Кироя (иҷора)

1. Тавсифи шартномаи кироя (иҷора)-и амвол

2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо аз рӯи шартномаи кироя (иҷора)-и амвол

3. Пеш аз мӯҳлат қатъ кардани шартномаи кироя (иҷора)-и амвол

4. Иҷораи бинову иншоот

5. Тавсифи шартномаи иҷораи корхона

6. Тавсифи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг)

  1. Тавсифи шартномаи кироя (иҷора)-и амвол

Ҳуҷҷати асосие, ки муносибатҳои иҷорадеҳро бо иҷорагир танзим мегардонад, шартномаи иҷора аст. Он дар асоси ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии комили ҷонибҳо баста мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора» мод.7).

Мутобиқи шартномаи кироя (иҷора)-и амвол кироядеҳ ӯҳдадор мешавад, ки амволро пулакӣ ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ ё ба истифодаи кироягир таҳвил диҳад (КГ ҶТ мод. 624).

Ба кирояи (иҷораи) амвол метавонанд қитъаҳои замин, канданиҳои фоиданоки умумӣ ва дигар объектҳои алоҳидаи табиӣ, корхонаҳо ва дигар маҷмаъа (комплекс)-ҳои амвол, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар ашёе, ки дар ҷараёни истифода (ашёи ғайриистеъмолӣ) онҳо хосияти аслии худро гум намекунанд, дода шаванд. Ҳамин тариқ, объекти кирояи (иҷораи) амвол метавонад ашёе бошад, ки хосияти табиии худро дар рафти истифодаи он дигар намекунад.

Ҳуқуқи ба кироя (иҷора) додани амвол ба молики он тааллуқ дорад. Ин гуна ҳуқуқро шахсони мутобиқи қонун ё молик ваколатдоршуда дошта метавонанд.

Шартномаи кирояи (иҷораи) амвол метавонад аз тарафи шаҳрвандон ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ баста шавад. Шартномаи шифоҳӣ дар сурати аз як сол дарозтар набудани мӯҳлати кироя (иҷора) равост. Агар ақаллан як ҷониби шартномаи кирояи (иҷораи) амвол шахси ҳуқуқӣ бошад, пас шакли хаттии шартнома, сарфи назар аз мӯҳлати эътибори шартномаи кирояи (иҷораи) амвол ҳатмӣ мебошад. Шартномаи кирояи (иҷораи) амволи ғайриманқул бояд аз қайди давлатӣ гузарад.

Шартномаи кирояи (иҷораи) амвол барои мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома баста мешавад.

Агар дар шартнома мӯҳлати кирояи (иҷораи) амвол муайян нашуда бошад, шартнома барои мӯҳлати номуайян басташуда ҳисоб мегардад. Зимнан, ҳар яке аз ҷонибҳо ҳуқуқ дорад ҳар вақт аз шартнома сарфи назар кунад ва дар ин бобат ҷониби дигарро як моҳ пеш ва ҳангоми кирояи (иҷораи) амволи ғайриманқул се моҳ пеш огоҳ созад (КГ ҶТ мод.629).

Амвол ба кироягир (иҷорагир) бояд ба ҳолати мутобиқ ба шартнома, якҷоя бо тамоми лавозимот, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба кироя (иҷора) дода шавад.

  1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо аз рӯи шартномаи

кироя (иҷора)-и амвол

Шартномаи кироя (иҷора)-и амвол пулакӣ аст. Бинобар ин вазифаи асосии кироягир (иҷорагир) сари вақт пардохтани музди истифодаи амвол мебошад. Кироягир (иҷорагир) вазифадор аст, ки амволро мутобиқи шартҳои шартнома ва агар дар шартнома чунин шартҳо муайян нашуда бошанд, мутобиқи таъиноти амвол истифода намояд (КГ ҶТ мод.634).

Кироягир (иҷорагир) амволи ба кироя (иҷора) гирифтаашро метавонад танҳо бо розигии кироядеҳ (иҷорадеҳ) бо майли худ истифода намояд. Аз ҷумла, амволи ба кироя (иҷора) гирифтаро ба зеркироя (зериҷора) ройгон ба истифода диҳад ва ғайра.

Вазифаи таъмири асосӣ ба зиммаи кироядеҳ (иҷорадеҳ) аст. Кироягир (иҷорагир) вазифадор аст, ки амволро дар ҳолати дуруст нигоҳ дорад, аз ҳисоби худ таъмири ҷориро анҷом диҳад ва хароҷоти нигаҳдории амволро ба зимма дошта бошад, ба шарте, ки дар қонун ё шартнома тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад (КГ ҶТ мод.637).

  1. Пеш аз мӯҳлат қатъ кардани шартномаи кироя (иҷора)-и амвол

Кироядеҳ (иҷорадеҳ) ҳақ дорад ба тариқи судӣ пеш аз мӯҳлат қатъ карда шудани шартномаро дар ҳолатҳои зайл талаб намояд:

  1. Агар кироягир (иҷорагир) бо вуҷуди огоҳии хаттии кироядеҳ (иҷорадеҳ) амволро зимни ҷиддан риоя накардани шартҳои шартнома ё таъиноти он ё худ чандин карат риоя нашудани қоидаҳои дахлдор истифода намояд;
  2. Агар амволро ба андозаи муҳим бад гардонад;
  3. Агар баъди гузаштани мӯҳлати пардохти муқарраркардаи шартнома музди истифодаи амволро зиёда аз ду дафъа паиҳам напардохта бошад;
  4. Агар дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи кироя (иҷора) ва дар сурати зикр нашудани мӯҳлат дар шартнома – дар мӯҳлати мувофиқ дар ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартнома ӯҳдадории таъмири асосӣ ба зиммаи кироягир (иҷорагир) бошад, амволро таъмири асосӣ накунад.

Шартномаи кирояи амвол метавонад бо талаби кироягир дар мавридҳои зерин пеш аз мӯҳлат қатъ карда шавад:

1) Агар кироядеҳ (иҷорадеҳ) амволро ба истифодаи кироягир (иҷорагир) надиҳад ё барои истифодаи он мутобиқи шартҳои шартнома ё таъиноти амвол монеа ба вуҷуд орад;

2) Агар амволи ба кироягир (иҷорагир) додашуда камбудиҳои барои истифодаи он монеъшавандае дошта бошад, ки ҳангоми бастани шартнома аз тарафи кироядеҳ (иҷорадеҳ) зикр карда нашудаанд, ба кироягир (иҷорагир) қаблан маълум набуданд ва дар вақти муоинаи амвол ё тафтиши дурустии он ҳангоми бастани шартнома наметавонанд аз тарафи кироягир (иҷорагир) ошкор карда шаванд;

3) Агар кироядеҳ (иҷорадеҳ) дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома ва дар сурати зикр нашудани он дар шартнома – дар мӯҳлати мувофиқ ӯҳдадории ба зиммаи ӯ гузошташударо доир ба таъмири асосии амвол иҷро накунад;

4) Агар амвол бо сабабҳое, ки барои онҳо кироягир (иҷорагир) ҷавобгар нест, ба ҳолати ғайри кобили истифода расида бошад (КГ ҶТ мод.641).

Кироягир (иҷорагир) ӯҳдадор аст амволи ба кироя (иҷора) гирифтаашро баъди қатъ ёфтани шартнома ба кироядеҳ (иҷорадеҳ) баргардонад. Шартнома баъди гузаштани мӯҳлати кироя (иҷора) ё бинобар бо созишномаи ҷонибҳо ё худ бо қарори суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шуданаш қатъ меёбад.

Амвол бояд дар ҳамон ҳолате, ки кироягир (иҷорагир) гирифта буд, бо назардошти фарсоиши мӯтадил ё дар ҳолати дар шартнома қайду шартшуда баргардонида шавад.

Агар кироягир (иҷорагир) амволи ба кироя (иҷора) гирифтаашро камобеш беҳтар карда бошад, он моликияти ӯ ҳисоб меёбад ва аз ин рӯ ҳақ дорад вайро тасарруф намояд.

  1. Иҷораи бинову иншоот

Аз рӯи шартномаи иҷораи бино ё иншоот иҷорадеҳ ӯҳдадор мегардад, ки бино ё иншоотро ба ихтиёрдории муваққатӣ ва истифода ё худ ба истифодаи муваққатии иҷорагир диҳад.

Хусусияти шартномаи иҷораи бино ё иншоот ба хусусияти мавзӯи шартнома вобаста аст. Дар навбати худ мавзӯи шартнома бо қитъаи замине, ки бино ё иншоот дар болои он воқеъ гардидааст, сахт алоқаманд мебошад. Ҳамчунин эътироф намудани андозаи пули иҷора шарти муҳими шартномаи иҷораи бино ё иншоот ба ҳисоб меравад (КГ ҶТ мод.675).

Шартномаи иҷораи бино ё иншоот дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як ҳуҷҷати аз тарафи ҷонибҳо имзошуда баста мешавад (КГ ҶТ қ.2 мод.466).

Дар натиҷаи риоя накардани шакли шартномаи иҷораи бино ё иншоот он беэътибор дониста мешавад.

Шартномаи иҷораи бино ё иншоот, ки барои мӯҳлати на камтар аз як сол баста шудааст, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад ва аз рӯи бақайдгирӣ басташуда эътироф мешавад (КГ ҶТ қ.2 мод.672).

Дар шартномаи иҷораи бино ё иншоот бояд андозаи музди иҷора пешбинӣ карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани шартҳои дар шакли хаттӣ мувофиқанамудаи ҷонибҳо дар бораи андозаи музди иҷора шартномаи иҷораи бино ё иншоот басташуда ба ҳисоб намеравад.

Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, музди дар шартномаи бино ё иншоот барои истифодаи бино ё иншоот муқарраргардида музди истифодаи қитъаи заминро, ки бино ё иншоот дар он воқеъ аст ё қисми дахлдори қитъаи заминеро, ки ҳамроҳи бино ё иншоот дода мешавад, дар бар мегирад.

Дар ҳолатҳое, ки музди иҷораи бино ё иншоот дар шартнома барои воҳиди майдони бино (иншоот) ё дигар нишондиҳандаи андозаи он муқаррар шуда бошад, музди иҷора бо назардошти андозаи воқеии бино ё иншооти ба иҷорагир додашуда муайян карда мешавад.

Ба иҷорагир бино ё иншоотро иҷора додани иҷорадеҳ ва онро ба иҷора гирифтани иҷорагир аз рӯи санади додугирифт ё дигар ҳуҷҷати таҳвил сурат гирифта, онро ҷонибҳо имзо мекунанд. Агар дар қонун ё шартномаи иҷораи бино ё иншоот тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ӯҳдадории иҷорадеҳ дар бораи ба иҷорагир додани бино ё иншоот баъди ба ихтиёрдорӣ ё истифодаи иҷорагир додани он ва аз тарафи ҷонибҳо имзо шудани ҳуҷҷати дахлдори таҳвил иҷрошуда ба ҳисоб меравад.

Аз имзои ҳуҷҷати таҳвили бино ё иншоот бо шартҳои пешбининамудаи шартнома саркашӣ кардани яке аз ҷонибҳо мутобиқан маънои аз иҷрои ӯҳдадорӣ оид ба таҳвили амвол даст кашидани иҷорадеҳ ва аз қабул карда гирифтани амвол даст кашидани иҷорагирро дорад.

  1. Тавсифи шартномаи иҷораи корхона

Аз рӯи шартномаи иҷораи корхона иҷорадеҳ ӯҳдадор мешавад, ки ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатии иҷорагир корхонаро ҳамчун маҷмӯи амволӣ, ба истиснои ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки иҷорагир барои ба шахси дигар додани онҳо ҳуқуқ надорад, пулакӣ таҳвил диҳад.

Корхона танҳо баъди хотимаи ҳисоббаробаркунӣ бо қарзхоҳоне, ки аз иҷорадеҳ қатъ кардан ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳоро талаб кардаанд, ба иҷора дода шуда метавонад.

Баъди ба иҷора додани корхона ҳамчун маҷмӯи амволӣ иҷорадеҳ ва иҷорагир барои қарзҳои ба таркиби корхонаи ба иҷора додашуда дохилгардидае, ки бе ризояти қарзхоҳ ба номи иҷорагир гузаронида шуда буданд, ҷавобгарии муштарак доранд.

Ҳуқуқҳои иҷорадеҳ, ки ба онҳо дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) махсуси машғул шудан бо фаъолияти дахлдор соҳиб гаштааст, ба иҷорагир намегузаранд.

Шартномаи иҷораи корхона дар шакли хаттӣ бо роҳи тартиб додани як ҳуҷҷате, ки аз тарафи ҷонибҳо имзо карда шудааст, баста мешавад ва бояд аз тарафи нотариус тасдиқ карда шавад ва ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Шартномаи иҷораи корхона аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш басташуда ба ҳисоб меравад.

Риоя накардани шакли хаттии шартнома онро беэътибор мегардонад. Ин гуна шартнома беқурб ҳисоб меёбад.

Корхона ба иҷорагир аз рӯи санади додугирифт супурда мешавад. Ҳангоми ба иҷора додани корхона иҷорадеҳ вазифадор аст пеш аз онро ба иҷорагир додан қарзхоҳони аз рӯи ӯҳдадорӣ шомили ҳайати корхонаро аз ин хаттӣ воқиф гардонад.

Иҷорагири корхона вазифадор аст, ки дар давоми тамоми мӯҳлати амали шартнома корхонаро дар ҳолати лозимаи техникӣ нигоҳ дорад, аз ҷумла таъмири ҷорӣ ва асосӣ кунад. Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хароҷоти вобаста ба истифодабарии корхонаи ба иҷора гирифташуда, ҳамчунин пардохти пули суғуртаи амволи ба иҷора гирифташуда, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба зиммаи иҷорагир гузошта мешавад (КГ ҶТ мод.681).

Иҷорагир ба ҷуброни хароҷоти беҳсозии ҷудонашавандаи амволи ба иҷора гирифташуда, қатъи назар аз иҷозати иҷорадеҳ барои чунин беҳсозиҳо, ҳақ дорад.

  1. Тавсифи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг)

Аз рӯи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) иҷорадеҳ (лизингдеҳ) ӯҳдадор мешавад, ки амволи нишондодаи иҷорагир (лизинггир)-ро аз фурӯшандаи муайянкардаи ӯ ба моликият харидорӣ намояд ва ин амволро ба музд ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ барои мақсадҳои соҳибкорӣ пешниҳод кунад (КГ ҶТ мод.693).

Шартномаи лизинг (иҷораи молиявӣ) сарфи назар аз мӯҳлаташ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Субъектҳои лизинг барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз рӯи шартномаи лизинг шартномаҳои ҳатмӣ ва иловагӣ мебанданд. Шартномае, ки аз рӯи он лизингдеҳ амволро аз фурӯшанда мегирад, аз ҷумлаи шартномаҳои ҳатмӣ мебошад. Ба шартномаи иловагӣ шартнома дар бораи ҷалби пул, шартномаи гарав, шартномаи кафолат, шартномаи замонат ва ғайра мансубанд.

Шартномаи лизинг (иҷораи молиявӣ) бояд ин чизҳоро муайян намояд:

  • мавзӯи шартнома;
  • тартиби фиристодан ва қабул карда гирифтани амвол;
  • ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷонибҳо;
  • истифодаи амвол, нигоҳубин, таъмир ва навсозӣ;
  • мӯҳлати лизинг;
  • пардохтҳои лизингӣ ва ҷарима;
  • ҷавобгарии ҷонибҳо;
  • тартиби ҳалли баҳс;
  • шартҳои пеш аз мӯҳлат қатъ кардани шартнома;
  • амали ҷонибҳо баъди анҷом ёфтани аҳд;
  • форс-мажор (фалокати табиӣ);
  • суроғаҳои ҳуқуқӣ ва маълумоти (реквизити) бонкӣ;
  • шартҳои дигар.

Шартномаи лизинг метавонад шартҳои расонидани хизматҳои иловагӣ ва анҷом додани корҳои иловагиро дар бар гирад. Номгӯй, ҳаҷм ва арзиши кору хизматрасониҳои иловагӣ бо созишномаи ҷонибҳо муайян карда мешавад.

Бо ризояти ҷонибҳо дар шартномаи лизинг дигар шартҳои лизинг низ муайян карда шуда метавонанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг) мод.7).

Хусусияти асосии иҷораи молиявӣ аз он иборат аст, ки ба иҷора на амволи пештар истифодакардаи иҷорадеҳ, балки амволи наве, ки иҷорадеҳ барои маҳз ба иҷора додан харидааст, супурда мешавад.

Мавзӯи (предмети) лизинг ҳар чизи истеъмолнашаванда, аз ҷумла корхона ва дигар маҷмааҳои амволӣ, биною иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқулу ғайриманқул, ки онҳоро дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода кардан мумкин аст, буда метавонад.

Қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ ва инчунин амволе, ки муомилоти озоди он маҳдуд карда шудааст ё барояш тартиботи махсуси муносибат муқаррар гардидааст, наметавонанд мавзӯи лизинг бошанд (Қонуни Ҷумҳурии Точикистон дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг) мод.4). Хусусияти иҷораи молиявӣ дар он аст, ки иҷорадеҳ дар шартномаи хариду фурӯш ӯҳдадор мешавад харидорро огоҳ созад, ки амвол бо мақсади онро ба иҷорагири мушаххас ба иҷора додан харидорӣ мешавад.

Фурӯшандаи амвол, ки мавзӯи шартномаи иҷораи молиявӣ мебошад, амволро на ба иҷорадеҳ, балки бевосита ба иҷорагир дар маҳалли будубоши ӯ медиҳад.

Таваккали нобудшавии тасодуфӣ ё вайроншавии тасодуфии амволи ба иҷора гирифташуда ба иҷорагир аз рӯзи амволи иҷоравиро гирифтанаш дар зиммаи ӯст.

506
Нет комментариев. Ваш будет первым!