Вазъи ҳуқуқии ҷамъиятҳои  саҳҳомӣ

Ҷамъияти саҳҳомӣ яке аз шаклҳои ҷамъияти хоҷагидориест, ки дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст (дар қатори ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶММ) ва аз ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ (ҶМИ), ки аз ҶММ фарқи кам дорад).

Ҷамъияти саҳҳомӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки фонди оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст, иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомӣ (саҳмдорон) аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут аз фаъолияти ҷамъиятро ба андозаи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта ба зимма мегиранд.

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода (ҶСК) ва ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшида (ҶСП)-ро зикр кардааст.

Ҷамъияти саҳҳомие, ки иштирокчиёнаш саҳмияҳои худро бе ризоияти саҳмдорони дигар бегона карда метавонанд, ҷамъияти саҳҳомии кушода эътироф карда мешавад. Чунин ҷамъияти саҳҳомӣ ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи шартҳои муқаррарнамудаи қонун ва асноди дигари ҳуқуқӣ обунаи озоди саҳмияҳои мебаровардааш ва фурӯши озоди онҳоро ба роҳ монад. Шумораи саҳмдорони ин гуна ҷамъияти саҳҳомӣ маҳдуд карда намешавад.

Дар ҷамъияти саҳҳомии пӯшида (ҶСП), дар фарқият аз ҷамъияти саҳҳомии кушода (ҶСК), саҳмияҳо танҳо дар байни муассисони он ё доираи шахсони дигари пешакӣ муайянгардида тақсим карда мешаванд. Шумораи саҳмдорони ҶСП набояд аз панҷоҳ нафар зиёд бошад.

Агар шумораи саҳмдорони ҶСП аз 50 нафар гузарад, он дар давоми як сол бояд ба ҶСК табдил дода шавад. Агар баъди гузаштани ин мӯҳлат шумораи онҳо то ҳадди муқаррарнамудаи қонун кам нашуда бошад, он бо тартиби судӣ барҳам дода мешавад[1].

Инак, чунонки аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, яке аз фарқҳои асосии ҶСК аз ҶСП дар он аст, ки ҶСП ҳуқуқи ба саҳмияҳои баровардааш обуна карданро надорад, шумораи саҳмдорони ҶСП набояд аз панчоҳ нафар зиёд бошад, саҳмияҳои ҶСП танҳо дар байни муассисони он ё худ доираи шахсони дигари пешакӣ муайянгардида тақсим карда мешавад.

Воқеан, ин чӣ хел доираи шахсони дигар аст ва онро кӣ муайян мекунад? Ба ин савол дар қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ҷавоби аниқ нест. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки доираи муайяни шахсони дигарро маҷлиси саҳмдорон муайян мекунад.

Таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ аз бастани шартномаи байни муассисон оғоз меёбад, ки он тартиби якҷоя фаъолият кардани онҳоро дар роҳи таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ, ҳаҷми сармояи муқаррарнашудаи ҷамъият, категорияҳои саҳмияҳои баровардашаванда ва тартиби паҳн кардани онҳо, инчунин дигар шартҳои пешбининамудаи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомиро муайян мекунад.

Муассисони ҷамъияти саҳҳомӣ аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки то рӯзи бақайдгирии ҷамъият ба миён меоянд, масъулияти муштарак доранд. Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои муассисон, ки бо таъсиси он алоқаманданд, танҳо дар сурате масъулият бар дӯш дорад, ки амали онҳо минбаъд аз ҷониби маҷлиси умумии ҷамъияти саҳҳомӣ маъқул дониста шавад.

Ҳуҷҷати таъсисии ҷамъияти саҳҳомӣ оинномаи аз ҷониби муассисон тасдиқгардидаи он мебошад. Оиннома бояд маълумоти барои ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ умумӣ ва шартҳои хоси ҷамъияти саҳҳомиро дар бар гирифта бошад. Ҷамъияти саҳҳомӣ ба ҷуз асосҳои умумӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ метавонад аз нав ташкил карда, ё худ бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон барҳам дода шавад.

  1. Сармояи оинномавӣ, саҳмия ва фондҳои ҷамъияти саҳҳомӣ

Сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ аз арзиши номиналии саҳмияҳои харидаи саҳмдорони ҷамъият таркиб меёбад. Вай андозаи ҳадди ақалли амволи ҷамъиятро, ки манфиати қарзхоҳони онро кафолат медиҳад, муайян мекунад. Сармояи оинномавии ҶСП бояд аз андозаи 60-карата ва ҶСК бояд аз андозаи 100-каратаи маоши ҳадди ақал камтар набошад.

Дар рӯзи ба қайд гирифтани ҷамъият на камтар аз 30 фоизи арзиши саҳмияҳо бояд пардохта шавад. Арзиши пурраи саҳмияҳоро дар давоми соли якуми фаъолияти ҷамъият пардохтан лозим аст. Дар ҷамъиятҳои саҳҳомии ҷудогона тартиб, андоза ва мӯхлати пардохти арзиши саҳмияҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Бо созишномаи байни муассисон аъзоҳаққии ибтидоӣ ба андозаи миқдори муайяни саҳмияҳо дар шакли бино, иншоот, таҷҳизот ва арзишҳои дигари моддӣ, ҳуқуқҳои амволӣ (аз ҷумла барои моликияти зеҳнӣ) буда метавонад. Арзиши амволи ба тариқи аъзоҳаққӣ пардохташаванда бо мувофиқаи иштирокчиёни ҷамъият муайян карда мешавад.

Обунаи озод ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомӣ то пардохти пурраи сармояи ибтидоии оинномавии он роҳ дода намешавад. Ҳангоми таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ тамоми саҳмияҳои он бояд байни муассисон тақсим карда шавад. Ҳеҷ яке аз саҳмдоронро аз пардохти арзиши саҳмия озод кардан мумкин нест. Ҳадди ақалли арзиши номиналии (мавсумии) саҳмия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сомонӣ аст. Арзиши номиналии саҳмияи зиёда аз 1 сомонӣ бояд ба ҳадди ақалли арзиши номиналии саҳмия қобили тақсими бебақия бошад[2].

Суди саҳмияҳо аз рӯи натиҷаи яксола, нимсола, семоҳа бо тартиби пешбининамудаи шартҳои баровардани саҳмия, аз ҳисоби як қисми фоидае, ки баъди пардохти андозҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва пардохтпулиҳои дигари буҷет боқӣ мемонад, пардохта мешавад.

Саҳмия коғази қиматнокест, ки ҷамъияти саҳҳомӣ мебарорад ва ба ҳиссаи дар сармояи оинномавӣ ҳуқуқдор будани онро исбот менамояд. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъиятҳои саҳҳомӣ метавонанд навъҳои зерини саҳмияҳоро бароранд:

  • оддӣ (муқаррарии дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ);
  • афзалиятнок (бе ҳуқуқи овоздиҳӣ).

Саҳмияи оддӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳо дар маҷлисҳои саҳмдорон як овоз дошта, дар тақсими фоида пас аз пур кардани захираҳо ва пардохти суд (дивидент) иштирок мекунад. Саҳмияи имтиёзнок ҳуқуқи овоздиҳӣ надорад, вале якзайл суд оварда, ҳангоми тақсимоти фоида ва барҳам хӯрдани ҷамъият нисбат ба саҳмияҳои оддӣ афзалият дорад. Дар сурати барои пардохти суди саҳмияҳои афзалиятнок набудан ё нарасидани фоида суд аз фондҳои захиравӣ пардохта мешавад. Саҳмияҳои афзалиятнок ба маблағи на бештар аз 25 фоизи сармояи ибтидоии ҷамъият бароварда мешаванд.

Сармояи оинномавии ҷамъият метавонад бо роҳи баланд бардоштани арзиши номиналии саҳмия ё нашри иловагии саҳмия зиёд карда шавад. Қарори зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият ва ворид намудани тағйироти дахлдорро ба оиннома ҳангоми зарурат маҷлиси умумии саҳмдорон бо аксарияти на камтар аз чор се ҳиссаи миқдори умумии овозҳои саҳмдорони ҳузурдошта қабул мекунад.

Сармояи оинномавии ҷамъият метавонад бо роҳи паст кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё худ харида гирифтани як қисми саҳмияҳо бо мақсади бекор намудани онҳо кам карда шавад. Қарори кам кардани сармояи оинномавии ҷамъиятро маҷлиси умумии саҳмдорон ҳангоми зарурат бо аксарияти на камтар аз чор се ҳиссаи миқдори умумии овозҳои саҳмдорони ҳузурдошта қабул менамояд. Сармояи оинномавии ҷамъият баъди огоҳонидани (воқиф гардонидани) ҳамаи қарзхоҳони он кам карда мешавад. Агар дар давоми 30 рӯзи баъди қабул гардидани қарор дар бораи кам кардани сармояи оинномавӣ аз тариқи васоити ахбори омма хабаре пахш нашуда бошад, ҷамъият ҳуқуқи кам кардани сармояи оинномавиро надорад. Баъди гузаштани се моҳ аз рӯзи дар васоити ахбори омма дарҷ гардидани қарори ҷамъият дар бораи кам кардани сармояи оинномавӣ, саҳмияҳое, ки барои бекор намудан ё харидан пешниҳод карда нашудаанд, беэътибор дониста мешаванд.

Ҷамъият мувофиқи Қонун барои фаъолияти худ бояд ба андозаи на зиёдтар аз 15 фоизи сармояи оинномавӣ захираи зарурӣ дошта бошад. Тартиби ташаккул ва истифодаи захираҳо бо оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.

Ҳиссаҷудокуниро ба фонди захиравӣ маҷлиси саҳмдорон муқаррар менамояд, вале то 15 фоизи сармояи оинномавӣ расидани захира он наметавонад аз 5 фоизи маблағи фоидаи холис камтар бошад.

Ҷамъият мутобиқи оинномааш ё қарори саҳмдорон метавонад ба хизматчиён ҳуқуқи харидани миқдори муайяни саҳмияҳоро бо шартҳои имтиёзнок (опсион) диҳад. Ҷамъият дар асоси оинномааш ҳамчунин метавонад баъди пардохти андозҳояш як қисми фоидаашро, аз ҷумла дар шакли пул ё саҳмия ба хизматчиёни худ тақсим карда диҳад.

274
Нет комментариев. Ваш будет первым!