Мафҳуми шартнома ва қоидаҳои бастани он

1. Мафҳуми шартнома

2. Аксепт ва мазмуни оферта дар мавриди бастани шартнома

3. Асосҳои тағйир додан ва бекор кардани шартнома

  1. Мафҳуми шартнома

Шартномаи ҳуқуқи гражданӣ яке аз намудҳои маъмули аҳдҳоест, ки бо иштироки шаҳрвандон ва дар амалияи соҳибкорӣ содир мешаванд. Шартнома созиши ду ё якчанд шахс барои муқаррар кардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадории гражданӣ мебошад (КГ ҶТ мод.452). Шартнома бар хилофи аҳдҳои якҷониба ҳамеша созиши ду (дар аҳдҳои дуҷониба) ё се ва аз ин зиёд (дар аҳдҳои бисёрҷониба) иштирокчӣ мебошад. Бинобар ин нисбати шартномаҳо қоидаҳои аҳди дуҷониба ва бисёрҷониба татбиқ мегарданд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон усули озодии шартномаро, ки моддаи 3 КГ ҶТ муқаррар намудааст, эълон медорад. Усули озодии шартнома яке аз усулҳои асосии қонунгузории гражданӣ буда, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар бастани он озоданд. Барои бастани шартнома маҷбур сохтан, ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи бастани шартнома бевосита дар қонунгузорӣ пешбинӣ гардидааст, норавост.

Шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ музднок ва бемузд мешаванд. Шартномае, ки мутобиқи он як ҷониб бояд музд ё барои иҷрои ӯҳдадориҳояш пасбаргардонии дигари мутақобиларо гирад, музднок ҳисоб меёбад. Шартномае, ки мутобиқи он як тараф ӯҳдадор мешавад ба тарафи дигар бе музд ё пасбаргардонии чизе диҳад, шартномаи бемузд эътироф карда мешавад (КГ ҶТ мод.455). Шартномаҳое, ки дар амалияи иқтисодӣ татбиқ мегарданд, бар хилофи дигар шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ муздноканд. Агар аз қонунгузорӣ, моҳият ё мазмуни шартнома тартиби дигаре барнаояд, шартнома музднок ҳисоб карда мешавад.

Шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ вобаста ба тартиби иҷрояшон ба чунин шартномаҳо тақсим мешаванд:

  • умумӣ (генералӣ) – ҳамаи шартҳои асосии муносибати ҷонибҳоро дар аҳдҳои тиҷоратӣ муайян мекунад;
  • ҷудогона – ӯҳдадориҳои якбораро дар доираи ҳамкории дарозмӯҳлат танзим мегардонад;
  • ташкилотӣ – барои муҳайё кардани шароит ва муайян намудани тартиби ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ таъин шудааст.

Аз нуқтаи назари муносибатҳои ҳуқуқи шартномаҳо ин хел буда метавонанд:

  • яктарафа – як ҷониб танҳо ҳуқуқ дорад, вале ҷониби дигар – танҳо ӯҳдадорӣ (масалан, шартномаи қарз);
  • мутақобил (дуҷониба, тарафайн) – ҳар ҷониб нисбати ҷониби дигар ҳуқуқу ӯҳдадорӣ пайдо мекунад;
  • ҳатмӣ – дар ҷараёни муносибати мушаххаси ҳуқуқии шартномавӣ барои як ё ду ҷониб ҳатмӣ мебошад (масалан, суғуртаи ҳатмӣ аз фалокат ҳангоми мусофиркашонӣ);
  • озод – бастани он танҳо ба салоҳдид, майлу хоҳиши ҷонибҳо вобаста буда, ҳеҷ як асноди ҳуқуқӣ ҳукм карда наметавонад.
  1. Аксепт ва мазмуни оферта дар мавриди бастани шартнома

Барои он ки тарафҳо ба созиш оянд ва бо ҳамин шартнома банданд, зарур аст, ки ақаллан, яке аз онҳо дар бобати бастани шартнома пешниҳоде манзур кунад ва ҷониби дигар ин пешниҳодро қабул намояд. Ба ин сабаб бастани шартнома аз ду марҳала мегузарад. Марҳалаи якум оферта ва марҳалаи дуюм аксепт ном дорад. Мувофиқи ин тарафе, ки бастани шартномаро пешниҳод менамояд, оферент ва тарафе, ки пешниҳодро қабул мекунад – аксептант номида мешаванд. Вақте ки оферент аз аксептант аксепт мегирад, шартнома қабулшуда ҳисоб меёбад[1].

Барои он ки пешниҳод оферта дониста шавад, вай бояд ба талаботи мод.467 КГ ҶТ мувофиқат намояд, аз ҷумла:

  • бояд ҳаматарафа аниқу муайян бошад ва нияти ошкорои шахси шартнома имзокунандаро ифода намояд;
  • тамоми шартҳои муҳими шартномаро доро бошад;
  • ба (нафъи) як ё якчанд шахси муайян нигаронида шуда бошад.

Шарти талаби якум он аст, ки шартномаро шахс, ҳатто агар ӯ тарафи дигари шартнома (контрагент)-ро аз тамоми шартҳои асосии шартнома воқиф гардонда бошад ҳам, бе мақсаду нияти ин шахс баста наметавонад. Талаби дуюм аз банди 1 мод.464 КГ ҶТ бармеояд, ки мутобиқи он дар сурати байни тарафҳо аз рӯи тамоми шартҳои шартнома ҳосил гардидани созиш он басташуда ҳисоб меёбад. Агар дар пешниҳоди бастани шартнома ақаллан яке аз шартҳои асосӣ набошад, бо вуҷуди розӣ будани тарафи дигар ба ин гуна пешниҳод баста шудани он амри муҳол аст. Ниҳоят, талаби сеюм бо унвонии оферта вобаста мебошад, яъне аз он бояд аниқ гардад, ки он маҳз ба унвони кӣ нигаронида шудааст.

Азбаски дар мод.467 КГ ҶТ талабҳо нисбати оферта муайян карда шудаанд, хулоса баровардан мумкин аст, ки дар сурати набудани яке аз аломатҳои мазкур пешниҳодро ҳамчун даъвати оферта кардан маънидод намудан мумкин асту бас. Байни даъвати оферта кардан ва офертаи оммавӣ фарқ гузоштан зарур мебошад.

Офертаи оммавӣ гуфта, пешниҳодеро меноманд, ки тамоми шартҳои асосии шартномаи зикршударо фаро гирифта, аз он нияти шахси манзуркардаи пешниҳод дар бобати бастани шартнома тибқи шартҳои пешниҳод бо ҳар шахсе, ки майл дорад, муайян мегардад (КГ ҶТ б.2, мод.469). Дар ин ҳолат пешниҳоди бастани шартнома ба ҳама ва ҳар кас дахл дорад. Аз ин рӯ, касе, ки якум шуда, ба афертаи оммавӣ майл мекунад, онро маъқул меёбад ва бо ҳамин пешниҳодро аз байн мебардорад.

Аксепт розигии шахсе мебошад, ки оферта ба унвони ӯ фиристода шудааст то ин пешниҳодро қабул кунад.

Нияти аз ҷониби аксептант қабул карда шудани пешниҳод бояд тарзе ифода карда шавад, ки дар миён на нисбати аксепт ва на нисбати мувофиқати шартҳои аксепт ва шартҳои оферта ягон шакку шубҳае набошад. Ин талабҳоро дар қоидае ифода кардан мумкин аст, ки мутобиқи он аксепт бояд мутлақ ва ба шартҳои оферта мувофиқ бошад. Вале агар розӣ шудан ба пешниҳоди бастани шартнома ягон хел илова ё тағйироти шартҳои оферта дошта бошад, пас онро на аксепт, балки танҳо даъват ба гуфтугӯ донистан мумкин асту бас. Агар дар қонун ва асноди дигари ҳуқуқӣ ё дар оферта тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар мӯҳлати барои аксепт муайяншуда аз тарафи шахсе, ки офертаро гирифтааст, иҷро намудани амали шартҳои дар он зикршуда (борфиристонӣ, пардохти маблағи дахлдор ва ғайра) аксепт ба ҳисоб меравад.

Аксептант ҳақ дорад то аксептро гирифтани оферент онро, яъне аксептро бозхонад. Дар ин маврид мод.471 КГ ҶТ қоидае муқаррар кардааст: агар огоҳиномаи бозхонди аксепт пештар аз аксепт ё ҳамзамони он расида бошад, аксепт гирифташуда ба ҳисоб намеравад.

Агар ҷавоби розӣ шудани шахс ба бастани шартнома бо шартҳои дигари хилофи пешниҳоди оферта дода шуда бошад, ин гуна ҷавоб маънои аз аксепт даст кашиданро дорад ва дар айни замон офертаи нав дониста мешавад (КГ ҶТ мод.475). Агар тарафҳо ихтилофҳоеро, ки ҳангоми бастани шартнома ба миён меоянд, худашон ҳаллу фасл карда натавонанд, пас онҳо имконият доранд дар бобати ба баррасии суд додани ин баҳс бо ҳам созиш кунанд (КГ ҶТ мод.478). Дар ин ҳолат шартҳои шартномае, ки аз рӯи онҳо тарафҳо созиш карда натавонистанд, бо қарори суд муайян карда мешаванд.

Агар мафоз, пасанд (оферент) ба бастани шартнома ягон эътиное накарда бошад, сукути ӯ, аз рӯи қоидаи умум, маънои онро дорад, ки ӯ шартнома бастанро намехоҳад.

Ҳангоми бастани шартнома масъалаи замону макони бастани шартнома аҳамияти калон дорад. Нисбати муносибатҳои шартномавӣ қонунгузорие татбиқ мегардад, ки дар замони бастани он дар маҳалли ба имзорасидааш амал мекунад. Созишнома аз рӯзи розигии аксептантро гирифтани оферент басташуда ҳисоб меёбад. Ҳамон рӯз замони баста шудани шартнома дониста мешавад. Барои шартномаҳои воқеӣ қоидаи дигар муқаррар карда шудааст, ки мутобиқи вай ин шартномаҳо аз рӯзи супурдани амволи дахлдор басташуда ба ҳисоб мераванд. Ниҳоят, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, шартномае, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, аз рӯзи ба қайд гирифта шуданаш басташуда эътироф мешавад (КГ ҶТ мод.465). Агар дар шартнома маҳаллу макони баста шудани он зикр нагардида бошад, пас мутобиқи моддаи 476 КГ ҶТ шартнома дар маҳалли зисти шаҳрванд ё маҳалли буду боши шахси ҳуқуқие, ки оферта фиристодааст, басташуда маҳсуб меёбад.

Ғайр аз ин масъалаи оғозу анҷоми амали шартнома аҳамияти калон дорад. Тавре ки дар моддаи 457 КГ ҶТ таъкид шудааст, шартнома аз рӯзи баста шуданаш эътибор пайдо мекунад ва барои ҷонибҳо ҳатмӣ мегардад. Зимнан ҷонибҳо ҳақ доранд муайян кунанд, ки шартҳои шартномаи бастаи онҳо ба муносибатҳои то бастани шартнома ба миёномада татбиқ мегарданд.

Қоидаи умумие ҳаст, ки аз рӯи он дар натиҷаи гузаштани мӯҳлати амали шартнома эътибори он танҳо вақте гум мешавад, ки ҷонибҳо тамоми ӯҳдадориҳояшонро ба таври матлуб иҷро карда бошанд. Дар сурати номатлуб иҷро гардидани ақаллан як ӯҳдадории дар шартнома зикршуда амалу эътибори он баъди гузаштани мӯҳлаташ низ қатъ намеёбад. Дар баробари ин дар қонун ё шартнома пешбинӣ шуда метавонад, ки ба охир расидани мӯҳлати амали шартнома боиси қатъи ӯҳдадориҳои ҷонибҳои шартнома мегардад.

Ниҳоят, хотима ёфтани мӯҳлати амали шартнома ҷонибҳоро аз масъулияти риоя накардани он озод намекунад. Чунончӣ, молрасон барои камбудии моли расондааш дар назди харидор ҳатто баъди хотима ёфтани амали шартномаи молрасонӣ низ ҷавобгар мебошад.

Қонунгузорӣ тартиберо пешбинӣ намудааст, ки мувофиқи он бастани шартнома ба яке аз ҷонибҳо ҳатмист. Дар сурати бо тартиби ҳатмӣ бастани шартнома қоидаҳои моддаи 477 татбиқ мешаванд. Ҷониби ба бастани шартнома манфиатдоре, ки бастани шартнома барояш ҳатмӣ нест, ба ҷониби дигар, ки бастани шартнома барояш ҳатмист, лоиҳаи шартнома – офертаро мефиристад. Ҷонибе, ки бастани шартнома барояш ҳатмӣ мебошад, бояд дар давоми 30 рӯзи баъди гирифтани оферта онро баррасӣ намояд ва ба ҷониби дигар огоҳинома дар бораи аксепт ё огоҳинома дар бораи аксепти офертаи шартҳояш дигар (протоколи ихтилофот нисбати лоиҳаи шартнома) ё огоҳиномаро дар бораи даст кашидан аз аксепт фиристад.

  1. Асосҳои тағйир додан ва бекор кардани шартнома

Бо созиши тарафҳо, яъне тарафайн тағйир додан ва бекор кардани шартнома, аз нуқтаи назари қонунбарор аз ҳама афзалиятнок аст. Қонун бо талаби яке аз тарафҳо тағйир додан ё бекор кардани шартномаро имконпазир медонад. Дар ин маврид шартнома аз тариқи суд бо асоси дахлдор тағйир дода ё бекор карда мешавад. КГ ҶТ аз тарафи дигар ҷиддан риоя накардани шартномаро аввалин чунин асос медонад. Ҷиддан риоя накардани шартнома он аст, ки ба ҷониби дигар аз ин зиён расида, ӯро аз умеди ба даст овардани нафъи зиёде маҳрум месозад, ки ҳангоми бастани шартнома дар назар дошт (КГ ҶТ қ.2. б.2 мод.482).

Тарафе, ки даъвои аз тарафи ҳарифи ӯ ҷиддан риоя нашудани шартномаро мекунад, на фақат даъвояшро, балки хусусияти асосии онро бояд исбот намояд.

Ҳамчунин гурӯҳи алоҳидаи асосҳо, ба ном ҳолатҳои дигари пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуну қарордодҳои дигари тағйир додан ва бекор кардани шартнома ҳаст. Ба онҳо дар навбати аввал ҷиддан тағйир ёфтани ҳолату вазъият мансуб мебошад, ки ҷонибҳо ҳангоми бастани шартнома онҳоро ба асос гирифта буданд. Тағйир ёфтани ҳолату вазъият он вақт ҷиддӣ эътироф карда мешавад, ки агар ҷонибҳо чунин тағйир ёфтани ҳолатро оқилона пешбинӣ мекарданд, умуман шартнома намебастанд ё бо шартҳои то андозае дигар ба имзо мерасониданд (КГ ҶТ мод.483).

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти пурра ё қисман даст кашидан аз иҷрои шартнома яктарафа бекор кардан ё тағйир додани шартномаро дар сурати набудани созиши ҷонибҳо дар ин бора ва бе муроҷиат ба суд раво медонад. Ин усули бекор кардан ё тағйир додани шартнома ҳамчун усули истисно танҳо дар сурати аз иҷрои шартнома даст кашиданро раво донистани қонун ё созиши ҷонибҳо имконпазир мебошад.

Агар дар қонун, санадҳои дигари ҳуқуқӣ, шартнома ё анъанаҳои муомилоти корӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, созишномаи тағйир додан ё бекор кардани шартнома ба роҳу равиши хоси шартнома содир мешавад. Ҷонибе талаби тағйир додан ё бекор кардани шартномаро танҳо баъди гирифтани раддияи ҷониби дигар оид ба тағйир додан ё бекор кардани шартнома ё дар мӯҳлати дар пешниҳод ё дар қонун ва ё дар шартнома муайяншуда нагирифтани ҷавоб ва дар сурати набудани он дар муддати сӣ рӯз ба суд арз карда метавонад (КГ ҶТ мод.484).

Ҳангоми тағйир додани шартнома ӯҳдадориҳои тарафҳо дар шакли тағйирёфта нигоҳ дошта мешаванд.

Дар сурати бекор кардани шартнома ӯҳдадориҳои тарафҳо қатъ мегарданд. Агар тарафҳо дар бораи тағйир додан ё бекор кардани шартнома созиш карда бошанд, аз рӯи қоидаи умумӣ шартнома аз рӯзи имзо шудани созишнома дар бораи тағйир додан ё бекор кардани шартнома тағйирёфта ё бекоршуда ва ӯҳдадории тарафҳо тағйирёфта ё қатъгардида ҳисобида мешавад.

Дар сурати бо тартиби судӣ тағйир додан ё бекор кардани шартнома он аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи тағйир додан ё бекор кардани шартнома тағйирёфта ё бекоршуда ва ӯҳдадориҳои тарафҳо мувофиқан тағйир ё худ қатъёфта ба ҳисоб мераванд. Дар ин маврид тарафҳо тарзи дигари тағйирдиҳиро (бекоркуниро) пешбинӣ карда наметавонанд.

Агар дар қонун ё созишнома тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, тарафҳо ҳақ надоранд баргардонидани чизеро, ки то рӯзи тағйир додан ё бекор кардани шартнома аз рӯи ӯҳдадорӣ ба ҷо оварданд, талаб намоянд.

Агар аз тарафи яке аз тарафҳо ҷиддан риоя накардани шартнома барои тағйир додан ё бекор кардани шартнома асос шуда бошад, тарафи дигар ҳақ дорад тавони зиёни аз тағйир додан ё бекор кардани шартнома расидаро талаб намояд.

[1] Ниг.: Гражданское право, ч.1. Под ред. Сергеев А.П. и Толстой Ю.К., М., 2002, с.602.

949
Нет комментариев. Ваш будет первым!