Ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ

    1. Ҳисоббаробаркунии нақдӣ

Пулҳои ҳозира бечунучаро аз ҷониби давлат бароварда мешаванд. Танҳо дар баъзе ҳолатҳо аз номи он бонки ваколатдори давлатӣ метавонад пули миллии он давлатро ба муомилот барорад. Лекин дар ҳар ҳолат пул ҳамчун рамзи давлат ба монанди нишон ва парчам боқи мемонад.

Низоми пулӣ дар ҳамаи давлатҳо яке аз объектҳои танзими ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Зеро низоми пулӣ аз қонунҳои конститутсионӣ сарчашма мегирад.

Муомилоти пули нақд аз рӯзи ба муомилот баровардани он, яъне эмиссияи пул оғоз мегардад.

Эмиссияи пули нақд дар муомилот ва аз муомилот гирифтани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба тариқи истисно ба роҳ монда мешавад.

Бо мақсади ташкил ва ба муомилот баровардани пули нақд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зерин ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон гузошта мешавад:

  1. ташкил ва пешгӯии истеҳсолот, кашонидани пулу тангаҳо ва нигаҳ доштани онҳо, инчунин ташкили фондҳои захиравии онҳо;
  2. тартиби муқаррар кардани захираи он, бурдан ва инкассатсия намудани пули нақд барои ташкилотҳои кредитӣ;
  3. бо тартиби муайян муқаррар намудани аломатҳои қобилияти пардохти маблағ иваз кардани пулҳои фарсудашуда ва тангаҳо, инчунин оид ба нобуд сохтани онҳо;
  4. муқаррар кардани тартиби муайян оид ба амалиёти кассавӣ барои ташкилотҳои кредитӣ.

Пулҳои нақд (пули коғазӣ-банкнотҳо ва тангаҳо) ӯҳдадории бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, ки бо ҳама гуна активҳо таъмини онро ба роҳ мемонад.

Намунаи пулҳои коғазӣ ва тангаҳоро Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ба муомилот баровардани пули нав бо зикри шаклу намудашон дар васоити ахбори омма муфассал шарҳ дода мешавад. Қарор оиди ин масъалаҳо пешаки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад. Пас аз қабул ва эълон гаштан доир ба дигаркунии пули нав ягон хел ивазкунии пулу тангаҳо мутобиқи қонунгузорӣ роҳ дода намешавад.

Дар ҳолати иваз намудани пулҳои коғазию танга ва барои ба муомилот баровардани пули нав мӯҳлати ҷамъ овардани пулҳои пешинаи дар муомилот буда наметавонад аз як сол кам ва аз панҷ сол зиёд бошад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои муҳофизат намудани қисмати техникии пулу тангаҳо аз нобаҳрасозон (тангақалобчиён), давра ба давра тағиротҳо дароварда мешавад, хусусан ба пулҳои нақди қиматашон калон. Барои ҳисобӣ намудан бо пули нақд байни шахсони воқеӣ ва инчунин байни шахсони воқеию шахсони ҳуқуқӣ маҳдудият нест.

Дар баъзе ҳолатҳо маҳдудияти муомилот бо пули нақд байни шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳар як ҳисоббаробаркунӣ муқаррар карда шудааст.

Ислоҳоти иқтисодӣ тақозои замон буда, самтҳои асосии он дар «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 1995-2000» пурра иникос ёфтааст, ки ҳадафи асосии он аз тарзи иқтисодиёти маъмурию фармонфармои гузаштан ба ҷорӣ намудани шакли босамари идоракунӣ мебошад, ки он ба сифатан нав кардани муносибатҳои иқтисодӣ ва ҷорӣ намудани тарзи босамари идоракунӣ асос меёбад.

Яке аз бахшҳои муҳимтарину аввалиндараҷаи ислоҳоти иқтисодӣ ислоҳоти шабакаи ҳуқуқӣ – бонкист. Зеро дар давраи муносибатҳои нави иқтисодӣ мавқеи бонкҳо ҳамчун миёнарави молиявӣ барои ҷалб намудан ва додани қарз, баҳри раҳоӣ аз бӯхрони иқтисодӣ, боздоштани пастшавии истеҳсолот хеле муҳим аст. Аз ин рӯ Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии кишвар аст<sup/>.

8.2. Ҳисоббаробаркунӣ тавассути супоришномаи пардохт, дархости пардохтӣ ва ба воситаи чек

Мутобиқи қонунгузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ду шакли пардохт муқаррар карда шудааст: ҳисоббаробаркунии нақд ва ғайринақдӣ.

Иштироккунандаи ҳатмии муносибатҳои ҳуқуқии ҳисоббаробаркунӣ дар ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бонк ва дигар ташкилотҳои кредитӣ мебошанд. Ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд байни пулгиру пулдеҳ бе иштироки бонк сурат мегирад.

Тартиби ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шаҳрвандон низ ҳаст, ки он ба фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон алоқаманд мебошад.

Ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти соҳибкориашон алоқаманд нест, метавонад бе маҳдуд кардани маблағ бо пули нақд сурат гирад. Ҳисоббаробаркунӣ байни шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шаҳрвандони машғули фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби ғайринақдӣ сурат мегирад. Агар дар Қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳисоббаробаркунии байни ин ашхос ҳамчунин бо пули нақд анҷом дода мешавад.

Шаклҳои асосии зерини ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ муқаррар карда мешаванд:

  • инкассо;
  • супоришномаҳои пардохт (супоришномаҳои якҷояи пардохт);
  • чек;
  • аккредитив;
  • кортҳои пластикӣ;
  • ордерҳои ёдбуд (танҳо барои бонкҳо ва муассисаҳои кредитии ғайрибонкӣ).

Шаклҳои ҳисоббаробаркунии байни пулдеҳ ва пулгир бо шартнома (созишнома) муайян карда мешавад.<sup/>

Тибқи супоришномаи пардохт шахсе, ки дорои суратҳисоби бонки хизматрасон мебошад, баъд аз барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва доштани маблағ дар суратҳисоби худ метавонад ба бонки хизматрасон маблағи муайянеро барои интиқол додан ба суратҳисоби дигар шахс ё гирифтани чунин маблағро дар ин ё дигар бонк супориш диҳад.

Шакл, мазмун ва мундариҷаи супоришномаи пардохти пешниҳодшаванда ҳатман бояд ба меъёр ва талаботи пешбининамудаи қонунгузорӣ, инчунин қоидаҳои бонкӣ мусоидат намояд. Бонк метавонад дар ҳолати мусоидат накардани супоришномаи пардохт бо супориш ва талаботи худ мазмуни онро муайян намояд. Дар ин маврид пардохткунанда ҳамзамон бояд талаботи бонкро иҷро намояд. Дар ҳолати иҷро нашудан ё пешниҳод накардан дар мӯҳлати муқарраршуда бонк мутобиқи қонунгузории амалкунанда ва қоидаҳои бонкӣ, ҳуқуқ дорад супоришро иҷро накунад ва варақаи супоришномаи пардохтро ба пардохткунанда пас гардонад. Супоришномаи пардохти одатан аз ҷониби бонк дар мӯҳлаташ ё ин ки пештар мутобиқи қонунгузорӣ ва шартнома ё бо дигар тартиб ба иҷро расонида мешавад.

Супоришномаи пардохтие, ки дар варақаи шакли муқарраршуда пешниҳод гардидааст, дар давоми 10 рӯзи навишта додани он боэътибор аст (рӯзи навишта додан ба ҳисоб гирифта намешавад).

Бо маслиҳати ҷонибҳо супоришномаҳои пардохт мӯҳлатдор, пеш аз мӯҳлат ва дермӯҳлат, аз ҷумла пешакӣ бо варақаи пулдеҳ аксептшуда буда метавонанд.

Пардохти мӯҳлатдор дар ин мавридҳо сурат мегирад:

а) пардохти бунакӣ, яъне пеш аз бор кардани мол;

б) баъд аз бор кардани мол, яъне бо роҳи аксепти бевоситаи мол;

в) пардохтҳои ҷузъӣ дар мавриди аҳдҳои калонмиқёс.

Пардохтҳои пеш аз мӯҳлат ва дермӯҳлат дар доираи муносибатҳои шартномавӣ бе расонидани зиён ба вазъияти молиявии ҷонибҳо ҷой дошта метавонанд;

г) пардохти аксептшуда дар мавридҳои алоҳида, бо пешакӣ брон (банд) кардани пули пардохт дар бонки пулдеҳ ва супоришномаи пардохти муштарии худро аксепт кардани ӯ татбиқ карда мешавад.

Нақшаи ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи

супоришномаи пардохт:

1

Харидор-пардохткунанда

Фурўшанда

2

МКЊ

7 6 3

5 5

4

Бонки фурўшанда

Бонки харидор

Мазмуни нақшаи амалиётӣ

  1. шартномаи таъминкунии мол(иҷрои кор ва хизматрасонӣ);
  2. таъминкунии мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ (расонидани ҳисоботи фактурӣ);
  3. супоришоти пардохтии харидор-пардохткунанда;
  4. интиқоли пул аз бонки харидор ба бонки фурӯшанда;
  5. интиқоли васоит ба тариқи даъват ва кредит;
  6. нусха аз суратҳисоби пардохткунанда доир ба пардохт ва интиқоли маблағ;
  7. нусха аз суратҳисоби қабулкунанда оид ба воридшавии маблағҳои пулӣ;

Мутобиқи моддаи 878 КГ ҶТ, Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.с.2004 № 2 «Дар бораи баъзе масъалаҳои амалияи баррасии баҳсҳои бо бастан, иҷро ва қатъ намудани шартномаҳои ҳисоби бонкӣ» ва Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1.03.с.2001 № 112 (дар таҳрири Дастурамал аз 26.03.с.2002 № 57) маблағи суратҳисобҳоро бонк дар асоси амри молики суратҳисоб соқит менамояд.

Дар сурати гуногунии шаклҳои моликият, фаъолияти корхонаҳо дар шароити равнақу ривоҷи муносибатҳои молию пулӣ қонунгузории миллӣ принсипи аз тарафи корхонаҳо озодона интихоб намудани шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ, дар шартномаҳо татбиқ кардани онҳо, дахолат накардани бонкро ба муносибатҳои шартномавии корхонаҳо ба асос мегирад.

Маблағи дар суратҳисоби муштарӣ бударо дар ҳолатҳои зерин бе супориши ӯ аз ҳисоб соқит кардан мумкин аст:

1) бо қарори суд;

2)дар мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин дар мавридҳое, ки муштарӣ бо ҷониби дигари шартнома (контрагенти худ) пешбинӣ намудааст, бидуни аксепт аз суратҳисоб соқит кардани маблағ имконпазир аст (КГ ҶТ мод.871). Барои бастани чунин шартнома пардохтгар бояд бо бонки худ созишномаи дахлдор бандад, ки онро чун тағйири шартҳои шартномаи суратҳисоби бонк донистан мумкин аст.

Дархости пардохтӣ ҳуҷҷати дорои хусусияти ҳисоббаробаркунӣ дошта, талаби кредитор (маблағқабулкунанда)-ро дар асоси шартномаи басташуда нисбат ба қарздор (пардохткунанда) барои маблағи муайян ба воситаи бонк иҷро мекунад.

Дархостҳои пардохтӣ дар вақти ҳисоббаробаркунӣ, дастрас кардани мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки дар шартнома пешбинӣ карда шудааст қабул карда мешаванд.

Ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи дархостҳои пардохтӣ метавонад бо аксепти пешакӣ ва бе аксепти пардохткунанда ба роҳ монда шавад.

Бе аксепти пардохткунанда ҳисоббаробаркунӣ бо дархости пардохтӣ дар ҳолатҳои зерин ба вуҷуд меояд:

  1. мутобиқи қонунгузорӣ;
  2. мувофиқи шартҳои пешниҳоднамудаи бонк, ки дар шартномаи асосӣ аз ҷониби тарафайн пешбинӣ карда шудааст, яъне пардохткунанда бе розигии тарафҳо ҳуқуқи аз эътибор соқит кардани маблағи дар суратҳисоби пардохткунанда мавҷударо дорад.

Ғайр аз реквизитҳои асосӣ дар дархостҳои пардохтӣ нишон дода шудааст:

а) шарти пардохт;

б) мӯҳлат барои аксепт;

в) рӯзи фиристодан (супоридан) ба пардохткунанда, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои шартнома дар ҳолате, ки агар ин ҳуҷҷатҳо барои пардохт кардан фиристода(супорида) шуда бошад;

г) номгӯи мол (иҷрои кор ва хизматҳои расонидашуда), рақам ва рeзи бастани шартнома, рақами ҳуҷҷате, ки иҷрои кор, хизматҳои расонидашуда ва рӯзи таъмини молро тасдиқ мекунад. Тартиби таъмини мол ва реквизитҳои дигар.

Дар муомилоти пардохт барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ истифода бурдани чек мумкин аст.

Мутобиқи моддаи 902 КГ ҶТ чек коғази қиматнокест, ки дар он маблағи зикркардаи чекдиҳандаро ба дорандааш бе ҳеҷ қайду шарт пардохт намудани бонк амр шудааст.

Чек бояд талаботи зеринро дар бар гирад:

  • номи «чек», ки дар матни ҳуҷҷат ворид гардидааст;
  • супоришнома ба пардозанда оид ба пардохтани маблағи муайян;
  • номи пардозанда ва зикри суратҳисобе, ки маблағ аз он бояд пардохта шавад;
  • зикри асъори пардохт;
  • зикри сана ва маҳалли мураттаб сохтани чек;
  • имзои шахсе, ки чекро навишта додааст, яъне чекдиҳанда.

Дар ҳуҷҷат зикр наёфтани яке аз ин маълумотҳо чекро беэътибор мегардонад. Чеке, ки дар он ҷою маҳалли тартиб дода шуданаш зикр наёфтааст, ҳамчун чеки дар маҳалли будубоши чекдиҳанда имзошуда эътироф карда мешавад.

Чек аз ҳисоби маблағи чекдиҳанда пардохта мешавад (КГ ҶТ мод.904).

8.3. Ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи инкассо ва аккредитив

Ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи супоришномаҳои инкассовӣ мутобиқи моддаҳои 899-901 КГ ҶТ, моддаҳои 5 ва 66 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ва Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1.03.с.2001 № 112 (дар таҳрири Дастурамал аз 26.03.2002 № 57) сурат мегиранд.

Инкассо амалиёти бонкӣ буда, бонк тавассути он аз рӯи супориши муштарии худ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунии корхонаю иттиҳодияҳо, ташкилоту муассисаҳо барои ба номи онҳо бор кардани дороии молию моддӣ ва хизматрасонӣ музд мегирад ва ин маблағро ба ҳисоби ӯ дар бонк мегузаронад<sup/>.

Ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои супоришномаи инкассовӣ муштарӣ ба бонки худ (бонки эмитент) супоришнома мефиристад, ки аз ҳисоби муштарӣ аз пардохтгар пардохтпулӣ бигирад.

Амалиёти инкассовӣ аҳди мавҳум (абстрактӣ) буда, ба шартномаи байни пардохтгар ва маблағгиранда, ки аз рӯи он ҳисоббаробаркунӣ сурат мегирад, вобаста нест. Даъвоҳои мутақобиларо аз рӯи ҳисоббаробаркуниҳои байни пардохтгар ва маблағгиранда ҷонибҳо бо тартиби муқаррарнамуда бе иштироки муассисаҳои бонкӣ баррасӣ менамоянд.

Бонке, ки аз муштарӣ супориши инкассовӣ гирифтааст, бонки эмитент номида мешавад. Бонки эмитенте, ки супориши инкассовӣ гирифтааст, ҳуқуқ дорад барои иҷрои он бонки дигар (бонки иҷрокунанда)-ро ҷалб намояд. Бонки иҷрокунанда ба шахси ӯҳдадор оид ба пардохти маблағ талабнома пешниҳод мекунад.

Ҳангоми набудани ягон ҳуҷҷат ё аз рӯи аломатҳои зоҳирӣ ба супоришномаи инкассовӣ номутобиқ будани ҳуҷҷатҳо бонки иҷрокунанда вазифадор аст аз ин хусус шахсеро, ки аз номи ӯ супоришномаи инкассовӣ гирифтааст, фавран огоҳ созад. Дар ҳолати бартараф нагардидани камбудиҳои зикршуда бонк ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳоро бидуни иҷро баргардонад.

Ҳуҷҷатҳо ба пардохтгар ба истиснои ишораву навиштаҷоти бонкҳо, ки барои расмӣ гардонидани амалиёти инкассовӣ заруранд, дар шакли пешинаашон, яъне дар он шакле, ки гирифта шуда буданд, баргардонида мешаванд.

Агар ҳуҷҷатҳо дар баробари манзур доштани онҳо мавриди пардохт қарор гиранд, бонки иҷрокунанда баробари гирифтани супоришномаи инкассовӣ фавран онро барои пардохт бояд пешниҳод намояд.

Агар ҳуҷҷатҳо дар дигар мӯҳлат пардохта шаванд, бонки иҷрокунанда бояд барои гирифтани аксепти пардохтгар фавран баробари гирифтани супоришномаи инкассовӣ ба аксепти ҳуҷҷатҳо пешниҳод намояд ва талаботи пардохт бояд на дертар аз рӯзи фаро расидани мӯҳлати пардохти дар ҳуҷҷатҳо зикргардида қонеъ гардонида шавад.

Пардохтҳо қисм-қисм дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои бонкӣ ё ҳангоми мавҷудияти иҷозати махсус дар супоришномаи инкассовӣ қабул карда шуданашон мумкин аст.

Маблағи гирифташуда (инкассошуда) бояд ба ихтиёри бонки эмитент вогузошта шавад ва бонки эмитент дар навбати худ вазифадор аст онро ба суратҳисоби муштарӣ гузаронад. Бонки иҷрокунанда ҳақ дорад аз маблағи инкассошуда подоши хизмати худро нигоҳ дорад ва хароҷоташро ҷуброн намояд.

Агар маблағи пардохт ва (ё) аксепт дастрас нагардида бошад, бонки иҷрокунанда вазифадор аст бонки эмитентро аз хусуси раддияи пардохт ё сабабҳои он фавран огоҳ созад. Бонки эмитент низ вазифадор аст аз ин хусус муштариро фавран воқиф гардонида, вобаста ба амалиёти минбаъда дастур талаб намояд.

Ҳангоми дар муддати 5 рӯз нагирифтани дастур оид ба амалиёти минбаъда ва дар сурати зикр нашудани чунин мӯҳлат бонки иҷрокунанда ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳоро ба бонки эмитент, ки аз он супоришномаи инкассовӣ гирифта буд, баргардонад.

Супориши инкассовӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркуниро дар асоси он, ки баровардани пул аз ҳисоби пардохткунанда бо тартиби бебаҳс сурат мегирад, худ мегирад.

Супориши инкассовӣ дар мавридҳои зерин истифода бурда мешавад:

  • дар ҳолате, ки тартиби бебаҳси ситонидани маблағ дар асоси қонунгузорӣ ба роҳ монда шуда бошад, бо ҳамин ҳисоб барои ситонидани маблағи мақомоти иҷрокунандаи вазифаҳои назоратӣ;
  • барои ситонидан бо ҳуҷҷатҳои иҷрокунанда;
  • дар ҳолати тарафҳои назораткунанда дар асоси шартнома, бо шарти пешниҳоди бонки хизматрасони пардохткунада ҳуқуқ барои баровардани воситаҳои пулӣ аз суратҳисоби пардохткунанда бе идоракунии он.

Супориши инкассовӣ дар варақаи намунаи 0401071 тартиб дода мешавад.

Ҳангоми ситонидани маблағ аз суратҳисоб бо тартиби бебаҳс дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун бо супориши инкассовӣ дар ҷои «Таиноти пардохт» бояд ба қонун ишора карда шавад (бо нишондоди рақами он, рӯзи қабул ва моддаи дахлдор).

Ҳангоми ситонидани маблағ дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷроия супоришномаи инкассовӣ бояд чунин қайдҳоро дар бар гирад:

  • ишора ба рӯзи додани ҳуҷҷати иҷроия;
  • рақами ҳуҷҷат;
  • рақами коре, ки оид ба он қарор қабул карда шудааст;
  • ҳолатҳое, ки ба маҷбуран иҷро кардани он тааллуқ доранд;
  • инчунин номгӯи мақомоте, ки чунин қарорро баровардаанд.

Дар сурати ҳисоббаробаркунӣ бо аккредитив пулдеҳ (пардохтгар) ба бонке, ки ба ӯ хизмат мерасонад, дархост медиҳад, ки аз ҳисоби маблағи ба депозит гузоштааш ё қарз арзиши дороии молию моддӣ, музди кору хизмати анҷомдодашударо дар маҳалли будубоши пулгир бо шартҳои дар аризаи аккредитив пешбининамудаи пулдеҳ пардозад. Аккредитив супориши бонки харидор ба бонки молфиристан- да аст барои пардохтани пули ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ. Ҳангоми гирифтани аризаи аккредитив бонки пардохтгар (пулдеҳ) ин маблағро дар суратҳисоби алоҳида брон карда мемонад. Пули ба депозит гузошташуда ба молфиристанда кафолат медиҳад, ки музди моли фиристода, кору хизмати баҷоовардааш сари вақт пардохта мешавад; бонк маблағро баъди пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки бор карда фиристодани мол ё иҷро шудани кору хизматрасониро тасдиқ менамоянд, ба суратҳисоб мегузаронад.

Аккредитив ӯҳдадории шартии пулии бонк буда, онро бонк бо арзиши муштарӣ ба нафъи ҷониби дигари шартнома медиҳад, ки аз рӯи он бонки аккредитивкушода (бонки эмитент) метавонад ба молфиристанда имконияти пардохт карданро диҳад ё ба бонки дигар имконият диҳад, ки ба шарти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар аккредитив пешбинишуда ва иҷро кардани шартҳои дигари аккредитив чунин пардохт- куниҳоро баҷо оварад.

Аккредитив метавонад танҳо барои ҳисоббаробаркунӣ бо як молфиристанда таъин гардида бошад. Мӯҳлати эътибор ва тартиби ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи аккредитив дар шартномаи байни пулдеҳ ва молфиристанда муқаррар карда мешавад.

Шартнома ин маълумотҳоро бояд дар бар гирад:

  • номи бонки эмитент;
  • хели аккредитив ва усули иҷрои он;
  • воситаи огоҳ намудани молфиристанда аз кушода шудани аккредитив;
  • рӯйхати пурра ва тавсифи аниқи ҳуҷҷатҳое, ки молфиристанда барои гирифтани маблағ аз рӯи аккредитив пешниҳод менамояд;
  • мӯҳлатҳои пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо баъди бор карда фиристодани мол, талабҳо нисбати ба расмият даровардани онҳо;
  • дигар ҳуҷҷату шартҳои зарурӣ.

Намудҳои зерини аккредитив метавонанд кушода шаванд:

  • пӯшонидашуда (ба депозит гузошташуда) ё пӯшониданашуда (кафолатнок);
  • бозхондшаванда ё бозхонднашаванда.

Дар ҳолати кушодани аккредитиви пӯшонидашуда (ба депозит гузошташуда) бонки эмитент вазифадор аст маблағи аккредитив (пӯшонандаи он)-ро аз ҳисоби пардохтгар ё кредити ба ӯ пешниҳодшуда барои тамоми мӯҳлати амали ӯҳдадории бонки эмитент ба ихтиёри бонки иҷрокунанда гузаронад.

Ҳангоми байни бонкҳо муқаррар гардидани муносибатҳои мустақими корреспондентӣ аккредитивӣ пӯшониданашуда (кафолатнок) метавонад дар бонки иҷрокунанда бо роҳи ба он додани ҳуқуқӣ аз ҳисоби бонки эмитентӣ дорандаи суратҳисоби ӯ соқит кардани тамоми маблағи аккредитив кушода шавад<sup/>.

Дар ҳар аккредитив бояд равшан зикр шуда бошад, ки оё он бозхондшаванда аст ё бозхонднашаванда. Дар мавриди набудани чунин тазакурот аккредитив бозхондшаванда мебошад. Аккредитиве бозхондшаванда эътироф мегардад, ки аз тарафи бонки эмитент, бе он ки маблағгиранда пешакӣ огоҳ карда шавад, метавонад тағйир дода ё бекор карда шавад.

Аккредитиве, ки бе розигии маблағгиранда наметавонад бекор карда шавад, аккредитиви бозхонднашаванда ҳисоб меёбад.

Молфиристанда барои гирифтани пули аккредитив молро бор карда, феҳристи ҳисобу китоб, ҳуҷҷатҳои молборкунӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои бо шартҳои аккредитив пешбинигардидаро ба муассисаи хизматрасони бонкӣ пешниҳод мекунад.

Ҳуҷҷатҳое, ки аз рӯи аккредитив пардохта шудани маблағро тасдиқ менамоянд, бояд аз тарафи молфиристанда пеш аз гузаштани мӯҳлати аккредитив ба бонк пешниҳод карда, иҷро гардидани ҳамаи шартҳои аккредитивро тасдиқ намоянд. Дар сурати риоя нашудани ақаллан яке аз ин шартҳо аз рӯи аккредитив маблағ пардохта намешавад<sup/>.

8.4. Хизматрасонии электронии бонкӣ

Истифодабарии технологияи компютерӣ дар соҳаи бонк хусусан дар замони ҳозира бениҳоят самаранок мебошад. Аввалин маротиба компютерҳо дар охирҳои солҳои 50-уми асри гузашта дар ШМА соли 1959 дар яке аз шӯъбаҳои бонки Bank of America ҷиҳозонида шуда буд, ки дар ҷаҳон аввалин таҷҳизоти электронӣ дар низоми бонкӣ ба шумор рафта, барои пешбарии суратҳисобҳои ҷорӣ ва коркарди чекҳо шурӯъ намуд. Инчунин аввалин мошинаи теллерии автоматикӣ (таҷҳизот барои назорати гардиши пул дар суратҳисобҳои бонкӣ) низ соли 1970 дар ШМА ба роҳ монда шуда буд. Дар шароити ҳозира хизматрасонии сесатҳаи низоми электронии бонкӣ ба роҳ монда шудааст:

  • хизматрасонии электронии бонкии «алоҳида»(чакана);
  • хизматрасонии электронии бонкии яклухт;
  • палатаҳои ҳисоббаробаркунии автоматӣ.

Ба хизматрасонии электронии бонкии «алоҳида» (чакана) дохил мешаванд:

  • истифодаи кортҳои пластикӣ;
  • истифодаи банкоматҳо ва дигар таҷҳизотҳое, ки ба мизоҷон хизмат мерасонанд;
  • низоми ҳисоббаробаркунӣ дар нуқтаҳои савдо;
  • хизматрасонии мизоxон дар хона ва идораҳои онҳо;
  • хизматрасонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳое, ки ба коркард вобастагӣ доранд;

Палатаи ҳисоббаробаркунии автоматӣ (ПҲА) ташкилоти махсуси алоҳидаест, ки бонкҳои тиҷоратӣ бо истифодаи воситаҳои электронӣ бо мизоҷон амалиётҳои пулӣ мегузаронанд. Вазифаи ПҲА низ ҳамчун палатаи ҳисоббаробаркунии оддӣ мебошад. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ байни ташкилотҳои молиявӣ дар минтақаи муайян дар реҷаи автоматӣ ба сомон расида, ҳамаи ахборот оид ба пардохтҳои пулӣ дар як шакли тайёр барои ворид намудан ба мошинаҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ) мегардад.

Нақши бениҳоят калонро барои азхуднамоии идоракунии фаъолияти бонкӣ низоми автоматикунонидашудаи бонкӣ мебозад. Зеро низоми автоматикунонидашудаи бонкӣ барои намудҳои дигари фаъолияти бонкӣ аҳамияти калон дорад:

  • коркарди усулҳои нав барои хизматрасонии бонкӣ (кортҳои бонкӣ, банкоматҳо, «бонк-мизоҷон» ва ғайра);
  • ташкили технологияи бонкӣ оид ба иҷрои амалиёти бонкӣ (низоми шабакавӣ, таъмини барномаҳо ва ғайра);
  • баланд бардоштани сатҳи сифатнокии кор ва хизматрасонии бонкӣ;
  • баланд бардоштани истеҳсолоти меҳнатӣ: паст намудани хароҷот барои кор ва хизматрасонии бонкӣ, паст кардани хароҷот барои як хизматчии бонк.

Дар оянда дар кори низоми бонкӣ дар назар дошта шудааст, ки васоити мултимедия фаъолона ба роҳ монда шавад.

Мултимедия ин технологияи интерактивиест, ки таъмини корро бо тасвирҳои беҳаракат, видеотасвирҳо, аниматсия, матн ва қатори овозҳоро нишон медиҳад.

Ба технологияи навтарини бонкҳо инҳо дохил мешаванд:

  • ҳисоббарории технологӣ дар соҳаи меъморӣ

«ороиши-муштарӣ»;

  • хизматрасонӣ дар хона ба воситаи компютери шахсӣ, телефони дисплейдор ё телевизиони интерактивӣ;
  • кортҳои электронии хотирадор;
  • коркарди тасвири чекҳои пардохтӣ;

Ҳоло дар бисёр давлатҳои таррақикардаи ҷаҳон дар низоми бонкҳо шинохтани овозҳоро истифода мебаранд, ки муштарӣ на ба воситаи телефон, балки бо ёрии компютер метавонад амалиёти бонкии худро гузаронад.

Дар баробари ин бонкҳои тиҷоратӣ бо ёрии Интернет-банкинг хизматрасониҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

  • кушодани ҳисобҳои бонкӣ ва ҳисобдории бонкӣ;
  • ҳисоббаробаркунӣ бо супориши шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ;
  • хариду фуруши асъори хориҷӣ;
  • ҷалб намудани маблағ.

Бонкҳо бо ёрии Интернет амалиёти ҷобаҷокунии маблағро мегузаронанд.

Дар кадом асос Интернетбанкинг мизоҷонро ба худ ҷалб менамояд. Пеш аз ҳама дар асоси фароҳам овардани шароит барои мизоҷон. Вай аъзои бонке мегардад, ки дар дигар минтақа ҷойгир аст ва ӯ метавонад бо ёрии Интернет-банкинг амалиёти худро дар ҳама рӯзҳои ҳафта 24 соат бо суръати баланд гузаронад.

Бонк барои фаъолият кардан бо ёрии Интернетбанкинг бояд дар Интернет шабакаи худро дошта бошад. Шабакаҳо ба се навъ ҷудо мешаванд:

  • хабарӣ–ҷойгиронии хизматрасонии бонкӣ ва хабари маркетингӣ;
  • робитавӣ- илова ба хизматрасонии хабарӣ алоқаи мизоҷро бо бонк ба тариқи хаттӣ ба воситаи почтаи электронӣ ҳуҷҷатҳои пардохтии мизоҷ дар намуди электронӣ ба бонк фиристода мешавад, ки дар ҳамон рӯз амалиёт ба анҷом расида, ҳисоботаш ба ӯ дастрас мегардад, ки таъмини ҳимояи хабар таҳти рамзи электронӣ қарор мегирад;
  • амалиётӣ – ба мизоҷ (ба шахсони воқеӣ) шароит фароҳам меоварад, ки барои иҷро кардани амалиёти трансаксионӣ (трансаксия-ҳамаи созишномаҳои дутарафа ё зиёда аз ин, ки дар натиҷа қувваи қонунии ӯҳдадориҳоро боэътибор мегардонад) бо реҷаи «on – line», ба пардохти суратҳисобҳо шомил бошад, амалиётҳои конверсиони (конверсия – раванди гузариш аз як намуди низом ба дигар намуди низом), ҷойгиронии маблағ ба пасандоз ва дигар амалиётхо, тахминан додани хабари махсӯси махфиро бевосита дар рӯзи амалиётии бонк, бехатарии онро талаб мекунад<sup/>.

8.5. Кортҳои пластикии бонкӣ

Вусъати рӯзафзуни ҳисоби ғайринақдӣ, афзоиши андозаи пардохт ба меҳнатталабии амалиёти бонкӣ ва ба афзоиши хароҷоти бонкӣ мусоидат мекунад.

Яке аз ҳамин намудҳои ҳисоббаробаркунӣ бо ёрии кортҳои пластики бонкӣ мебошад. Истифодабарии онҳо дар ҳисобкунӣ метавонад на танҳо ҳисобҳои амалиётиро автоматӣ кунонад, балки метавонад ба ҳисоби бонк фоидаи иловагӣ биёрад ва ба мизоҷони худ гарави кофии бехатарии ҳисобҳои онҳоро диҳад.

Истифодабарии кортҳои пластикии бонкӣ далели дар оянда ривоҷу равнақ ёфтан ва ба таври васеъ истифода бурдани кортҳои пластикии бонкӣ мегардад.

Корти пластикии бонкӣ воситаест барои ташкил кардани ҳисоббаробаркунӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки ҳисоби мизоҷ ба роҳ монда мешавад, мебошад. Бо ёрии он мумкин аст аз ҳисоби ӯ барои пардохт ва харид дар муносибати савдо пули нақд гирифта шавад.

Кортҳои пластикии бонкӣ мумкин аст дар ҳолати ҳисоббаробаркунии моҳона, стипендия ва нафақа барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ истифода бурда шавад.

Қоидаҳои асосии инкишоф ва истифодабарии кортҳои пластикии бонкӣ мутобиқи дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

Корти пластикии бонкӣ қурб ва қимати худро дорад, ки на ҳамчун як пластик, балки ҳамчун як восита дар чорчӯбаи низоми пардохти амалкунанда мебошад ва он дар ин низом рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодааст.

Ба намуди иштирокчиёни низоми пардохт дохил мешаванд:

  • ташкилот – эмитенти корт;
  • нигоҳдорандаи корт;
  • ташкилотҳои савдо, кортҳои таъминкунанда, яъне бо воситаи онҳо пардохтҳо ва дигар хизматҳо пешкаш мегарданд;
  • ташкилоти кредитӣ – эквайер;
  • маркази протсеcсингӣ;
  • агенти пардохт;

Хусусиятҳои ҳар як иштироккунандаро бо истифодаи кортҳои пластикӣ дар иҷрои амалиёти бонкӣ мебинем, ки чӣ гуна аст:

  • эмитент интишори кортҳои бонкӣ, кушодани суратҳисоб ва хизматрасонии ҳисоббаробаркунии мизоҷонро зимни амалиёти бонкӣ ва истифода бурдани кортҳоро ба роҳ мемонад.

Эмитент метавонад ба мизоҷони худ – яъне шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ду шакли кортҳоро пешкаш кунад:

  1. пардохтӣ;
  2. кредитӣ.

Дорандаи кортҳои пардохтӣ шароити истифода бурдани маблағи суратҳисоби худро, ки мувофиқи лимит эмитенти ӯ ҷудо кардааст ва ҳуқуқи сарфа намудани онро дорад.

    • Ба сифати ташкилоти таъминкунандаи корт чун қоида муассисаи дар соҳаи савдо ё соҳаи хизматрасоние, ки дар асоси шартномаи бо эквайер басташуда барои қабули ҳуҷҷатҳо, ки барои сифати пардохти маҳсулоти худ бо истифодаи корт тартиб додаст, уҳдадорӣ гирифтааст, баромад менамояд.

Нуқтаҳои савдои кортӣ, ки ба кортҳои пластикии бонкӣ хизмат мерасонанд, бояд бо таҷҳизоти махсуси электронӣ таъмин шуда бошанд, ки ба воситаи онҳо авторизатсияи кортҳои пластикии бонкӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳо ба роҳ монда шавад.

Авторизатсия «маъқул донистани пардохтҳо, розӣ будан ва додани иҷозат барои гузаронидани амалиёт аз як корт ба дигар корт» аст.

    • Бонк – эквайер ташкилоти кредитие мебошад, ки бо ёрии кортҳои бонкӣ ҳисоббаробаркуниро бо муассисаи савдо ва соҳаи хизматрасонӣ бо амалиёти бонкӣ ба роҳ мемонад, инчунин бо додани пули нақд ба шахсони, ки дорои корти бонкӣ ҳастанд, хизмат мерасонад.

Амалиёти қабул ва додани пули нақд ба шахсони дорои кортҳои бонкӣ ба воситаи банкоматҳо ва нуқтаҳои пулдиҳандае, ки аз ҷониби эквайерҳо кушода мешаванд, ба роҳ монда мешавад.

    • Банкомат маҷмӯи барномакунонидаи техникӣ-электроние мебошад, ки барои додан ва қабул намудани пули нақд ва пешниҳоди ахборот оид ба ҳолати суратҳисоби мизоҷ ва инчунин барои ба анҷом расонидани пардохти ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.
    • Маркази протсессингӣ ширкатест, ки низоми пардохти ахбороти технологияи мутаассилро байни иштирокчиён таъмин мекунад. Чун ширкати таъминкунандаи ахборот ва фаъолияти ҳамбастагии технологи байни иштирокчиёни низоми пардохт дорои ахбороти ҳолати ҳисобҳо дар кортҳо, иштирокчиёни низом буда, авторизатсияи ҳамаи амалиётро бо кортҳои пластикии бонкӣ ба роҳ мемонад. Хусусияти ин марказ иборат аз ҷамъ кардан, коркард ва фиристодани ахборот ба иштирокчиёни низом мебошад, ки бо кортҳои пластикии бонкӣ амалиёт мегузаронанд. Он метавонад ба бонки эмитент тааллуқ дошта бошад ё ҳамчун ташкилоти алоҳида баромад кунад.
    • Агенти пардохт ташкилоти кредитиест, ки ҳисоббаробаркуниро дар байни бонкҳо – аъзоёни низоми пардохт дар асоси маълумотҳое ба роҳ мемонад, ки аз маркази протсессингӣ гирифта шудааст. Бинобар ин байни бонкҳо муносибати корреспонденти муқаррар карда мешавад. Бо ҳамин тартиб бонки ҳисоббаробаркунанда маблағро ба суратҳисобҳои корресподентӣ, бонк-эквайерҳо мегузаронад ва маблағро аз суратҳисоби бонки корт эмитент аз ҳисоб мебарорад.

8.6. Васиқа (вексел)

Намудҳои васиқа ва тавсифи онҳо

Васиқа коғази қиматноке мебошад, ки ӯҳдадории бидуни ҳеҷ гуна шарти васиқадиҳанда (васиқаи оддӣ) ё пардохткунандаи дигари дар васиқа зикргардида (васиқаи интиқоли)-ро дар мавриди бо фаро расидани мӯҳлати пешбининамудаи васиқа ба соҳиби васиқа (васиқадор) пардохтани маблағи муайянро тасдиқ менамояд (моддаи 166 КГ ҶТ).

Дар истифодаи усули васиқавӣ кредити тиҷоратӣ бо ӯҳдадории қарзи харидор – васиқа таъмин карда мешавад.

Васиқа коғази қиматнокест, ки бо риояи ҷиддии талаботи қонун тартиб дода шуда, аз ӯҳдадории ҳатмии абстрактии пулӣ иборат мебошад.

Мувофиқи табиати ҳуқуқшиносӣ васиқаҳо ба ду намуд ҷудо мешаванд: васиқаи оддӣ ва васиқаи интиқолӣ.

Васиқаи оддӣ ӯҳдадории бидуни ҳеҷ гуна шарти васиқадиҳанда бо фарорасии мӯҳлат ба васиқадор пардохтани маблағи муайян мебошад.

Васиқаи оддӣ инҳоро дар бар мегирад:

1. Номи «васиқа», ки матни ҳуҷҷат онро дар бар карда, ба забоне баён ёфта бошад, ки ин ҳуҷҷат тартиб дода шудааст;

2. Зикри мӯҳлати пардохтгар;

3. Зикри ҷое, ки қарз бояд пардохта шавад, суроғаи васиқадор;

4. Номи касе, ки қарзро ба кӣ ё бо фармони кӣ бояд пардозад;

5. Зикри сана ва ҷои тартиб додани васиқа;

6. Имзои шахсе, ки васиқа медиҳад (васиқадеҳ).

Ҳуҷҷате, ки дар он агар яке аз ин номгуйҳо зикр наёфта бошад, қувваи васиқаи оддиро пайдо карда наметавонад.

Ба ғайр аз ҳолатҳои зерин:

  • васиқаи оддӣ, ки мӯҳлати пардохташ дар он нишон дода нашудааст, ҳамчун пардохту пешниҳод ба назар гирифта мешавад;
  • дар ҳолати вуҷуд надоштани аломати махсусе, ки маҳалли тартиб додани ҳуҷҷат маҳалли пардохт ва инчунин маҳалли истиқомати васиқадиҳанда ҳисобида мешавад.
  • васиқаи оддие, ки дар он маҳалли тартиб доданаш он нишон дода нашудааст, ба ивази нишондоди қатори номгӯи васиқадиҳанда ҳамчун имзошуда ҳисобида мешавад

Дар васиқаи интиқолӣ (трата) амри хаттии васиқадеҳ (трассант) баён ёфтааст, ки қарздор – пардозанда (трассат) ба шахси сеюм – дорандаи васиқа (ремитент) бояд қарзи (маблағи) дар васиқа зикрёфтаро пардозад.

Дар васиқаи интиқолӣ бар хилофи васиқаи оддӣ ду шахс не, балки се шахс – васиқадеҳ (трассант), ки васиқа медиҳад; харидори аввал (ва ё васиқадор), ки ба эътибори васиқа ҳақ дорад пардохтани қарзро талаб намояд ва пардохтгар (трассант) иштирок менамоянд, ки васиқадор ба ӯ пардохтани қарзро пешниҳод мекунад.

Васиқаро аз рӯи навиштаҷоти (хаттӣ) таҳвил (индоссамент) аз даст ба даст додан мумкин аст. Моҳияти васиқа дар он аст, ки ба қафои он ё дар варақи замима хаттӣ таҳвилро навишта, ҳамроҳи васиқа ба шахси дигар ҳуқуқи гирифтани пардохтпулӣ дода мешавад.

Индоссамент хати таҳвилест дар пушти коғази қиматнок, васиқа, чек, коносамент ва ғайра, ки аз рӯи ин ҳуҷҷат ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқро тасдиқ менамояд, мебошад. Хати таҳвил одатан дар пушти ҳуҷҷат ё дар варақи замима навишта мешавад. Шахсе, ки индоссаментро баҷо меоварад, индоссант ном дорад<sup/>. Васиқа бояд ҳатман дар шакли хаттӣ тартиб дода шавад.

Дар матни васиқаи интиқолӣ бояд ишораҳои зерин зикр шуда бошанд:

1. Номи «васиқа», ки матни ҳуҷҷат онро дар бар карда, ба забоне баён ёфта бошад, ки ин ҳуҷҷат тартиб дода шудааст;

2.Ӯҳдадории оддӣ ва бе қайду шарт пардохтани маблағи муайян;

3. Номи касе, ки қарзашро бояд пардозад (пардозгар), ҷои истиқомати он (суроғаи ҳуқуқӣ);

4. Зикри мӯҳлати пардохтгар;

5. Зикри ҷое, ки қарз бояд пардохта шавад, суроғаи васиқадор;

6. Номи касе, ки қарзро ба кӣ ё бо фармони кӣ бояд пардозад;

7. Зикри сана ва ҷои тартиб додани васиқа;

8. Имзои шахсе, ки васиқа медиҳад (васиқадеҳ).

Ҳуҷҷате, ки яке аз ин ишораҳоро надорад, васиқаи интиқолӣ буда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои зерин:

Васиқаи интиқолие, ки мӯҳлати пардохташ аз рӯи он зикр наёфтааст, васиқае мебошад, ки қарз бояд бо пешниҳоди он пардохта шавад.

Дар сурати набудани ишораи махсус, ҷое, ки дар наздикии номи пардохтгар зикр ёфтааст, ҷои пардохт ва дар баробари ин ҷои истиқомати пардохтгар ба ҳисоб меравад.

Васиқаи интиқолие, ки дар он ҷои тартиб доданаш зикр нашудааст, дар ҷое имзошуда ҳисоб меёбад, ки дар наздикии номи васиқадеҳ ишора гардидааст.

Маблағи васиқаи интиқолӣ бояд ончунон аниқу муайян зикр шуда бошад, ки ҳар гуна шакку шубҳаро нисбати ҳаҷму андозаи он истисно намояд. Дар қонун иҷозат шудааст, ки маблағи васиқаро ҳам бо рақам ва ҳам бо хат навиштан мумкин аст, лекин бо хат навиштан беҳтар мебошад.

Агар байни ишораҳои васиқа ихтилофот роҳ ёбад, васиқае, ки дар он маблағи қарз хаттӣ навишта шудааст, эътибор дорад. Агар дар васиқаи интиқолӣ маблағ чанд бор ишора шуда бошад, ё бо хат ё худ бо рақам навишта шуда бошад, дар мавриди мухолифати байни ин ишораҳо васиқае боэътибор ҳисоб меёбад, ки дар он маблағи камтарин зикр шудааст.

Инчунин як қатор дигар гурӯҳбандиҳои васиқавӣ мавҷуданд. Барои мисол васиқаҳо чун коғазҳои қиматнок ба хусусӣ (васиқаи рентавӣ), ордерӣ ва васиқаи дидорӣ тақсим мешаванд. Ҳамзамон ҳамаи дигар васиқаҳои гурӯҳбандиша-ванда на аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, балки аз ҷиҳати иқтисодӣ гузаронида мешаванд, ки ин қонунан мустаҳкам карда нашудааст ва аз ин ё дигар аломатҳои васиқа иборат аст, аммо маъмулан истифода бурда мешаванд, ба монанди ба амал овардани амалиётҳои хоҷагӣ.

Дар навбати аввал васиқаҳо ба васиқаҳои асоснок ва беасос ҷудо мешаванд. Гурӯҳбандии мазкур дар мавриди тартиб додани васиқа аз ҷиҳати асоси иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ доштан ё надоштан сарчашма мегирад. Васиқаҳои асоснок ҷудо мешаванд ба моли, молиявӣ, муқобил ва баргарданда.

Васиқаи молӣ васиқаи интиқолӣ номида мешавад. Мақсади васиқаи молӣ вай барасмиятдарории қарздории харидорро дар назди таъминкунанда иникос мекунад.

Васиқаи молиявӣ васиқаи оддӣ номида мешавад ва аз номи қарзгир ба манфиати кредитор барои барасмиятдарории қарздории он, ки аз шартномаи кредит ё қарз бар меояд, мебошад.

Васиқаи муқобил васиқаи оддӣ ё интиқолиест, ки муқобили гирифтани васиқаи дигар дода мешавад. Мақсади додани васиқаи муқобил қайди он дар бонкҳои гуногун ва гирифтани пул барои истифодабарии истеҳсолии онҳо мебошад.

Васиқаи баргарданда в

615
Нет комментариев. Ваш будет первым!