Танзими ҳуқуқии фаъолияти якҷоя

1. Тавсифи шартномаи ширкати оддӣ

2. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти иштироккунандагони шартномаи

ширкати оддӣ

  1. Тавсифи шартномаи ширкати оддӣ

Мутобиқи шартномаи фаъолияти якҷоя ширкати оддӣ (шартнома оид ба фаъолияти якҷоя) ду ё зиёда ашхосе, ки шарикон номида мешаванд, ӯҳдадор мегарданд ҳиссаи худро муттаҳид намуда, якҷоя бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ барои ба даст овардани фоида ё ноил шудан ба мақсади дигар, ки хилофи қонун намебошад, амал кунанд. Шартномаи фаъолияти якҷоя бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

Тарафҳои шартномаи фаъолияти якҷоя, ки ҷихати анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ баста мешавад, танҳо соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) ташкилотҳои тиҷоратӣ буда метавонанд (КГ ҶТ мод.1058).

Нишонаҳои ҳатмии шартномаи ширкати оддӣ чунинанд:

  1. Муттаҳид гардонидани ду ва аз ин зиёда шахсон. Дар мавриди аз ду нафар зиёд будани шахсон шартнома бисёрҷониба номида мешавад.
  2. Иттиҳод боиси таъсиси шахси ҳуқуқӣ намегардад.
  3. Иттиҳод бо иштироки шахсии ҳар кадоме аз ширкат дар фаъолияти якҷояи онҳо алоқаманд мебошад.
  4. Ширкатҳо барои фаъолияти якҷоя саҳм мегузоранд ва саҳмҳои худро якҷоя месозанд.
  5. Иттиҳодия барои гирифтани фоида ё ноил гаштан ба мақсади дигаре, ки хилофи қонун намебошад, таъсис дода мешавад. Агар мақсади шартнома фаъолияти доимӣ барои гирифтани фоида бошад (фаъолияти соҳибкорӣ), ҷонибҳои шартнома танҳо соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) ташкилоти тиҷоратӣ буда метавонанд. Вале агар фаъолияти соҳибкорӣ хилофи мақсадҳое набошад, ки вай ба хотири онҳо таъсис дода шудааст, дар ин маврид дар шартнома ишттирок намудани ташкилоти ғайритиҷоратӣ истисно мебошад. Дар ҳама ҳолатҳои дигар доираи иштирокчиёни шартнома бемаҳдуд аст.

Шартномаи ширкати оддӣ аз рӯзи гирифтани аксепти шахси фиристодаи оферта қувваи эътибор пайдо мекунад. Шартнома музднок буда, на танҳо якҷоя шудани саҳмҳо, балки имконияти аз амволи умумӣ истифода намудани иштирокчиёнашро ифода мекунад.

Шаклу тартиби бастани шартномаи ширкати оддӣ бо қонун танзим гардонида нашудаанд, бинобар ин ҷонибҳо бояд муқаррароти умумии қонунгузории гражданиро дар бораи аҳдҳо ва бастани шартномаро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд.

Вобаста ба мӯҳлати амал шартномаҳо ду намуд мешаванд:

  • бемӯҳлат;
  • бамӯҳлат;
  • бо ишораи мақсад ба сифати шарти бекоркунӣ.

Масъалаи қатъи шартнома вобаста ба намуди он ҳар хел ҳаллу фасл мешавад. Шартномаи ширкати оддӣ аз рӯи асосҳои дар моддаи 1066 КГ ҶТ зикршуда қатъ меёбад:

  1. Дар натиҷаи бедарак ғоибшуда, ғайри қобили амал ё қобили маҳдуди амал эълон кардани яке аз шарикон;
  2. Дар натиҷаи ғайри қобили пардохт (муфлис) эълон кардани яке аз шарикон;
  3. Дар натиҷаи фавти яке аз шарикон ё барҳам додан ё аз нав ташкилшавии шахси ҳуқуқии иштирокчии шартнома;
  4. Дар натиҷаи аз иштирок дар шартномаи бемӯҳлати фаъолияти якчоя даст кашидани яке аз шарикон;
  5. Дар натиҷаи бекор кардани шартномаи фаъолияити якҷоя бо зикри мӯҳлат басташуда, тибқи талаби яке аз шарикон дар муносибати байни ӯ ва шарикони дигар;
  6. Дар натиҷаи бекор кардани шартномаи фаъолияти якҷоя бо созишномаи тарафҳо;
  7. Дар натиҷаи гузаштани мӯҳлати шартномаи фаъолияити якҷоя;
  8. Дар натиҷаи ноил шудан ба мақсадҳои шартномаи фаъолияти якҷоя ё фарорасии шароите, ки ноил шудан ба ин мақсадҳоро имконнопазир мегардонад;
  9. Дар натиҷаи ҷудо кардани ҳиссаи шарик бо талаби кредиторони он.
  1. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти иштироккунандагони

шартномаи ширкати оддӣ

Ӯҳдадориҳои асосии иштирокчиёни шартномаи ширкати оддӣ инҳоянд:

  • гузоштани саҳм ба кори умумӣ;
  • якҷоя бо иштирокчиёни дигар пеш бурдани фаъолияти пешбининамудаи шартнома.

Саҳми шарик гуфта, ҳамаи он чизеро, аз ҷумла пул, амволи дигар, дониши касбӣ ва ғайра, малакаю маҳорат ва ҳамчунин шӯҳрати кордонӣ ва равобити расмиро меноманд, ки ӯ ба кори умумӣ мегузорад.

Мӯҳтавои ӯҳдадории шарик, ки ҳамроҳи дигарон барои расидан ба мақсаду мароми умумӣ талош менамояд, ба хусусияти ҳам ҳадафи мазкур ва ҳам ба тақсими мушаххаси вазифаҳои байни шарикон вобаста аст. Ин ӯҳдадорӣ дар тӯли тамоми мӯҳлати эътибори шартнома давом мекунад, вале ӯҳдадории гузоштани саҳм, одатан, дарҳол баъди баста шуданаш иҷро мегардад.

Ҳуқуқҳои асосии иштирокчиёни ширкати оддӣ чунинанд:

  1. Ҳуқуқи иштирок кардан дар идоракунӣ ва пешбурди корҳои умумии ширкат.

Се шакли корҳои умумии ширкат мавҷуд аст:

  • ҳуқуқи аз номи шарикон амал кардани ҳар кадоми онҳо;
  • корро шарики махсус таъиншуда иҷро мекунад;
  • ҳамроҳи тамоми шарикон.
  1. Ҳуқуқ ба иттилоот.

Ҳар кадом шарик, сарфи назар аз он ки ӯ ба пешбурди кор ваколатдор аст ё не, ҳуқуқ дорад бо тамоми ҳуҷҷатҳои пешбурди кор шинос шавад. Даст кашидан аз ин ҳуқуқ ё маҳдуд кардани он, аз ҷумла бо созиши шарикон мумкин нест.

  1. Ҳуқуқҳое, ки нисбат ба амволи умумӣ, аз ҷумла барои гирифтани ҳиссаи фоида ба миён меоянд.

Истифодаи амволи умумӣ, ҳамчунин молик гаштан ба амволе, ки таҳти саҳми умумии моликият қарор дорад, бо розигии умумии шарикон, дар мавриди ҳосил нашудани ризоят бо тартиби муқаррарнамудаи суд сурат мегирад.

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, суду зиёни (хароҷоти) фаъолияти ширкати оддӣ мутаносибан ба арзиши саҳми иштирокчиён ба кори умумӣ тақсим карда мешавад.

Масъулияти иштирокчии шартномаи ширкати оддӣ чунин аст:

Дар қонун ду намуди масъулият: бо назардошти мақсади таъсиси ширкат ва хусусияти ӯҳдадорӣ масъулияти саҳмӣ ва муштарак пешбинӣ гардидааст. Барои фаро расидани ҷавобгарӣ чунин ҷиҳат муҳим аст, ки ӯҳдадорӣ бояд умумӣ, яъне бо фаъолияти якҷоя алоқаманд бошад.

Агар шартномаи ширкати оддӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд набошад, масъулият аз рӯи шартномаи бо шахсони сеюм басташуда баробари саҳми ҳар кадом ба амволи умумӣ мебошад. Дар сурати кам будани амволи умумӣ маблағи зарурӣ – ба ҳамон таносуб – аз амволи шахсии шарикон ҷуброн карда мешавад.

Аз рӯи ӯҳдадориҳои умумие, ки бо шартнома алоқаманд нестанд, иштирокчиёни ин гуна ширкат якҷоя (муштаракона) масъуланд.

Агар ҳадафи шартномаи ширкати оддӣ ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ бошад, шарикон, қатъи назар аз асосҳои ба вуҷуд омадани ӯҳдадориҳо, аз рӯи онҳо якҷоя ба дӯш масъулият мегиранд.

Меъёрҳои ҷавобгарӣ қатъианд ва онҳоро бо созиши ҷонибҳо тағйир додан мумкин нест.

318
Нет комментариев. Ваш будет первым!