилотҳои тиҷоратие мебошанд, ки сармояи оинномавиашон (ҳарифонаашон) ба ҳиссаҳои (пасандозҳои) муассисон (иштирокчиён) тақсим шудааст. Ширкатҳои хоҷагидор метавонанд дар шакли ширкати комил ё ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) таъсис дода шаванд.

Ҷамъиятҳои хоҷагидор метавонанд дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ё худ дорои масъулияти иловагӣ таъсис ёбанд (КГ ҶТ мод.69). Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор шахсони ҳуқуқӣ буда, бо ихтиёри субъектҳое таъсис дода мешаванд, ки барои пешбурди (фаъолияти) хоҷагидорӣ муттаҳид мегарданд ва мақсади асосии фаъолияти онҳо фоида гирифтан аст, ки онро метавонанд дар байни иштирокчиёни худ тақсим намоянд. Муассисони (иштирокчиёни) ширкату ҷамъиятҳо шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ буда метавонанд. Иштирокчиёни ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор нисбати шахсони ҳуқуқии таъсисдодаашон ҳуқуқҳои ҳатмӣ доранд. Яъне ҳуқуқи моликият ба молу мулки ширкат ё ҷамъият ба шахси ҳуқуқӣ (ба ширкат ё ҷамъият) тааллуқ дорад ва иштирокчиёни он (аз он ҷумла саҳмдорон низ) субъекте намебошанд, ки як ҳиссаи молу мулки ширкат ё ҷамъиятро молик шаванд.

Соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд иштирокчиёни ширкатҳои комил ва шарикони комили ҷамъиятҳои ба боварӣ асосёфта бошанд.

Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор, одатан, дар асоси шартномаи (созишномаи) имзокардаи иштирокчиёни он таъсис меёбанд ва аз рӯи қонун қобилияти ҳуқуқдории умумӣ доранд. Қобилияти ҳуқуқдории умумӣ ба ташкилотҳои тиҷоратӣ имконият медиҳад, ки бо ҳар гуна фаъолияте, ки хилофи қонун нест, машғул шаванд.

Имконияти аз ҷониби як шахс таъсис додани ҷамъияти хоҷагидор пешбинӣ гардидааст, ки ӯ ягона иштирокчии ҷамъият мешавад. Табиист, ки дар ин ҳолат шартномаи (созишномаи) таъсис додани ҷамъияти хоҷагидор аз байн меравад.

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муассиси (иштирокчии) дигар ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор шудани ширкату ҷамъиятҳоро бо назардошти мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ пешбинӣ мекунад.

Саҳми (ҳиссаи) дар моликияти ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор гузошташаванда пулу коғазҳои қиматдор, чизҳои дигар ва ҳуқуқҳои амволӣ ё ҳуқуқҳои дигаре, ки арзиши пулӣ доранд, буда метавонанд. Арзиши пулӣ доштани саҳми (ҳиссаи) иштирокчии ҷамъияти хоҷагидор бо мувофиқаи байни муассисони (иштирокчиёни) ҷамъият муайян карда мешавад ва дар мавридҳои пешбининамудаи қонун бояд мавриди тафтиши мустақилонаи экспертӣ қарор гирад.

Агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳақ надоранд, ки иштирокчии ҷамъиятҳои хоҷагидор ва саҳмгузорони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта шаванд.

Муассисаҳое, ки аз тарафи соҳибкорон маблағгузорӣ карда мешаванд, метавонанд бо иҷозати соҳибмулк иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидор ва саҳм (ҳисса)-гузорони ширкатҳо шаванд, ба шарте, ки дар қонун тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

Қонун метавонад иштироки гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандонро дар ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор (ба истиснои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ) манъ ё маҳдуд намояд.

Ба ширкатҳои хоҷагидор ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва иловагӣ баровардани саҳмияҳо манъ аст, зеро нашри саҳмияҳо аз салоҳияти фақат ҷамъияти хоҷагидори шаклаш ҷамъияти саҳҳомӣ мебошад.

Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидори як намуд метавонанд тибқи қарори маҷлиси умумии иштироккунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба намуди дигари ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор ба кооперативҳои истеҳсолӣ табдил ёбанд.

Иштирокчиёни ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор ҳуқуқ доранд, ки:

  • дар идораи корҳои ширкат ё ҷамъият иштирок намоянд;
  • дар бораи фаъолияти ширкат ё ҷамъият маълумот гиранд ва бо дафтарҳои муҳосибавӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари он бо тартиби муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ шинос шаванд;
  • дар тақсими фоида иштирок кунанд;
  • дар сурати барҳам додани ширкат ё ҷамъият қисми амволеро, ки пас аз ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон боқӣ мемонад, ё арзиши онро гиранд (КГ ҶТ, қ.1.мод.70).

Андозаи камтарини ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи муассисони ширкату ҷамъиятҳо метавонад бо қонунҳо дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидор ё ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкату ҷамъиятҳо васеъ карда шавад[1].

Иштирокчиёни ширкату ҷамъиятҳо вазифадоранд, ки:

  • мувофиқи тартиб, андоза, усул ва дар мӯҳлати пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ саҳм (ҳисса) гузоранд;
  • маълумоти махфиро дар хусуси фаъолияти ширкат ё ҷамъият фош накунанд (КГ ҶТ,қ.2, мод.70).

Ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор барои иштирокчиёни он вазифаю ӯҳдадориҳои иловагиро пешбинӣ карда метавонанд[2].

  1. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор

Ширкате комил дониста мешавад, ки иштирокчиёни он (шарикони комил) мутобиқи шартномаи байнашон имзошуда аз номи ширкат ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, аз рӯи ӯҳдадориҳои он нисбати тамоми амволи ба онҳо тааллуқдошта масъулият бар дӯш доранд.

Ширкати комил дар асоси шартномаи таъсисӣ бунёд ёфта, амал мекунад. Шартномаи таъсисиро ҳамаи иштирокчиёни он имзо мекунанд.

Фаъолияти ширкати комил бо мувофиқаи тамоми иштирокчиён идора карда мешавад. Дар шартномаи таъсисӣ мумкин аст ҳолатҳое пешбинӣ карда шаванд, ки қарор бо аксарияти овози иштирокчиён қабул мегардад.

Агар дар шартномаи таъсисӣ муқаррар нагардида бошад, ки ҳамаи иштирокчиёни ширкат корро якҷоя идора мекунанд ё идораи кор ба зиммаи иштирокчиёни алоҳида гузошта шудааст, ҳар иштирокчии ширкати комил ҳуқуқ дорад, ки аз номи ширкат амал кунад. Дар сурати идораи муштараки корҳои ширкат аз ҷониби иштирокчиёни он барои ҳар аҳд ризоияти ҳамаи иштирокчиёни ширкат зарур аст. Агар идораи кори ширкатро иштирокчиёни он ба зиммаи як ё баъзеи онҳо гузошта бошанд, иштирокчиёни боқимонда барои аз номи ширкат анҷом додани аҳдҳо бояд ваколатномаи иштирокчӣ (иштирокчиён)-ро дошта бошанд, ки идораи корҳои ширкат ба зиммаашон гузошта шудааст.

Иштирокчии ширкати комил вазифадор аст, ки аз рӯи шартҳои шартномаи таъсисӣ дар фаъолияти он иштирок намояд.

Иштирокчии ширкати комил ба фонди оинномавии ширкат дар рӯзи ба қайд гирифта шуданаш бояд на камтар аз нисфи саҳм (ҳисса)-ашро пардозад. Қисми боқимондаашро иштирокчӣ бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи таъсисӣ бипардозад. Агар дар шартнома оқибатҳои дигар пешбинӣ нагардида бошанд, дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ иштирокчӣ вазифадор аст ба ширкат товони зиёнро диҳад.

Агар дар шартномаи таъсисдиҳӣ ё созишномаи дигари иштирокчиён тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, фоидаю зиёни ширкати комил байни иштирокчиёнаш мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар фонди оинномавӣ тақсим карда мешавад. Созиши аз фоида ё зиён бенасиб гардонидани ин ё он иштирокчиёни ширкат манъ аст.

Иштирокчиёни ширкати комил байни худ муштаракона аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат бо тамоми амволи худ масъулияти субсидиарӣ (муштарак) доранд.

Иштирокчии ширкати комил, ки муассиси он намебошад, дар қатори дигар иштирокчиён аз рӯи ӯҳдадориҳои ба миёномада то аъзои ширкат шуданаш баробари иштирокчиёни дигар масъулият дорад.

Иштирокчии аз ширкат хориҷшуда аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат, ки то хориҷ шуданаш ба миён омадаанд, аз рӯзи тасдиқ гардидани ҳисоботи фаъолияти ширкат дар соли аз ширкат хориҷ гаштанаш баробари иштирокчиёни боқимонда дар давоми се сол масъулият дорад.

Иштирокчии ширкати комил ҳақ дорад, ки дар хусуси даст кашиданаш аз иштирок дар ширкат арз намуда, аз ҳайати он барояд. Иштирокчӣ дар хусуси дигар иштирок накарданаш дар ширкати комиле, ки бе ишораи мӯҳлат таъсис ёфтааст, бояд шаш моҳ пеш аз воқеан аз ҳайати ширкат баромаданаш арз намояд. Ба пеш аз мӯҳлат иштирок накардан дар ширкати комиле, ки барои мӯҳлати муайян таъсис ёфтааст, танҳо бо сабаби узрнок иҷозат дода мешавад.

Дар сурати бедарак ғоиб, ғайриқобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф гардидани яке аз иштирокчиёни ширкати комил ӯ метавонад бо қарори якдилонаи иштирокчиёни боқимонда аз ҳайати ширкат хориҷ карда шавад. Шахси ҳуқуқие, ки иштирокчии ширкат буда, нисбати он бо қарори суд иҷрои расму қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ оғоз гардидааст, метавонад ба ҳамин тартиб аз ҳайати ширкат хориҷ карда шавад. Дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок, аз ҷумла дағалона вайрон кардани ӯҳдадориҳо ё надоштани қобилияти ошкоргардидаи пешбурди оқилонаи корубор иштирокчиёни ширкати комил ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби судӣ аз ҳайати ширкат хориҷ кардани яке аз иштирокчиёнро бо қарори якдилонаи иштирокчиёни боқимонда талаб намоянд.

Ба иштирокчие, ки аз ҳайати ширкати комил баромадааст ё аз он хориҷ карда шудаст, агар дар шартномаи таъсис тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, арзиши қисми амволи ширкат мутобиқи ҳиссаи ин иштирокчӣ дар фонди оинномавӣ пардохта мешавад. Бо мувофиқаи байни иштирокчии аз ширкат баромада ва иштирокчиёни дар дар ширкат боқимонда пардохти арзиши амвол мумкин аст бо додани амвол дар шакли асл (натура) иваз карда шавад.

Ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) ширкатест, ки дар он дар баробари иштирокчиёне, ки аз номи ширкат фаъолияти соҳибкориро ба амал бароварда, аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат бо амволи худ масъулият доранд (шарикони комил), як ё якчанд иштирокчии саҳмгузоре (коммандистон) ҳастанд, ки таваккали зиёни марбут ба фаъолияти ширкатро дар доираи маблағи саҳмгузориашон бар ӯҳда дошта, дар татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ширкат иштирок намекунанд.

Ширкати ба боварӣ асосёфта дар асоси шартномаи таъсисӣ бунёд гардида, фаъолият мекунад. Шартномаи таъсисиро ҳамаи шарикони комил имзо мекунанд.

Дар ширкати ба боварӣ асосёфта соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ шарикони комил буда метавонанд. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки ширкат иттиҳодияи одамон буда, барои он фаъолияти якҷояи соҳибкорӣ ва ба зимма гирифтани масъулияти номаҳдуди муштарак аз рӯи ӯҳдадориҳои он шарт аст. Бинобар ин соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ дар як ширкат ба сифати шарикони комил иштирок карда метавонанд. Ин ба он вобастагӣ дорад, ки якбора дар якчанд ширкат ба сифати шарик иштирок намудани ҳамон як субъект, аввало, боиси амри муҳол ё худ бағоят душвор гаштани идораи корҳои якчанд ширкат ва дуюм, боиси дар ширкатҳо суст гаштани машғулият бо фаъолияти соҳибкорӣ ва сеюм, боиси халалдор гардидани манфиати кредиторони ширкат мешавад.

Дар фарқият аз шарикон, ҳам шаҳрвандон ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ саҳмгузор буда метавонанд. Дар баробари ин дар қонунгузорӣ маҳдудиятҳои муайян пешбинӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ наметавонанд саҳмгузори ширкати коммандитӣ бошанд[3].

Идораи фаъолияти ширкати ба боварӣ асосёфта ба зиммаи шарикони комил аст. Саҳмгузорон ҳуқуқ надоранд, ки дар идора ва пешбурди корҳои ширкати ба боварӣ асосёфта иштирок намоянд, ба ҷуз аз рӯи ваколатнома наметавонанд дигар хел баромад кунанд.

Онҳо ҳуқуқ надоранд, ки амали ширкатҳоро доир ба идора ва пешбурди корҳои ширкат мавриди баҳс қарор диҳанд. Саҳмгузори ширкати ба боварӣ асосёфта вазифадор аст ба сармояи муштарак саҳм гузорад. Гузоштани саҳм бо шаҳодатномаи иштирок, ки ширкат ба саҳмгузор медиҳад, тасдиқ карда мешавад.

Саҳмгузори ширкати ба боварӣ асосёфта ҳуқуқ дорад, ки:

а) бо тартиби пешбининамудаи шартномаи таъсисӣ қисми фоидаи ширкатро барои ҳиссааш дар сармояи муштарак гирад;

б) бо ҳисоботу тавозуни (баланси) ширкат шинос шавад;

в) баъди анҷоми соли молиявӣ аз ҳайати ширкат баромада, бо тартиби пешбининамудаи шартномаи таъсисӣ саҳми худро гирад;

г) ҳиссаи худро дар сармояи муштарак ё як қисми онро ба саҳмгузори дигар ё шахси сеюм диҳад. Саҳмгузорон нисбат ба шахсони сеюм дар харидани ҳисса (қисми он) ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Дар сурати тамоми ҳиссаи худро ба шахси дигар додани саҳмгузор иштироки ӯ дар ширкат қатъ меёбад.

Ширкати ба боварӣ асосёфта дар сурати хориҷ гардидани ҳамаи саҳмгузорони дар он иштирокдошта барҳам дода мешавад. Вале шарикони комил ҳуқуқ доранд, ки ширкати ба боварӣ асосёфтаро барҳам надода, ба ширкати комил табдил диҳанд. Агар дар ҳайати ширкати ба боварӣ асосёфта ақаллан як шарики комил ва як саҳмгузор монад, он нигоҳ дошта мешавад.

Ҳангоми барҳам хӯрдан, аз ҷумла муфлис шудани ширкати ба боварӣ асосёфта саҳмгузорон барои гирифтани саҳм аз амволи пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқимондаи ширкат нисбат ба шарикони комил ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Агар дар шартномаи таъсисдиҳӣ ё созишномаи шарикони комил ва саҳмгузорон тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, амволи пас аз ин боқимондаи ширкат дар байни шарикони комил ва саҳмгузорон мутобиқи ҳиссаи онҳо дар сармояи муштараки ширкат тақсим карда мешавад[4].

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҷамъиятест, ки аз ҷониби як ё якчанд шахс таъсис гардида, сармояи оинномавии он ба ҳиссаҳои баробар, ба андозаи муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз рӯи ӯҳдадории он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут ба фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон бар дӯш доранд.

Шумораи иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд набояд аз сӣ нафар зиёд бошад. Дар акси ҳол, агар шумораи иштирокчиёни он то ҳадди муқарраргардида кам карда нашавад, он бояд дар давоми сол ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёбад ва баъди гузаштани ин мӯҳлат бошад, бо тартиби судӣ бояд барҳам дода шавад (КГ ҶТ мод.95).

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҷамъияти хоҷагидори дигарро, ки аз як шахс иборат аст, ба сифати иштирокчии ягона дошта наметавонад.

Ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд шартномаи таъсиси аз ҷониби муассисони он имзогардида ва оинномаи тасдиқнамудаи онҳо ба ҳисоб меравад. Агар ҷамъиятро як шахс таъсис диҳад, ҳуҷҷати таъсисии он оиннома мебошад.

Сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулити маҳдуд аз арзиши саҳмҳои иштирокчиёни он иборат аст. Сармояи оинномавӣ (андозаи) ҳадди ақалли амволи ҷамъиятро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳанд. Андозаи сармояи оинномавӣ аз маблағи муайяннамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд камтар буда наметавонад.

Дар рӯзи бақайдгирии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз ҷониби иштирокчиёни он бояд на камтар аз нисфи сармояи оинномавии ҷамъият пардохта шавад. Қисми боқимондаи пардохтнашудаи сармояи оинномавӣ бояд дар давоми як соли фаъолияти ҷамъият аз ҷониби иштирокчиёнаш пардохта шавад. Дар сурати риоя нашудани ин ӯҳдадорӣ ҷамъият бояд дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ эълон карда, онро бо тартиби муқарраргардида аз қайд гузаронад ва ё фаъолияти худро бо роҳи барҳамдиҳӣ қатъ намояд.

Мақоми олии идораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд маҷлиси умумии иштирокчиёни он мебошад. Дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд мақоми иҷроия (дастҷамъӣ ё фардӣ) таъсис дода мешавад, ки ба фаъолияти он ҳамарӯза роҳбарӣ намуда, ба маҷлиси умумии иштирокчиёни он ҳисобот медиҳад. Мақоми идораи фардии ҷамъият метавонад инчунин на аз ҷумлаи иштирокчиёни он интихоб гардад.

Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд инҳо дохил мешаванд:

а) тағйир додани оинномаи ҷамъият ва андозаи сармояи оинномавии он;

б) таъсис додани мақомоти иҷроияи ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

в) тасдиқ кардани ҳисоботи солона ва тавозуни (баланси) муҳосибавии ҷамъият бо тақсимоти фоидаю зиёни он;

г) қабул кардани қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ҷамъият;

д) интихоб намудани комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият.

Ҳаллу фасли масъалаҳои ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мансубро вай ба мақоми иҷроияи ҷамъият супурда наметавонад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд метавонад ба таври ихтиёрӣ бо қарори якдилонаи иштирокчиёнаш аз нав ташкил ё барҳам дода шавад.

Иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқ дорад, ки ҳиссаи худро дар сармояи оинномавии ҷамъият ё як қисми онро ба як ё якчанд иштирокчии ҳамин ҷамъият фурӯшад ё ба тариқи дигар диҳад.

Иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, сарфи назар аз ризояти иштирокчиёни дигари ҷамъият, ҳуқуқи ҳар вақт аз ҳайати ҷамъият баромаданро дорад. Агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба иштирокчии аз ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд баромада ё хориҷшуда арзиши як қисми амволи мувофиқи ҳиссаи ин иштирокчӣ дар фонди оинномавии ҷамъият пардохта мешавад.

Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ (ҶМИ) як навъи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аст. Муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазъи ҳуқуқии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро ба танзим меоварад, ҷамъияти дорои масъулияти иловагиро ҳам фаро мегирад, вале хусусиятҳои худро дорад (КГ ҶТ мод.105).

Хусусияти якуми ҶМИ аз муқаррар намудани масъулияти иловагии иштирокчиёни ҷамъият иборат аст. Онҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият бо амволи худ ба андозаи дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он муайянгардидаи барои ҳамаашон баробари арзиши саҳми гузоштаи худ масъулияти муштараки иловагӣ (субсидиарӣ) доранд (масалан, секарата, панҷкарата). Андозаи масъулияти иловагии иштирокчиён бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муайян карда мешавад.

Хусусияти дуюми муҳими ҶМИ танзим гардонидани оқибати фаро расидани нотавонии (муфлисии) аъзоёни ҷамъият мебошад. Агар дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, чунончӣ, дар сурати муфлис гаштани яке аз иштирокчиёни он масъулияти ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият байни иштирокчиёни боқимонда мутаносибан ба саҳмашон тақсим карда мешавад.

Номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ бояд номи ҷамъият, инчунин ибораи «дорои масъулияти иловагӣ»-ро дар бар гирад.

Ҷамъияти хоҷагидори фаръӣ мутобиқи моддаи 116 КГ ҶТ ҷамъияте дониста мешавад, ки ҷамъият ё ширкати дигари (асосии) хоҷагидор бо сабаби иштироки афзалиятноки худ дар сармояи оинномавии он ё мутобиқи шартномаи байни онҳо ва ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани қарорҳои аз ҷониби чунин ҷамъият қабулшударо дошта бошад.

Ҳар гуна ҷамъияти хоҷагидор (ҶС, ҶММ) ё ҳамчунин ширкат (ширкати комил ва ширкати ба боварӣ асосёфта) ҷамъият ё ширкати асосӣ буда метавонад.

Нишонаву аломати асосии нисбати ҷамъияти (ширкати) дигар фаръӣ дониста шудани ягон ҷамъият ба ҷамъияти якум тобеъ будани ҷамъияти дуюм, яъне имконияти аз тарафи ҷамъияти асосӣ муайян кардани қарорҳои қабулнамудаи ҷамъияти фаръӣ аст.

Зимнан дар қонун барои аниқ муайян намудани дараҷаи чунин тобеияте, ки барои ягон ҷамъиятро нисбати ҷамъияти (ширкати) дигар фаръӣ донистан меъёрҳои мушаххас нест, аз ҷумла саҳми камтарини иштироки ҷамъияти (ширкати) асосӣ дар сармояи оинномавии ҷамъияти фаръӣ муайян карда нашудааст.

Ҷамъияти фаръӣ масъулияти қарзи ҷамъияти (ширкати) асосиро ба зимма намегирад, вале ҷамъияти (ширкати) асосие, ки ҳуқуқи ба он додани дастурҳои барояш ҳатмиро дорад, аз рӯи аҳдҳое, ки ҷамъияти фаръӣ барои иҷрои ин гуна дастурҳо бастааст ва дар сурати бо айби ҷамъияти асосӣ нотавон (муфлис) гаштани ҷамъият масъулияти субсидиарӣ (муштарак) дорад[5].

Агар дар қонунҳо дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидор тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иштирокчиёни (саҳмдорони) ҷамъияти фаръӣ ҳуқуқ доранд аз ҷамъияти (ширкати) асосӣ ҷуброни зиёни бо гуноҳи дар шакли суиистеъмоли он ба ҷамъияти фаръӣ расидаро талаб намоянд (КГ ҶТ мод.116).

Ҷамъияти хоҷагидори вобаста. Агар ҷамъияти дигар (бартаридошта, иштироккунанда) бештар аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳҳомӣ ё 20 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро дошта бошад, ҷамъияти хоҷагидори вобаста эътироф мешавад (КГ ҶТ. мод.117).

Нишонаю аломати асосии ба дигар ҷамъият вобаста донистани ягон ҷамъият ба қарор қабул намудани ҷамъияти якуми вобаста таъсир гузоштани ҷамъияти дуюм аст, вале он ҳақ надорад ба вай дастури ҳатмӣ диҳад. Ин гуна таъсири бавосита (ғайримустақим) дар натиҷаи он зуҳур меёбад, ки миқдори овозҳои ҷамъияти бартаридошта аз ҳисоби ҳиссаи калони саҳмияҳои овоздори ба ӯ мутааллиқи ҷамъияти саҳҳомӣ ё сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд хеле зиёд аст. Азбаски ҷамъияти бартаридошта ба ҷамъияти вобаста ҳуқуқи додани дастурҳои ҳатмиро надорад, пас ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти вобаста ягон масъулияте ба зимма надорад.

Ҷамъияти хоҷагидоре, ки зиёда аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздори ҷамъияти саҳҳомӣ ё 20 фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро харидааст, бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо бояд дар бораи ҷамъиятҳои хоҷагидор дар ин хусус бетаъхир маълумот нашр намояд.

Ҳадди иштироки мутақобилаи ҷамъиятҳои хоҷагидор дар сармояи оинномавии якдигар ва миқдори овозҳое, ки яке аз чунин ҷамъиятҳо дар маҷлиси умумии иштирокчиён ё саҳмдорони ҷамъияти дигар истифода карда метавонад, бо қонун муайян карда мешавад. Аз ҷумла моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» аз 29.11.с.2000 зарурати пешакӣ гирифтани розигии мақоми зиддиинҳисориро барои харидани зиёда аз 20 фоизи саҳмияҳо муқаррар менамояд.

_ Кооперативи истеҳсолӣ (артел) иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон дар асоси узвият барои фаъолияти муштараки истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари хоҷагидорӣ (истеҳсол, коркард, фурӯши маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва маҳсулоти дигар, иҷрои корҳо, савдо, хизматрасонии маишӣ, хизматрасонии дигар) эътироф мегардад, ки ба иштироки шахсии меҳнатӣ ва дигар тарзи иштирок ва инчунин аз ҷониби аъзои (иштирокчиёни) он муттаҳид сохтани аъзоҳаққии саҳмии амволӣ асос меёбад. Дар қонун ва ҳуҷҷатҳои таъсиси кооперативи истеҳсолӣ иштироки шахси ҳуқуқӣ дар фаъолияти он пешбинӣ шуда метавонад. Кооперативи истеҳсолӣ ташкилоти тиҷоратӣ мебошад (КГ ҶТ мод.118).

Аъзои кооперативи истеҳсолӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои кооператив ба андоза ва бо тартиби пешбининамудаи қонун дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ ва оинномаи кооператив масъулияти субсидиарӣ доранд.

Ҳуҷҷати таъсисии кооперативи истеҳсолӣ оинномаи тасдиқнамудаи маҷлиси умумии аъзои он мебошад. Шумораи аъзои кооператив набояд камтар аз панҷ нафар бошад (КГ ҶТ мод.119).

Молу мулки кооперативи истеҳсолӣ мутобиқи оинномаи кооператив вобаста ба саҳмҳои аъзои он тақсим карда мешавад. Мақоми олии идораи кооператив маҷлиси умумии аъзои он мебошад.

Дар кооперативе, ки шумораи аъзояш зиёда аз панҷоҳ нафар мебошад, метавонад аз ҷумлаи аъзои кооператив шӯрои нозирон таъсис дода шавад, ки он ба фаъолияти мақомоти иҷроияи кооператив назорат мекунад[6].

Мақоми иҷроияи кооператив раёсат ё раиси он мебошад. Онҳо ба фаъолияти ҳамарӯзаи кооператив роҳбарӣ карда, ба шӯрои нозирон ва маҷлиси умумии аъзои кооператив ҳисоботдиҳанда мебошанд. Аъзои шӯрои нозирон ва раёсати кооператив, инчунин раиси кооператив танҳо аъзои коопертив буда метавонанд. Узви кооператив дар як вақт узви шӯрои нозирон ва узви раёсат ё раиси кооператив буда наметавонад (КГ ҶТ мод.121).

Ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии аъзои кооператив инҳо дохил мешаванд:

1) қабул кардан ва тағйир додани оинномаи кооператив;

2) қабул ва хориҷ кардани аъзои кооператив;

3) таъсис додани шӯрои нозирон, қатъ гардонидани ваколатҳои аъзои он;

  • тасдиқ кардани Дастури маҷлиси умумии кооператив;

5) таъсис додан ва ё қатъ намудани ваколатҳои мақомоти иҷроияи кооператив;

6) муқаррар намудани фондҳои тақсимнашаванда ва захираҳои кооператив ва тартиби истифода бурдани онҳо;

7) муқаррар намудани қоидаҳои тартиботи дохилии кооператив, тартиби додани музди меҳнати аъзо ва кормандони кирояи кооператив;

8) таъсис ва барҳам додани филиалҳо ва намояндагиҳои кооператив; ҳаллу фасли масъалаҳои иштироки кооператив дар ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор ва инчунин дохил шудани кооператив ба иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо);

9) ҳаллу фасли масъалаи додани аъзоҳаққии иловагӣ;

10) тасдиқ намудани ҳисоботи солонаю тавозуни (балансҳои) муҳосибавии кооператив, тақсими фоидаю зиёни он;

11) қабул кардани қарори азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооператив;

12) шунидани ҳисоботи раёсати (раиси) кооператив;

  • интихоби комиссияи тафтишотии (ревизори) кооператив, қатъи ваколатҳои аъзои он.

Дар оинномаи кооператив метавонад ҳаллу фасли дигар масъалаҳо аз салоҳияти мустаснои маҷлиси умумии аъзои кооператив дониста шавад.

Агар дар маҷлиси умумии коператив зиёда аз нисфи аъзои он ҳозир бошад, вай салоҳиятнок дониста мешавад. Ҳар узви кооператив ҳангоми қарор қабул кардани маҷлиси умумӣ як овоз дорад.

Маҷлиси умумии аъзои кооператив аз рӯи масъалаҳои мавриди баррасӣ дар доираи салоҳияти худ бо аксарияти оддии овозҳои шумораи умумии аъзои кооператив қарор қабул мекунад ва иҷрои онро зери назорат мегирад.

Оинномаи кооператив метавонад масъалаҳоеро муайян намояд, ки қарорҳои доир ба онҳо бо аксарияти мутлақи овозҳои аъзои кооператив ё якдилона қабул карда мешаванд.

Кооператив дар асоси усулҳои (принсипҳои) зерин барпо карда мешавад ва фаъолият мекунад:

  • ихтиёрӣ будани узвият дар кооператив;
  • ҳамёрӣ ва таъмини манфиати иқтисодӣ барои аъзои кооператив, ки дар фаъолияти истеҳсолӣ ва фаъолияти дигари хоҷагӣ иштирок менамоянд;
  • тақсими фоидаю зиёни кооператив байни аъзои он бо назардошти иштироки шахсии меҳнатӣ ё иштирок дар фаъолияти хоҷагии кооператив;
  • маҳдудияти иштироки шахсони аъзои кооперативнабуда дар фаъолияти хоҷагии он;
  • идораи фаъолияти кооператив дар асосҳои демократӣ (як узви кооператив – як овоз);
  • дастрас будани маълумот дар бораи фаъолияти кооператив барои ҳамаи аъзои он.

Узви кооператив ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ аз ҳайати кооператив барояд. Дар ин маврид ба ӯ бояд арзиши саҳм пардохта ё мутобиқи саҳми ӯ амвол дода шавад, инчунин маблағҳои дигари дар оинномаи кооператив пешбинигардида пардохта шаванд.

Узви кооператив дар сурати ӯҳдадориҳои тибқи оиннома ба зимааш гузошташударо иҷро накардан ё номатлуб иҷро карданаш, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун ва оинномаи кооператив бо қарори маҷлиси умумӣ аз кооператив хориҷ карда мешавад.

Узви кооперативи истеҳсолӣ бо сабаби узви ҳамин хел кооператив буданаш метавонад бо қарори маҷлиси умумӣ аз кооператив хориҷ карда шавад.

Агар дар қонун ва оинномаи кооператив тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, узви кооператив ҳуқуқ дорад, ки саҳмашро пурра ё қисман ба узви дигари кооператив диҳад. Саҳмро пурра ё қисман ба шаҳрванде, ки узви кооператив намебошад, танҳо бо розигии кооператив додан мумкин аст. Дар ин ҳолат аъзои кооператив барои пурра ё қисман харидани чунин саҳм ҳуқуқи афзалиятнок дорад.

Корхонаи воҳид ташкилоти тиҷоратие мебошад, ки ҳуқуқи ба амволи вобастакардаи молик соҳиб шуданро надорад. Ин амвол тақсимнашаванда буда, ба саҳмҳо (ҳиссаҳо), аз ҷумла байни коргарони корхона тақсим карда намешавад. Танҳо корхонаҳои давлатӣ метавонанд дар шакли корхонаи воҳид таъсис дода шаванд. Амволи корхонаи давлатии воҳид таҳти моликияти давлатӣ қарор гирифта, ба чунин корхона бо ҳуқуқи идораи хоҷагидорӣ тааллуқ дорад.

Корхонае, ки амволи давлатиро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дар ихтиёр дорад, корхонаи давлатӣ ҳисоб мешавад (КГ ҶТ мод.127).

Идораи оперативӣ – корхонаи давлатии ҳуқуқи амволиаш маҳдудест, ки амволро аз молик аз рӯи мақсади фаъолияти худ, супориши молик ва таъиноти амвол, ҳуқуқи соҳибият, истифода ва ихтиёрдории ин амвол гирифтааст. Корхонаи давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ танҳо амволеро дар ихтиёри худ дошта метавонад, ки он барои таъмини фаъолияти оинномавииш зарур аст.

Корхонаи давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси амволе, ки моликияти ҷумҳурӣ мебошад, бо қарори ё ҳукумати маҳаллӣ дар асоси моликияти коммуналӣ барпо карда мешавад.

Ҳуҷҷати таъсисии корхонаи давлатӣ оинномаи он мебошад, ки вай аз тарафи муассис тасдиқ карда мешавад. Фаъолияти хоҷагии корхонаи давлатӣ бо мақсаду вазифаҳои дар оиннома сабтгардида ва инчунин бо супориши давлатӣ, ки он ба воситаи молик ба корхона расонида мешавад, муайян карда мешавад.

Корхонаи давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки аз рӯи аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ амволи мутааллиқи фондҳои асосиро бе иҷозати молик харидорӣ намояд. Корхонаи давлатӣ маҳсулоти баровардаашро бо маслиҳати молик мефурӯшад.

Тартиби тақсими даромади корхонаи давлатӣ аз тарафи молик муайян карда мешавад. Муассисони корхонаи давлатӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулияти субсидиарӣ доранд.

Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ метавонанд дар шакли кооперативҳои матлубот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, фондҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо ва ғайра арзи вуҷуд кунанд. Нишонаву аломати умумии ҳамаи ташкилотҳои номбаркарда он аст, ки онҳо ҳуқуқ надоранд фоида гирифтанро ба сифати яке аз мақсадҳои асосии худ қарор диҳанд. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳуқуқ доранд фаъолияти хоҷагӣ ё дигар хел фаъолияти музднокро танҳо ба шарте амалӣ гардонанд, ки даромади он барои эҳтиёҷоти ташкилот харҷ карда шавад ва ин бевосита дар оинномаи ташкилоти ғайритиҷоратӣ пешбинӣ шуда бошад.

355
Нет комментариев. Ваш будет первым!