Муҳити ҳуқуқии бизнеси инноватсионӣ
- Фаъолиятиинноватсионӣ ҳамчун предмети ба танзимдарории ҳуқуқ.
- Субъектисоҳибкори инноватсионӣ.
- Ташаккулёбииинфрасохтори инноватсионӣ.
1.Фаъолиятиинноватсионӣ ҳамчун предмети ба танзимдарории ҳуқуқ.
Фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун предмети батанзимдарории ҳуқуқ
асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳоиташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсиониро муайян ва муносибатҳоиҷамъиятиро дар ин соҳа танзим менамояд.
- фаъолияти инноватсионӣ – фаъолияте, ки ба таҳиява ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигардастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор даршакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаисамараноки ҷамъиятӣ равона кардашудааст;
- инноватсия – навоварӣ дар соҳаи техника,технология, кор,
хизматрасонӣ ё идоракунӣ буда, ба истифодаи комёбиҳоиилм ва технологияи пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ваҷамъиятӣ дорад;
- маҳсулоти инноватсионӣ – натиҷаи фаъолиятиинноватсионӣ, ки дар
шакли нави маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо,усули истеҳсолот ё натиҷаи дигари барои ҷамъият самаранокиаш баланд ё натиҷаи интиқоли маҳсулоту хизматрасониҳоимавҷуда, усулҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои дигари фоиданоки ҷамъиятӣ ифода меёбад;
- лоиҳаи инноватсионӣ – натиҷаи нерӯи зеҳниишахсони воқеӣ ва
ҳуқуқӣ, ки ба истифодаи ғояҳои нав мусоидат намуда, бо мақсади рушди илм ва ҷорӣнамудани технологияҳои муосир таҳиямегардад;
- иқтидори инноватсионӣ – маҷмӯи шаклҳои гуногунизахираҳои
зеҳнӣ, молиявӣ, истеҳсолию технологӣ, ҳуқуқӣ вағайра, ки барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ заруранд;
- сиёсати давлатии инноватсионӣ– фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки ба рушд, танзими давлатиифаъолияти инноватсионӣ, таҳияи механизм ва татбиқи он равона карда шудааст;
- стратегияи рушди инноватсионӣ – маҷмӯитадбирҳои идоракунии
давлат, ки асоси онро афзалиятҳои дарозмӯҳлат,мақсад ва вазифаҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилмедиҳанд;
- барномаи мақсадноки инноватсионӣ – маҷмӯичорабиниҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ,хоҷагидорӣ, таҳқиқотӣ, илмӣ, таҷрибавиюконструкторӣ ва ғайра, ки барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар мувофиқа бозахираҳо, иҷрокунандаҳо ва мӯҳлатҳои амалигардонии онҳо, ки ҳадафашон иҷроисамараноки масъалаҳои азхудкунӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои инноватсионӣмебошад, равона шудаанд;
- ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ – технопаркҳо,
технополисҳо, инкубаторҳои технологӣ,бизнес-инкубаторҳо, фондҳои венчурӣ, фондҳои инноватсионӣ ва дигар ташкилотҳо,ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун инфрасохтори инноватсионӣэътироф гардидаанд;
- фонди инноватсионӣ – шахси ҳуқуқие, кифаъолияти он мусоидат намудан ба рушди фаъолияти инноватсионӣ тавассути маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ ваинфрасохторӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо дар соҳаи инноватсия мебошад;
- фонди венчурӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти онба андӯхтани воситаҳои молиявӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои инноватсионии таваккали баланддошта ва технологияи аълосифати аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокравона гардидааст.
ҚонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти
инноватсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонунимазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқиибайналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолиятиинноватсиониро амалӣ менамоянд; –соҳибмулкони объектҳои моликияти зеҳние, ки дар татбиқи фаъолияти инноватсионӣиштирок менамоянд;
- сармоягузороне, ки фаъолияти инноватсиониросармоягузорӣ менамоянд;
- ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ;
- мақомоти давлатӣ, ки дар ҳамоҳангсозӣ ватанзими фаъолияти инноватсионӣ иштирок мекунанд.
Ба объектҳои фаъолияти инноватсионӣ дохилмешаванд:
- маҳсулоти инноватсионӣ;
- дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки дороииттилооти нав ва самарабахши техникӣ мебошанд;
- объектҳои ҳуқуқи истисноие, ки бо офариданимаҳсулоти инноватсионӣ алоқаманд мебошанд;
- лоиҳаҳои инноватсионӣ ва сармоягузорӣ,барномаҳо, кору хизматрасонӣ, ки бо офаридан, истифода ва паҳн намудани маҳсулоти инноватсионӣ алоқамандмебошанд;
- дороиҳои молиявӣ ва коғазҳои қиматнокиташкилотҳои инноватсионӣ.
Ба фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:
- ҷорӣ намудани ғояҳо ва дастовардҳои нави илмӣдар сохтори идоракунии давлатӣ;
- иҷро ва хизматрасонии корҳои илмию таҳқиқотӣ,лоиҳавӣ, кашшофӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, ки барои ба дастовардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, усули нав ё такмилдодашудаи корухизматрасониҳо, ҷараёни технологии нав ё такмилдодашудае, ки дар гардишииқтисодӣ татбиқ мегарданд, равона шудаанд;
- ташкили бозори фурӯши маҳсулот (корухизматрасониҳо)-и инноватсионӣ;
- азнавҷиҳозонии технологӣ ва омодасозииистеҳсолот;
- гузаронидани озмоишҳо бо мақсадисертификатсиякунонӣ ва стандартонии ҷараёнҳои нави технологӣ, маҳсулот (корухизматрасониҳо);
- истеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и нав ё такмилдодашуда ва ё мавриди истифодақарор додани технологияи нав ё такмилдодашуда дар марҳилаи ибтидоӣ то анҷомимӯҳлати меъёрии талофияти лоиҳаи инноватсионӣ;
- ташкил ва рушди инфрасохтори инноватсионӣ;
- тарғиби натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ ва паҳн намудани инноватсия; – ҳифз кардан, вогузоштан ва ба даст оварданиҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ (аз ҷумла ба дастовардҳои илмӣ, илмии техникӣва технологие, ки пурра ошкор нагардидаанд) бо мақсади азхудкунӣ ва татбиқионҳо;
- дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънакардааст.
Ҳудуди фаъолияти инноватсионӣ дармарҳилаи ҳозира бо тадриҷ дар
соҳаи соҳибкорӣ фаъолона ташаккул ёфта, паҳнмегардад, ҳамчунин ба тариқи сохтори соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолоташ васеъистифода мегардад, ин ҳолатро дар соҳибкории хурд низ дида мешавад. Бафаъолияти инноватсионӣ метавон як қатор корҳои илмӣ-техникӣ ва воситагиро дохилнамуд, ки он дар хоҷагии халқ ҳамаррӯза амалӣ мегардад:
- ташкилот ҷойгир кардан муайян кардани тиражихтироъ кардан, «ноу-хау», тайёр кардани корҳои илмӣ-техникӣ, ҳамчунин сохтанинамунаҳои таҷрибавӣ, гузаронидани санҷишҳо, тайёр кардан ва супурданитехнологияҳо ва ҳуҷҷатҳои илмӣ-техникӣ, тайёр кардани истеҳсолот, гузарониданитадқиқотҳои патентӣ, корҳои дизайнерӣ;
- ҳалли масъалаҳои ташкилии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ вароҳбарӣ, ки бо истеҳсолоти баланд вобаста аст, тарзи сарфакорона истифодаизахираҳои энергетики ва маҳсулот, беҳтар кунонидани таъминнокии аҳоли бо молумаҳсулот ва хизматрасони ва бо баланд бардоштани бехатарии экологӣ;
- тайёр кардан ва баланд бардоштани сатҳи дараҷаиихтисоси кадрҳо дар соҳаҳои фаъолияти зеҳнӣ, технологияҳои нав, сохторҳои бозорӣ;
-бурдани кор дар соҳаҳои инкишофи технологияҳоимаълумотдиҳӣ ва маҳсулот;
-бурдани муносибатҳои байналмилалииилми-техники;
-тарѓибот оид ба муваффақияти илм ва техника;
Дар маҷмӯъ ҳамаи ин самтҳои қайдгардида бо фаъолияти
инноватсиони вобастагии зич дорад. Лекин дарбаробари ин дар мавриди амиқ бо ҳамаи онҳо шинос шудан бояд ба як ҳолат диқатимахсус дод, ки аз ҳар яки он бояд самти фаъолияти инноватсионӣ ҷудо кардашавад, ки маҳз ҳамин дарки фаъолияти инноватсиони аз соҳаҳои илми – тадқиқотива корҳои таҷрибавиконструктори куллан фарқ карда мешавад, зеро танҳо илми ҳуқуқибизнеси инноватсиони баёнгари равиши истифодабарии навовариҳо буда, бо мақсади ба даст овардани фоида яке аз амалҳоимуҳими ҳар як субъекти соҳибкори ба ҳисоб меравад. Ба сифати маҳсулотиинноватсионии мазкур метавонад ихтироотҳои нав баромад кунад ба монанди мол,технологияҳо, механизмҳои идоракунӣ, ки маҳсули фаъолияти инноватсионӣ мебошад.Аз ҳамаи ин ҳолатҳо бар меояд, ки фаъолияти инноватсионӣ ин фаъолияти эҷодибуда, бо роҳҳои гуногун дар бозор ба амал меояд.
4. Субъекти соҳибкори инноватсионӣ
Ба субъектҳои соҳибкори инноватсионӣ соҳибкорониинфиродӣ ва ҳама гуна ташкилот сарфи назар аз шакли моликият дохил мешаванд, кифаъолияти инноватсиониро амалӣ менамоянд. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣинкишофи соҳибкории инноватсионӣ аз талаботу эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон баинноватсия, мавҷудияти имкониятҳои ташаккулёфтаи илмӣ-техникии иқтисодиёти миллӣ,амали фирмаҳои венчурӣ ва сармоягузороне, ки фаъолияти инноватсиониитаваккалнокро маблаѓгузорӣ менамоянд, вобастагии зич дорад.
Аввалин корхона ва ташкилотҳои инноватсионӣ дарқаламрави Тоҷикистон дар чунин шаклҳои ба монанди марказҳои эҷодиёти илмӣтехникииҷавонон, иттиҳодияи ихтироъкорон, ҷамъиятҳои илмӣ-техникӣ ва кооперативҳоиилми-техникӣ мавҷуд буданд. Ин корхонаю ташкилотҳо заминаи моддӣ-техникӣ,захираи илмӣ ва кадрии институтҳои давлатии илмӣ-тадқиқотиро истифода мебурданд.Дар натиҷаи бад шудани вазъияти иқтисодӣ ва паст шудани талаботи инноватсиониаксарияти корхонаю ташкилотҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машѓул буданд,фаъолияти худро қатъ намуданд ё самти фаъолияти худашонро таѓйир доданд.
Функсияи асосӣ ва муҳимтарини корхонаҳоиинноватсионӣ ин амалӣ намудани фаъолияти миёнаравӣ дар байни соҳаҳои илмӣ-техникӣва истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Корхонаҳои инноватсионӣ ба ѓайр аз бурдарасонидани маҳсулот ва натиҷаи фаъолиятиилми-техникӣ то ҳолате, ки имконият медиҳад, он барои соҳаи истеҳсолот истифодабурда шавад, инчунин ба ҷустуҷӯи ҳамкори тиҷоратие, ки қобилияти татбиқи маҳсулотиинноватсиониро барои истеҳсолоти оммавӣ дорад, машѓул мешуданд. Корхонаиинноватсионӣ ҳамчун субъектҳои хоҷагидории мустақил ҷудо карда мешаванд, агаркору фаъолияти онҳо имконият диҳад, хароҷотҳо ихтисор карда шаванд, ки институтҳоиилмӣ-техникӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ноилоҷ ба зимма дошта, бо офаридани маҳсулотиинноватсионӣ ва ё бурда расонидани навовариҳои илмӣ-техникӣ то имконияти истифодабариитиҷоратии онҳо алоқаманд мебошад.
Соҳибкории инноватсионӣ намуди бисёрҷабҳаифаъолияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ба сифати соҳибкор шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиебаромад менамоянд, ки намудҳои зерини фаъолияти ташаббускоронаи бо давраитакрористеҳсолкунии маҳсулоти инноватсионӣ алоқамандбударо, амалӣ мегардонанд:
- офариданимаҳсулоти инноватсионӣ (махсусан соҳибкории инноватсионӣ);
- иҷроифунксияҳои миёнаравӣ (расонидани хизматрасоние, ки бо пешниҳоди маҳсулотиинноватсионӣ ва интиқоли он аз истеҳсолкунандаи бевосита ба истеъмолкунанда алоқмандмебошад);
- амалӣнамудани функсияҳо дар соҳаи молиявӣ барои таъмини фаъолияти инноватсионӣ.
Намудҳои мазкури фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаииноватсия нисбатан мустақил буда, дар баробари ин, якдигарро пурра менамоянд,гарчанде ки мумкин аст, аз рӯи шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ, аз рӯи мазмуни амалиётҳова тарзҳои амалигардонии онҳо аз якдигар фарқ намоянд. Интихоби шакли корхонаииноватсионӣ аз соҳаи фаъолият, мавҷудияти маблаѓҳои пулӣ, ҳайати муассисон вадигар шартҳои пешбурди соҳибкории иноватсионӣ вобастагӣ дорад.
Ба ѓайраз таснифҳои гуногун, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистоншаклҳои хурд, миёна ва калони корхонаи иноватсионӣ фарқ карда мешаванд. Соҳибкориихурд дар соҳаи иноватсия аз рӯи шакл хеле паҳншудатарин ва инкишофёфта ба ҳисобмеравад. Асоси соҳибкории инноватсиониро, хусусан фирмаҳои хурди инноватсионӣ,ки лидери технологӣ дар соҳаҳои навтавлидёфтаи иқтисодиёт ба ҳисоб рафта,сегментҳои нави бозорро кушода, истеҳсолоти навро ба вуҷуд меорад ва боиси рақобатпазиргардидани истеҳсолот гашта, ҳамзамон ба ташаккули тарзи нави технологӣ мусоидатменамояд.
Ба ҷиҳатҳоимусбати корхонаҳои хурди инноватсионӣ инҳо мансубанд:
- қабулифаврии қарорҳои идоракунӣ, ки имконият медиҳад, давомнокии даври инноватсионӣ ихтисор карда шавад;
- дараҷаипасти хароҷотҳои борхатҳо, ба шарофати алоқаи бевосита ва ҳайати кормандон бо онҳо;
- мавҷуднабудани расмиётҳои бюрократӣ дар ташкил дар намуди низоми идоракунии сатҳиикорхона;
Ба муассисони корхонаҳои хурди инноватсионӣ ҳавасмандкунонии баланди фаъолияти соҳибкорӣ,сарфи назар аз ҷавобгарии фардӣ барои муваффиқияти он дар шароити таваккали тиҷоратӣ, хос мебошад.
Ба ҳавасмандгардонии соҳибкории инноватсионӣ метавон мансуб донист:
- имкониятиамалӣ намудани лоиҳаҳои эҷодии шахсӣ;
- дараҷаибаланди мустақилият ва озодӣ дар қабули қарорҳо;
- тасдиқкунии эътибори баланди корӣ ва эътирофи эҷодиимуваффиқият дар соҳаи инноватсия ва ѓайраҳо.
Фаъолияти инноватсионӣ ин имконияти ягона бароисоҳибкоре, ки дорои фирмаи на он қадаркалон буда, мавқеи худро баланд бардорад ва ташкилоти бузургтарро таъсис диҳад.Аз сабаби маҳдуд будани тамоми намуди захираҳо соҳибкории хурд дар коркард ваистифодабарии суръатноки технологияҳои нав, истеҳсолоти маҳсулоти нав, бурдарасонидани навоварӣ (инноватсия) то давраи намунаи саноатӣ манфиатдор мебошад,ки дар асоси шартҳои имтиёзноки тиҷоратӣ барои истифодабарӣ ба корхонаюташкилотҳои бузурги тиҷоратӣ супорида мешаванд.
Аксарияти мутахассисон соҳибкорииинноватсиониро бо қобилияти пешбурди инноватсия тавассути соҳибкориитаваккалнок алоқаманд менамоянд. Ба субъектони асосии соҳибкории инноватсионӣбошад, фирмаҳои тавакалноки хурд, ки қобилияти амалӣ гардонидани навовариҳои ҷалбнокитиҷоратиро доранд ва дар ин асос фоида ба даст меоранд, дохил мешаванд. Аммодар баробари шаклҳои хурди соҳибкории инноватсионӣ (ба сифати намояндагонимаъмули шакли мазкур корхонаҳои венчурӣ мансубанд, ки барои санҷиш(апробатсия), коркард ва бурда расонидан то амалишавии саноатии навоварии таваккалноктаъсис дода мешаванд), инчунин шаклҳои ташкилии миёна ва калони соҳибкорииинноватсионӣ амал менамоянд.
Шаклҳои хурд ва миёнаи корхонаҳои саноатӣметавонанд дар шакли ташкилотҳои зерин мавҷуд бошанд:
- марказҳоикорӣ (бизнес-инкубатор), ба тараққиёти соҳибкории якҷоя ва таъмини идоракунӣ,инчунин хизматрасонии корхонаҳои хурд мусоидат менамояд;
- фирмаҳоиҷорикунанда, ки ба ҷорикунӣ, патенткунонӣ, иҷозатномагирӣ, воридкунии навовариҳова объектҳои фаъолияти инноватсионӣ ба бозори илмӣ-техникӣ, бурда расониданиихтироот барои истифодабарии тиҷоратӣ ва фурӯши он тибқи шартномаи литсензионӣмашѓуланд.
Дар тафовут аз шаклҳои дар боло номбаршудаи соҳибкорииинноватсионӣ, фирмаҳои венчурӣ (таваккалнок) сохторҳои муваққатӣ ба ҳисобрафта, барои ба даст овардани маҳсулотиинноватсионии мушаххаси ниҳоӣ ташкил карда мешаванд. Корхонаҳои хурдиинноватсионӣ дар муқоиса бо субъектҳои калони монанд имкониятҳои баланд бароиба даст овардани фоидаи соҳибкориро доранд:
- истифодабариистратегияе, ки ба доираи хурди бозорҳо равона карда шудааст;
- мавҷуднабудани рақобати қатъӣ ва монеаҳои мурракаб дар бозор; – камхарҷ будани истеҳсолотва пешниҳоди он ба бозор; – имконияти робитаҳои бевосита бо истеъмолкунанда.
Асоси ҳуқуқифаъолияти соҳибкории хурд ва миёнаро ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон» ташкил медиҳад.