Дигар шартномаҳои фаъолияти соҳибкорӣ
1. Тавсифи шартномаи корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ (озмоишӣ)-ю конструкторӣ ва корхои технологӣ 2. Шартномаи хизматрасонии пулакӣ 3. Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ 4. Шартномаи нигаҳдошт 5. Шартномаи супориш 6. Шартномаи комиссия 7. Шартномаи консессияи тиҷоратӣ |
- Тавсифи шартномаи корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ
(озмоишӣ)-ю конструкторӣ ва корҳои технологӣ
Мутобиқи шартномаи корҳои илмию тадқиқотӣ пудратчӣ (иҷрокунанда) ӯҳдадор мешавад, ки тадқиқоти илмии бо фармоишгар қайду шартшударо анҷом диҳад. Вале аз рӯи шартномаи таҷрибавию конструкторӣ ва корҳои технологӣ ӯ бояд намунаи маҳсулоти нав, ҳуҷҷатҳои конструктории он, технологияи навро таҳия намояд ва ё намунаи нав созад. Фармоишгар ӯҳдадор мешавад, ки ба пудратчӣ (иҷрокунанда) супориши техникӣ диҳад, корро қабул кунад ва арзиши онро пардозад (КГ ҶТ мод.786).
Ба ҳамин тариқ, меъёри гузоштани фарқ байни ин шартномаҳо мазмуну моҳияти кор аст. Мутобиқи шартнома барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ иҷрокунанда ӯҳдадор мешавад, ки тадқиқот мегузаронад (натиҷаи он ҳисобот, хулосаи илмӣ ва ғайра буда метавонад), аз рӯи шартнома бошад, ба иҷрои корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ натиҷаи корро метавонад ба шакли ашё (намунаи маснуот, ҳуҷҷатҳои ин маснуот ё технологияи онро) пешниҳод намояд.
Соҳибҳуқуқони натиҷаҳои шартномавӣ ҷонибҳои шартномаанд, ки дар шартнома бояд шартҳои истифода карда шудани онҳоро мувофиқа намоянд.
Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷонибҳо чунинанд:
Иҷрокунанда вазифадор аст тадқиқотҳои илмиро шахсан гузаронад. Ӯ ҳуқуқ дорад ба иҷрои шартнома бо розигии фармоишгар шахсони сеюмро ҷалб намояд.
Ҷонибҳо вазифадоранд махфияти маълумоти вобаста ба мавзӯи шартнома, ҷараёни иҷрои он ва натиҷаҳои ҳосилшударо таъмин намоянд. Таркиб ва ҳаҷми маълумоти махфиро ҷонибҳо муайян мекунанд. Он ҳама гуна маълумоти дорои хусусияти илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва ташкилиро дар бар мегирад, ки метавонад ба сирри тиҷоратӣ нисбат дода шавад. Аз ин маълумот набояд шахсони сеюм воқиф бошанд, зеро ин асоси қимати тиҷоратии онҳоро ташкил медиҳад ва аз ин рӯ барои шахсони сеюм бояд дастнорас бошад.
Пудратчӣ вазифадор аст, ки:
- корҳоро мутобиқи барнома (талаботи техникию иқтисодӣ) ё мавзӯи бо фармоишгар мувофиқашуда иҷро намуда, натиҷаи онро дар мӯҳлати дар шартнома муқарраргардида ба фармоишгар супорад;
- талаботи вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳниро риоя намояд;
- бо қувва ва аз ҳисоби худ камбудиҳои бо гуноҳи ӯ рухдодаро дар ҳуҷҷатҳои техникие, ки боиси риоя нашудани талаботи техникию иқтисодии дар супориши фармоишгар ё дар шартнома пешбининамуда шуда метавонад, рафъ намояд.
- ба фармоишгар дар хусуси имконнопазирии ҳосил шудани натиҷаҳои дар назардошташуда ё мувофиқи мақсад набудани идомаи кор зуд маълумот диҳад;
- ба фармоишгар кафолат диҳад, ки ашхоси сеюм ба натиҷаҳои дар асоси чунин шартнома додашуда дорои ҳуқуқи мустасно мебошанд;
- барои истифодаи натиҷаҳои кор иҷозатномаи (литсензияи) дахлдор диҳад.
Агар дар шартнома оид ба корҳои тадқиқоти илмӣ ё барои корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, пудратчӣ (иҷрокунанда) вазифадор аст, ки:
- бе розигии фармоишгар аз нашри натиҷаи корҳои илмию техникие, ки ҳангоми иҷрои кор ба даст оварда шудаанд, худдорӣ намояд;
- барои ҳифзи натиҷаҳое, ки ҳангоми иҷрои корҳо ҳосил шудаанд ва қобили ҳимояи ҳуқуқӣ мебошанд, тадбирҳо андешад ва фармоишгарро огоҳ созад;
- агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба фармоишгар ҷиҳати корбасти натиҷаҳои илмию техникии дорои ҳуқуқи ҳимоя, ки дар корҳои иҷрошуда татбиқ гардидаанд, литсензияи хосса диҳад.
Фармоишгар ӯҳдадор аст, ки:
- ба пудратчӣ (иҷрокунанда) супориши техникӣ диҳад ва бо ӯ барнома (талабҳои техникию иқтисодӣ) ё мавзӯи корро мувофиқа намояд;
- ба пудратчӣ (иҷрокунанда) барои иҷрои корҳояш маълумоти зарурӣ диҳад;
- корҳои анҷомёфтаро қабул кунад ва музди онҳоро пардозад.
Шартномаи иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ метавонад дар мавриди комёб нашудан ба натиҷаҳое, ки бояд баъди анҷом ёфтани корҳои тадқиқотӣ ҳосил мешуданд, ба сабаби иҷро нагардидани вазифаи гузошташуда қатъ ёбад. Барои шартномаи иҷрои корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ ин ҳолат минбаъд давом додани корро имконнопазир ва бефоида мегардонад. Дар ҳар ду ҳолат фармоишгар ӯҳдадор аст, ба шарте, ки ба ин гуноҳи пудратчӣ (иҷрокунанда) набошад, подоши иҷрои корро диҳад. Пудратчӣ вазифадор аст, ки зиёни бо гуноҳи ӯ ба фармоишгар расидаро ҷуброн намояд.
- Шартномаи хизматрасонии пулакӣ
Мутобиқи шартномаи хизматрасонии пулакӣ иҷрокунанда вазифадор аст бо супориши фармоишгар хизмате расонад (аъмол ё фаъолияти муйянеро анҷом диҳад), ки дорои шакли ашёӣ набошад ва фармоишгар ӯҳдадор аст арзиши онро пардозад.
Мавзӯи шартнома аз хизматрасонии алоқа, тиббӣ, байторӣ, аудиторӣ, машваратӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, туристӣ ва ғайра иборат аст. Ҷонибҳои шартномаи хизматрасонии пулакӣ иҷрокунанда ва фармоишгар мебошанд. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ низ ҷонибҳои шартнома шуда метавонанд.
Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани дастури дигар иҷрокунанда ӯҳдадор аст хизматрасонии дар шартнома пешбинишударо шахсан анҷом диҳад. Дар сурати имконнопизирии иҷро, ки бо гуноҳи иҷрокунанда ба миён омадааст, фармоишгар вазифадор аст бо нигоҳ доштани фоидае, ки иҷрокунанда ба даст овардааст, ё метавонист дар натиҷаи озод намудани ӯ аз иҷрои хизматрасонӣ ба даст орад, подошпулии муносиб диҳад.
Дар сурати бо гуноҳи фармоишгар имконнопазир гаштани иҷрои хизмат, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, хизматона дар ҳаҷми пурра пардохта мешавад.
Фармоишгар ҳақ дорад бекор кардани шартномаи хизматрасонии пулакиро бо шарти пурра пардохтани арзиши муқарраргардидаи он ба ғайри ҳолатҳое, ки бекор кардани шартномаро амалҳои гунаҳкорони иҷрокунанда сабаб шудаанд, талаб намояд.
Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаи хизматрасонии пулакиро танҳо ба шарти пурра ҷуброн кардани зиёни кашидаи фармоишгар, ба истиснои ҳолате, ки ин бо гуноҳи фармоишгар рух додааст, талаб намояд.
- Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ
Экспедитор мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ӯҳдадор мешавад бо пардохти подошпулӣ ва аз ҳисоби муштарӣ (борфиристанда ё боргиранда) хизматрасонии бо ҳамлу нақли бор алоқамандро, ки дар шартнома муайян карда шудааст, иҷро кунад ё иҷрои онро ташкил намояд.
Дар шартномаи экспедитсия ба сифати хизматрасонии иловагӣ анҷом додани чунин амалиётҳои барои боркашонӣ муҳим ба монанди гирифтани ҳуҷҷатҳои барои воридот ва содирот зарурӣ, иҷрои расмиёти гумрукӣ ва дигар расмиёт, санҷиши теъдод ва ҳолати бор, борбардорӣ ва борфарорӣ, пардохти боҷу хироҷ ва дигар хароҷотҳое, ки ба зиммаи борфиристанда (боргиранда) гузошта мешавад, нигаҳдошти бор, гирифтани он дар маҳалли таъинот, инчунин дигар амалиёту хизматрасониҳои дар шартнома зикрёфта пешбинӣ карда шуданаш мумкин аст.
Ҷонибҳои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ экспедитор ва муштарианд. Дар баробари ин КГ ҶТ имконияти аз ҷониби боркашон ба зимма гирифтани вазифаҳои экспедиторро раво медонад. Шартномаи экспедитсияро худи ҳамон ташкилоти нақлиёте, ки боррасониро ба ӯҳда дорад, мебандад.
Экспедитор на танҳо аз ҳисоби муштарӣ, балки ба музд, яъне пулакӣ фаъолият карда метавонад. Ӯ метавонад аз номи муштарӣ дар асоси ваколатномаи ба ӯ додашуда амал кунад (КГ ҶТ мод.822). Вале муштарӣ метавонад экспедиторро ҳуқуқдор намояд, ки шартномаро аз номи худаш бандад, яъне, ба як ҳисоб, вазифаи агенти муштариро баҷо оварад. Дар ин маврид дар муносибат бо шахсони сеюм ва пеш аз ҳама бо боркашон дар муносибати дахлдори ӯҳдадоркунанда (масалан, борфиристанда ё боргиранда) ҷониб экспедитор мешавад. Бо вуҷуди ин, чунин шахс нисбати муштарӣ мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётии бастааш ҳамоно экспедитор мемонад ва барои иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳояш дар назди ӯ ҷавобгар хоҳад буд.
Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Борфиристанда (боргиранда) бояд ба экспедитор ваколатнома диҳад, ба шарте, ки он барои иҷрои ӯҳдадориҳояш зарур бошад.
Барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳо оид ба экспедитсияи наклиётӣ экспедитор вазифадор аст зиёни ба муштарӣ расидаро пурра ҷуброн намояд, ба шарте, ки дар қонун ё шартнома ба андозаи кам ҷуброн кардани зиён пешбинӣ нашуда бошад (КГ ҶТ мод.15). Муштарӣ ҳамчунин ҳақ дорад аз экспедитор пардохти ноустуворонаи дар шартнома ё қонун пешбинигардидаро талаб намояд. Агар экспедитор исбот карда натавонад, ки ӯҳдадориҳояшро бинобар қувваи рафънопазир, маҳз дар ҳолатҳои фавқуллода ва рафънопазири ин ё он шароит ба тариқи матлуб иҷро накардааст, ҷавобгар хоҳад буд.
Вале агар сабаби иҷро нашудани ӯҳдадорӣ шартномаи боркашониро номатлуб иҷро кардани боркашон бошад, он гоҳ ӯ дар назди муштарие, ки дар ҳуҷҷати нақлиёт зикр гардидааст, ҷавобгар мебошад. Дар ин ҳолат мутобиқи шартҳои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ экспедитор вазифадор аст ба муштарӣ имконият диҳад, ки боркашон зиёну ҷаримаҳояшро ҷуброн намояд. Агар дар натиҷаи ин ӯҳдадориро риоя накардани экспедитор боркашон талаботи муштариро ҷуброн карда натавониста бошад, дар назди муштарӣ дар асоси ва ба андозаи барои боркашон муқаррарнамудаи қонунгузорӣ (дар сурати исбот шудани иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ аз тарафи боркашон) экспедитор ҷавобгар мебошад.
Муштарӣ вазифадор аст ба экспедитор ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумотро оид ба хосияти бор, шартҳои ҳамлу нақли он, инчунин дигар маълумотеро, ки ба экспедитор барои иҷрои ӯҳдадориҳои дар шартнома пешбинишуда зарур аст, пешниҳод намояд. Дар навбати худ экспедитор вазифадор аст ба муштарӣ дар бораи камбудиҳои маълумоти гирифтааш ва дар сурати номукаммал будани маълумот аз муштарӣ маълумоти иловагии заруриро талаб намояд.
Дар сурати маълумоти заруриро пешниҳод накардани муштарӣ экспедитор ҳуқуқ дорад то пешниҳоди чунин маълумот ба иҷрои ӯҳдадориҳои дахлдор шурӯъ накунад.
Муштарӣ барои зиёне, ки ба экспедитор ба муносибати риоя накардани ӯҳдадорӣ оид ба пешниҳоди маълумот расидааст, ҷавобгар мебошад.
Ҳар яке аз ҷонибҳо ҳуқуқ дорад, ки ҷониби дигарро дар мӯҳлати мувофиқ огоҳ намуда, аз иҷрои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ даст кашад. Дар ҳолати яктарафа даст кашидан аз иҷрои шартнома ҷонибе, ки изҳори даст кашиданро кардааст, ба ҷониби дигар зиёнеро, ки аз бекор шудани шартнома расидааст, ҷуброн мекунад.
- Шартномаи нигаҳдошт
Мутобиқи шартномаи нигаҳдошт як тараф (нигаҳбон) ӯҳдадор мешавад, ки ашёи додаи тарафи дигар (молгузор)-ро нигаҳбонӣ мекунад ва ин ашёро беосеб бармегардонад.
Нишонаҳои асосии шартномаи нигаҳдошт чунинанд:
- амволи барои нигаҳдошт супурдашаванда танҳо амволе буда метавонад, ки онро ба нигаҳбон барои ҷойгир кардан дар биною майдонҳои мавриди истифодаи ӯ супурдан мумкин аст ва ғайра;
- нигаҳбон вазифадор аст амволи ба ӯ додашударо эҳтиёт намояд;
- амволе, ки барои нигаҳдорӣ супурда шудааст, бояд ба молгузор баргардонида шавад.
Молгузор молики хусусии (идоракунандаи ваколатдиҳандаи) амволи барои нигаҳдошт супурдашуда мебошад. Ба нигаҳбон танҳо ҳуқуқи моликияти амвол мегузарад (ҳуқуқи истифодаи он бояд дар шартнома қайду шарт карда шавад). Шартномаи нигаҳдошт ҳам воқеӣ (ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷонибҳо фақат ҳангоми барои нигаҳдошт супурдани амвол ба миён меоянд) ва ҳам машваратӣ буда метавонад (сухан аз нигаҳбонҳои касбӣ меравад).
Шартномаи нигаҳдошт ройгон аст. Аммо дар қонун ё шартнома метавонад ӯҳдадории ба нигаҳбон аз тарафи молгузор пардохтани музди нигаҳдошти амвол пешбинӣ карда шавад. Дар мавриди якум шартномаи нигаҳдошт аҳди якҷониба ва дар мавриди дуюм аҳди дуҷониба буда метавонад.
Объекти шартномаи нигаҳдошт амвол мебошад. Одатан, амвол гуфта, ашё ва баъзан қоғазҳои қиматнокро меноманд. Объекти шартномаи нигаҳдошт ҳамчунин ашёе буда метавонад, ки бо аломатҳои ҷинсӣ муайян гардидаанд.
Шакли оддии хаттии шартнома ба шарте риояшуда ҳисоб меёбад, ки ашёи барои нигаҳдошт қабул карда гирифташуда аз тарафи нигаҳбон бо додани ин чизҳо ба молгузор тасдиқ шуда бошад:
- забонхат, барот (квитансия), шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷати имзокардаи нигаҳбон;
- жетони рақамдор, нишонаи дигаре, ки барои нигаҳдошт қабул карда гирифта шудани ашёро тасдиқ менамояд, ба шарте, ки ин шакли тасдиқи барои нигаҳдошт қабул карда гирифтани ашё дар қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида ё барои ин намуди нигаҳдошти ашё маъмул бошад.
Нигаҳбон ӯҳдадор аст ашёро дар давоми мӯҳлати дар шартнома қайду шартшуда ва агар мӯҳлат муайян нагардида бошад, то рӯзи талабкарда гирифтани молгузор нигаҳбонӣ кунад.
Дар сурати ашёро бе ҳеҷ масъулият барои нигаҳдошт қабул карда гирифтан он метавонад бо ашёи чунин ҷинсу сифати молгузорони дигар омехта шавад. Дар ин маврид ба молгузор миқдори баробар ё миқдори бо ҷонибҳо қайду шартшудаи ашёи ҳамин ҷинсу сифат баргардонида мешавад. Музди нигаҳдошт ба нигаҳбон бояд пас аз анҷоми мӯҳлати нигаҳдошт ва агар пардохти музди нигаҳдошт давра ба давра пешбинӣ шуда бошад, баъди гузаштани ҳар давра қисм-қисм пардохта шавад.
Агар ашё бепул (ройгон) нигаҳдошт шавад, молгузор ӯҳдадор аст, ки хароҷоти воқеии зарурии онро ҷуброн намояд.
Аз рӯи шартномаи дар анбор нигоҳ доштани мол анбори мол (нигаҳбон) ӯҳдадор мешавад, ки моли аз молдор (молгузор) гирифтаашро ба музди муайян нигаҳбонӣ мекунад ва ин молро бе каму кост бармегардонад.
Анбори мол гуфта ташкилотеро меноманд, ки молро нигоҳ медорад ва ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ барои нигаҳдошти мол хизмат мерасонад.
Шакли хаттии шартномаи нигаҳдошти анборӣ дар сурати баста шудани он ва бо ҳуҷҷатҳои анбор тасдиқ гаштани ба анбор қабул карда гирифтани мол риояшуда ҳисоб меёбад.
Ҳуҷҷатҳои анбор инҳоянд:
а) шаҳодатномаи дугонаи анбор;
б) шаҳодатномаи оддии анбор;
в) бароти (квитансияи) анбор.
Шаҳодатномаи оддии анбор коғази қиматноки манзурӣ, вале шаҳодатномаи дугонаи анбор коғази қиматноки амрӣ мебошад.
Шаҳодатномаи дугонаи анбор аз шаҳодатномаи анбор ва шаҳодатномаи гарав (варрант) иборат аст, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан мумкин аст. Шаҳодатномаи анбор ба ин ё он шахс тааллуқ доштани молро исбот мекунад, нишонаҳои асосии онро муайян менамояд ва барои нигаҳдошт қабул карда гирифтани молро тасдиқ мекунад. Шаҳодатномаи гарав (варрант) ҳуҷҷати ба гарав додани мол аст. Вай ҳуқуқи гаравмониро тасдиқ намуда, ба дасти гаравдор (гаравгир) супурда мешавад, ки онро ӯ ба шахсони сеюм аз рӯи сабти навиштаҷоти таҳвилӣ (индоссамент) супурда метавонад. Дар шаҳодатномаи анбор дар бораи маблағ ва мӯҳлати гарав сабт карда мешавад. Анбори мол вазифадор аст ҳангоми супурдани мол аз ҷониби дигар ҳар ду қисми шаҳодатномаи дугонаи анборро гирад. Ё худ дар сурати набудани шаҳодатномаи гарав (варрант) мол, ба шарти бароти (квитансияи) пардохти тамоми қарзро аз рӯи шаҳодатномаи гарав пешниҳод намудани дорандаи шаҳодатномаи анбор бояд супурда шавад.
Мутобиқи шартномаи секвестр (нигоҳдошти ашёи баҳснок) ду ё якчанд шахсе, ки байни онҳо дар мавриди ҳуқуқ ба ашё баҳс ба миён омадааст, ашёи мавриди баҳсро ба шахси сеюм месупоранд. Шахси сеюм ӯҳдадор мешавад баъди яктарафа шудани баҳс ашёро ба шахсе супорад, ки бо қарори суд ё бо созиши ҷонибҳои баҳс (секвестри шартномавӣ) ба вай дода шудааст. Ашёи мавриди баҳс барои нигоҳдошт бо қарори суд (секвестри судӣ) бо тартиби секвестр супурда шуданаш мумкин аст.
- Шартномаи супориш
Мутобиқи шартномаи супориш як тараф (вакил) аз ном ва аз ҳисоби тарафи дигар (ваколатдиҳанда) иҷро кардан ё ба ҷо овардани амали муайяни ҳуқуқиро ӯҳдадор мешавад. (КГ ҶТ мод.912).
Мавзӯи шартномаи супориш амалҳои ҳуқуқии вакил, яъне чунон амалҳое мебошанд, ки аз тарафи ваколатдиҳанда нисбати шахсони сеюм ба воситаи содир кардани амалҳо ба муқаррар кардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъективӣ равона карда шудаанд.
Аз рӯи аҳди содирнамудаи вакил бевосита ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ваколатдиҳанда ба миён меоянд.
Намояндагии тиҷоратӣ дар асоси шартномае амалӣ мегардад, ки дар шакли хаттӣ баста шудааст. Ин шартнома доир ба ваколатҳои намоянда дастурҳо дорад ва дар сурати набудани чунин дастурҳо инчунин ваколатномаро дорост.
Шартномаи супоришро ҳамчун як намуди шартномаи намояндагӣ ҳисобидан лозим аст.
Ӯҳдадории аз рӯи шартномаи супориш ба вакил додани подошпулӣ бояд дар қонун, санадҳои дигари ҳуқуқӣ ё шартномаи супориш пешбинӣ карда шавад. Аз ин рӯ, агар чунин дастурҳо дар санадҳои мазкур ё дар худи шартномаи супориш набошанд, пас ӯҳдадории ба вакил подошпулӣ додани ваколатдиҳанда ба миён намеоянд. Ин гуна шартномаи супориш шартномаи ройгон мешавад.
Агар шартномаи супориш ба анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи ҳар ду ҷониб ё яке аз онҳо вобаста бошад, ваколатдиҳанда вазифадор аст ба вакил подошпулӣ пардозад, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Вакил взифадор аст, ки:
- супориши гирифтаашро шахсан иҷро кунад;
- ба ваколатдиҳанда аз рӯи талабаш тамоми маълумотро доир ба рафти иҷрои супориш хабар диҳад;
- ба ваколатдиҳанда бетаъхир ҳамаи пули аз аҳди содиршуда ба дастомадаро супорад;
- баъди иҷрои супориш ба ваколатдиҳанда бетаъхир ваколатномаашро, ки мӯҳлати эътибораш нагузаштааст, баргардонад ва аз рӯи зарурат бо замимаи ҳуҷҷатҳои сафедкунӣ ҳисобот манзур намояд.
Вазифаҳои ваколатдиҳанда:
- вакилро бо васоити барои иҷрои супориш зарурӣ таъмин намояд;
- супориши аз рӯи шартнома иҷрокардаи вакилро бетаъхир қабул кунад;
- хароҷоти вакилро, ки барои иҷрои супориш зарур буд, ҷуброн намояд;
- баъди иҷрои супориш, агар ин мутобиқи шартнома ё қонунҳо пешбинӣ шуда бошад, подошпулии вакилро пардозад.
Шартномаи супориш бо сабабҳои зайл қатъ мегардад:
- аз ҷониби ваколатдиҳанда бекор кардани он;
- даст кашидани вакил;
- фавти ваколатдиҳанда ё вакил, ғайри қобили амал, қобили маҳдуди амал ё бедарак ғоибшуда эътироф намудани яке аз онҳо.
Агар вакил аз шартнома бо чунин шартҳое даст кашида бошад, ки ваколатдиҳанда имкон надорад ӯро иваз намояд ё ба тарзи дигар манфиатҳои худро таъмин кунад, вакил вазифадор аст зиёни аз қатъи шартнома расидаро ҷуброн намояд.
Ҷонибе, ки аз шартномаи бо вакили машғули соҳибкорӣ басташуда даст кашиданист, бояд ҷониби дигарро як моҳ пештар аз қатъи шартнома огоҳ созад. Агар дар шартнома мӯҳлати дарозтар пешбинӣ нашуда бошад, ин мӯҳлат амал мекунад.
Ҳангоми аз нав таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ, ки намояндаи тиҷоратӣ мебошад, ваколатдиҳанда ҳуқуқ дорад супоришро бе ин гуна огоҳкунии пешакӣ бекор кунад.
- Шартномаи комиссия
Мутобиқи шартномаи комиссия як тараф (комиссионер) ӯҳдадор мешавад бо супориши тарафи дигар (комитент) бо подошпулӣ як ё якчанд аҳдро аз номи худ, вале аз ҳисоби комитент анҷом диҳад (КГ ҶТ мод.927).
Шартномаи комиссия бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.
Шартномаи комиссия аз ҷумлаи шартномаҳоест, ки мақсадашон хизматрасонии ҳуқуқӣ мебошад. Мавзӯи шартномаи комиссия анҷом додани як ё якчанд аҳд аст. Агар дар шартномаи супориш вакил амалҳои ҳуқуқиро аз номи ваколатдиҳанда баҷо меоварда бошад, дар шартномаи комиссия амалҳои ҳуқуқиро комиссионер аз номи худ содир мекунад.
Шартномаи комиссия пулакӣ мебошад.
Комиссионер ӯҳдадор аст, ки супориши комитентро бо шартҳои барои комитент хеле фоидаовар баҷо оварад. Комиссионер ӯҳдадор аст супориши комитентро мутобиқи дастурҳояш ва агар дастур надошта бошад, пас мутобиқи анъанаҳои муомилоти корӣ ё талаботи маъмулан пешниҳодшаванда иҷро намояд.
Шартномаи комиссия ба ғайр аз асосҳои умумӣ ҳамчунин дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:
а) аз иҷрои шартнома даст кашидани комитент;
б) аз иҷрои шартнома даст кашидани комиссионер;
в) фавти комиссионер, ғайри қобили амал, қобили маҳдуди амал, бедарак ғоиб шудан ё ғайри қобили пардохт (муфлис) эътироф намудани он (КГ ҶТ мод.542).
Комитент ҳуқуқ дорад супориши ба комиссионер додаашро ҳар вақт бекор кунад. Дар ин ҳол зиёни аз бекор кардани супориш ба комиссионер расида дар асосҳои умумӣ ҷуброн карда мешавад.
Дар сурати бекор кардани супориш комитент вазифадор аст амволи дар даст доштаи комиссионерро дар давоми як моҳи баъди бекор кардани супориш, ба шарте, ки дар шартнома мӯҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ихтиёрдорӣ намояд. Агар комитент ин ӯҳдадориро баҷо наоварад, комиссионер ҳуқуқ дорад амволро барои нигоҳдошт супорад ё онро бо нархи ҳаддалимкон барои комитент муфид ба фурӯш расонад.
Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, комиссионер ҳақ надорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар натиҷаи ӯҳдадориҳои худро риоя накардани комитент мутобиқи дастури комитент иҷро шудани дастурро имконпазир ё бинобар ҳолатҳои дигаре, ки барояшон комиссионер ҷавобгар намебошад, имконнопазир мегардонад, аз иҷрои супориши қабулкардааш даст кашад.
Комиссионер вазифадор аст комитентро аз даст кашидани худ хаттӣ огоҳ созад ва барои эҳтиёт намудани амволи дар дасти ӯ будаи комитент тадбирҳо андешад.
Комитенте, ки ӯро аз супоришро иҷро накардани комиссионер огоҳ сохтаанд, бояд амволи дар дастдоштаи комиссионерро, агар дар шартнома мӯҳлати дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар давоми як моҳи баъди гирифтани огоҳинома ихтиёрдорӣ намояд. Агар ӯ ин ӯҳдадориро иҷро накунад, комиссионер ҳуқуқ дорад амволро барои нигоҳдошт супорад ё ба нархи ҳаддалимкон барои комитент муфид ба фурӯш расонад.
Комиссионере, ки бинобар ӯҳдадориҳои худро риоя накардани комитент аз иҷрои супориш даст кашидааст, барои подошпулии комиссионӣ ба ҷуброни тамоми хароҷотҳо низ ҳуқуқдор мебошад.
Комиссионере, ки аз иҷрои супориш даст кашидааст, ҳуқуқи худро ба подошпулии комиссионӣ барои аҳдҳои то қатъ ёфтани шартнома бастааш, инчунин ба ҷуброни хароҷоти то он рӯз кардааш нигоҳ медорад.
- Шартномаи консессияи тиҷоратӣ
Шартномаи консессияи тиҷоратӣ аз ҷумлаи шартномаҳои соҳибкорӣ мебошад.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳое, ки аз рӯи шартномаи консессияи тиҷоратӣ ба миён меоянд, мутобиқи боби 49 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардонида мешаванд.
Таърифи шартномаи консессияи тиҷоратӣ, ки дар моддаи 958 КГ ҶТ оварда шудааст, умуман ба мафҳуми «франчайзинг», ки дар амалияи ҷаҳон маълум гаштааст, мувофиқат менамояд. Калимаи «франчайзинг» аз истилоҳи қадимаи мардуми Фаронса бармеояд ва ҳуқуқи озодона фаъолият карданро дар ягон соҳа, масалан, гузаронидани ярмаркаҳо, ташкили бозорҳо, истифодаи парому кӯпрукҳо, ҳуқуқи шикор кардан, сохтмони роҳ ё истеҳсоли эл (пиво)-ро дорад[1].
Дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло амал мекунад, созишномаи франчайзингӣ бори аввал ҳамчун шартномаи навъи мустақил ифода ёфтааст, ки он шартномаи консессияи тиҷоратӣ номида мешавад.
Мутобиқи шартномаи комиссияи тиҷоратӣ як тараф (дорандаи ҳуқуқ) ӯҳдадор мешавад, ки ба тарафи дигар (истифодабаранда) бо пардохти подошпулӣ барои мӯҳлати муайян ё бе зикри мӯҳлат барои фаъолияти тиҷоратии истифодабаранда маҷмӯи ҳуқуқҳои мустаснои мавриди истифода, аз ҷумла ҳуқуқи номи фирмавӣ ва (ё) нишонаи тиҷоратии[2] дорандаи ҳуқуқ, ба иттилооти ҳифзшавандаи тиҷоратӣ, инчунин ба дигар объектҳои ҳуқуқи мустаснои дар шартнома пешбинишуда – тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ ва ғайраро диҳад (КГ ҶТ мод.958).
Ба ибораи дигар, ин шартнома муносибатҳои дар фаъолияти соҳибкории худ аз ҷониби як шахс истифода бурда шудани ҳуқуқҳои мустаснои шахси дигарро ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ва воситаҳои ба он баробар кардашудаи фардигардонии мол ва истеҳсолкунандагони он ва ҳамчунин баъзе ҳуқуқҳои ғайримустасно, аз ҷумла ба маълумоти тиҷоратии ҳифзшаванда, нишонаи тиҷоратиро танзим мегардонад[3].
Шартномаи консессияи тиҷоратиро ҳамчун аҳд, аз рӯи таснифоти принсипи дихотомия («дутақсим»[4]) мисли консенсуалӣ (машваратӣ), музднок, дутарафа тавсиф кардан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки шартномаи мазкур танҳо дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ истифода шуда метавонад ва ба ин сабаб ҷонибҳои он танҳо ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ буда метавонанд. Аз ин метавон хулоса баровард, ки шартномаи консессияи тиҷоратӣ, ки ташкилоти ғайритиҷоратӣ ё худ шаҳрванди статуси соҳибкори инфиродӣ надошта бастаанд, беэътибор мебошад.
Консессияи тиҷоратӣ ҳамчун тарзи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар ду ҷониби шартнома бағоят манфиатбахш аст. Вай ба дорандаи ҳуқуқ имконият медиҳад, ки бо хароҷоти камтарин бизнеси худро босуръат ривоҷ диҳад ва ҳиссаи иштироки худро дар муомилот (бозор) афзун гардонад. Консессияи тиҷоратӣ барои истифодабаранда имконият фароҳам меоварад, ки аз рӯи технологияи пешакӣ муайян ва тасдиқгардида ба соҳибкорӣ машғул шавад ва ӯро ҳамаҷониба дилпур менамояд, ки корхонаи навтаъсиси ӯро кораш омад мекунад ва шикаст намехӯрад[5].
Шарти муҳими шартнома предмет ва нарх (подошпулӣ) мебошад[6]. Хусусияти шартнома дар он аст, ки вай аз маҷмӯи ҳуқуқҳои мустасно иборат мебошад ва ин ҳуқуқҳо барои истифода кардан дар соҳаи муайяни фаъолияти соҳибкорӣ заруранд.
Дар бораи нарх бошад, андозаи подошпулӣ ва шаклҳои онро шартнома муайян менамояд.
Мӯҳлати иҷрои шартнома аз шартҳои муҳим ба ҳисоб намеравад. Ин хулоса аз банди 1 моддаи 958 КГ ҶТ бармеояд, ки мутобиқи он шартномаи мазкур метавонад ба мӯҳлати муайян ё худ бе зикри мӯҳлат баста шавад.
Предмети шартномаи консессияи тиҷоратӣ ҳуқуқҳои мустасноянд, ки ба дорандаи ҳуқуқ мутааллиқанд. Қонун ба ин ҳуқуқҳо, аз ҷумла, ҳуқуқи номи фирма (худи фирма), ҳуқуқи нишонаи тиҷоратии дорандаи ҳуқуқ, ҳуқуқ ба маълумоти ҳифзшавандаи тиҷоратӣ, ба аломати мол, аломати хизматгузорӣ ва ғайраро нисбат додааст.
Ҳуқуқҳои мустасно (моликияти зеҳнӣ) дар баробари ҳуқуқҳои амволӣ ва ӯҳдадоркунанда намуди хоси ҳуқуқҳои гражданӣ буда, истифодаи объектҳои нигаҳбоникунандаи онҳо аз тарафи шахсони дигари ғайри дорандаи ҳуқуқ танҳо бо розигии дорандаи ҳуқуқ, яъне ба тавассути ӯ мумкин аст[7].
Шартномаи консессияи тиҷоратӣ мувофиқи қонун бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Агар ин талабот риоя нагардад, шартнома беэътибор дониста, бекор карда мешавад.
Ғайр аз ин шартнома бояд дар мақоми дахлдоре, ки бо тартиб додани феҳристи шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони соҳибкор машғул аст, ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Талаби ба қайд гирифта шудани шартномаи консессияи тиҷоратӣ ба он вобаста аст, ки ин шартнома додани ҳуқуқро барои истифодаи воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни муомилоти гражданӣ (номи фирма, нишонаи тиҷоратӣ) ё молу хизматрасонӣ (аломати мол, аломати хизматгузорӣ) дар назар дорад ва шояд бо ҳамин ба манфиати доираи васеи шахсон ва дар навбати аввал истеъмолкунандагон дахл мекунад.
Агар мавзӯи шартномаи консессияи тиҷоратӣ объектҳое бошанд, ки онҳо бо қонуни патент (ихтироъ, моделҳои фоидабахш, намунаи молҳои саноатӣ) ҳифз карда мешаванд, он бояд на танҳо мақомоти бақайдгирии давлатӣ, балки дар идораи патент низ ба қайд гирифта шавад.
Шартномаи консессияи тиҷоратӣ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
- дар мавриди қатъ ёфтани ҳуқуқи ба дорандаи ҳуқуқ тааллуқдошта ба номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратӣ бе иваз кардани онҳо бо ҳуқуқҳои нави мушобеҳ (аз ҷумла, дар мавриди барҳам хӯрдан ё азнавтаъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ, ё худ истифода накардани нишонаи тиҷоратӣ дар давоми мӯҳлати тӯлонӣ) (КГ ҶТ б.3 мод.968);
- дар мавриди якҷониба даст кашидан аз шартномае, ки бе зикри мӯҳлат баста шудааст (КГ ҶТ б.1 мод.968);
- дар мавриди номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратии худро тағйир додани дорандаи ҳуқуқ ва розӣ набудани истифодабаранда ба давом ёфтани эътибори шартномаи тағйирёфта (КГ ҶТ мод.970);
- дар мавриди муфлис эълон кардани яке аз иштирокчиёни шартнома (зеро дар ин ҳол ин гуна иштирокчӣ аз статуси соҳибкор маҳрум мегардад) (КГ ҶТ б.4 мод.968);
- дар мавриди фавти дорандаи ҳуқуқ – шахси ҳуқуқӣ дар сурати аз мерос даст кашидани меросхӯрони ӯ ё ба сифати соҳибкор дар давоми мӯҳлати гирифтани мерос ба қайд гирифта нашудани онҳо (КГ ҶТ б.2 мод.969).