Тавсифи ҳуқуқии низоми андоз

1. Усул ва вазифаҳои андозбандӣ

2. Гурӯҳҳои низом (система)-и андоз

3. Андозсупорандагон

  1. Усул ва вазифаҳои андозбандӣ

Андоз, молиёт гуфта, пардохти ҳатмӣ, инфиродии беподошро меноманд, ки аз ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷи ва шахсони воқеӣ дар шакли бегона кардани маблағи ба онҳо ба ҳуқуқи моликият, хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ тааллуқдошта бо мақсади таъмини молиявии фаъолияти давлат ситонида мешавад.

Усулҳои асосии андозбандӣ, ки дар қонунгузориҳо зикр ёфтаанд, чунинанд :

  1. Умумият ва баробарӣ;
  2. Сарварии ҳокимияти ваколатдор дар муқаррар намудани ин усулҳо;
  3. Таъсири бевоситаи қонунҳо ба замон, ки андозҳои нав муқаррар менамоянд ё вазъи андозсупорандагонро бад мекунанд;
  4. Якдафъа будани андозбандӣ;
  5. Банавбат ситонидани андоз аз як манбаъ;
  6. Возеҳияти андозбандӣ;
  7. Бартарияти меъёру қоидаҳои байналмилалии тасдиқкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тафовут доштани онҳо бо қоидаҳои миллӣ.

Вазифаҳои андоз дар ҷамъият

Вазифаи танзимгаронаи (иқтисодии) андоз иборат аз он аст, ки давлат ба воситаи механизми андозбандӣ ба иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсир мерасонад. Бо ҳамин андоз ҳамчун фишангу воситаи иқтисодии давлат ва танзимкунандаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ баромад мекунад. Бо ин мақсад меъёри андоз паст ё баланд карда, кредиту имтиёзоти андоз кор фармуда, мӯҳлати пардохташ дароз карда ё тағйир дода, дигар шаклҳои таъсиррасонии давлатӣ ба кор бурда мешаванд.

Вазифаи назоратӣ иборат аз он аст, ки давлат дар рафти андозбандӣ фаъолияти хоҷагию молиявии андозсупорандагон, қонунӣ будани даромади онҳо, истифодаи амволи давлатӣ (аз ҷумла замин)-ро таҳти назорат мегирад.

Вазифаи дигари андоз ҳавасмандгардонӣ мебошад. Давлат бо ёрии андозу имтиёзҳо ва муҷозот ба пешрафти техникӣ, зиёд кардани ҷои кор, маблағгузории асосӣ барои васеъ кардани истеҳсолот ва ғайра ҳавасманд мегардонад. Ҳавасмандгардонии пешрафти техникӣ бо ёрии андоз пеш аз ҳама дар он зуҳур меёбад, ки маблағи фоида, ки барои такмилу азнавсозӣ ва ривоҷу равнақи истеҳсолоти моли ниёзи мардум, таҷҳизот барои истеҳсоли озуқа ва ғайра равона гардидааст, аз андозбандӣ озод карда мешавад.

Ниҳоят, вазифаи охирини андоз иборат аз фискалӣ аст, яъне барои таъминоти дастгоҳи давлат, мудофиаи кишвар ва барои соҳаҳои ғайриистеҳсолие, ки манбаи даромад надоранд (муассисаҳои фарҳангӣ, китобхонаву бойгониҳо ва ғайра) ё доранду лекин даромадашон ба хароҷоташон намерасад (муассисаҳои илмӣ, театру осорхонаҳо ва таълимгоҳҳо ва ғайра), аз даромади корхонаву шаҳрвандон ба хазинаи давлат маблағ ситонида мешавад.

  1. Гурӯҳҳои низом (система)-и андоз

Низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи андоз, усулу шакл ва тарзу воситаҳои муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардан, пардохтан ва кор фармудани чораҳои таъмини пардохти он ва инчунин шаклу тарзҳои назорати молиётӣ ва масъулияти риоя накардани қонунгузории андоз (молиёт) аст.52

Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ иборатанд.

Андозҳои зерин аз ҷумлаи андозҳои умумидавлатианд:

1) андози даромад аз шахсони воқеӣ;

2) андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

3) андоз аз арзиши иловашуда;

4) аксиз;

5) андози иҷтимоӣ;

6) андози (хироҷи) замин;

7) андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;

8) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

9) андозе, ки аз рӯи низоми содда пардохта мешавад;

10) андози ягона барои истеҳсолкунандагони

маҳсулоти кишоварзӣ;

11) боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;

12) боҷи давлатӣ;

13) андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминии коркарди аввалия);

14) андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо;

15) андоз аз маҳсулот ва коркарди мол.

  1. Андозҳои зерин аз ҷумлаи андозҳои маҳаллианд:

1) андоз аз амволи ғайриманқул;

2) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;

3) андоз аз савдои чакана.

Мадохилоти андозҳои умумидавлатӣ дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Маблағи пардохти андозҳои маҳаллӣ танҳо ба буҷетхои маҳаллӣ ворид мешавад.

Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, андозҳо ба пул ҳисоб карда, ба пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд.

Андозҳоеро, ки дар қисми махсуси Кодекси андоз зикр ёфтаанд, ба истиснои андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, мақомоти андоз меситонанд. Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

Субъекти андоз – шахсеро, ки аз ӯ андоз меситонанду қонун ба зиммаи вай ӯҳдадории андозро мегузорад, қонунгузор муайян мекунад.

  • нишонаҳои умумӣ – шахси ҳуқуқӣ ё филиали (шӯъбаи) он, ки тавозун ва суратҳисоби алоҳида дорад ва шахси воқеӣ;
  • нишонаҳои махсус – бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, даромад мегирад, молеро ба мерос гирифтааст.

Объекти андозбандӣ ва (ё) объекти марбути андозбандӣ объектест, ки онро хусусияти арзишӣ, миқдорӣ ва табиӣ хос буда, дар сурати чунин хусусият доштани объект қонунгузории андоз ӯҳдадории андозсупоранда (субъект)-ро доир ба пардохти андоз муайян мекунад.

Объекти андозбандӣ ва (ё) объекти марбути андозбандӣ метавонад аз амвол, даромад, фоида, амалиёти молрасонӣ (кору хизматрасонӣ), арзиши моли расонидашуда (кори иҷрогардида, хизмати баҷооварда), ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз он бурдани мол ё ба дигар объектҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз иборат бошад. Ҳар андоз объекти мустақими ба худ хос дорад.

Манбаи андоз аз хусусиятҳои арзишӣ, табиӣ ё хусусиятҳои дигари объекти андозбандӣ ва (ё) объекти марбути андозбандӣ иборат буда, дар асоси онҳо маблағи андозе, ки бояд ба буҷет пардохта шавад, муайян карда мешавад.

Меъёри андоз воҳиди ҳисобкардашудаи маблағи андозҳо мебошад, ки нисбати воҳиди қиёси манбаи андозбандӣ истифода бурда мешавад. Меъёри андоз ба ҳисоби фоиз ва (ё) ба маблағи мутлақ нисбати воҳиди қиёси манбаи андозбандӣ муқаррар карда мешавад.

Имтиёзҳои марбути андоз аз афзалиятҳои пешбининамудаи Кодекси андоз ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, ки аз онҳо гурӯҳҳои ҷудогонаи андозсупорандагон баҳраманд мешаванд. Муқаррароти марбути андозбандӣ афзалиятҳоеро дар бар гирифтаанд, ки мутобиқи онҳо гурӯҳи мазкури андозсупорандагон умуман андоз намесупоранд ё камтар ё худ дертар месупоранд, ки он барои андозсупорандагони имтиёздошта ягон оқибати манфӣ надорад.

Мӯҳлати пардохти андоз санаи тақвимиест, ки мутобиқи Кодекси андоз муайян карда, пештар ё то фаро расидани ин таърих маблағи ҳисобшудаи андоз бояд ба буҷет пардохта шавад, яъне ӯҳдадории андозсупорӣ бояд иҷро карда шавад.

  1. Андозсупорандагон

Андозсупоранда дар муносибатҳои андозбандӣ симои асосӣ ба ҳисоб меравад, чунки маҳз бо мавҷудияти вай муносибатҳои андозӣ ба вуҷуд меоянд.

Мувофиқи моддаи 8 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зимаашон мутобиқи Кодекси андоз ӯҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, ҳамчун андозсупоранда эътироф мешаванд». Аз мафҳуми овардашуда бермеояд, ки андозсупоранда шахсест, ки мувофиқи қонун бояд андозҳои ба зимааш гузошташударо дар мӯҳлати муайяншуда пардозад.

Андозсупорандагон асосан ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: резидентҳо ва ғайрирезидентҳо. Мақсади асосии ба ду гурӯҳ ҷудо намудани андозсупорандагон дар он аст, ки дар қонунгузорӣ байни тартиб ва усулҳои андозбандии онҳо фарқият гузошта шудааст.

Масалан, барои резидентҳо ба сифати объекти андозбандии даромад, даромади андозбандишавандаи онҳо ба ҳисоб меравад, ки он ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ дар соли тақвимӣ ва маблағи тарҳшудаи хароҷоти пешбининамудаи Кодеки андоз барои ҳамин давра муайян карда мешавад. Даромади умумии ғайрирезидент шахси воқеӣ, ки тавассути муассисаи доимӣ фаъолият наменамояд, бояд аз манбаи пардохт бо нигоҳдошти маблағ (бе тарҳкунии хароҷот) андозбандӣ карда шавад, агар дар Кодекси андоз тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, андозсупорандагон дар муносибатҳои андозбандӣ метавонанд тавассути намояндаи қонунӣ ва ваколатдори худ иштирок намоянд. Ваколатҳои намоянда мутобиқи Кодекси андоз ва дигар қонунгузориҳо бояд бо ҳуҷҷат тасдиқ шуда бошанд.

Намояндаи қонунии андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ, шахсоне эътироф мегарданд, ки дар асоси қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳӣ ваколати намояндагии онҳоро дорад. Масалан, аз номи ширкати комил, агар дар шартномаи таъсисдиҳӣ тартиби дигар муайян нашуда бошад, ҳар иштирокчии он ҳуқуқ дорад, ки аз номи ширкат амал кунад (КГ ҶТ моддаи 75).

Намояндаи қонунии андозсупоранда – шахси воқеӣ шахсоне эътироф мегарданд, ки мутобиқи қонунгузории гражданӣ ба сифати намояндаи он баромад менамояд. Чунончӣ, мувофиқи моддаи 27 КГ ҶТ намояндагони қонунии ноболиғони аз 14 то 18-сола волидон, фарзандхондагон ва парасторон ба ҳисоб мераванд.

Мутобиқи моддаи 42 КА ҶТ «намояндаи ваколатдори андозсупоранда, шахси воқеӣ ё ҳуқуқие эътироф мегардад, ки андозсупоранда ӯро барои манфиатҳояш дар муносибат бо мақомоти андоз ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои бо қонунгузории андоз танзимшаванда ваколатдор намудааст».

Намояндаи ваколатдори андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ ваколатҳои худро дар асоси ваколатномаи бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 207-214 КГ ҶТ додашуда иҷро менамояд.

Намояндаи ваколатдори андозсупоранда – шахси воқеӣ ваколатҳои худро дар асоси ваколатномаи ба тарзи нотариалӣ тасдиқшуда ё ваколатномаи мутобиқи моддаҳои 210-212 КГ ҶТ додашуда, ки ба ваколатномаи тарзи нотариалӣ тасдиқгардида баробар карда шудааст, иҷро менамояд.

Шахсони мансабдори мақомоти андоз, воҳидҳои полиси андоз, судяҳо, муфаттишон ва прокурорҳо, инчунин дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ, мақомоти гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ намояндаи ваколатдори андозсупоранда шуда наметавонанд.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки андозсупорандагон, намояндагони қонунӣ ва ваколатдори онҳо мутобиқи Кодекси андоз ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда ҷавобгар мебошанд.

867
Нет комментариев. Ваш будет первым!