Таъмини ҳуқуқии рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ
1. Танзими ҳуқуқии рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол 2. Мафҳуми мавқеи ҳукмфармоӣ 3. Мафҳум ва намудҳои фаъолияти инҳисорӣ 4. Мафҳум ва шаклҳои рақобати бевиҷдонона 5. Танзими ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ |
- Танзими ҳуқуқии рақобат ва маҳдуд кардани
фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол
Рақобат талошу мусобиқаи субъектҳои хоҷагидорест, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» мод.3).
Рақобат аз нуқтаи назари иқтисодӣ шакли рақобати (мутақобилаи) субъектҳои иқтисодӣ барои ноил гаштан ба шароити беҳтари истеҳсолӣ, барои зиёдтар фоида ба даст овардан аст.
Давлат сиёсати рақобати бовиҷдонона ва маҳдуд кардани самарабахшии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва равияи иҷтимоии онро дастгирӣ менамояд. Механизми рақобат қисми таркибии механизми иқтисодии идораи фаъолияти корхонаҳо буда, бо меъёрҳои муҳити бозаргонӣ, стратегияҳои рақобатӣ, механизми нархи бозорӣ, ҷараёни ривоҷи талаботу дастуруламал муайян карда мешавад[1].
Санади танзимкунанда (мураттабгардони)-и ҳуқуқии қонунгузории зиддиинҳисорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» аз 29 ноябри соли 2000 № 198 мебошад.
Қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии пешгирӣ, маҳдуд кардан ва барҳам додани фаъолияти инҳисорӣ (монополистӣ) ва рақобати бевиҷдононаро муайян менамояд ва барои фароҳам овардани шароити кору фаъолияти самарабахши бозорҳои мол равона гардидааст.
Амали қонун дар бораи рақобат муносибатҳоеро дар бар мегирад, ки ба рақобати бозори моли Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд. Дар ин муносибатҳо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҷумла мақомоти идораи хориҷӣ, давлатӣ, ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо иштирок менамоянд. Қонун дар мавридҳое низ татбиқ мегардад, ки амалу созишномаҳои мувофиқан ё аз ҷониби ин ашхос ва мақомот берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир ё басташаванда ба маҳдуд кардани рақобат оварда мерасонанд ё худ боиси дигар оқибатҳои манфӣ дар бозорҳои моли Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд.
Қонуни мазкур муносибатҳоеро дар бар мегирад, ки бо объектҳои моликияти зеҳнӣ вобастаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки созишномаҳои бо истифодаи онҳо алоқаманд ба маҳдудкунии рақобат равона карда шудаанд.
Бозорҳои моле, ки дар шароити инҳисороти (монополияҳои) табиӣ фаъолият мекунанд, бо қонунгузории махсус ва пеш аз ҳама бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» танзим гардонида мешаванд.
- Мафҳуми мавқеи ҳукмфармоӣ
Мавқеи ҳукмфармоӣ – мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор дар бозор. Имконият пеш меояд, ки ба шароити муомилоти мол (нарх, сифат, хелҳои он ва ғайра) таъсири ҳалкунанда расонида, ба бозор роҳ ёфтани рақибон душвор гардонида шавад.
Мафҳуми «мавқеи ҳукмфармои субъекти хоҷагидор» дар қонуни зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми асосӣ мебошад. Ин мафҳум таъбиру тафсири ҳуқуқии зуҳуроти бағоят мураккаби иқтисодӣ, аз ҷумла имконияти вобаста ба мавқеи дар бозор ишғолнамудаи ин ташкилот ба шароити муносибатҳои рақобатӣ таъсир расонидани субъект мебошад. Суиистеъмоли мавқеи ҳукмфармо ҳоло аз паҳншудатарин вайронкунии қонуни зиддиинҳисорӣ гаштааст. Ҳатто дар назари аввал маълум аст, ки ин категорияро бо ёрии меъёрҳои ҳуқуқӣ таъбир кардан басо мураккаб мебошад. Мафҳуми мавқеи ҳукмфармоӣ, ки дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» зикр ёфтааст, яке аз усулҳои имконпазири арзёбии ин зуҳуротро муайян менамояд.
Мавқеи ҳукмфармоӣ мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор дар бозори моле, ки ивазкунанда ё молҳои баҳамивазшаванда (минбаъд- моли муайян) надорад, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонад ё дохил шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонад.
Мавқеи ҳукмфармоӣ инчунин мавқеи субъекти хоҷагидоре шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян панҷоҳ фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад, ғайр аз ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор исбот кунад, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишондодашуда мавқеи он дар бозор ҳукмфармо намебошад.
Мавқеи субъекти хоҷагидор дар сурате низ мавқеи ҳукмфармоӣ шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз панҷоҳ фоиз камро ташкил диҳад, агар ин ҷиҳат аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси устувории ҳиссаи субъекти хоҷагидор дар бозор, андозаи нисбии ҳиссаи ба рақобаткунандагон тааллуқдошта ва (ё) имконияти дар бозор дохил гардидани рақибони нав ё дигар меъёри бозори молиро тавсифкунанда, муқаррар гардида бошад. Мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор дар ҳолате эътироф намешавад, ки агар ҳаҷми маҳсулот дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз зиёд набошад[2] ( ба гайр аз холатхое, ки дар Конун пешбинӣ гардидааст).
- Мафҳум ва намудҳои фаъолияти инҳисорӣ
Фаъолияти инҳисорӣ- дар бозорҳои мол аз мавқеи ҳукмфармоии худ сӯиистифода кардани субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), бастани созишнома ё иҷрои амалҳои мувофиқашудае мебошад, ки бо қонунгузории зиддиинҳисорӣ манъ карда шудаанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» мод.3).
Фаъолияти инҳисорӣ қонуншиканист ва мисли ҳар қонуншиканӣ, объект, тарафи объективӣ, субъект ва тарафи субъективӣ дорад. Ин гуна фаъолиятро хилофи рақобат донистан зарур аст. Мақсади ниҳоии он аз фаъолияти соҳибкорӣ ҳарчӣ бештар фоида гирифтан мебошад.
Намудҳои фаъолияти инҳисориро вобаста бо ҳайати субъектии иштирокчиёнаш муайян кардан мумкин аст. Дар ин сурат фаъолияти инҳисории субъектҳои хоҷагидор ва ҳамчунин мақомоти идораи давлатӣ, ҳокимияти иҷроияи маҳаллиро махсус таъкид кардан зарур аст.
Фаъолияти инҳисории субъектҳои хоҷагидор вобаста ба шумораи иштироккунандагонаш метавонад инфиродӣ ва дастаҷамъӣ бошад.
Фаъолияти инҳисории инфиродӣ – дар назар мавқеи ҳукмфармоии худро суиистеъмол кардани субъекти хоҷагидорист. Суиистифода дар амалҳои зайл зуҳур ёфта метавонад:
- аз муомилот гирифтани молҳо, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгирӣ намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;
- ба зиммаи аҳли шартнома гузоштани талаботе, ки барояш муфид нест ва ба мавзӯи шартнома (беасос додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқи амволӣ, қуваи корӣ, ризоияти бастани шартнома фақат бо шарти ба он илова кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки аҳли шартнома, аз ҷумла истеъмолкунанда ба онҳо ҳавасманд нест ва ғайра) дахл надорад;
- ба шартнома дохил намудани шартҳои табъизӣ, ки аҳли шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;
- монеият кардан ба субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми дохил шудан ба бозор (баромадан аз бозор);
- вайрон кардани қоидаи нархгузорӣ, ки дар асоси санади меъёрӣ муқаррар шудааст;
- муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;
- ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифаҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;
- -фароҳам овардани шароити табъизӣ (дискриминатсионӣ);
- беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онҳоро фармудаанд агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;
- беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (супоришдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад ( мод.4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»).
Бояд дар назар дошт, ки ин номгӯи амалҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, ки ҳамчун риоя нагардидани қонунгузории зиддиинҳисорӣ арзёбӣ мешавад, пурра нест.
Дар қонун пешбинӣ шудааст, ки ин амалҳо (беамалӣ) ба шарте ҷоизу раво буда метавонанд, ки агар субъекти хоҷагидор исбот намояд, ки самараи мусбати онҳо, аз ҷумла дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, аз оқибати манфии моли мавриди баррасӣ бештар хоҳад буд.
Фаъолияти инҳисории дастаҷамъӣ дар шакли созишномаҳои (амалҳои мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидори маҳдудкунандаи рақобат зоҳир меёбад. Созишномаҳо вобаста ба ҳайати субъективиашон ду намуд мешаванд:
Намуди якум созишномаҳои (амалҳои мувофиқашудаи) субъектҳои рақобаткунандаеро дар бар мегирад, ки дар бозори моли муайян дар маҷмӯъ беш аз 35 фоиз саҳм доранд. Ин созишномаҳо (ё амалҳои мувофиқашуда) ба ин амалҳо равона шуда метавонанд:
- муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифаҳо), тахфиф, изофапулӣ (иловапулӣ), нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё ҳама гуна амалҳои дигар;
- баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нарх дар музоядаҳо ва савдо;
- дар хусуси муштарак ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, тақсими бозор тибқи аломатҳои ҳудудӣ, оид ба ҳаҷми фурӯш ё харид мутобиқи навъҳои молҳои фурӯхташаванда ё вобаста ба доираи фурӯшандаҳо ё харидорон (фармоишгарон);
- маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;
- маҳдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилооти ҳолати бозор маҳрум намудани субъектҳои хоҷагидор;
- шартнома набастан бо фурӯшандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;
- ба зиммаи аҳли шартнома вогузоштани талаботе, ки барояш судманд ва ба мавзӯи шартнома алоқаманд намебошад (талаби беасоси додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқҳои амволӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки аҳли шартнома ба онҳо ҳавасманд нест ва ғайра);
- барои харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифаҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;
- ихтисор ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ ё фармоиш вуҷуд дорад, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо;
- муҳайё сохтани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиҳодияҳои касбӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ки метавонад боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат гардад.
Намуди дуюм созишномаҳои субъектҳои хоҷагидори рақобатнакунандаро дар бар мегирад, ки яке аз онҳо мавқеи ҳукмфармоӣ дорад, вале дигараш молфиристонандаи ӯ ё харидор (фармоишгар) мебошад.
Ғайр аз ин, ба иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо ё ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор ҳамоҳанг сохтани фаъолияти соҳибкории шахсони ҳуқуқӣ, ки рақобатро маҳдуд кардааст ё маҳдуд карда метавонад, манъ аст.
- Мафҳум ва шаклҳои рақобати бевиҷдонона
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ мақсади дар бозори мол таъмин кардани шароити мусоидро гузошта, на танҳо меъёрҳоеро, ки ба роҳ надодан ва маҳдуд гардонидани фаъолияти инҳисорӣ ҳамчун хилофи рақобат нигаронида шудаанд, балки меъёрҳоеро низ пешбинӣ мекунад, ки бояд соҳибкорро аз рақобати бевиҷдонона ҳимоя намояд.
Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» рақобати бевиҷдонона ҳама гуна амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва метавонанд ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ- рақибон зарар расонад ё расонидааст ё обрӯи кории онҳоро паст мегардонад.
Таҳлили таърифи қонунгузорӣ имконият медиҳад аломату нишонаҳои зерини рақобати бевиҷдонона ошкор карда шаванд:
- рақобати бевиҷдонона, бар хилофи фаъолияти инҳисорӣ, метавонад фақат бо корубори фаъолона амалӣ шавад; имконияти корубори беғайратона дар шакли беамалӣ пешбинӣ нашудааст;
- агар амалҳо на танҳо хилофи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ, балки хилофи анъанаҳои муомилоти корӣ (тиҷоратӣ), талаботи ҳалолкорӣ, дурандешӣ, адолатнокӣ бошанд, онҳо чун қонуншиканӣ дониста мешаванд;
- субъекти рақобати бевиҷдонона метавонанд танҳо субъектҳои хоҷагидор, яъне шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷие, ки бо истеҳсол ва хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ сарукор доранд, иттиҳодияҳои онҳо, инчунин шахсоне буда метавонанд, ки бе ташкили шахси ҳуқуқӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд;
- мақсад аз амалҳои фаъолонаи субъектҳои рақобати бевиҷдонона бартарият ба даст овардан дар фаъолияти соҳибкорӣ мебошад (Ёдовар мешавем, ки мақсад аз фаъолияти инҳисорӣ роҳ надодан ба рақобат, маҳдуд кардан ё барҳам додани он аст)[3].
Амалҳое, ки таърифи рақобати бевиҷдонона ба онҳо дахл дорад, бағоят гуногунанд. Дар қонун зуҳуроти хоси қонуншикании ин намуд зикр ёфтааст:
- паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ ё таҳрифшуда, ки боиси зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегарданд ё обрӯи кориашонро паст мегардонад;
- ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оид ба хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолию сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад:
- -муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи як субъекти хоҷагидор бо субъектҳои хоҷагидори дигар (аз ҷумла дар ҷараёни тарғибу ташвиқ);
- гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзгардида;
- истифодаи худсаронаи аломатҳои мол, номи фирмавӣ ё нишонгузорӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди моли субъекти хоҷагидори дигар, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созанд;
- дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ кашидану моил сохтани онҳо ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ;
- ҳама гуна амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро хеле маҳдуд кунад.
Бояд дар назар дошт, ки ин рӯйхат пурра нест. Дар ҳар ҳолати мушаххас мақоми зиддиинҳисорӣ зимни арзёбии амали субъект бояд қоидаву таърифи умумии мафҳуми «рақобати бевиҷдон»-ро ба асос гирад.
- Танзими ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ
Рақобати бовичдонона яке аз шартҳои асосии мавҷудияти бозори мол аст. Аммо дар баъзе соҳаҳо рақобат имконнопазир ва камсамар мебошад. Дар ин маврид аз инҳисори табиӣ сухан меравад.
Инҳисори табиӣ – ҳолати бозори мол (кору хизматрасонӣ) буда, дар шароити он қонеъ гардонидани талабот дар ин бозор дар сурати набудани рақобат ба сабаби хусусиятҳои технологии истеҳсолот ба муносибати хеле кам кардани хароҷоти истеҳсолот ба воҳиди мол (кору хизматрасонӣ) ба қадри афзоиши ҳаҷми истеҳсолот самарабахш аст. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисори табиӣ», мод 1).
Хусусияти фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ, ки бо набудани рақобат дар ин соҳа алоқаманд аст, ба ин субъектҳо таваҷҷӯҳи бештар доштани давлатро муқаррар мекунад. Вазифаи давлат аз ҳосил шудани тавозуни (баробар кардани) манфиатҳои истеъмолкунандагон ва субъектҳои инҳисори табиие иборат мебошад, ки моли (кору хизматрасонии) фурӯхташавандаи худро дастраси истеъмолкунандагон гардонад ва кори самарабахши субъектҳои инҳисори табииро таъмин намояд.
Барои иҷрои ин вазифа қонуни махсус дар бораи инҳисори табиӣ қабул карда, мақомоти танзими фаъолияти онҳо таъсис дода шудаанд.
Муносибатҳое, ки дар бозори мол ба миён меоянд ва дар онҳо субъектҳои инҳисори табиӣ иштирок менамоянд, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисори табиӣ» танзим гардонида мешаванд.
Ҳамчунин ба назар гирифтан лозим аст, ки субъектҳои инҳисори табиӣ аслан аз рӯи мавқеи худ дар бозори мол ҳукмфармоӣ мекунанд ва манъиётҳои пешбиникардаи Қонун «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ба онҳо дахл дорад.
Субъекти инҳисори табиӣ фақат субъектҳои хоҷагидоре буда метавонанд, ки шахсони ҳуқуқианд ва бо истеҳсоли (фурӯши) мол (кору хизматрасонӣ) дар шароити инҳисори табиӣ сарукор доранд.
Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисори табиӣ» соҳаҳои зеринро дар бар мегирад:
- хизматрасонӣ оид ба истеҳсол ва интиқоли қувваи барқ ва гармӣ;
- хизматрасонӣ оид ба харид, ҳамлу нақл ва расонидани гази табиӣ ба воситаи қубурҳо;
- бору мусофиркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ;
- хизматрасонии терминалҳои нақлиёт ва фурудгоҳҳо;
- хизматрасонии оммавии алоқаи барқӣ ва почта;
- истеҳсоли маҳсулоти таъиноти мудофиавӣ.
Назорати риояи қонунгузории инҳисори табиӣ ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст[4].
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ низ пешбинӣ гардидааст:
- Танзими мақсаднок, ки бо муайян намудани нарх, тарифа ё ҳадди интиҳои онҳо амалӣ гардонида мешавад.
- Муайян кардани истеъмолкунандагоне, ки хизматашон бояд ҳатман ба ҷо оварда шавад ва муқаррар намудани ҳадди камтарини таъминоти онҳо дар сурати номумкинии пурра қонеъ гардонидани талаботи онҳо ба мол (кору хизматрасонӣ), ки субъекти инҳисори табиӣ бо назардошти зарурати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон амалӣ мегардонад (мефурӯшад).
Мақоми танзимкунандаи инҳисори табиӣ дар бораи татбиқи усулҳои танзим, ки дар қонун нисбати субъекти мушаххаси инҳисори табиӣ дар асоси таҳлили фаъолияти ӯ, бо назардошти он ки ин усулҳо дар баланд бардоштани сифати моли (кору хизматрасонии) истеҳсолшаванда (фурӯхташаванда) чӣ гуна нақши ҳавасмандгардонӣ мебозанд, қарор қабул мекунад. Дар ин маврид хароҷоти истеҳсолот, андоз ва дигар пардохтҳо, талабот ба сармоягузорӣ, фоидаи назардошт, аз ҷои истеҳсоли мол дур воқеъ гаштани гурӯҳҳои гуногуни истеъмолкунандагон, мутобиқати сифати моли (кору хизматрасонии) истеҳсолшаванда (фурӯхташаванда) ба талаботи истеъмолкунандагон, кӯмакпулиҳои давлат барин омилҳо ва дигар чораҳои дастгирии давлатӣ ба назар гирифта мешаванд.
Вазифаи мақомоти танзимкунандаи инҳисори табиӣ дар давоми сӣ рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма аз қарорҳои қабулкардаи онҳо, аз ҷумла, аз амалҳои зерин хабар додан аст:
- дар бораи қарорҳои қабулкардаи онҳо, ҷорӣ намудан, тағйир додан ё қатъ намудани танзимгардонии фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ;
- дар бораи ба феҳрист даровардани субъектҳои инҳисори табиӣ ё худ баровардан аз он;
- дар бораи усулҳои танзими фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ;
- дар бораи нишондиҳандаҳо ва талаботи мушаххасе, ки нисбати субъектҳои инҳисори табиӣ аз тарафи мақоми танзимкунандаи инҳисори табиӣ пешниҳод карда мешаванд;
- дар бораи тамоми ҳолатҳои барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шахсон.