Шартномаи маҳсулотсупорӣ

1. Мафҳуми шартномаи маҳсулотсупорӣ. Нишонаҳои асосии он

2. Маҳсулотсупорӣ ва молрасонӣ

3. Молро қабул карда гирифтани харидор. Ҳисобу китоб

4. Оқибати фиристодани моли сифаташ номатлуб, моли номукаммал

  1. Мафҳуми шартномаи маҳсулотсупорӣ. Нишонаҳои асосии он

Мутобиқи шартномаи маҳсулотсупорӣ фурӯшанда (маҳсулотсупор) ӯҳдадор мешавад, ки дар мӯҳлати қайду шартшуда ё мӯҳлатҳои истеҳсол ё муҳлатҳои аз ҷониби ӯ харидани мол барои харидор ҷиҳати истифода дар фаъолияти соҳибкорӣ ё мақсадҳои дигар, молро ба харидор расонад (КГ ҶТ мод.541).

Нишонаҳои шартномаи маҳсулотсупорӣ чунинанд:

  1. Дар шартномаи маҳсулотсупорӣ соҳибкор ба сифати фурӯшанда (молфиристонанда) шинохта мешавад. Ин шахс ташкилоти тиҷоратӣ ё шаҳрванд – соҳибкори инфиродӣ буда метавонад. Маҳсулотсупор моли истеҳсолкардаи худро ё моли барои фурӯш харидаашро мефурӯшад.
  2. Мақсади харидани мол – дар фаъолияти соҳибкорӣ ё худ фаъолияти дигаре, ки бо истифодаи шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ё тарзи дигари чунин истифодаи мол алоқаманд нест, истифода кардани он аст.
  3. Мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории маҳсулотсупорӣ шарти асосии шартнома мебошад.

Шартномаи маҳсулотсупорӣ метавонад ба мӯҳлати як сол, бештар аз як сол (шартномаи дарозмуддат) ё ба мӯҳлати дигари дар созишномаи ҷонибҳо пешбинигардида баста шавад.

Агар дар шартнома мӯҳлати он муайян нагардида бошад, шартнома ба мӯҳлати як сол басташуда эътироф карда мешавад (КГ ҶТ мод.542).

  1. Маҳсулотсупорӣ ва молрасонӣ

Маҳсулотсупорӣ аз ҷониби маҳсулотсупор мувофиқи шартнома ба харидор ё шахси дар шартнома ба сифати харидор зикр гардида бо усули боркарда фиростодан (додан)-и мол анҷом дода мешавад.

Ҳуҷҷати молфиристонӣ ҳуҷҷатест, ки харидор дар он молгирандагон ва маълумоти доир ба молгириро зикр менамояд.

Тарафҳо метавонанд давраҳои маҳсулотсупориро пешбинӣ намоянд. Давраи маҳсулотсупорӣ фурсати муносибест, ки дар ин муддат миқдори маҳсулоти дар шартнома пешбинигардида даста-даста (қисм ба қисм) фиристода мешавад.

Бо ҷадвали маҳсулотсупорӣ, ки онро ҷонибҳо муайян мекунанд, мӯлати дар ҳудуди давраи маҳсулотсупорӣ супурдани мол муқаррар карда мешавад. Барои пеш аз мӯҳлат фиристодани мол ҳатман розигии харидорро гирифтан зарур аст.

Маҳсулотсупор маҳсулотро ба воситаи нақлиёт, ки ин дар шартнома пешбинӣ гардидааст, бо шартҳои муайяннамудаи он мерасонад.

Дар сурати набудани имконияти бо нақлиёт фиристодани мол интихоби намуди нақлиёт дар ихтиёри маҳсулотсупор хоҳад буд.

Мутобиқи шартномаи маҳсулотсупорӣ аз ҷониби харидор (боргиранда) дар маҳалли ҷойгиршави маҳсулотсупор гирифтани мол (интихоби мол) пешбинӣ шуданаш мумкин аст (КГ ҶТ қ.2.мод.547). Маҳсулотсупор вазифадор аст моли дар як давра ба харидор нафиристодаашро дар дигар давра супорад. Агар харидор ҳуҷҷати маҳсулотсупориро, ки ба як қатор молгирандагон расондани молро пешбинӣ менамояд, фиристода бошад, вазифаи пурра кардани миқдори камомади мол барои ҳар молгиранда боқӣ мемонад.

  1. Молро қабул карда гирифтани харидор. Ҳисобу китоб

Харидор вазифадор мебошад, молеро, ки мутобиқи шартҳои шартнома фиристода (супорида) шудааст, аз назар гузаронад, миқдору сифати моли қабул карда гирифтаашро тафтиш кунад. Ин корҳоро харидор бояд дар мӯҳлати пешбининамудаи қонун ба ҷо оварад. Агар дар шартнома мӯҳлат пешбинӣ нашуда бошад, корҳои мазкур бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун, санадҳои дигари ҳуқуқӣ ё аз рӯи анъанаҳои муомилоти корӣ анҷом дода шаванд. Харидор (молгиранда) ҳангоми аз ташкилоти нақлиёт гирифтани мол вазифадор аст мувофиқати молро ба маълумоти дар ҳуҷҷатҳои нақлиёт ва бор (борҳуҷҷат) зикршуда тафтиш намояд ва ҳамчунин моли мазкурро бо риояи қоидаҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, ки фаъолияти нақлиётро ба танзим медарорад, аз ташкилоти нақлиёт қабул карда гирад. Ҳангоми дар маҳалли воқеъгардидаи мол супурдани он харидор вазифадор аст молро дар ҳамин ҷо аз назар гузаронад.

Харидор бояд молро эҳтиёт намояд. Агар ӯ молро гирифтан нахоҳад, ба маҳсулотсупор бояд зарфу воситаҳои борпечонии серистифодаро, ки мол дар он расидааст, бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ё шартнома баргардонад.

Харидор арзиши моли фиристодашударо бо риояи тартибу шакли ҳисобу китобе, ки дар шартнома пешбинӣ гардидааст, мепардозад. Агар тартибу шакли ҳисобу китоб бо созишномаи ҷонибҳо муайян нашуда бошад, он аз рӯи пардохтнома (супоришномаи пардохт) ҳисобу китоб карда мешавад. Арзиши молро ҳам пеш аз ва ҳам баъди супурдани мол, яъне бо роҳи пешпардохт, қарзпардохт, яъне пардохти қарзӣ ва ё насияпардохт пардохтан мумкин аст.

  1. Оқибати фиристодани моли сифаташ номатлуб,

моли номукаммал

Харидоре, ки барояш моли сифатан номатлуб фиристодаанд, ҳақ дорад бо салоҳдиди худ аз маҳсулотсупор:

  • ба моли хушсифат иваз намудани моли сифатан номатлуб;
  • мутаносибан паст кардани нархи хариди мол;
  • дар мӯҳлати мувофиқ ройгон бартараф намудани норасоии мол;
  • ҷуброни хароҷоташро барои бартараф сохтани норасоии мол талаб кунад;
  • аз иҷрои шартномаи маҳсулотсупорӣ даст кашад ва талаб намояд, ки маблағи барои мол пардохтааш баргардонида, дар сурати ҷиддан риоя нагардидани талабот нисбат ба сифати мол моли сифатан номатлуб ба моли мутобиқи талаботи шартнома иваз карда шавад.

Харидоре, ки бо риоя нагардидани талабот нисбат ба мукаммалии мол барояш маҳсулот фиристодаанд, ҳақ дорад аз рӯи майли худ аз молфиристонанда:

  • мутаносибан паст кардани нархи хариди мол;
  • дар мӯҳлати мувофиқ такмил ва пурра кардани молро талаб намояд.

Агар маҳсулотсупор талаби харидорро оид ба такмил ва пурра кардани мол дар мӯҳлати мувофиқ иҷро накарда бошад, харидор ҳақ дорад бо салоҳдиди худ:

  • ба моли мукаммал иваз намудани моли номукаммалро талаб намояд;
  • аз иҷрои шартнома даст кашад ва баргардонидани маблағи барои онҳо пардохта шуда, инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд.
307
Нет комментариев. Ваш будет первым!