Аҳдномаи никоҳ

Тибқи моддаи 40 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳдномаи никоҳ – ин созишномаи шахсоне мебошанд, ки издивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи амволӣ ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи занушуӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. Барои пешгирӣ кардани талоқҳои шитобкоронаю беасос, хархашаҳои бемавриди оилавӣ, норозигии тақсимоти молу мулкӣ ва аз баҳсҳои майда чуйда даст задан ба ҷиноятҳои вазнини оилавӣ Кодекси нави оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1998) меъёрҳои нави ҳуқуқие ҷорӣ кард, ки дар таҷрибаҳои қонунгузориҳои оилавии кишвар ин падида дида намешуд. Яке аз чунин меъёрҳои ҳуқуқӣ аҳдномаи никоҳ аст. Қадимтарин намунаи аҳдномаи никоҳро аз сангнавиштҳои кӯҳи Муғ (давлати Суғд, асри VIII пеш аз милод) дарёфт кардаанд.[1] Ибораи аҳдномаи никоҳ (аз калимаи англ. marriage contract) гирифта шудааст. Мазмуни аҳдномаи никоҳ дар моддаи 42 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Мувофиқи он зану шавҳар низоми молу мулкӣ мавҷудбуда ва амволи ояндаи худро бо хоҳиши ҳарду муқаррар менамоянд. Предмети аҳдномаи никоҳ молу мулкӣ якҷоя ҷамъовардаи зану шавҳар ё ин, ки молу мулке, ки онҳо дар оянда нияти ба даст овардан доранд, шуда метавонад ба предмети аҳднома, молу мулкӣ яке аз ҳамсарон низ шомил шуданаш мумкин аст. Аҳдномаи никоҳ танҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молумулкии зану шавҳарро дар никоҳӣ расмӣ ва ё ҳангоми бекор кардани никоҳ муайян месозад ва аз рӯи табиати ҳуқуқии худ аҳди дутарафа ҳисоб мешавад, чунки дар ин аҳднома ду тараф яке зан дигаре шавҳар, ки никоҳӣ расмӣ доранд иштирок менамоянд. Ҳангоми баррасӣ кардани баҳси молу мулкии ҳамсарон суд муқаррароти аҳдномаи никоҳро дар мадди аввал ба эътибор мегирад. Амалӣ гаштани аҳдномаи никоҳ нисбати зану шавҳари никоҳи расмӣ дошта пас аз тасдиқи нотариалӣ ба эътибор гирифта мешавад. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Вақти тартиб додани аҳднома тарафайн метавонад аз кӯмаку ёрии ҳуқуқшиносон истифода баранд.[2] Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи нотариати давлатӣ» (моддаи 39) сарнотариусҳои давлатӣ, нотариусҳои калони давлатӣ, нотариусҳои давлатӣ дар идораҳои нотариалии давлатӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо, маркази вилоятҳо фаъолият доранд, аҳдномаи никоҳро тасдиқ менамоянд. Риоя накардани қоидаҳои аҳдномаи никоҳ боиси беэътибории он дониста мешавад. Масъалаи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шахсии зану шавҳар дар аҳдномаи никоҳ пешбинӣ карда намешавад ва ба таври ихтиёрии тарафайн аҳднома баста мешавад. Дар натиҷаи истифода бурдани таҳдид, зӯроварӣ ва фиреб қонун аҳдномаи никоҳро манъ кардааст. Мавридҳое ҳаст, ки шаҳрвандоне, ки нияти издивоҷ карданро доранд вале моликияташон дар сатҳи паст ва миёна қарор дорад, аҳдномаи никоҳро намебанданд. Дар аҳдномаи никоҳ агар масъалаи тарбияи кӯдак ва бо кадоме аз волидон зиндагӣ кардани кӯдак баррасӣ шавад, аҳднома ин қисматро ба гардани ҳуқуқи гражданӣ мепартояд. Дар асоси даъвои зан ё шавҳар суд метавонад аҳдномаи никоҳро беэътибор донад. Агар аз рӯи ҳалномаи суд яке аз тарафҳо шикояти касатсионӣ накунанд.

Дар ҳолатҳои зерин аҳднома катъ мегардад:

— дар ҳолати ба мувофиқа нарасидани зану шавҳар;

— агар аҳдномаро яке аз тарафҳор вайрон кунад;

— агар яке аз тарафҳо аз аҳднома даст кашад ба фоидаи тарафи дигар;

— муҳлати амали аҳднома гузашта бошад;

— агар яке аз тарафҳо ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд ва агар суд онро қонеъ гардонад;

— агар никоҳ катъ гардонида шавад;

— агар зан ё шавҳар ва ё ҳарду якҷоя фавтанд ва ғайра.

Ҳамин тариқ, дар замони ҳозира бастани аҳдномаи никоҳ хеле зарур аст. Чунки ҳал кардани масъалаҳои оилавӣ корест басо мушкил. Аҳдномаи никоҳ имконият медиҳад, ки зану шавҳар мустақилона молу мулки худро саришта кунанд.


[1] Маҳмудов М.А.Қонун- кафолати осоиши ҷомеа.Душанбе, 2006, С. 208-209.[2] Маҳмудов М.А. Қонун – кафолати осоиши ҷомеа. Душанбе, 2006, С. 215.
576
Нет комментариев. Ваш будет первым!