Ҳуқуқҳои амволӣ (молумулкӣ) дар муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ
Ҳуқуқҳои амволӣ бо ҳуқуқи моликият ба муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидории амволи мутааллиқи субъектҳо муайян карда мешаванд.
Моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли хусусӣ ва оммавӣ (давлатӣ) дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад моликияти давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеи арзи вуҷуд намояд.
Молик ҳуқуқи соҳибият, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молумулкашро дорад. Ин муносибатҳои ҳуқуқии мутлақи амволӣ мебошад.
Ҳуқуқи соҳибияти амвол маънои имконияти бо қонун пешбининамудаи дар тасарруфи худ нигоҳ доштани ҳамин амвол, дар хоҷагии худ нигоҳ доштан, яъне воқеан соҳибӣ кардани онро дорад.
Ҳуқуқи истифодаи амвол маънои кор фармудан, ҷудо карда гирифтани хосиятҳои муфиди он ё баҳравар шудан аз самараи вай, даромад кардан ва ба ҳамин тариқ, қонеъ гардонидани талаботу манфиати моликро дорад. Ин мафҳум бо мафҳуми соҳибият сахт алоқаманд аст, зеро аз рӯи қоидаи умумӣ амволро фақат воқеан соҳибӣ намуда, истифода бурдан мумкин аст.
Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани амвол маънои ба молик додани имконияти бо салоҳдиди худ ва ба нафъи худ анҷом додани амалеро дорад, ки тақдири ҳуқуқии амволро муайян менамояд. Чунончӣ, молик ҳақ дорад амволашро ба иҷора диҳад, ба гарав монад, фурӯшад, тӯҳфа кунад ва ҳамчунин ӯ метавонад онро нобуд созад ё худ бароварда партояд.
Молик ҳақ дорад бо салоҳдиди худ нисбати амволаш ҳама гуна амалро раво бинад, аз ҷумла онро ба дигар шахсон фурӯшад, ваколатҳои худро оид ба соҳибият, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани амвол, ба зиммаи онҳо вогузорад, амволашро ба гарав монад ва аз он бо усули дигар истифода барад ё онро ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ кунад.
Молик, агар дар асноди қонунгузорӣ ё шартнома тартиби дигаре пешбиниӣ нашуда бошад, масъулияти нигоҳдошти амволи худро ба ӯҳда дорад ва наметавонад ин масъулиятро аз пеши худ (якҷониба) ба зиммаи шахси сеюм вогузорад.
Моликияти хусусӣ моликияти шаҳрвандон ё ашхоси ҳуқуқии ғайридавлатӣ ё иттиҳодияҳои онҳо мебошад. Вай ҳама гуна амволро, ба ғайр аз шаклҳои алоҳидаи амволе, ки мутобиқи асноди қонунгузорӣ наметавонанд марбут ба шаҳрвандон ё ашхоси ҳуқуқӣ бошанд, дар бар мегирад. Миқдор ва арзиши амволе, ки моликияти хусусӣ мебошад, маҳдуд карда намешавад.
Ҳуқуқи моликият ба моли наве, ки шахс барои худ (бо риояи қонун ва дигар асноди ҳуқуқӣ) тайёр кардааст ё сохтааст, аз ҷониби ҳамин шахс ба даст оварда мешавад. Ҳуқуқи соҳибӣ кардани самара, маҳсулот, даромаде, ки аз истифодаи амвол ба даст омадааст, дар ихтиёри шахсест, ки ин амволро истифода мебарад. Ҳуқуқи соҳибӣ кардани амволи моликро шахси дигар дар асоси шартномаи харидуфурӯш, иваз, тӯҳфа кардан ё дигар аҳдҳои аз тасарруф баровардани амвол ба даст оварданаш мумкин аст. Ҳуқуқи моликият ба бино, иншоот ва дигар амволи ғайриманқули аз нав таъсисёбанда, ки бояд аз қайди давлатӣ гузарад, аз рӯзи ба қайд гирифта шуданашон ба миён меояд.
Ҳуқуқи моликият аксаран бо хости молик, ки ин ҳуқуқро бо шахси дигар дар асоси шартнома, санади маъмурӣ, дар сурати даст кашидан аз ҳуқуқи моликият ба амволи мушаххас вогузор мекунанд ва дар ҳолатҳои дигар, аз ҷумла ҳангоми хусусигардонии амволи корхонаҳои давлатӣ қатъ мегардад. Ҳуқуқи моликият метавонад қатъи назар аз хости молик, масалан, дар мавриди нобуд шудан ё нобуд кардани амвол ва дар сурати аз даст додани ҳуқуқи моликият ба амвол дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун қатъ ёбад.
Бинобар рафтори ношоистаи молик ва ҳамчунин бо сабабҳои ба рафтори молик новобаста маҷбуран мусодира намудани чизу чораи ӯ низ имконпазир аст.
Амволе, ки моликияти ду ё чандин шахс мебошад, дар асоси ҳуқуқи моликияти умумӣ ба онҳо тааллуқ дорад. Нишонаю аломатҳои ҳуқуқи моликияти умумӣ инҳоянд:
а) амволи умумӣ;
б) сершумории субъектҳои дорои ҳуқуқи моликият ба ин амвол.
Муносибатҳои моликон вобаста ба навъи моликияти умумӣ ва созишномаи байни онҳо аз ҳам фарқ доранд. Ду навъи моликияти умумӣ вуҷуд дорад: ҳиссагӣ ва якҷоя.
Дар мавриди моликияти умумии ҳиссагӣ бо ҳар молик ҳиссаи пешакӣ муайянгардида бо ҳуқуқи моликият тааллуқ дорад. Дар мавриди моликияти умумии якҷоя иштирокчиёни он низ саҳм доранд, вале андозаи он дар амволи умумӣ пешакӣ муайян карда нашудааст. Ин саҳм танҳо баъди қатъ ёфтани моликияти умумӣ ё ҳангоми ҷудо намудани иштирокчӣ муайян карда мешавад.
Агар дар қонун ё дар муносибатҳои ҷонибҳо моликияти якҷояи амвол пешбинӣ нашуда бошад, моликияти умумӣ ҳиссагӣ хоҳад буд. Агар ҳиссаи моликияти ҳиссагии иштирокчиён дар асоси қонун муайян карда нашавад ва дар созишнома ҳамаи иштирокчиёни он муқаррар нашуда бошанд, ҳиссаҳо баробар дониста мешаванд.
Амволи моликияти ҳиссагӣ бо розигии ҳамаи иштирокчиёни он ихтиёрдорӣ карда мешавад.
Амволи моликияти ҳиссагӣ мутобиқи созишномаи байни ҳамаи иштирокчиёни он ихтиёрдорӣ карда мешавад.
Дар сурати мувофиқа нашудан амволи моликияти ҳиссагӣ тибқи созишномаи байни ҳамаи иштирокчиёни он бо тартиби муқаррарнамудаи қонун соҳибӣ ва истифода карда мешавад.
Агар дар созишномаи байни иштирокчиёни моликияти якҷоя тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, онҳо амволи умумиро якҷоя соҳибӣ ва истифода мекунанд.
Амволи моликияти якҷоя бо розигии ҳамаи иштирокчиён сарфи назар аз он ки кадоме аз иштирокчиён оид ба ихтиёрдории амвол аҳд бастааст, ихтиёрдорӣ карда мешавад.
Молик ҳақ дорад амволашро аз шахси бегонае, ки онро ғайриқонунӣ соҳибӣ кардааст, талаб карда гирад. Агар амвол аз шахсе ба музд харидорӣ шуда бошад, ки ҳуқуқи бегона кардани онро надошт ва харидор аз ин огоҳ набуд ва огоҳ буда ҳам наметавонист (харидори бовиҷдон), молик ҳақ дорад дар мавриди амволро гум карданаш ё гум кардани шахсе, ки молик амволашро ба ихтиёри ӯ дода буд ва ё дар сурати аз худи ӯ ё аз ин шахс дуздидани он ё ки амвол бо роҳи дигар бар хилофи майлу хоҳиши онҳо аз тасарруфашон рафтааст, аз харидор талаб карда гирад (КГ ҶТ м.324).
Агар амвол аз шахсе, ки ҳуқуқи фурӯхтани онро надошт, ройгон гирифта шуда бошад, молик ҳақ дорад амволашро дар ҳама ҳолат талаб карда гирад.
Ҳангоми аз харидори бегона ғайриқонунӣ талаб карда гирифтани амвол молик инчунин ҳақ дорад аз шахсе, ки ғайриқонунӣ харидани амволро медонист ё донистанаш лозим буд (харидори бовиҷдон), баргардонидан ё ҷуброни ҳамаи даромадеро, ки ин шахс ба даст овардааст ё мебоист дар тамоми давраи соҳибӣ кардани амвол ба даст орад, талаб намояд; аз харидори бовиҷдон бошад, баргардонидани тамоми даромадеро, ки ба даст овардааст ё мебоист аз рӯзе, ки ӯ огоҳ гардид ё мебоист аз ғайриқонунӣ соҳибӣ кардани амвол ё аз рӯи даъвои молик дар мавриди баргардонидани амвол огоҳнома гирифтанаш ба даст меоварад, талаб намояд.
- Ҳуқуқҳои ӯҳдадорӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ
Ҳуқуқҳои ӯҳдадории субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ бо ӯҳдадориҳое муайян карда мешаванд, ки субъектҳо ба муносибатҳои хоҷагидорӣ ҳамроҳ шуда, онҳоро ба зимма гирифтаанд.
Аз рӯи ӯҳдадорӣ як шахс (қарздор) бояд ба фоидаи шахси дигар (қарзхоҳ) амали муайянеро анҷом диҳад. Масалан, амволашро ба ӯ диҳад, кореро иҷро кунад, пул супорад ва ғайра ё аз иҷрои ягон амал худдорӣ намояд, кредитор (қарзхоҳ) бошад, ҳақ дорад аз қарздор иҷрои ӯҳдадориҳояшро талаб намояд.
Ӯҳдадорӣ аз шартнома, дар натиҷаи расонидани зарар ва дар асосҳои дигари дар санадҳои қонунӣ нишондодашуда бармеояд.
Дар ӯҳдадорӣ ба сифати ҳар кадом ҷониби он – қарзхоҳ ё қарздор – метавонанд як ё ҳамзамон якчанд шахс иштирок намояд.
Агар ҳар кадоме аз ҷонибҳо мутобиқи шартнома ба манфиати ҷониби дигар ӯҳдадор бошад, он ҷониб қарздори ҷониби дигар ҳисобида шуда, вазифадор аст ба манфиати ҷониби дигар амале анҷом диҳад ва ҳамзамон қарзхоҳи он ҳисоб меёбад, ки ҳуқуқ дорад аз ҷониби дигар пардохти қарзро талаб намояд.
Ӯҳдадориҳо бояд ба таври матлуб мутобиқи шартҳои ӯҳдадорӣ ва талаботи қонун, дигар асноди ҳуқуқӣ иҷро карда шаванд ва ҳангоми набудани чунин шарту талабот мутобиқи анъанаҳои муомилоти корӣ ё талаботи муқаррарии пешниҳодгардида анҷом дода шаванд.
Мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ метавонад бо шартҳои шартнома ё ӯҳдадории дигар, қонунгузорӣ, бо қоидаҳои барои ҷонибҳо ҳатмӣ, қарори суд пешбинӣ карда шавад ва инчунин аз шартҳои ӯҳдадорие бармеояд, ки онро муайян менамоянд. Баъзе ӯҳдадориҳо бинобар анъанаҳои муомилоти корӣ ё моҳияти онҳо бояд баробари талаби дахлдори қарзхоҳ (кредитор) иҷро карда шаванд.
Ӯҳдадорӣ бояд дар ҷое, ки бо созишномаи ҷонибҳо муайян карда шудааст ё аз анъанаи муомилоти корӣ ё моҳияти ӯҳдадорӣ бармеояд, иҷро карда шавад. Агар ҷои иҷрои ӯҳдадорӣ муайян нагардида бошад, он бояд ба тариқи зайл иҷро карда шавад:
а) аз рӯи ӯҳдадории додани амволи ғайриманқул – дар ҷои мавҷудияти амвол;
б) аз рӯи ӯҳдадории додани мол ё дигар амволе, ки интиқоли онро пешбинӣ мекунад – дар ҷои супурдани амвол ба боркашони якум ҷиҳати расонидани он ба кредитор;
в) аз рӯи дигар ӯҳдадориҳои қарздор ҷиҳати додани мол ва дигар амвол – дар маҳалли тайёр намудани он ё нигоҳдошти амвол, ба шарте, ки ин маҳал дар рӯзи ба миён омадани ӯҳдадорӣ ба қарзхоҳ маълум бошад;
г) аз рӯи ӯҳдадории пулӣ – дар ҷои истиқомати қарзхоҳ (кредитор) ва агар қарзхоҳ шахси ҳуқуқӣ бошад, дар ҷои воқеъшавии он дар рӯзи ба миён омадани ӯҳдадорӣ; агар қарзхоҳ то рӯзи иҷрои ӯҳдадорӣ ҷои истиқомат ё буду бошашро иваз карда, қарздорро аз ин огоҳонида бошад, пас дар ҷои нави истиқомат ё буду боши қарзхоҳ ва аз ҳисоби қарзхоҳ баровардани тамоми хароҷоти вобаста ба ивази ҷои иҷрои ӯҳдадорӣ;
д) аз рӯи ӯҳдадориҳои дигар – дар ҷои зисти қарздор ва агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад – дар ҷои буду боши он (мод.339 КГ ҶТ).
Бо мувофиқаи ҷонибҳо ӯҳдадориҳои пулӣ метавонанд бо пули миллӣ ифода ёбанд. Дар ӯҳдадории пулӣ метавонад пешбинӣ гардад, ки он бо пули миллии Тоҷикистон ба андозаи баробари арзиши маблағ бо асъори хориҷӣ ё воҳиди шартии пулӣ пардохта мешавад. Дар ин ҳолат, агар тибқи қонун ё созишномаи ҷонибҳо қурби дигар ё санаи дигар муайян карда нашуда бошад, маблағи бо пули Тоҷикистон пардохташаванда мутобиқи қурби расмии асъори дахлдор ё воҳидҳои шартии пул дар рӯзи пардохт муайян карда мешавад.
Истифодаи асъори хориҷӣ, инчунин асноди пардохт бо асъори хориҷӣ ҳангоми анҷом додани ҳисобу китоб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ӯҳдадориҳо, тибқи ҳолат, тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонун ё тартиби муқаррарнамудаи онҳо иҷозат дода мешавад.