Нақши соҳибкории хурду миёна ва калон дар амалигардонии инноватсия
Сектори академӣ ва донишгоҳӣ, ҳамчун қоида, нақши пешбарандаро дар давараи коркардҳои илмӣ мебозад. Аҳамияти муҳимро дар ин марҳила давраҳои инноватсияи соҳибкории хурд доро мебошад. Дар давраи истеҳсолоти таҷрибавӣ, маркетинг ва фурӯш нақши пешбаранда ба соҳибкории миқёси гуногун мегузарад, аммо ба сифати нақши афзалиятнок ба соҳибкории хурд тааллуқ дорад. Ӯ ба таври муваффаққиятнок бо соҳибкории калон рақобат менамояд, дар баробари ин, аз афзалиятнокии суръатнокӣ ва чандирӣ, инчунин стратегияи пуркунии сатҳҳои поёнӣ истифода мебарад.
Азбаски истеҳсолот ва омезиши навоварӣ захираҳои муайяни истеҳсолӣ, технологӣ ва иттилоотиро талаб мекунад, бинобар ин, одатан ин марҳилаи муҳими инноватсия ҳамчун сарҳади фаъолнокии соҳибкории миёна ва калон баромад менамояд. Ин ҳолат нақши соҳибкории хурдро паст намекунад, балки да ҳамаи давраҳои амалигардонии инноватсия корхонаҳои хурд ва миёна метавонанд субпудратчии фирмаҳои калон бошад, инчунин функсияҳои таъмин ва хизматрасонии соҳибкории калонро иҷро намоянд.
Ҳамин тавр, тақсимоти меҳнат дар байни соҳибкории хурд ва калон бо фарқият дар хароҷотҳо дар марҳилаҳои гуногуни муҳими инноватсия алоқаманд мебошад. Дар марҳилаи аввал – аз ҷустуҷӯи ѓояҳо то барориши навоварӣ ба бозор, дар ҳолате, ки захираҳои калони моддӣ ва кадрӣ талаб карда намешавад, корхонаҳои хурд бартарӣ доранд. Дар баробари ин, аз рӯи маълумотҳхои интишоршуда, хароҷотҳои онҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои монанд, нисбат ба корхонаҳои калон камтар мебошад. Бинобар ҳамин ҳам, корхонаҳои хурд ба давраи барориши навоварӣ ба бозор муттамарказ мешаванд, корхонаҳои калон бошад, ба истеҳсолоти силсилавӣ машѓуланд.
Барои корхонаҳои калон нисбат ба корхонаҳои хурд азхудкунии молҳои нав таваккали хеле калонро ба вуҷуд меорад, зеро ки ин ҳолат захираҳоро аз моли кӯҳнае, ки дар бозор аз худ карда шудаанд, бозмедорад ва метавонад боиси поён фаромадани нарх гардад. Барои соҳибкории хурд стратегияи инноватсионӣ роҳи асосии баландбардории рақобатпазирӣ дар шароити нархҳои инҳисорӣ ва андозаи калони истеҳсолот ва фурӯш, ки барои фирмаҳои калон хос мебошад, мегардад. Бинобар ин, дар соҳаҳои ҷавон барои дастгирии суръати баланди тараққиёт бояд корхонаҳои хурд ва аз нав таъсисдодашуда бартарӣ дошта бошад. Ин имконият медиҳад, ки заминаро барои вобастагии мутақобила ва пурракунии якдигари соҳибкории хурд ва калон ба вуҷуд орад. Ба сифати шаклҳои ҳамкории онҳо намудҳои мухталифи иттифоқҳои байнифирмавӣ баромад менамоянд:
- Консорсиумҳо маблаѓгузории якҷоя, таҳияи технологияҳо ва стандартҳоро пешбинӣ менамояд. Натиҷаҳои тадқиқот дар байни иштирокчиён барои истифодабарии мустақилонаи минбаъдаи онҳо паҳн карда мешаванд Ба сифати намудҳои мухталифи консорсиумҳо баромад менамоянд: а) консорсиум бо ҳайати доимӣ, марказҳо ва озмоишгоҳҳои илмии хусусӣ; б) консорсиумҳои корпоративӣ-донишгоҳӣ (корпоратсияҳо маблаѓгузорӣ менамоянд, донишгоҳҳо бошанд, дар навбати худ корҳои илмӣ-тадқиқотиро анҷом медиҳанд).
- Корхонаҳои муштарак барои таҳияи якҷояи технологияҳо, истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти нав таъсис дода мешаванд. Ишѓоли соҳаҳои истеҳсолот ва маркетинг имконият медиҳад, ки рақобатро дар давраи фурӯш паст намояд. Дар мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда аз 1/3 то 1/4 созишномаҳоро ташкил медиҳад.
Ба ѓайр аз иттифоқҳои мазкур, инчунин ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ мавҷуданд, ки иттиҳоди соҳибкории соҳавӣ ба ҳисоб рафта, мақсади ҳимоя ва намояндагӣ намудани манфиатҳои соҳибкории инноватсиониро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва меъёрӣ-ҳуқуқӣ доранд.
2. Таркиби корхонаҳои инноватсионӣ
Ташкилоти инноватсионӣ бояд дорои низоми дохилӣ бошад, ки ба шароити рақобати бозорӣ хеле мутобиқ аст (расми 5.3).
Расми 5.3. Таркиби ташкилоти инноватсионӣ