Танзими ҳуқуқии муносибатҳои асъорӣ

9.1. Батанзимдарории ҳуқуқӣ дар муносибатҳои асъорӣ

Танзими асъор ин фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад, ки бо тартиби муайян барои ба анҷом додани амалиёти асъорӣ равона карда шудааст.

Сарчашмаи танзими ҳуқуқи асъор иборат аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» аз 4-уми ноябри соли 1995 № 112, аз 12 декабри соли 1998 № 498 (бо таъғироту иловаҳо бар қонун аз 3.09.1999 № 826; 10.05.2002 № 43, 9.12.2004 № 64) дастурамали алоҳида оид ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ва қарордодҳои Ҳукумат мебошад.

Асоси қонунгузории асъорро дар ҳолати ҳозира қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ташкил медиҳад ва тавре қабул шудааст, ки қабули дигар қонунҳоро талаб намекунад. Қонуни мазкур танҳо ба санадҳое, ки хусусияти зерқонунӣ доранд, такя мекунад.

Низоми асъор як шакли ташкили муносибатҳои асъорие буда, бо қонунгузории миллӣ ё созишномаҳои байнидавлатӣ мустаҳкам карда шудааст. Муносибатҳои асъорӣ муносибатҳои гуногуни пулианд, ки дар муомилоти байналмилалӣ пул пайдо мешавад. Ғайр аз ин муносибатҳои асъорӣ алоқаи ҳамарӯза хосанд, ки он шахсони воқеӣ, фирмаҳо, бонкҳоро дар бозори пул ва асъор бо мақсади ба сомон овардани амалиёти асъорӣ ва кредитӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ фаро мегиранд.<sup/> Низоми асъор ба асъори миллӣ, пули минтақавӣ ва асъори ҷаҳонӣ тақсим мешавад.

Низоми пули миллӣ вобаста ба пули миллист.

Таҳти мафҳуми пули миллӣ пули ягонаи миллӣ фаҳмида мешавад. Пули миллӣ ба намуди нақд (банкнота, пули коғазӣ ва танга) ва ғайринақдӣ (маблағҳое, ки дар суратҳисобҳои бонкӣ) қарор доранд.

Эмиссиякунандаи пули миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Ба аломатҳои асосии низоми пули миллӣ инҳо дохил мешаванд:

  • пули миллӣ;
  • танзими пули миллӣ дар муносибатҳои байналмилалии асъор;
  • реҷаи қурби пули миллӣ;
  • танзими меъёри пули миллӣ ва шароити конвертатсиякунонии он;
  • реҷаи бозори тилло ва пули миллӣ;
  • мақомоти миллие, ки танзими асъорро ба роҳ мемонанд.

Мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» таҳти мафҳуми пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмида мешавад:

а) пули Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пуле мебошад, ки дар шакли билетҳои бонкии (пули коғазии) Бонки миллии Тоҷикистон ва тангаҳо дар муомилот қарор дорад.

б) маблағҳо бо сомонӣ, ки дар ҳисобҳо ва пасандозҳои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мавҷуданд.<sup/>

Асъори хориҷӣ :

а) пули коғазӣ дар шакли билетҳои бонк ва танга, ки дар муомилот қарор доранд ва воситаҳои қонунии пардохт дар давлати дахлдор мебошанд, инчунин пулҳои коғазие, ки аз муомилот гирифта шудаанд ё гирифта мешаванду вале қобили ивазкунӣ ҳастанд;

б) маблағе, ки дар ҳисобҳо дар шакли воҳидҳои пулии давлатҳои хориҷӣ ва воҳидҳои пулии байналхалқӣ ё воҳидҳои ҳисобу китоб қарор доранд.<sup/>

Таҳти мафҳуми«сарватҳои асъорӣ» инҳо фаҳмида мешаванд:

а) асъори хориҷӣ;

б) коғазҳои қиматнок дар шакли асъори хориҷӣ – ҳуҷҷатҳои пардохт (чекҳо, васиқаҳо, аккредитивҳо ва ғайра), сарватҳои фондӣ (саҳмияҳо, вомбаргҳо) ва дигар ӯҳдадориҳои қарзӣ, ки дар шакли асъори хориҷӣ ифода ёфтаанд;

в) филизоти қиматбаҳо – тилло, нуқра, платина ва филизоти гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений ва осмий) дар ҳар шаклу ҳолате, ки бошад, ба истиснои маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишӣ, инчунин шикастапораҳои чунин маснуот;

г) сангҳои қиматбаҳои табиӣ – алмос, ёқут, зумуррад, ёқути кабуд ва александрит дар шакли хом ва коркарда, инчунин марворид, ба истиснои маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишӣ аз ин гуна сангҳо ва шикастапораи чунин маснуот.<sup/>

Тартиби ба маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишӣ ва шикастаи чунин маснуот нисбат додани маснуоте, ки аз филизоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои табиӣ сохта шудаанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Бозори пул бозоре мебошад, ки дар он пули миллии як давлат бо пули миллии дигар давлат иваз карда мешавад. Вазифаи асосиро дар бозори пули хориҷӣ бонкҳои калонтарин мебозанд(онҳо номи бонкҳои тиҷоратиро доранд), ки дар бузургтарин марказҳои савдои асъори хориҷӣ ба монанди Лондон, Токио, Сюрих мебошанд ё филиалу намояндагии худро доранд. Хусусияти иваз намудани пул ин харидорӣ намудани як доллар, ба як миқдори муайяни пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонӣ мебошад. Пулҳое, ки ба таъмини муносибатҳои байналмилалӣ шомиланд, асъор номида мешаванд.

Таҳти амалиёти асъор алоқамандӣ бо муомилоти сармоя фаҳмида мешавад:

а) сармоягузорие, ки бевосита ба фонди оинномавии корхона бо маrсади ба даст овардани фоида ва гирифтани ҳуқуқӣ иштирок кардан дар идоракунии корхона тааллуқ дорад;

б) сармоягузории портфелӣ, яъне ба даст овардани коғазҳои қиматнок;

в) интиқол барои пардохти музди ҳуқуқ ба моликияти шахсӣ, иморат ва дигар амвол, алалхусус замин ва сарватҳои он, инчунин дигар ҳуқуқҳо барои дигар амволи ғайриманқул;

г) пешниҳодот барои гирифтани муҳлати пардохт ба муддати на кам аз 180 рӯз оид ба воридоту содироти мол ва маҳсулот, инчунин кор ва хизматрасонӣ;

ғ) пешниҳод ва гирифтани кредитҳои молиявӣ ба муҳлати зиёда аз 180 рӯз;

д) ҳамаи дигар амалиётҳои асъорӣ, ки амалиётҳои асъории ҷорӣ намебошанд.<sup/>

Бонкҳои ваколатдор бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитие мебошанд, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои гузаронидани амалиётҳои асъори доранд.

Асъори қобили табдили озод асъори хориҷие мебошад, ки бе маҳдудият ба асъори хориҷии дигар давлат дар ҳолати гузаронидани амалиётҳои асъории ҷорӣ иваз карда мешавад.<sup/>

Ҳисобот оид ба муҳлати пардохт дар мавриди ҳисобкуниҳо, ки ба содироти мол алоқаманд буда, аз рӯзи гузаштани мол аз cарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад.

Мафҳуми асосии низоми танзими асъор мафҳумҳои «резидентҳо» ва «ғайрирезидентҳо» мебошад.

Резидентҳо:

а) шахсони воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, аз ҷумла онҳое, ки муваққатан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

б) шахсони ҳуқуқие, ки мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда, қароргоҳашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст;

в) корхона ва ташкилотҳое, ки шахсони ҳуқуқӣ намебошанду вале мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳудуди он воқеъ гардидаанд;

г) намояндагиҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва дигар намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди он воқеъ гардидаанд;

ғ) филиалҳо ва намояндагиҳои резидентҳои дар зербандҳои “б” ва “в” – и банди зикршуда, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ғайрирезидентҳо:

а) шахсони воқеие, ки ҷои истиқомати доимиашон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошад, аз ҷумла онҳое, ки муваққатан дар ҳудуд қарор доранд;

б) шахсони ҳуқуқие, ки мувофиқи қонуни давлатҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд ва қароргоҳашон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

в) корхона ва ташкилотҳое, ки шахсони ҳуқуқӣ набуда, мувофиқи қонуни давлатҳои хориҷӣ таъсис ёфта, қароргоҳашон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошад;

г) намояндагиҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва дигар намояндагиҳои расмии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо;

д) филиалҳо ва намояндагиҳои ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зербандҳои “б” ва “в” зикр шудаанд.

Резидентҳо метавонанд, дар бонкҳои ваколатдор суратҳисобҳои асъори хориҷӣ дошта бошанд.

Тартиби баровардан ва интиқол додани асъор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби резидентҳо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми 5-уми моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» нишон дода шудааст, Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Шахсони воқеӣ-резидентҳо дар ҳолати риояи қоидаҳои гумрукӣ ҳуқуқ доранд дар ҳудуде, ки дар эъломия ё санади дигари тасдиқкунандаи интиқол, ворид ё ирсоли асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, асъори қаблан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ворид ё ирсолшударо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, содир ё ирсол менамоянд.<sup/>

Ғайрирезидентҳо дар ҳолати риоя намудани қоидаҳои гумрукӣ ҳуқуқ доранд асъорро бе мамониат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, содир ва ирсол намоянд, ба шарте, ки он қаблан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ворид ё ирсол шуда бошад ё дар асоси банди 3 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шуда бошад ва дар дигар ҳолатҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.<sup/>

Доир ба кушодани суратҳисоб барои резидент–шахси ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

а) ариза барои кушодани суратҳисоб, ки аз тарафи роҳбари шахси ҳуқуқӣ имзо шудааст;

б) нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи нотариати давлатӣ тасдиқ шудаанд;

в) нусхаи ҳуҷҷатҳои саҳмдорон(оиннома ва ҳуҷҷатҳои ташкилот), ки аз тарафи нотариати давлатӣ тасдиқ шудаанд;

г) маълумотномаи мақомоти андоз, ки ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст.

ғ) варақа бо намунаи имзоҳо ва шакли мӯҳри ташкилот, ки онро идораи нотариалӣ тасдиқ намудааст.

10.2. Танзими ҳуқуқии фаъолияти мубодилаи асъор

Танзими ҳуқуқии мубодилаи асъор ба воситаи Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи кушодани бунгоҳҳои мубодилаи арз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 10-уми апрели соли 1997 қабул шудааст ва Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирии фаьолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва гузарронидани амалиёти мубодилаи асъор бо асъори нақди хориҷӣ», дигар Дастурамалҳо, инчунин қонунгузории амалку- нанда сурат мегирад.

Дастурамал «Дар бораи тартиби кушодан ва бақайдгирии фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва гузаронидани амалиёти мубодилаи асъор бо асъори нақди хориҷӣ» мутобиқи моддаҳои 169 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» қабул гардида, тартиби кушодан, бақайдгирӣ ва ташкили кори нуқтаҳои мубодилаи асъори нақди хориҷӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии ин амалиётҳо аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва шахсони воқеиро дар бар мегирад. Дастурамали мазкур чунин қоидаҳоро муқаррар гардонидааст:

1. Амалиёти мубодилаи асъорро бо асъори нақди хориҷӣ бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ки дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи анҷом додани амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷӣ мебошанд (минбаъд дар матни ҳамин боб-бонкҳо), инчунин шахсони воқеӣ, ки дар гувоҳномаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ворид кардан ба феҳристи шахсони воқеӣ, ки нуқтаҳои мубодилаи асъор кушодаанд (минбаъд дар матни ин боб-гувоҳнома ва шахсони воқеӣ), гузаронида мешавад.

Гувоҳнома ба шахсони воқеъӣ ҳуқуқӣ кушодани нуқтаи мубодилаи асъор ва гузаронидани амалиётҳои мубодилаи асъорро бо аҳолӣ аз номи худ ва аз ҳисоби маблағи худ медиҳад;

2. Шахсони воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирези-дентҳо), ба истиснои шахсони воқеие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, амалиёти мубодилаи асъорро танҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба анҷом мерасонанд.

Шахсони воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирези-дентҳо), ки ба фаоъолияти соҳавӣ машғуланд, амалиёти мубодилаи асъорро бо асъори нақди хориҷӣ метавонанд ба воситаи ҳисобҳое, ки дар бонкҳо кушодаанд, гузаронанд.

Анҷом додани амалиёти асъор ба шахсони воқеӣ берун аз бонкҳо ва нуқтаҳои мубодилаи асъор, вайрон кардани тартиби анҷом додани амалиёти асъорӣ мебошад ва мутобиқи қонунгузории ҷумҳури ҷавобгарӣ дорад.

Шахсони воқеие, ки гувоҳномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифтаанд, ҳуқуқ доранд як ё якчанд нуқтҳои мубодилаи асъорро ба номи худ кушоянд.

Нуқтаҳои мубодилаи асъор метавонанд мустақиман дар муассисаҳои бонкҳо, дар нуқтаҳои марзии гумрукӣ, дар фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, вокзалҳо, мағозаҳо ва ҷойҳои дигар, ки талабот ба мубодилаи асъори нақди хориҷӣ мавҷуд аст, кушода шаванд.

Кабинаи нуқтаҳои мубодилаи асъор ҳамчунин бояд ба «талаботи техникии кабинаи хазиначии нуқтаи мубодилаи асъор» ҷавобгӯ бошад.

Нуқтаҳои мубодилаи асъор метавонанд:

а) хариду фурӯши асъори нақди хориҷиро бо пули нақди сомонӣ амалӣ созанд;

б) асъори нақди хориҷии як давлати хориҷиро ба асъори нақди давлати хориҷии дигар бадал кунанд;

в) пули пардохтии давлати хориҷиро ба пули пардохтии худи ҳамон давлати хориҷӣ ба сомонӣ майда кунанд;

г) пули ғайрипардохтии давлати хориҷиро ба пули пардохтии худи ҳамон давлати хориҷӣ ё ба сомонӣ иваз намоянд.

Ҳамаи амалиётҳои дар боло номбаршуда минбаъд дар матни ҳамин боб «амалиёти мубодилаи асъор» ном бурда мешаванд.

Қурби хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ бо пули нақди сомонӣ, ҳамчунин кросс – қурби вогардонии (мубодилаи асъори) асъори нақди хориҷӣ (минбаъд – қурб) бо тартиби муқарраршуда бо фармони (фармоиши) бонк (шахси воқеӣ) барои ҳар рӯз ё барои давраи муайяни вақт (2-3 рӯз) бо нишон додани ҳудудҳои тағироти эҳтимолии ин қурбҳо, ки дар ин маврид мумкин аст худи хазинадор қурбро тағйир диҳад, муқаррар карда мешавад.

Дар баробари ин бо фармони (фармоиши) алоҳида бонк (шахси воқеӣ) метавонад барои нуқтаҳои алоҳидаи мубодилаи асъор бо нишондоди нишони ва рақами қайди онҳо қурбҳои алоҳида муқаррар намуда, қурбҳои қаблан муқарраршударо дар давоми рӯзи кори тағйир диҳад.

Бонкҳо (шахсони воқеӣ) метавонанд амалиёти мубодилаи асъорро бо асъорҳои нақди хориҷие анҷом диҳанд, ки қурби расмии мубодилавии онҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Барои таъмини фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор бонкҳо (шахсони воқеӣ) бояд ба ҳар яке аз онҳо бо сомонӣ ва ё бо асъори хориҷӣ воситаҳои гардон ҷудо намоянд. Маблағи воситаҳои гардонро бонкҳо (шахсони воқеӣ) мустақилона бо назардошти ҳаҷм ва талаботи нуқтаи мубодилаи асъори мушаххас ба амалиёти мубодилаи асъор муайян мекунанд.

Маблағи муомилотии барои як нуқтаи мубодилаи асъор ҷудокардаи бонк, бояд на камтар аз 3000 (се ҳазор) сомонӣ бошад. Маблағи муомилоти як бор дар оғози фаъолияти нуқтаи мубодилаи асъор дода шуда, дар оянда мутобиқи дархости хазиначӣ аз ҷониби бонк бо сомонӣ ё бо асъори хориҷӣ зиёд карда мешавад.

Ба ғайр аз маблағи муомилоти бонк метавонад ба нуқтаҳои мубодилаи асъор нисбатан бо асъори хориҷӣ ё сомонӣ маблағи мақсаднок ҷудо намояд. Маблағи мазкур барои фурӯхтан ва аз ҳисоби он зиёд кардани маблағи муомилотии нуқтаҳои мубодилаи асъори хориҷӣ, барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худи бонк истифода шуда метавонад.

Ҷудо намудан ва истифода шудани маблағҳои мақсаднок бо фармоиши алоҳида бо нишон додани қурби фурӯш(харид) муқаррар карда мешавад.

Маблағи муомилотии нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ маблағи шахсии онҳо буда, аз пардохти андоз ба буҷет озод мебошанд. Зеро ин маблағ танҳо барои бевосита гузаронидани амалиёти мубодилаи асъор дар ин нуқтаҳо таъин гардидааст.

Шахсони воқеӣ ҳуқуқ надоранд ба воситаи нуқтаҳои мубодилаи асъор маблағи шахсони ҳуқуқӣ (бидуни бонкҳо) ва дигар шахсони воқеиро барои гузаронидани амалиёти мубодилаи асъор ҷалб ва истифода намоянд.

Шахсони воқеӣ аз даромади нуқтаҳои мубодилаи асъори худ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ андоз месупоранд.

Бонкҳо (шахсони воқеӣ) ва нуқтаҳои мубодилаи асъори онҳо ҳақ надоранд, ки мустақилона оид ба номинали (арзиши) пули давлатҳои хориҷӣ, билетҳои бонкии (бонкнотаҳои) Бонки миллии Тоҷикистон, соли барориш оид ба маблағи асъори нақди хориҷӣ ва сомонии харидашаванда ё фурӯхташаванда маҳдудият муқаррар намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Амалиёти ҳаррӯзаи нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар китоби баҳисобгирии фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, ки ба онҳо нозироти андози маҳаллӣ бақайдгирии соҳибкор додааст, инъикос мегардад.

Ҳисобҳои тавозунӣ барои аз ҷониби бонкҳо ба ҳисоб гирифтани амалиёти мубодилаи асъорӣ дар асоси «Дастур оид ба сохтори ҳисобдорӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ», ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31.12. с.1998 бо пайнавишти 30 тасдиқ кардааст ва тағйиру иловаҳои ба он дохилшуда пеш бурда мешаванд.

Тартиби кори нуқтаҳои мубодилаи асъор аз тарафи роҳбарони бонкҳо (шахсони воқеӣ) назорат карда мешавад. Бонкҳо(шахсони воқеӣ) бояд на камтар аз як бор дар 15 рӯз нуқтаҳои мубодилаи асъори тобеъи худро ногаҳонӣ тафтиш кунанд. Доир ба натиҷаи тафтишҳои ногаҳонӣ санад тартиб диҳанд, пас аз пешниҳоди санад аз ҷониби роҳбари бонк(шахсони воқеӣ) бояд дар муҳлати 3 рӯз барои рафъи камбудиҳои зикргардида чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои вай дар маҳалҳо ҳуқуқ доранд, ки фаъолияти ҳар як нуқтаи мубодилаи асъори амалкунандаро санҷанд ва дар ҳолати вайрон карда шудани муқаррароти санадҳои меъёрии мавҷуда нисбати бонкҳо (шах-сони воқеӣ) чораҳои таъсиррасонии муайянкардаи қонунгузориро, истифода баранд.

Аз рӯи натиҷаи санҷиш санад тартиб дода шуда, он аз тарафи тафтишкунанда ва кормандони нуқтаи мубодилаи асъор имзо мегардад. Хазинадорони нуқтаҳои мубодилаи асъор вазифадоранд, ки дар рӯзи гузаронидани санҷиш ба бонк(шахси воқеӣ) санади санҷишро пешниҳод кунанд. Роҳбарияти бонк(шахси воқеӣ) дар муҳлати 5 рӯз бояд санади санҷишро нисбат ба шахсони гунаҳкор ва оид ба рафъи камбудиҳо ва иҷрои тавсияҳое, ки дар акт ишора шудаанд, чораҳо андешанд ва аз натиҷааш ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳисоботдиҳии нуқтаҳои мубодилаи асъор ва пешниҳоди маълумот оид ба амалиёти мубодилаи асъор аз тарафи бонкҳо (шахсони воқеӣ) мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи Дастуруламали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирии фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва гузаронидани амалиёти мубодилаи асъор бо асъори нақди хориҷӣ» ҳар рӯз ба бонкҳо(шахсони воқеӣ) ҳисобот медиҳанд.

Маълумоти ҷамъбастӣ оид ба ҳаҷм ва қурби миёнавазни қарордоди хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоботи умумии бонк оид ба ҳаҷми харид ва фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор ҳамроҳ карда шуда, бояд ҳар рӯз ба Бонки миллии Тоҷикистон (шӯъбаҳои вай) пешниҳод гардад.

Шахсони воқеӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон (шӯъбаҳои вай дар маҳалҳо) то санаи 10-уми моҳи пас аз моҳи ҳисоботии оянда, ҳар моҳ оид ба фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ аз тарафи онҳо кушодашударо мутобиқи талаботи Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирии фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва гузаронидани амалиёти мубодилаи асъор бо асъори нақди хориҷӣ» ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Бонкҳо ва шахсони воқеӣ ӯҳдадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон тамоми маълумотеро, ки ба фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори онҳо дахл дорад, тибқи шакл ва муҳлати муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар ҳолати вайрон кардани талаботҳои Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирии фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва гузаронидани амалиёти мубодилаи асъор бо асъори нақди хориҷӣ» Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои дар маҳал будаи он ҳуқуқ доранд, ки чораҳои зеринро истифода баранд:

  • ба бонкҳо (шахсони воқеӣ) оид ба рафъи қонуншиканиҳо дар мӯҳлати муайян амрнома ирсол намоянд. Акти санҷиш мувофиқи Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирии фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва гузаронидани амалиёти мубодилаи асъор бо асъори нақди хориҷӣ» бо амрномаи Бонки миллии Тоҷикистон эътибори баробар дорад;
  • аз рӯи вайронкунии талаботи Дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кушодан ва бақайдгирии фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва гузаронидани амалиёти мубодилаи асъор бо асъори нақди хориҷӣ» маҳз барои вайронкунии тартиби баамалбарорӣ ва барасмиятдарории амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ, набурдани ҳисоботи дуруст ё бурдани ҳисоботи амалиёти мубодилаи асъор бо вайронкунии талаботи Дастурамал, сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо, ҳисоботҳо ва маълумот оид ба амалиёти мубодилаи асъор Бонки миллии Тоҷикистон, ба бонк ва шахсони воқеӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷарима карда мешаванд.

Ҷаримаро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва он аз бонкҳо бо роҳи бевосита хориҷ кардани маблағи ҷарима аз суратҳисобҳои муросилотии дар Бонки миллии Тоҷикистон доштаи онҳо рӯёнида мешавад. Шахсони воқеӣ бошанд, маблағи ҷаримаро ба хазинаи Бонки миллии Тоҷикистон бо пули нақд пардохт мекунад ё аз суратҳисоби худ мегузаронанд.

Дар ҳолати аз тарафи шахси воқеӣ напардохтани маблағи ҷарима, Бонки миллии Тоҷикистон ҷаримаи мазкурро бо тартиби суди мерӯёнад.

  • тасдиқномаи бақайдгирии нуқтаи мубодилаи асъори шахсони воқеиро бозхонда мегирад ва дар мӯҳлати 3 рӯз баъд аз бозхондани он оид ба бекор кардани қайд ва бастани нуқтаи мубодилаи асъор қарор қабул намуда, фаъолияти нуқтаи мубодилаи асъори бонкро муваққатан қатъ ва масъалаи аз эътибор соқит намудани бақайдгирӣ ва бастани ин нуқтаро дар назди бонк мегузорад, ба шарте, ки камбудиҳои дар амрнома зикргардида дар мӯҳлати муайяншуда бартараф карда нашаванд ё дар вақти тафтиш маблағи бақияи касса бо маблағи муомилотӣ ва феҳристҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ мувофиқат накунад ё хазинадори нуқтаи мубодилаи асъор ба шахрвандон асъори хориҷиро бе асос нафурӯхта бошад;
  • масъалаи ихтисори миқдори нуқтаҳои мубодилаи асъори аз тарафи бонкҳо (шахсони воқеӣ) дар муддати сол кушодашавандаро ба миён гузошта, масъалаи манъ кардани ҳуқуқи бонкро оид ба кушодан ва ба қайд гирифтани нуқтаҳои мубодилаи асъор то мӯҳлати як сол мавқуф гузошта, гувоҳномаи шахси воқеиро аз эътибор соқит менамоянд. Агар вайронкуниҳо дар ин нуқтаи мубодилаи асъор якчанд маротиба (аз ду дафъа зиёд) ҷой дошта бошанд, ё якчанд маротиба (аз ду дафъа зиёд) супоришот дар мӯҳлате, ки дар амрномаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани камбудиҳо нишон дода шуда буд, иҷро нашуда бошад.

9.3.Тартиби кушодан ва ба қайд гирифтани нуқтаҳои мубодилаи асъор

Тартиби кушодан ва ба қайд гирифтани нуқтаҳои мубодилаи асъор бо тартиби зерин сурат мегирад:

– нуқтаҳои мубодилаи асъорро саридораи бонкҳо бо фармон ва дар асоси он додани тасдиқномаи дахлдор, ки ба қайд гирифта шудани онҳоро тасдиқ мекунад (минбаъд–тасдиқнома), анҷом медиҳанд.

Бонк барои ҳар як нуқтаи мубодилаи асъори кушодашуда ва бақайдгирифташуда парвандаи ҳуқуқӣ мекушояд, ки дар он ҳамаи ҳуҷҷатҳо оид ба кушодан, бақайдгирӣ ва фаъолияти он нигоҳдорӣ карда мешаванд. Аз ҷумла:

– нусхаи фармон оид ба кушодашавӣ ва бақайдгирӣ;

– маълумотнома оид ба омодагиҳои техникии дукони нуқтаи мубодилаи асъор;

– маълумотнома дар бораи хазинадори нуқтаи мубодилаи асъор;

– шартнома оид ба масъулияти пурраи моли ва дигар ҳуҷҷатҳо.

Парвандаҳои ҳуқуқӣ бояд дар ҷои баrайдгирии нуқтаи мубодилаи асъор (бонк ё филиали вай) нигоҳ дошта шаванд.

Бонкҳо вазифадоранд дар бораи кушода шудан (баста шудани) ҳар як нуқтаи мубодилаи асъор дар мӯҳлати се рӯз аз таърихи бақайдгирии (басташавии) он ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд.

Кушодан ва ба қайд гирифтани нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ бо тартиби зерин сурат мегирад:

Шахсони воқеӣ дар асоси гувоҳномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи он ки номашон ба феҳристи шахсони воқеии нуқтаҳои мубодила кушода дохил карда шудааст, метавонанд нуқтаи мубодилаи асъор кушоянд.

Дар муддати даҳ рӯзи баъди ворид шудани ариза Бонки миллии Тоҷикистон (шӯъбаҳои вай) хоҳиши шахси воқеиро баррасӣ намуда, ба ӯ гувоҳнома медиҳад.

Гувоҳномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои гузаштани шахси воқеӣ аз қайди мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии нуқтаи мубодила ҳамчун соҳибкоре, ки бе ташкили шахси ҳуқуқӣ бо мубодилаи асъор машғул аст, асос мешавад.

Гувоҳнома ба шахси воқеӣ ҳуқуқи бевосита гузаронидани мубодилаи асъорро намедиҳад. Шахси воқеӣ баъди гирифтани гувоҳнома ва гузаштан аз қайди мақомоти андоз ба таҷҳизонидани дукони нуқтаи мубодилаи асъор ва ба тайёрии касби ҳамчун хазинадор корро оғоз мекунад.

Барои бақrайдгирии нуқтаи мубодилаи асъор шахсони воқеӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

– ҳуҷҷатҳои бақайдгирии мақомоти андоз;

– маълумотнома дар бораи хазиначии нуқтаи мубодилаи асъор;

– нусқаи ҳуҷҷате, ки тайёрии касбии кассири нуқтаи мубодилаи асъорро тасдиқ мекунад;

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи моликият ба дукони нуқтаи мубодилаи асъор, агар вай моликияти шахсии шахси воқеӣ бошад ё шартномаи иҷораи дукон;

– нусхаи фармони шахси воқеӣ дар бораи кушодани нуқтаи мубодилаи асъор бо нишон додани суроғаи аниқи ҷойгиршавӣ, штати хазиначиён, руйхати амалиётҳои мубодилаи асъор, реҷаи корӣ, маблағи муомилот, ки ба ин нуқтаи мубодилаи асъор дода мешавад.

Амалиёти мубодилаи асъори муштариёни нуқтаҳои мубодилаи асъор, бояд бо ҳуҷҷате ба расмият дароварда шавад, ки анҷом дода шудани чунин амалиётро тасдиқ мекунанд. Ин ҳуҷҷат «Маълумотномаи формаи №377» мебошад, ки вай бланкаи ҳисоботдиҳии махсӯс ба ҳисоб меравад.

Амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ бо пули сомонӣ ҳангоми аз ҷониби шахси воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо) пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунадаи шахсият ба хазинадор бидуни маҳдудияти маблағи қарордод ба анҷом расонида мешавад ва дар феҳристҳо мутобиқи талабот ба қайд гирифта мешавад.

    1. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузории асъор.

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар соҳаи қонунгузории асъор истифодабарии муҷозот ва меъёрҳои қонунгузории давлатӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда мебошад, ки шакли маҳрум сохтани характери молумулкӣ ё ташкилиро дорад.

Барои хулоса ҷавобгарии ҳуқуқиро дар вайрон намудани қонунгузории асъор менигарем ба мафҳуми қонунгузории асъор.

Аломатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи қонунгузории асъор инҳо мебошанд:

  1. ҳуқуқвайронкунӣ кирдорест оид ба ҳуқуқвайронкунии субъект, ки дар он яке аз ҳаракатҳои фаъол(амалиёти асъори талаботи қонунгузории асъорро вайрон мекунад) ё ин ки беҳаракатии ӯ (ҳисоби амалиётҳои асъори гузаронида дида намешавад) мебошад;
  2. ҳуқуқвайронкунии асъорӣ характери зиддиҳуқуқие мебошанд, ки талабот ва меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузории асъорро вайрон мекунанд;

1. ҳуқуқвайронкунии асъор ҳамавақт иҷтимоиян зараровар аст, зеро мисли дигар ҳуқуқвайронкуниҳо он ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат зарар мерасонад. Ин амал зарари воқеӣ нарасонад ҳам, лекин метавонад сарвати иҷтимоиро таҳти хатар гузорад (шартномаи бастаи бонк барои хизматрасонӣ мӯҳлати пешбининамудаи ҳисоббаробаркуниҳо, мумкин аст ҳисоббаробаркуниҳо дар ҳақиқат ба сомон расонида шудааст, дар ҳар ҳолат хатари аслӣ ба манфиати давлат ташкил дода шудааст, ки чунин мӯҳлатҳо дар қонун муқаррар карда шудааст).

Барои он ки кирдор ҳамчун ҳуқуқвайронкунӣ ҳисобида шавад, дараҷаи зарари аз ин амал ба ҷамъият расида, гарчанде гуногун аст, бояд вуҷуд дошта бошад.<sup/>

Ба ҳайси субъектони ҳуқуқвайронкунии асъорӣ чун резидентҳо метавонанд ғайрирезидентҳо баромад кунанд, лекин як қатор санадҳои меъёрӣ ба шахсони ҳуқуқӣ бевосита таъсири худро мерасонанд, бо назардошт ҳамчун ҷавобгар, ки танҳо нисбати шахсони ҳуқуқӣ истифода бурда мешавад. Ҷавобгари танҳо ба шахси дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ мерасад, яъне аз давраи ташкил шудан ва аз қайди давлатӣ гузаштан(м.57, КГ ҶТ).

Аз нуқтаи назари субъективӣ, ки ҳамчун мафҳуми «гуноҳ»-ро муайян мекунад, яъне чашмдошт ва ғайри чашмдошт будани оқибати кирдор(ҳаракат ё беҳаракати)-и худ, муносибати субъект бо кирдор(ҳаракат ё беҳаракати)-худ ва оғибати он. Ҳуқуқвайронкунии асъорӣ метавонад дар шакли беаҳмиятӣ ва қасдан ба анҷом расонида шавад.

Объекти ҳуқуқвайронкунии асъорӣ ончи мебошад, ки он дар чӣ равона шудааст, яъне ба сарват ё манфиат, ки зарар аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда расидааст. Чунин манфиатҳо метавонанд як қатор амалиётҳои асъорӣ бошанд,

масалан мубодилаи арз, фурӯши пули нақд ва ғайра, умуман бештар нақши қурби асъори миллӣ ва амнияти иқтисодии давлат.

Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории асъор хусусияти омилҳои ҳуқуқие, ки як тартиби муайяни тақсимоти ҷавобгарӣ дар назар дошта шудааст, ба ҳамаи он иникос мебахшад.

Истифодабарии баъзе муҷозотҳои қонунгузории асъор дида баромадани раванд дар бораи қабул ва ҷойгиркунии қарор оид ба истифодабарии муҷозот мебошад. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории асъор вобастагӣ дорад ба муқаррароти ҳокимияти давлатӣ, чунки муҷозотро мақомоти назорати асъор барои вайрон кардани меъёрҳои қонунгузории асъор, ки як қисми дастгоҳи давлатӣ мебошад ва ба сохтори мақомоти давлатӣ дохил мешавад истифода мебарад. Боз як таснифоти ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории асъор далеле мебошад, ки ба худи вайронкунандаи қонун оқибати нохуш дошта ҳуқуқҳои онро оид ба суратҳисоби воситаҳои асъорӣ бекор мекунад ва ба ӯҳдадориҳои нав вогузор менамояд.<sup/>

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» барои вайрон кардани Қонуни асъор ҷавобгариҳои зерин пешбинӣ гардидаанд:

1. Резидентҳо, ба шумули бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳое, ки қоидаҳои моддаҳои 2 – 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро вайрон кардаанд, ба чунин ҷавобгарӣ кашида мешаванд;

а) ба ҳисоби давлат ситонидани тамоми даромад аз муомилоте, ки ин Қонун ғайриқонунӣ ҳисоб мекунад;

б) ба фоидаи давлат ситонидани маблағе, ки беасос, на аз рӯи муомила, балки дар натиҷаи амали ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст.

2. Резидентҳо, бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳо барои надоштани ҳисобу китоби амалиёти асъор, бурдани ҳисобу амалиёти асъор хилофи тартиби муқарраршуда, пешниҳод накардан ё дар вақташ пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва ахборот ба мақомот ва намояндаҳои назорати асъор мувофиқи банди 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» дар ҳудуди маблағе, ки ба ҳисоб гирифта нашудааст, бояду шояд ба ҳисоб гирифта нашудааст ё оид ба он ҳуҷҷат ва маълумот бо тартиби муқарраршуда пешниҳод карда нашудааст, мавриди ҷарима қарор дода мешаванд. Тартиби ба ҷавобгарӣ кашидан, дар ҳолатҳое, ки дар ин банд пешбинӣ шудааст, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо дигар мақомоти назорати асъор мувофиқи қонун муқаррар карда мешавад.

3. Дар сурати такроран вайрон кардани қоидаҳои дар ин модда зикршуда, инчунин барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани дастурҳои мақомоти назорати асъор резидентҳо, ба ҳамчун бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳо ба чунин ҷавобгарӣ кашида мешаванд:

а) ба фоидаи давлат ситонидани маблағе, ки дар банди 1 – уми моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» зикр шудааст, инчунин ҷаримаҳо дар ҳудуди андозаи панҷкаратаи ин маблағ, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди дигар мақомоти назорати асъор ва мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;

б) боздоштани амал ё маҳрум кардани резидентҳо, ҳамчун бонкҳои ваколатдор ё ғайрирезидентҳо ва иҷозатномаҳое, ки мақомоти назорати асъор додаанд;

в) татбиқи ҷаримаҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

4. Маблағи ҷаримаи дар ин модда зикршуда ва ҷаримаҳои дигар аз тарафи мақомоти назорати асъор, аз ҷумла бо пешниҳоди агентҳои назорати асъор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

5. Шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ – резидентҳо, аз ҷумла бонкҳои ваколатдор ва шахсони ҳуқуқӣ – ғайрирезидентҳо, инчунин шахсони воқеӣ, ки ба вайрон кардани қонуни асъор айбдоранд, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ, маъмурӣ ва шаҳрвандию ҳуқуқӣ кашида мешаванд.

Мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалҳои ғайриқонунӣ мувофиқи моддаҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, ки дар поён зикр гардидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад:

  • Ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағ амволи дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда(м.262);
  • Ғайриқонунӣ гирифтани кредит(м.264);
  • Саркашии бадқасдона аз адои қарзи кредиторӣ(м.266);
  • Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта)(м.281);
  • Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани кортҳои сохтаи (қалбакии) кредитӣ ё ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт (м.282);
  • Суиистифода ҳангоми баровардани коғазҳои қиматнок (эмиссия) (м.283);
  • Бастани аҳди ғайриқонунӣ бо филизоти қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид (м.284);
  • Вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани филизот ва сангҳои қиматбаҳо(м.285);
  • Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ(м.286);
  • Аз хориҷа барнагардонидани маблағ ба асъори хориҷӣ(м.287).

12 Загрузки

728
Нет комментариев. Ваш будет первым!