Тартиби ифтитоҳ ва бақайдгирии бонкҳо

Тартиби ифтитоҳ ва бақайдгирии бонкҳо, ташкилотҳои кредитӣ, молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд, инчунин радкунӣ барои бақайдгирии давлатӣ

3.1Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ.

Намудҳои иҷозатнома

Қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданиро ба зимма дошта бошанд, инчунин бо ҳар гуна фаъолияте, ки қонунгузории амалкунанда манъ накардааст машғул шаванд ва мақсадҳои худро ба амал бароваранд яъне дорои қобилияти ҳуқуқдории умумӣ мебошанд (КГ ҶТ мод.49).<sup/> Иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ), аз як тараф, як намуди назорати давлатӣ мебошад, ки ба таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат ва ҳамчунин ба муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии бозори ягона равона гардидааст, аз тарафи дигар, чорабиниест, ки бо додани литсензия, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи литсензиядорӣ алоқаманд мебошад.

Иҷозатнома (литсензия) иҷозати махсусе мебошад, ки онро мақомоти иҷозатномадиҳанда барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ додааст (мод.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»). Ваколатҳои иловагии субъекти хоҷагидорӣ, ки аз фаъолияти он талабҳои «махсус»-ро чашмдоранд, бо литсензия (иҷозатнома) тасдиқ карда мешаванд.

Иҷозатнома (литсензия) салоҳияти субъекти хоҷагидорро дар соҳаи муайяни фаъолият тасдиқ менамояд. Он ба намудҳои фаъолияти литсензияшавандае дода мешавад, ки барои амалӣ гардонидани онҳо дониши махсус ё шароити махсус лозим аст. Иҷозатнома иҷозати махсусест, ки онро мақомоти ваколатдор барои амалӣ гардонидани намудҳои муайяни фаъолият медиҳанд.

Ҳоло асоси ҳуқуқии иҷозатномадиҳӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мебошад. Қонун беш аз 100 намуди фаъолиятро пешбинӣ кардааст, ки барои он гирифтани иҷозатнома зарур аст.

Қонун усулҳои асосии зерини иҷозатномадиҳиро муайян кардааст:

  • таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • муқаррар намудани рӯйхати ягонаи намудҳои фаъолияти литсензияшаванда;
  • муқаррар кардани тартиботи ягонаи литсензиякунонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • муқаррар намудани талаботу шартҳои литсензия бо низомнома дар бораи хусусиятҳои литсензиякунонии баъзе намудҳои фаъолият;
  • ошкорбаёнӣ ва аёнияти литсензиякунонӣ;
  • риояи қонуният ҳангоми литсензиякунонӣ.

Талабгори литсензия барои гирифтани он ба мақомоти дахлдори литсензиякунонӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

  • ариза дар бораи гирифтани литсензия бо ишораи намуди фаъолияти литсензияшаванда, ки дар он маълумоти зерин дарҷ шудааст:

а) барои шахси ҳуқуқӣ – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ ва ҷои буду бош, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк;

б) барои соҳибкори инфиродӣ – ному насаб, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;

  • ба кадом мӯҳлат гирифтани литсензия;
  • таърихи додани дархост, рақами ба қайд гирифта шудани он ва имзои талабгор;
  • дигар маълумотҳо вобаста ба хусусияти фаъолият;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии талабгори литсензия ба сифати шахси ҳуқуқӣ – барои шахси ҳуқуқӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ – барои соҳибкори инфиродӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудани талабгори литсензия;
  • ҳуҷҷате, ки пардохта шудани музди литсензияро барои аризаи литсензиягириро баррасӣ намудани мақоми литсензиякунӣ тасдиқ мекунад;
  • маълумот дар бораи тахассуси кормандони талабгори литсензия (мод.9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»).

Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (супурда) мешавад.

Шахсе, ки барои гирифтани литсензия муроҷиат намудааст, бояд музди литсензиякунониро пардозад. Мақомоти литсензиякунанда бояд дар давоми се рӯзе, ки дар бораи пардохти музди литсензиягирӣ ҳуҷҷат пешниҳод шудааст, ҳуҷҷате диҳад, ки литсензия доштани шахсро тасдиқ менамояд.

Мӯҳлати эътибори литсензия на камтар аз 5 сол муқаррар карда, баъди гузаштани ин мӯҳлат он метавонад аз рӯи аризаи литсензиядор дароз карда шавад.

Агар ҳуҷҷате, ки мавҷудияти литсензияро тасдиқ менамояд, гум шуда бошад, литсензиядор вазифадор аст, ки дар давоми 15 рӯзи гум шудани он ба номи мақомоти литсензиякунанда дар бораи аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти литсензияро тасдиқ мекунад, ариза нависад. Ҳамчунин дар ҳолатҳои табдил ёфтани (дигаргун шудани) шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё маҳалли будубоши он ва инчунин дигар гаштани ҷои зист ё номи соҳибкори инфиродӣ дар давоми 15 рӯз дар бораи аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти литсензияро тасдиқ менамояд, ариза медиҳад. Барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти литсензияро тасдиқ менамояд, ба андозаи ду маоши ҳадди ақал музд ситонида мешавад.

Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар ин барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад.

Қарори мавқуф гузоштани эътибори литсензия, бекор кардани он ё худ ба суд фиристодани аризаи бекоркунии литсензия ба литсензиядор бо далелу бурҳони дахлдор баъди се рӯзи қабул гардиданаш расонида мешавад. Аз қарори мавқуф гузоштани эътибори (амали) литсензия ва бекор кардани он ба суд шикоят кардан мумкин аст.<sup/>

Шахcони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳақ доранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозат барои кушодани бонк бо ариза бо забони давлатӣ, инчунин нишондоди самти фаъолият ва нишони аризадиҳанда муроҷиат кунанд ва онҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаранд. Барои бақайдгирии бонкҳо ба андозаи 5% сармояи оинномавиашон боҷ гирифта мешавад.

Иҷозат барои фаъолият дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» дода мешавад.

Бонкҳо танҳо баъд аз гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» иҷрои амалиёти бонкӣ фақат дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

Феҳристи иҷозатномаҳое, ки ба бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дода шудаанд, дар нашрияи расмии Бонки миллии Тоҷикистон соле камаш як маротиба ва тағйироту иловаҳо ба феҳрист дар мӯҳлати 1 моҳ аз рӯзи дохил карда шудани онҳо нашр мегарданд.

Дар ҳолати бе иҷозатнома амалиёт гузаронидани шахси ҳуқуқӣ аз тамоми маблағи даромаде, ки аз ин амалиёт гирифтааст ва инчунин ба андозаи ду баробари ин маблағ ба нафъи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ҷарима ситонида мешавад. Ҷарима бо талаби мақоми дахлдор, ки вайро қонун ба ин кор ваколатдор намудааст ва Бонки миллии Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ ситонида мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраркардаи қонун барҳам дода шудани шахси ҳуқуқиро, ки бе иҷозатнома амалиёти бонкиро иҷро кардааст, талаб намояд ё ин ки иҷозатномаи онро бозхонад.

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» барои бақайдгирии давлатии бонк ва гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

  • ариза бо дархост дар бораи бақайдгирии бонк ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ;
  • шартномаи таъсисӣ;
  • оиннома;
  • пайнавишти (протоколи) маҷлиси муассисон дар бораи қабули оиннома ва оид ба тасдиқи номзадҳо барои таъин намудан ба вазифаи роҳбарони мақомоти иҷроия ва сармуҳосиб;
  • нусхаи шаҳодатнома дар бораи ба қайд гирифта шудани шахсони ҳуқуқӣ, хулосаи аудиторӣ дар бораи дурустии ҳисоботи молиявии онҳо, инчунин тасдиқномаи мақомоти андоз дар хусуси аз тарафи тасдиқкунандагони шахсони ҳуқуқӣ дар давоми се соли охир дар назди буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон;
  • баённома (декларатсия) дар бораи даромади муассисон-шахсони воқеӣ, ки аз тарафи мақомоти нозироти андози давлатӣ имзо гардида, манбаҳои ба даст даромадаи воситаҳоеро, ки ба сармояи оинномавии бонк пардохт шавандаро, тасдиқ мекунанд;
  • анкетаҳои номзадҳо ба вазифаи роҳбар ва сармуҳосиби бонк, ки аз тарафи онҳо бо тартиби маъмулӣ хонапурӣ карда шудаанд, инчунин нусхаи шиноснома (паспорт)-и онҳо ва диплом дар бораи маълумот;
  • нақшаи кории (бизнес-план) бонки навтаъсисшаванда, ки дар он стратегияи фаъолият, самт ва миқёси фаъолият, дурнамои молиявӣ(буҷет, тавозуни ҳисоббаробаркунӣ, ҳисоби фоида ва зиён дар се соли аввали молиявӣ (амалиёти), нақшаи созмондиҳии мизоҷони бонк(нақшаи маркетинг), нақшаи ҷалби захираҳои меҳнатӣ ва назорати аудити дохилӣ) инъикос ёфтаанд;
  • ҳисобот дар бораи гузаронида шудани чорабиниҳои муқаддамотӣ аз тарафи муассисон мувофиқи нақшаи кории пешниҳодгардида;
  • ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ ё бо тартиби дигари қонунӣ тасдиқшуда, ки ваколати дархосткунандаро ба додани ариза аз номи муассисон тасдиқ мекунад.

Ҳолати бақайдгирии давлатии бонк бо иштироки сармояи хориҷӣ ва ё шӯъбаи бонки хориҷӣ, додани иҷозатнома ба онҳо барои иҷрои амалиёти бонкӣ дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ба таври возеҳ шарҳ дода шудааст.

Барои бақайдгирии давлатии бонк бо иштироки сармояи хориҷӣ ва ё шӯъбаи бонки хориҷӣ, аз тарафи онҳо гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ғайр аз ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» зикр ёфтаанд, инчунин ҳуҷҷатҳои иловагии зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

– қарори шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бораи иштироки вай дар таъсиси бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кушодани шӯъбаи бонк;

– ҳуҷҷате, ки ба қайд гирифта шудани шахси ҳуқуқии хориҷиро тасдиқ мекунад ва тавозуни се соли пешина, ки бо хулосаи аудиторӣ тасдиқ карда шудааст;

-розигии хаттии мақоми назоратии дахлдори мамлакати маҳалли истиқомати вай барои иштирок дар таъсиси бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои кушодани шӯъбаи бонк дар ҳолатҳое, ки чунин рухсатдиҳӣ дар қонунгузории мамлакати маҳалли истиқомати вай пешбинӣ шуда бошад.

Шахси воқеии хориҷӣ бояд тасдиқи бонки якумдараҷаи хориҷиро (мувофиқи таҷрибаи байналхалқӣ) дар бораи қобилияти пардохт доштанаш пешниҳод кунад.

Дар моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» талаботи иловагӣ барои таъсис ва фаъолияти бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ ва шӯъбаҳои бонкҳои хориҷӣ чунин пешбинӣ карда шудааст:

Ҳадди (квотаи) иштироки сармояи хориҷӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, муқаррар карда мешавад. Ҳадди мазкур ҳамчун таносуби маҷмӯи сармояе, ки ба ғайрирезидентҳо дар сармояи оинномавии бонкҳое, ки бо cармояи хориҷӣ таъсис ёфтаанд, тааллуқ дошта ва сармояи шӯъбаҳои бонкҳои хориҷӣ нисбати маҷмӯи сармояи оинномавии бонкҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, муқаррар карда мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар сурати ноил шудан ба квотаи муқарраршуда додани иҷозатномаро барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ ва шӯъбаҳои бонкҳои хориҷӣ қатъ мекунад.

Бонк барои зиёд кардани сармояи оинномавии худ аз ҳисоби маблағи ғайрирезидентҳо, ҷудо намудани (аз ҷумла фурӯхтани) саҳмияҳои (ҳиссаҳои) худ ба фоидаи ғайрирезидентҳо ҷудо кардани саҳмияҳояшон (ҳиссаҳояшон) бояд пешаки аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома гиранд. Ин амалиёт ба ғайрирезидентҳо ҷудо намудани саҳмияҳо (ҳиссаҳо), ки бе иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст, эътибор надорад, ба истиснои мавридҳое, ки дар сархати панҷуми моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» пешбини гардидаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад амалияи аз ҳисоби маблағи ғайрирезидентҳо зиёд кардани сармояи оинномавии бонк ва ба фоидаи ғайрирезидентҳо ҷудо намудани саҳмияҳо (ҳиссаҳо)-ро манъ кунад, агар натиҷаи ин амал боиси зиёд гардидани ҳадди иштироки сармояи хориҷӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад.

Ариза дар бораи аз ҳисоби ғайрирезидентҳо зиёд кардани сармояи оинномавии бонк ва дар бораи ҷудо намудани саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ба фоидаи ғайрирезидентҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон бояд дар давоми ду моҳи дода шуданаш баррасӣ гардад. Натиҷаи ин баррасӣ додани иҷозатнома барои амалиёти дар ариза зикргардида ё радкунии далелноки он дар шакли хаттӣ мебошад. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқарраршуда аз қарори қабул-кардааш хабар надиҳад, ин маънои ба амалиёти мазкур иҷозат додашударо дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ ва шӯъбаҳои бонкҳои хориҷӣ оид ба иҷрои амалиёти бонкӣ маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷӣ нисбати бонкҳо бо иштироки сармояи Тоҷикистон ва шӯъбаҳои бонкҳои Тоҷикистон маҳдудиятҳо дар таъсис додан ва фаъолияти онҳо татбиқ карда шаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба тартиби дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқарраршуда нисбати бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ ва шӯъбаҳои бонкҳои хориҷӣ оид ба меъёрҳои ҳатмӣ, тартиби пешниҳод кардани ҳисобот, тасдиқи ҳайати роҳбарӣ ва феҳристи (реестри) амалиёти иҷрокардашавандаи бонкӣ, инчунин андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавии бонкҳои навтаъсисёбанда бо сармояи хориҷӣ ва андозаи ҳадди ақалли сармояи шӯъбаҳои нав бақайдгирифташавандаи бонкҳои хориҷӣ талаботи иловагӣ муқаррар намояд.

Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсип ва меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ гардонида мешавад, ки ин принсип ва меъёрҳои зерин мебошанд:

– таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда;

-муқаррар кардани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-муқаррар намудани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ тибқи Низомнома оид ба хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият;

– ошкорбаёнӣ дар иҷозатномадиҳӣ;

– риояи қонуният ҳангоми иҷозатномадиҳӣ.

Доир ба меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амалӣ шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлатӣ, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба ғайр аз иҷозатномадиҳӣ бо роҳҳои дигар имконнопазир аст<sup/>.

Дар ҳолати ҳозира барои бонки навташкил аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» то як давраи муайян намудҳои зерини иҷозатнома дода мешаванд:

  1. Иҷозатнома барои гузаронидани амалиёти бонкӣ бо асъори миллӣ (сомонӣ), яъне бе ҳуқуқи истифодаи пасандозҳои шахсони воқеӣ;
  2. Иҷозатнома барои гузаронидани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ (сомонӣ) ва асъори хориҷӣ (бе ҳуқуқи истифодаи пасандозҳои шахсони воқеӣ);
  3. Иҷозатнома барои истифода ва ҷойгиркунии филизоти қиматбаҳо. Иҷозатномаи мазкур метавонад якҷоя бо иҷозатномаи намуди дуюми зикргардида дода шавад.

Доир ба фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ, яъне бе иҷозатномаи махсус ё бидуни бақайдгирии давлатӣ, дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома (литсензия) ҳатмӣ мебошад ё бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ, инчунин машғул шудан бо намудҳои манъшудаи фаъолияти бонкӣ, ки бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон ё расонидани зарар ба миқдори калон ба манфиати шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё ҳамин амал нисбати давлат содир шудааст, мутобиқи моддаҳои 259 ва 263 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои ҷавобгарӣ пешбини карда шудааст.

    1. Сармояи оинномавии БМТ, ташкилотҳои кредитӣ ва ташкилотии кредитии хурд

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон ба тариқи зайл муқаррар карда шудааст:

Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон 20,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. Он дар асоси Қарори Раёсат бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тасдиқи минбаъдаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад зиёд карда шавад.

Сармояи оинномавиро ба дигарон додан ё ба касе гарав мондан мумкин нест.

Сармояи инномавии ташкилотҳои кредитӣ ба меъёри пардохткунии маблағи саҳми иштирокчиён, ки ҳаҷми минималии моликиятро муайян мекунад ва манфиати гарави кредиторонро ташкил медиҳад, вобастагӣ дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилотҳои кредитии навтаъсис, инчунин номгӯи моликияти онҳоро ба шакли пул, ки ба сармояи оинномавӣ қабул карда мешавад, муайян мекунад. Меъёри ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилотҳои кредитӣ вобаста ба намуди фаъолияти онҳо муқаррар карда мешавад.

Қарори Бонки миллии Тоҷикистон оиди иваз намудани меъёри ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилоти кредитӣ, дар давоми 90 рӯз қувваи эътибор пайдо мекунад.

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» сармояи оинномавии ташкилотҳои маблағгузории хурд чунин муқаррар карда шудааст:

Сармояи оинномавии ташкилоти амонатии кредитии хурд аз сармояи ба пуррагӣ пардохтшуда, ки аз ҷониби муассисон ворид гардидааст, иборат мебошад. Сармоя метавонад бо пули миллӣ ё асъори хориҷӣ ворид карда шавад. Квотаи иштироки сармояи хориҷӣ дар низоми бонкӣ ба сармояи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки муассисони ташкилотҳои маблағгузории хурд бо асъори хориҷӣ ворид менамоянд, дахл надорад.

Сармояи ғайрипулии оинномавӣ барои ташкилоти амонатии кредитии хурди таъсисшаванда набояд аз 20 фоизи андозаи сармояи оинномавӣ зиёд бошад ва набояд дороии ғайримоддиро дар бар гирад.

Сармояи ғайрипулии оинномавӣ набояд аз таносуби фоизе, ки дар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудааст, зиёдтар бошад.

Маблағҳои қарзгирифта ё маблағҳои ба гарав гузошта, ҳамчунин маблағҳои буҷетӣ наметавонанд барои ташкили сармояи оинномавӣ истифода шаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри ҳадди ақалли сармояи оинномавии ибтидоиро барои ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ва қисми онро, ки бо асъори хориҷӣ ташкил меёбад, муқаррар менамояд. Талаботи мазкур ба фонди қарзии хурд татбиқ намегардад.

Маблағҳои буҷетии субъектони ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои маҳалии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ки дар истифодабарии субъектҳои ҳокимияти давлатӣ қарор доранд, метавонанд барои ташкил додани фонди оинномавии ташкилотҳои кредитӣ дар асоси қонунҳои амалкунанда, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» истифода шаванд.

3.3. Сабабҳои радкунӣ барои бақайдгирии давлатӣ ва додани иҷозатнома ба бонкҳо, ташкилотҳои кредитӣ, молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд

Радкунии бақайдгирии давлатии бонк ва надодани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ фақат дар асосҳои зерин раво мебошад:

а) ба талаботи касбӣ мувофиқ набудани номзадҳои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонк пешниҳодшуда. Мувофиқ набудан ба талаботи касбӣ чунин маънӣ дорад:

– надоштани маълумоти олии дахлдор ва таҷрибаи роҳбарӣ ба шӯъба ё дигар воҳиди бонк, ки ба иҷрои амалиёти бонкӣ алоқаманд мебошад;

– надоштани таҷрибаи роҳбарӣ ба чунин воҳиди бонк мувофиқи талаби моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ»;

– мавҷуд будани ҳолатҳое, ки дар банди «б» қисми сеюми моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» номбар шудаанд;

– дар давоми сол аз тарафи номзад ба вазифаи роҳбарикунандаи бонк содир намудани қонунвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи тиҷорат ва молия, ки бо қарори қувваи қонунӣ пайдокардаи мақоми барои баррасии парвандаҳои қонунвайронкунии маъмурӣ ваколатдор муқаррар карда шудааст;

– мавҷуд будани далелҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ (қарордод) бо шахсони мазкур дар давоми ду соли охир бо ташаббуси маъмурият аз рӯи асосҳои дар моддаи 46 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ба истиснои бандҳои 1, 8, 9 ва 10.

б) вазъи ғайриқаноатбахши молиявии муассисони бонк ё дар назди буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ӯҳдадориҳои худро иҷро накардани онҳо дар давоми се соли охир ;

в) мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои бақайдгирии давлатии бонк ва гирифтани иҷозатнома ба талаботи муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон чӣ аз ҷиҳати шакл ва чӣ аз ҷиҳати мазмун.

Қарор дар бораи радкунии бақайдгирии давлатӣ ва надодани иҷозатнома ба муассисони бонк дар шакли хаттӣ дода мешавад ва он бояд далелнок бошад.

Агар Бонки миллии Тоҷикистон бонкро ба қайди давлатӣ нагирад ва ба вай додани иҷозатномаро рад кунад ва ё дар мӯҳлати муқарраршуда дар ин хусус қарори дахлдор қабул накунад, муассисони бонк метавонанд аз ин хусус ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунанд.

Ҳамзамон мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» Бонки миллии Тоҷикистон бо асосҳои зерин метавонад додани иҷозатномаро рад намояд:

– номувофиқатии ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва ба санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки мувофиқи он қабул шудаанд;

– номувофиқатии номзадҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва вазифаҳои дигар ба талаботи тахассусие, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» пешбинӣ кардааст;

– вазъи ғайриқаноатбахши молиявии муассисони ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ё аз ҷониби онҳо иҷро нагардидани ӯҳдадориҳояшон дар назди буҷет.

Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд дода шудааст, дар ҳолатҳои зерин метавонад бекор карда шавад:

– риоя накардани қонунҳо ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» қабул шудаанд;

– муқаррар гардидани маълумоти носаҳеҳ ё гумроҳкунанда дар ариза барои гирифтани иҷозатнома;

– таъхири оғози фаъолияти ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ба мӯҳлати бештар аз як сол аз рӯзи додани иҷозатнома;

– мунтазам ошкор кардани ҳолатҳои носаҳеҳӣ ё нопуррагии маълумот ё маълумоти ҳисоботӣ, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд;

– аз ҷониби ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд анҷом додани фаъолияте, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» иҷозат надодааст;

– аз тарафи ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки мутобиқи ҳамин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» қабул карда шудаанд, агар дар муддати 12 моҳи гузашта нисбат ба ташкилоти амонатии кредитии хурд якчанд маротиба чораҳои таъсиррасоние, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинӣ кардааст, истифода шуда бошанд;

– аз ҷониби ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ дар назди амонатгузорон ё қарздиҳандагон барои истифодаи муҷозоте, ки барои ташкилоти кредитӣ моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинӣ кардааст, асос мегардад.

Хабар дар бораи бекор кардани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти маблағгузории хурд дар мӯҳлати 3 рӯз ба ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд бо тасдиқи дастрас шуданаш фиристода мешавад ва дар нашрияи расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як ҳафта аз рӯзи қабули қарори дахлдор нашр карда мешавад.

Пас аз 30 рӯзи нашри хабар дар бораи бекор кардани иҷозатнома (литсензия) Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадор аст оид ба барҳам додани ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ба суди дахлдор муроҷиат намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад амали иҷозатномаро то бартараф кардани ҳуқуқвайронкуниҳое, ки сабаби боздоштани амали вай гардидаанд, ба мӯҳлати на бештар аз 6 моҳ боздорад.

0 Загрузки

443
Нет комментариев. Ваш будет первым!