Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол

1. Тавсифи умумии шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол

2. Ҳуқуқу ӯҳдадорӣ, масъулияти сардори ваколатдор

  1. Тавсифи умумии шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол

Аз рӯи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол як ҷониб (муассисаи идора) ба ҷониби дигар (сардори ваколатдор) ба мӯҳлати муайян барои идораи ба боварӣ асосёфта амвол медиҳад ва ҷониби дигар ӯҳдадор мешавад, ки идораи ин амволро ба манфиати муассиси идора ё шахси зикрнамудаи он (фоидабин) анҷом диҳад (КГ ҶТ мод.943).

Хусусиятҳои фарқкунандаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол инҳоянд:

  1. Ин шартномаи махсус оид ба идораи амволи молик ба манфиати худи молик ё шахси дигари зикркардаи ӯ – фоидабин.
  2. Танҳо молик мақсади таъсиси идораи ба боварӣ асосёфта, ҳаҷми ваколатҳои вогузоршаванда ва инчунин шахсеро, ки сардори ваколатдор ба манфиати ӯ бояд амал намояд, муайян карда метавонад. Ба сифати чунин молик ӯ метавонад худ ва ҳамчунин ҳар шахси дигарро ном барад.
  3. Шартномаи мазкур байни муассиси идора ва сардори ваколатдор муносибатҳои ӯҳдадорикунандаро ба миён оварда метавонад. Он боиси ба сардори ваколатдор гузаштани ҳуқуқи моликӣ намешавад.
  4. Шартнома ба мӯҳлати дароз, яъне барои анҷом додани як амали мушаххас не, балки барои иҷрои чандин амал ба мӯҳлати муайян баста мешавад.
  5. Шартнома амволӣ мебошад.
  6. Сардори ваколатдор ҳақ дорад нисбати молик ё фоидабин на фақат амали ҳуқуқӣ, балки ҳар гуна амалҳои воқеиро анҷом диҳад.
  7. Аз рӯи шартномаи идораи амвол сардори ваколатдор бояд аз номи худ амал карда, ҳатман ишора намояд, ки ӯ сардор мебошад.
  8. Шартнома пулакӣ аст.
  9. Шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол шартномаи воқеист. Вай аз рӯзи ба сардори идораи ба боварӣ асосёфта додани амвол басташуда ба ҳисоб меравад. Агар шартнома аз қайди давлатӣ гузаронида шавад, вай аз рӯзи ба қайд гирифта шуданаш басташуда ҳисоб меёбад[1]

Объектҳои идораи ба боварӣ асосёфта корхона ва дигар маҷмааҳои амволӣ, иншооти алоҳида, ки ба амволи ғайриманқул марбутанд, коғазҳои қиматнок, ҳуқуқҳое, ки бо коғазҳои қиматноки бидуни санад тасдиқ карда шудаанд, ҳуқуқҳои мустасно ва дигар амвол буда метавонанд (КГ ҶТ мод.944).

Пул, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, объекти мустақили идораи ба боварӣ асосёфта буда наметавонад.

Ҷонибҳои идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол муассиси идораи ба боварӣ асосёфта ва сардори ваколатдоранд.

Агар идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол ба нафъи шахси сеюми дар бастани шартнома иштирокнадошта таъсис дода шавад, ҷониби ӯҳдадории ба миёномада ҳамин шахси сеюм мешавад.

Муассиси идораи ба боварӣ асосёфтаи молики амвол ва дар мавридҳои пешбининамудаи қонун шахсони дигар мебошанд. Сардори ваколатдор, ғайр аз корхонаи воҳид соҳибкори инфиродӣ ё ташкилоти тиҷоратӣ буда метавонад.

Шартҳои муҳими шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол чунинанд:

  1. Номгӯи амволе, ки барои идораи ба боварӣ асосёфта дода мешавад;
  2. Номи шахси ҳуқуқӣ ё номи шаҳрванде, ки ба нафъи онҳо идораи ба боварӣ асосёфта амалӣ мегардад;
  3. Андоза ва шакли подошпулии сардор, ба шарте, ки пардохти он дар шартнома пешбинӣ шуда бошад;
  4. Мӯҳлати эътибори шартнома.
  1. Ҳуқуқу ӯҳдадорӣ, масъулияти сардори ваколатдор
  1. Сардори ваколатдор аҳдҳоро вобаста ба амволи таҳти идора додашуда аз номи худ бо зикри ҳатмии он ки ӯ ба сифати чунин сардор баромад мекунад, анҷом медиҳад. Дар сурати мавҷуд набудани чунин зикр сардори ваколатдор дар назди ашхоси сеюм шахсан ӯҳдадор гардида, дар назди онҳо танҳо бо амволи ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар аст.
  2. Ҳуқуқе, ки сардори ваколатдор дар натиҷаи анҷом додани амали вобаста ба идораи амвол ба даст овардааст, ба номгӯи чунин амвол дохил мешавад. Ӯҳдадорие, ки дар натиҷаи аз ҷониби сардори ваколатдор анҷом додани чунин амал ба миён омадааст, аз ҳисоби амволи ӯ иҷро карда мешавад.
  3. Сардори ваколатдор амволи ғайриманқули барои идора додашударо ҳақ дорад танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта бегона кунад ё ба гарав монад.
  4. Сардори ваколатдор ба муассис ва фоидабин оид ба фаъолияти худ дар мӯҳлат ва бо тартиби муқаррарнамудаи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол ҳисобот медиҳад (КГ ҶТ мод.951).

Сардори ваколатдор барои амволи супурдашуда ҳуқуқи моликият пайдо намекунад. Аммо сардор дар доираи ҳуқуқи ба вай додаи қонун ва шартнома метавонад ин амволро соҳибӣ кунад, истифода барад ва ихтиёрдорӣ намояд. Сардор амволи ғайриманқулро метавонад танҳо дар ҳолатҳои пешбиникардаи шартнома, яъне таҳти хатари ба аҳди дахлдор татбиқ кардани оқибати бекораи аҳди беэътибор ихтиёрдорӣ намояд.

Молики амволе, ки барои идораи ба боварӣ асосёфта дода шудааст, ба каму зиёд шудани чунин амвол, аз ҷумла ба пайдо шудани ҳуқуқу ӯҳдадорӣ аз идораи ба боварӣ асосёфта таваккал кардааст. Аз рӯи қоидаи умумӣ самар, маҳсулот ва даромади амволе, ки таҳти идораи ба боварӣ асосёфта қарор гирифтааст, дар ихтиёри муассисанд.

Ӯҳдадории умумии сардор зоҳир кардани ғамхории матлуб дар бораи манфиатҳои муассиси идора ва фоидабин ва сари вақт ба онҳо аз фаъолияти худ ҳисобот додан аст; ҳуқуқи асосии ӯ гирифтани подошпулӣ ва пӯшонидани хароҷоти идораи амвол мебошад. Бояд таъкид кард, ки сардор баъди бастани шартнома ҳақ дорад аз муассиси идора воқеан ба ӯ дода шудани амвол ва дар бобати амволи ғайриманқул бошад, аз қайди давлатӣ гузаронидани чунин амволдиҳиро талаб намояд.

Сардор ҳамчун молики қонунии амволи ба ӯ додашуда ҳар гуна роҳу воситаҳои амволӣ – ҳуқуқии аз ҳамаи шахсони сеюм, аз ҷумла аз муассиси идора, молики амол ва фоидабин ҳимоя намудани ҳуқуқҳои худро ба кор мебарад. Аз ҷумла, ӯ метавонад даъво кунад, ки ба амвол ҳуқуқдор буданаш; талаб карда гирифтани амволи ғайриқонунӣ соҳибикарда, рафъ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки агарчанде бо аз даст рафтани соҳибият алоқаманд нестанд, эътироф карда шаванд.

Сардори ваколатдоре, ки ҳангоми идораи амвол дар мавриди манфиатҳои фоидабин, шахсе, ки ба ӯ амвол таҳти ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи соҳибияти умрбоди ворисӣ, ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир накардааст, барои ба даст овардани фоидаи аз дастдодаашро дар давраи идораи амвол ҷуброн менамояд ва ба шахсе, ки амвол таҳти моликияти ҳуқуқи соҳибияти умрбоди ворисӣ ё ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ қарор дорад, зиёни вобаста ба гум кардан, зиён расонидан ё нокифоя афзудани амволро, ки баъд аз қатъи идора бояд баргардонида шавад, бояд бо назардошти фарсудашавии мӯътадили он ҷуброн намояд.

Дар сурати номатлуб идора кардани амвол шахсе, ки ба вай амвол аз рӯи ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё ҳуқуқи соҳибияти умрбоди ворисӣ тааллуқ дорад, метавонад ба суд оид ба қатъи идора ва ҷуброни зиён талабот пешниҳод кунад.

Аҳде, ки сардори ваколатдор бо вайрон кардани маҳдудиятҳои барои ӯ муқарраргардида анҷом додааст, ба шарте, ки ашхоси сеюми дар чунин аҳд иштирокдошта дар бораи ин маҳдудиятҳо намедонистанд ё набояд медонистанд, боэътибор эътироф карда мешавад.

Сардори ваколатдор дар назди ашхоси сеюм барои зиёне, ки бо амали номатлуби худ дар идораи амвол расонидааст, бо амволи шахсии худ масъулияти муштарак (субсидиарӣ) дорад (КГ ҶТ мод.953).

Қоидаи умумии ҷавобгарии сардори ваколатдор ҷавобгарии бе гуноҳ мебошад. Аммо сардор ҳақ дорад исбот намояд, ки ӯ на танҳо бар асари қувваи рафънопазир, балки аз амали муассиси идора ва (ё) фоидабин низ зиён дидааст.

Хусусияти дигари хоси ҷавобгарии сардори ваколатдор аз рӯи шартнома ӯҳдадории на фақат ба муассис ҳамчун фоидаи аз дастрафта додани товони зиён мебошад. Асосҳои ҷавобгарӣ аз рӯи аҳдҳое, ки сардор бо ашхоси сеюм қонунан анҷом додааст, аз бисёр ҷиҳат маҳз ба он вобаста хоҳанд буд, ки сардори ваколатдор кӣ буд – соҳибкор ё шаҳрванд.

Лекин агар худи сардор ё вакили таъинкардаи ӯ ҳангоми бастани чунин аҳдҳо аз доираи ваколатҳои ба сардор додашуда баромада бошанд, ё худ бе риояи маҳдудиятҳои барои ӯ муқарраршуда амал карда бошанд, он гоҳ сардор бо амволи шахсии худ ҷавобгар мебошад.

Имконияти иҷрои чунин аҳдҳо дар назди ашхоси сеюм ба омили субъективӣ, яъне ба рафтори бовиҷдононаи ашхоси сеюм вобаста карда шудааст. Агар ашхоси сеюм дар рафти баҳс исбот карда тавонанд, ки онҳо аз ҳадди ваколатҳои худ баромадани сардор ё аз маҳдудиятҳои барои ӯ муқарраршуда хабар надоштанд, он вақт онҳо товони зиёни расидаро бевосита аз амволи ба идораи ба боварӣ асосёфта додашуда гирифта метавонанд. Дар айни ҳол муассиси идора товони зиёни ба ӯ расидаро ба тариқи бозпас (регресс) аз сардори ваколатдор меситонад.

304
Нет комментариев. Ваш будет первым!