Асосҳои ҳуқуқии баҳисобгирии  муҳосибавӣ ва фаъолияти аудиторӣ

1. Баҳисобгирии муҳосибавӣ дар фаъолияти хоҷагидорӣ

2. Танзими ҳуқуқии фаъолияти аудиторӣ

3. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ. Хулосаи аудиторӣ

  1. Баҳисобгирии муҳосибавӣ дар фаъолияти хоҷагидорӣ

Баҳисобгирӣ ва арзёбии фаъолияти хоҷагидорӣ асосан дар шакли баҳисобгирии муҳосибавӣ анҷом дода мешавад.

Танзими ҳуқуқии муносибатҳои мавриди баррасӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ» аз 14.05.с.1999 № 751, Низомномаи пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.02.с.2003 № 9 ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ сурат мегирад.

Муқаррароти ибтидоии пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидор ҳатмӣ будани он аст. Соҳибкорони инфиродӣ, ки аз рӯи шаҳодатнома фаъолият мекунанд, даромаду хароҷоташонро мутобиқи қонунгузории андоз ба ҳисоб мегиранд. (мод.5 Қонун), баҳисобгирии муҳосибавии корхонаҳои хурд соддатар мебошад (мод.6 Қонун).

Корхона ҳуқуқ дорад шакли ташкилии кори муҳосибавиро вобаста ба навъи корхона ва шарту шароити мушаххаси хоҷагидорӣ муқаррар намояд. Лекин зимни ин бояд принсипҳои умумии методологии кори баҳисобгирӣ риоя карда шаванд. Чунин принсипҳои методологӣ талаботи баҳисобгирии саросар, мунтазами далелнок ва инъикоси алоқамандонаи амалиётҳои гузаронидашуда (мақсаднок) мебошад.

Низомнома пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пул арзёбӣ карда шудани амвол ва ҳар гуна амалиёти хоҷагидориро талаб менамояд. Ин талабот аз моҳият ва маънои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ бармеояд. Онҳо бе арзёбии пулии категорияҳо аз ӯҳдаи таъиноти (вазифаи) худ баромада наметавонанд. Мабдаи ин таъинот қоидаи баҳисобгирии амвол аз рӯи арзиши воқеии он бо назардошти хароҷоти харидаш, хароҷоти воқеии сохтмон мебошад.

Ҳисоботи муҳосибавӣ анҷому хотимаи раванди баҳисобгирӣ, аз як тараф, барои корхона воситаи қонунигардонии фаъолияти хоҷагидорӣ дар давраи ҳисобот, манбаю заминаи худтаҳлилкунӣ, ки ба тарзи матлуб мутобиқи қоидаҳои ҷорӣ ва аз тарафи дигар, пешниҳоди ҳуҷҷатҳост. Агар мақомоти назораткунанда ин ҳуҷҷатҳоро ҳаққонӣ шуморад, онҳо барои матраҳ сохтани муносибатҳои молиётӣ ва ғайримолиётӣ бо давлат ва субъектҳои дигаре, ки ҳуқуқи ба ҳадди муқаррарнамудаи қонун пардохтани андозро талаб мекунанд, асосу заминаи ҳуқуқӣ мегарданд.

Дар ҳисобот ҷамъбасти рӯзафзуни вазъи амволӣ ва молиявии корхона, натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ дар давраи ҳисобот (семоҳа, яксола) инъикос меёбад.

Ҳисоботи муҳосибавии корхонаҳо аз инҳо иборат аст:

1) тавозуни муҳосибавӣ;

2) ҳисобот дар бораи натиҷаи молиявӣ;

3) ҳисобот дар бораи муомилоти сармоя;

4) замимаи онҳо, аз ҷумла ҳисобот дар бораи муомилоти маблағ, замимаи тавозуни муҳосибавӣ ва дигар ҳисоботҳои пешбинишуда;

5) тавзеҳнома;

6) хулосаи аудиторие, ки саҳеҳии ҳисоботи муҳосибавии корхонаро тасдиқ менамояд, ба шарте, ки он мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман мавриди аудит (тафтиш) қарор гирад.

Шаклҳои ҳисоботи муҳосибавии корхонаҳо ва дастури хонапурӣ кардани онҳо аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Дар ҳисоботи муҳосибавӣ маълумоти рақамдори ду сол – соли ҳисобот ва соли пеш аз ҳисобот (ғайр аз ҳисоботи соли якуми ҳисоботӣ) оварда мешавад. Агар маълумоти давраи пеш аз соли ҳисобот хилофи маълумоти давраи ҳисобот бошад, пас маълумоти аввалини ёдшуда бояд дар асоси қоидаҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрӣ тасҳеҳ карда шавад. Ҳар ислоҳи ҷиддӣ бояд дар тавзеҳнома бо зикри сабабҳояш маънидод карда шавад.

Ҳисоботи муҳосибавӣ барои соли ҳисобот тартиб дода мешавад. Соли ҳисоботӣ давраи аз 1 январ то 31 декабри соли тақвимиро дар бар мегирад. Аввалин соли ҳисоботӣ барои корхонаҳои навтаъсис ё азнавтаъсисёфта аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шудани онҳо то 31 декабри соли дахлдор ҳисоб меёбад.

Барои тартиб додани ҳисоботи муҳосибавӣ таърихи ҳисобот рӯзи охирини тақвимии давраи ҳисоботӣ ҳисоб мешавад.

Ҳисоботи муҳосибавиро роҳбар ва сармуҳосиби корхона имзо мекунанд. дар корхонаҳое, ки пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ дар асоси шартнома ба зиммаи ташкилоти махсус (дафтари муҳосибаи марказӣ) ё мутахассиси муҳосиб мебошад, ба ҳисоботи муҳосибавӣ роҳбари корхона, роҳбари ташкилоти махсус (дафтари муҳосибаи марказӣ), ё мутахассиси мутасаддии баҳисобгирии муҳосибавӣ имзо мегузоранд. Масъулияти шахсоне, ки ҳисоботи муҳосибавиро имзо кардаанд, аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Тағйирот ба ҳисоботи муҳосибавии марбути чӣ давраи ҳисоботӣ ва чӣ давраи моқабл (баъди тасдиқ шуданаш), ки барои давраи ҳисоботӣ тартиб дода шуда, дар он маълумоти ғалат ошкор гардидааст, ворид карда мешавад.

Корхона вазифадор аст, ки ҳисоботи муҳосибавиро ба суроғаҳои муқарраргардида якнусхагӣ ройгон диҳад. Ҳисоботро дар бораи муомилоти маблағ ба субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ нафиристодан мумкин аст. Ғайр аз ин, субъектҳои соҳибкории хурд ҳуқуқ доранд мувозинаи (баланси) муҳосибавиро бе замима, дигар замимаву тавзеҳномаҳо пешниҳод намоянд.

Корхонаҳо вазифадоранд ҳисоботи муҳосибавии семоҳа ва солонаро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд (мӯҳлати пешниҳоди ҳисоботи муҳосибавӣ ҳамроҳи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармон муқаррар карда мешавад).

Ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ бояд бо тартиби муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои корхона тасдиқ карда шавад. Рӯзи ҳисоботи муҳосибавиро пешниҳод кардани корхона аз рӯи санаи бо почта ирсол гардиданаш ё худ аз рӯи таърихи воқеан супурда шуданаш муайян карда мешавад.

Аз ҳисоботи солонаи муҳосибавии корхона истифодабарандагони манфиатдор: молфиристонандагон ва дигарон озодона истифода карда, яъне бо он шинос шуда, нусхаи онро бо пардохти хароҷоти нусхабардорӣ гирифта метавонанд. Корхона барои истифодабарандагони манфиатдор бояд имконият муҳайё намояд, ки бо ҳисоботи муҳосибавӣ шинос шаванд.

Корхона дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ ва қисми ҷамъбастии хулосаи аудиториро нашр мекунад. Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, ҳисоботи муҳосибавӣ бояд то 1 июни соли дигари баъди ҳисоботӣ ба табъ расад. Мақсад аз пешбурди баҳисобгирӣ ва пешниҳоди ҳисоботи муҳосибавӣ асосан муқаррар кардани андозаи пардохтҳои молиётӣ ва ғайримолиётии бо қонун муқаррарнамудаи корхонаҳо мебошад.

Иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ таҳрифи маълумоти муҳосибавӣ буда, боиси пинҳон доштан ё кам карда нишон додани фоидае, ки бояд андозбандӣ шавад ва пардохтҳои дигари ҳатмии корхона мешавад.

Роҳбарони корхонаҳо ва дигар шахсони масъули ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

  1. Танзими ҳуқуқии фаъолияти аудиторӣ

Фаъолияти аудиторӣ, аудит ин фаъолияти соҳибкорӣ дар масъалаи санҷиши мустақилонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии (молиявии) соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мебошад.

Танзими ҳуқуқии фаъолияти аудиторӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ[1]» аз 03.03.2006 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулгардида ба амал бароварда мешавад.

Мақсади фаъолияти аудиторӣ изҳори ақида дар бораи эътимоднокӣ ва дараҷаи аниқии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ)-ро ифода менамояд, ки ба истифодабарандаи ҳисобот барои баровардани хулосаҳои дуруст дар бораи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ, вазъи молиявӣ ва моликияти шахсони санҷишшаванда имкон медиҳад.

Шартҳои асосии фаъолияти аудиторӣ инҳо мебошанд:

  • мустақилият;
  • воқеият;
  • салоҳияти касбӣ;
  • махфӣ нигоҳ доштани натиҷаҳои аудит.

Аудитор шахси воқеиест, ки ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи мақомоте, ки танзими давлатии фаъолияти аудиториро иҷро менамояд ҷавоб дода, аттестати дахлдори тахассуси аудиторӣ дорад.

Аудитор ҳуқуқ дорад, ки фаъолияти аудиториро ба сифати аудитори инфиродӣ ё корманди ташкилоти аудиторӣ, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб шудааст, фаъолияташро бе ташкили шахси ҳуқуқӣ амалӣ намояд.

Фаъолияти аудиторӣ намудҳои санҷиши ҳатмӣ ва ташаббусиро дар бар мегирад.

Аудити ҳатмӣ – санҷиши ҳарсолаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибавии (молиявии) шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Аудити ҳатмӣ аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ гузаронида мешавад.

Бо аудити ҳатмии ҳарсола инҳо фаро гирифта мешаванд:

  • бонкҳо;
  • ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ки шаклҳои алоҳидаи муомилоти бонкиро анҷом медиҳанд ва ташкилотҳое, ки ба хариду фурӯши коғазҳои қиматнок машғуланд;
  • ҷамъияти саҳҳомии кушода;
  • ташкилотҳои суғуртавӣ;
  • фондҳои ҷамъиятӣ;
  • субъектҳои монополияи табиӣ;
  • биржаҳои молӣ ва фондӣ, фондҳои сармоягузорӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии дорои ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ.

Аудити ташаббусӣ бо ташаббуси субъектони санҷишшаванда бо назардошти вазифа, мӯҳлат ва ҳаҷми санҷиши мушаххас гузаронида мешавад, ки дар шартномаи байни шахсони санҷишшаванда ва аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ пешбинӣ карда шудааст.

Мақомоти литсензиякунанда ин пеш аз ҳама Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои сармоягузор, аудити ташкилотҳои суғурта ва аудити умумӣ, ва Бонки миллии Тоҷикистон барои аудити ташкилотҳои бонкӣ мебошад[2].

  1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ. Хулосаи аудиторӣ

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши аудиторӣ ҳуқуқ доранд, ки:

  • мустақилона шакл ва методҳои гузаронидани аудитро муайян намоянд;
  • тамоми ҳуҷҷатҳои муҳосибии ба фаъолияти молиявӣ – хоҷагии ташкилоти санҷишшаванда вобастабуда, инчунин мавҷудоти ҳақиқии ҳама гуна амволи дар ин ҳуҷҷатҳо нишондодашударо санҷида бароянд;
  • аз шахсони мансабдори санҷишшаванда тавзеҳот ва маълумотҳои барои санҷиши аудиторӣ заруриро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ дархост намоянд;
  • дар сурати пешниҳод накардани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз тарафи шахсони санҷишшаванда ва дар рафти санҷиши аудиторӣ ошкор намудани ҳолатҳое, ки ба хулосаи ташкилоти аудиторӣ ё ин ки аудиторони инфиродӣ дар баҳо додани дараҷаи мукаммалии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони санҷишшаванда таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд, аз гузаронидани санҷиши аудиторӣ ё ин ки ибрози ақида дар хулосаи аудиторӣ дар бораи саҳеҳии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) даст кашанд;
  • мутахассисони дахлдорро, ба истиснои онҳое, ки дар объекти санҷишшаванда кор мекунанд ё бо роҳбари корхона ягон робитаи хешу таборӣ ё ин ки манфиатҳои умумии молиявӣ доранд, дар асоси шартнома ба кор ҷалб намоянд;
  • дигар ҳуқуқҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудааст ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мухолиф нестанд, амалӣ намояд.

Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд:

  • санҷиши аудиториро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;
  • бо талаботи шахсони санҷишшаванда маълумоти заруриро доир ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ дахл доранд, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мулоҳиза ва хулосаҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ба он асос ёфтааст, пешниҳод намоянд;
  • дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи хизматрасонии аудиторӣ хулосаҳои аудиториро ба шахсони санҷишшаванда ва ё ин ки ба шахсоне, ки бо онҳо шартномаи хизматрасонии аудиторӣ баста шудааст, супоранд;
  • муҳофизати ҳуҷҷатҳоеро, ки дар рафти тафтишҳои аудиторӣ гирифта ва истифода карда шудаанд, таъмин намуда, мазмун ва моҳияти ин ҳуҷҷатҳоро бе розигии шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки ба онҳо шартномаи хизматрасонии аудиторӣ баста шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ошкор насозанд;
  • дигар ӯҳдадориҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, иҷро намоянд.

Хулосаи аудиторӣ ҳуҷҷати расмие мебошад, ки барои истифодабарандагони ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони санҷишшаванда пешбинӣ гардида, мувофиқи стандартҳои фаъолияти аудиторӣ тартиб дода шудааст ва ақидаи аудиторони инфиродӣ ё ташкилоти аудиториро дар бораи эътимоднокии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахси санҷишшаванда аз рӯи шакли муқарраршуда, мувофиқати тартиби пешбурди баҳисобгирии муҳосибиро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода менамояд.

Шакл, мазмуну мундариҷа ва тартиби додани хулосаи аудиторӣ мувофиқи стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдор муайян карда мешаванд.

Хулосаи аудиторӣ бояд аз се қисм: муқаддимавӣ, таҳлилӣ ва хотимавӣ иборат бошад.

Қисми муқаддимавии хулоса маълумоти умумиро дар бораи ташкилоти аудиторӣ, қисми таҳлилӣ ҳисоботи ташкилоти аудиториро ба субъекти хоҷагидор оид ба натиҷаҳои умумии тафтиши ҳолати назорати дохилӣ, баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи субъекти хоҷагидор ва инчунин аз тарафи субъекти хоҷагидор риоя карда шудани қонунгузориро дар мавриди амалиёти молиявию хоҷагӣ дар бар мегиранд.

Қисми таҳлилии хулоса бояд талаботи зеринро фаро гирад: номи ҳамин қисм; ба кӣ дахлдор будани қисми таҳлилӣ; номи субъекти хоҷагидор; объекти аудит; натиҷаҳои умумии тафтиши вазъи назорати дохилии субъекти хоҷагидор; натиҷаҳои умумии тафтиши ҳолати баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ; натиҷаҳои умумии тафтиши риояи қонунгузорӣ ҳангоми содир намудани амалиёти молиявию хоҷагӣ.

Қисми хотимавӣ аз фикру ақидаи ташкилоти аудиторӣ оид ба ҳаққонияти ҳисоботи муҳосибавии субъекти хоҷагидор иборат аст. Қисми хотимавии хулоса бояд талаботи зеринро дар бар гирад: номи қисми мазкур, ба кӣ дахл доштани қисми хотимавӣ; номи субъекти хоҷагидор; субъекти аудит; ишора ба санади меъёрӣ, ба кӣ муносиб будани ҳисоботи муҳосибавӣ; тақсими масъулияти субъекти хоҷагидор ва ташкилоти аудиторӣ нисбати ҳисоботи муҳосибавӣ; ишора ба санади меъёрӣ, ки мутобиқи он аудит гузаронида мешавад; баёни ҳолатҳои ҷиддие, ки дар натиҷаи онҳо хулосаи аудиторӣ ба шакле тартиб ёфтааст, ки аз баёни бечунучаро мусбат фарқ мекунад ва арзёбӣ ба қимат, ба шарте, ки ин имконпазир бошад, таъсири онҳо ба ҳисоботи муҳосибавии субъекти хоҷагидор; фикру ақидаи ташкилоти аудиторӣ дар бораи ҳаққонияти ҳисоботи муҳосибавии субъекти хоҷагидор; санаи тартиб дода шудани хулосаи аудиторӣ.

Маҳз қисми хотимавии хулоса барои шахсони манфиатдор ҷолиб аст, зеро дар он фаъолияти хоҷагӣ ва пешбурди баҳисобгирии молиявӣ аз ҷониби корхонаи мавриди тафтиши аудиторӣ мухтасар, ба таври мӯъҷаз баён ёфтааст.

Ҷамъбасти қисми хотимавии хулосаи аудиторӣ умуман барои давлат ва хусусан барои худи корхонае, ки вазъи ҳақиқии молиявиро донистан мехоҳад, аҳамияти калон дорад.

371
Нет комментариев. Ваш будет первым!