Андозбандии низоми бонкӣ
10.1. Намудҳои андозҳое, ки бонкҳо, ташкилотҳои кредитӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд пардохт мекунанд
Андоз, молиёт гуфта, пардохти ҳатмӣ, инфиродии беподошро меноманд, ки аз ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони воқеӣ дар шакли бегона кардани маблағи ба онҳо ба ҳуқуқи моликият, хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ тааллуқдошта бо мақсади таъмини молиявии фаъолияти давлат ситонида мешавад.
Таҳти мафҳуми «хироҷгузор», «андозсупоранда»-и низоми бонкӣ низ худи идораи асосии бонк ё филиал ва намояндагиҳои он, ки ваколати дар тавозуни худ кушодани суратҳисобро дар ҳисобдории даромад ва хароҷоти бонк доранд, фаҳмида мешавад. Филиал ва намояндагиҳои бонкҳо ҳамчун мақомоти ваколатдори бонкӣ ӯҳдадоранд, пардохт намудани андозҳоро доир ба мавқеъи ҷойгирифтаашон мутобиқи қонунгузории андоз иҷро намоянд. Намояндаи қонунии андозсупоранда шахси мансабдоре ба ҳисоб меравад, ки дар асоси қонун ё ҳуҷҷатҳои саҳмгузорони шахси ҳуқуқӣ ваколатдор мебошанд.
Мутобиқи моддаи 6 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо аз андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ иборатанд.
Маблағҳое, ки аз андозҳои умумидавлатӣ ҷамъ оварда шудаанд, ба буҷети давлатӣ ва буҷети маҳаллӣ дар асоси қонунгузории буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишшуда тақсим карда мешаванд. Пардохтҳои маҳаллӣ бошанд, ба буҷети маҳалӣ ворид карда мешаванд.
Бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои кредитӣ, молиявӣ, ғайрибонкӣ ва филиалҳои онҳо ҳамчун андозсупоранда бо тартиби муайянкардаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳои умумиҷумҳуриявии зеринро пардохт менамоянд:
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андози иҷтимоии аҳолӣ;
- андози (хироҷи) замин;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин (дар ҳолати истифода бурдани бонк аз объектҳои зеризаминӣ);
- боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;
- боҷи давлатӣ;
- дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.
Инчунин бонкҳо, ташкилотхои кредитӣ ва филиалҳои онҳо ҳамчун андозсупоранда, ки мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории андоз муқаррар шудааст, андозҳои зерини маҳаллиро пардохт менамоянд:
- андоз аз амволи ғайриманқул;
- андоз аз фуруши чакана (дар ҳолати доштани ошхона);
- дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ, ки мутобиқи КА ҶТ муқаррар шудаанд.
Бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои кредитӣ ва филиалҳои онҳо, ки мувофиқи КА ҶТ андозсупоранда эътироф шудаанд, ҳамчун агенти андоз вазифаҳои ба зиммаашон гузоштаро дар асоси КА ҶТ, қонунгузории андоз ва дигар санадҳои қонунгузории андоз ҳисоб намудани андоз, аз андозсупоранда (ё аз манбаи пардохт) нигоҳ доштан ва ба буҷети дахлдор гузаронидани онро иҷро менамоянд. Агар дар Кодекси андоз тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, бонкҳо вазифадор ҳастанд, ки (мутобиқи моддаи 28, банди 3, қисмҳои 1, 2, 3, 4 ва банди 4 КА ҶТ) андозҳои дахлдорро дуруст ва сари вақт ҳисоб намоянд, аз андозсупоранда (ё манбаи андоз) ба буҷети дахлдор гузаронанд:
даромадҳои ба андозсупорандагон пардохташуда, аз андозсупорандагон (ё манбаи пардохт) нигоҳдошташуда ва ба буҷети дахлдор гузаронидашударо ба ҳисоб гиранд, аз ҷумла оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби ҷудогона баранд;
ба мақомоти андоз барои назорати дурустии ҳисоб кардан, нигоҳ доштан ва пардохтани андозҳо ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд ва дигар вазифаҳоеро, ки қонунгузории андоз ба зиммаашон гузоштааст, иҷро намоянд;
ҳамчун агенти андоз доир ба иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳое, ки қонунгузории андоз ба зиммааш гузошта аст, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои қонунгузории ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Андозҳо аз ҷониби бонкҳо, ташкилотҳои кредитӣ дар асоси асъори миллии Ҷумҳурии Тоxҷикистон, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, ситонида ва ба буҷети давлат гузаронида мешаванд.
Ҳамаи амалиётҳо бо пули хориҷӣ бо мақсади андозбандӣ бо асъори миллӣ, ки қурби онро БМТ дар рӯзи гузаронидани амалиёт муқаррар намудааст, бо асъори хориҷие, ки нисбати он қурби алоҳида аз ҷониби БМТ муқаррар карда нашудааст, нисбат ба қурби асъори доллари ИМА ҳисоб карда мешавад.
Андозсупоранда ӯҳдадор аст, ки оид ба амалиётҳои гузаронидааш ҳуҷҷатгузории онро дар ҳолатҳои зерин ба роҳ монад;
- дар ҳолати дар ӯ пайдо шудани ӯҳдадориҳои андоз;
- дар ҳолати дар ӯ пайдо шудани ӯҳдадориҳо барои ситонидани андоз;
- дар ҳолати пайдо шудани маълумоти ӯҳдадориҳо бо пешниҳоди маълумот ба воситаи андозбандӣ.
Ҳуҷҷатгузории амалиётҳо дар бонкҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ бояд мутобиқи муқаррароти БМТ бо қоидаҳои ташкил ва бурдани ҳисоби муҳосибавӣ ва инчунин мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба маълумоти андозсупорандагон бевосита ва ё ба воситаи ташкилоти асосии бонкӣ расонида шудааст, ба роҳ монда шавад.
Андозсупоранда ӯҳдадор аст ҳуҷҷатҳои ҳисоботиро ба муддати 3 соли тақвимӣ нигоҳ дорад.
Андозсупоранда ӯҳдадор аст дар муҳлати 10 рӯз ахборотро ба мақомоти андоз доир ба мактубе, ки аз ӯ гирифтааст, пешниҳод намояд. Дар ҳолатҳое, ки агар:
а) ахбороти мазкур ба фаъолияти худи андозсупоранда ё зарурати ба роҳ мондани назорати андоз ба иҷро шудани талаботи қонунии мақомоти андоз вобаста бошад;
б) ахбороти мазкур ба шахси дигар тааллуқ дошта, бо риояи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» талаб карда шавад.
Андозсупоранда ӯҳдадор аст:
- сари вақт дар баҳисобгирии бақайдгирӣ ба сифати андозсупоранда ва қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад;
- ҳамаи ӯҳдадориҳои андозро мутобиқи муқаррароти КА ҶТ дар ҳаҷми пурра иҷро намояд;
- талаботи қонунии мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз иҷро намуда, инчунин ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба фаъолияти қонунии онҳо монеъ нашавад;
- дар асоси амрнома шахсони мансабдори мақомоти андозро барои азназаргузаронии амволе, ки объекти андозбандӣ ва ё объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, иҷозат диҳад;
- ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳо, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи КА ҶТ пешниҳод намояд;
- ҳисоббаробаркунии пулиро мутобиқи КА ҶТ бо истеъмолкунандагон, ки ҳангоми иҷрои амалиёти тиҷоратӣ ё хизматрасонӣ тавассути пули нақд, кортҳои пардохтии бонкӣ, чекҳо бо татбиқи ҳатмии мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва додани чеки назоратӣ ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амалӣ намояд;
бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз ба ҳисобгирии даромадҳо ва хароҷоти худ, объекти андозбандӣ ва (ё) объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро пеш барад;
- агар қонунгузории андоз тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, андозсупоранда маблағи андозеро, ки дар давраи ҳисоботи бояд супорида шавад, бо назардошти манбаи андоз, меъёри андоз ва имтиёзҳои андоз мустақилона ҳисоб менамояд.
- таҳти ҳисоббарии андоз (ӯҳдадориҳои андоз) муқаррароти меъёрҳои моддаи 78-и КА ҶТ фаҳмида мешавад;
дар ҳолате, қонунгузории андоз пардохти андозро бо пешниҳоди декларатсия талаб намекунад, инчунин дар мавриде, ки мақомоти андоз маблағи пештар ҳисобкардаи андозро нодуруст меҳисобад, мақомоти андоз андозро аз нав ҳисоб намуда, ба андозсупоранда барои ҳисоб намудани ӯҳдадориҳои андоз, огоҳнома мефиристад, ки он дар моддаи 85–и Кодекси андози Чумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст;
- мақомотҳои андоз метавонанд то давраи ба охир расидани мӯҳлати ҳисоб намудани андоз аз сари нав онро ҳисоб намоянд, ё ин ки ба он таъғироту иловаҳо дароранд:
а) ба маблағи ҳисобшудаи андоз ё ҳисобшавандаи андоз дар мӯҳлати 3-сол баъд аз ба охир расидани давраи андозбандӣ;
б) ситонидани маблағи ҳисобкардашудаи (ё ислоҳкардашуда) андоз дар давоми 6-сол баъди аз ба охир расидани давраи андозбандӣ;
Пардохтани ӯҳдадориҳои андоз ба тартиби зерин ба роҳ монда мешавад:
а) ҳисоб намудани маблағи андоз;
б) ҳисоб намудани ҷаримаҳо;
в) ҳисоб намудани фоизнокӣ.
Андозсупоранда ҳуқуқ дорад:
1) аз мақомоти андоз оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет, дар бораи тағйирот ба қонунгузории андоз маълумот пайдо намояд ва вобаста ба масъалаҳои татбиқи қонунгузории андоз шарҳи хаттӣ гирад;
2) манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муҳофизат намояд;
3) ҳангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳоро оид ба натиҷаҳои назорати андоз талаб карда гирад; (қонун №193 аз 28.07.06с.)
4) ба мақомоти андоз дар рафти гузаронидани назорати андоз ва аз рӯи натиҷаҳои он, оид ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тавзеҳот пешниҳод намояд; (қонун №193 аз 28.07.06с.)
5) доир ба ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ аз варақаҳои ҳисобномаҳои шахсиаш нусха гирад;
6) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати санадҳои санҷиши андоз ва огоҳномаҳо оид ба санадҳои санҷиши андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд;
7) пинҳон доштани сирри андозро талаб кунад;
8) маълумотнома ва ҳуҷҷатҳои ба андозбандӣ вобаста набударо надиҳад;
9) имтиёзҳои андозро тибқи тартиб ва асосҳои мавҷуда мутобиқи қонунгузории андоз истифода барад;
10) мӯҳлати тамдиди (ба таъхир гузоштани) пардохти андозҳоро тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз дастрас намояд;
11) баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағи андозҳои барзиёд супорида ё ситонидашударо (андозҳои ба буҷет барзиёд дохилшударо) талаб намояд;
12) аз шахсони мансабдори мақомоти андоз риояи rонунгузории андозро ҳангоми иҷрои амал нисбати андозсупорандагон талаб намояд;
13) санадҳо (қарорҳо) ва талаботи мақомоти андоз ва шахсони мансабдори онро, ки ба қонунгузории андоз, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба андозбандӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нестанд, иҷро накунад;
14) аз шахсони мансабдори санҷишкунандаи мақомоти андоз барои гузаронидани санҷиши андоз асос талаб намояд ва бо шаҳодатномаи хизматии онҳо шинос шавад (қонун №193 аз 28.07.06с.);
15) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақомоти андоз товони зарари дар натиҷаи қабули қарор ва амалҳои (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад (қонун №193 аз 28.07.06с.);
16) дар ҷараёни гузаронидани санҷишҳои андоз мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб кунад, инчунин салоҳияти шахсони ҷалбкарда бояд мутобиқи қисми 3 моддаи 39 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (қонун №193 аз 28.07.06с.).
Андозсупоранда инчунин дорои дигар ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба андозсупорандагон ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад.
Тартиби ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Ҳуқуқҳои андозсупорандагон тавассути ӯҳдадориҳои дахлдори шахсони мансабдори мақомоти андоз таъмин карда мешаванд.
Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупорандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.
10.2. Муносибати бонк бо мақомоти андоз дар давраи коргузорӣ бо мизоҷони худ
Бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро иҷро мекунанд, дар асоси талаботи моддаи 76 КА ҶТ вазифадоранд:
1) суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ё дигар суратҳисобҳои (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки бо рақами мушаххаси андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз рақамгузорӣ намудани онҳоро тасдиқ менамояд, кушода, мақомоти андозро дар мӯҳлати панҷрӯза дар хусуси аз ҷониби андозсупоранда кушодани суратҳисобҳои номбурда огоҳ намоянд ва бе зикри рақами мушаххаси андозсупоранда дар ҳуҷҷатҳои бонкӣ амалиётро бо суратҳисобҳо анҷом надиҳанд;
2) тибқи навбати муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағро барои пардохти андозҳо аз суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо, аз ҷумла аз суратҳисобҳои асъории андозсупорандагон аз ҳисоб бароранд;
3) бо супориши андозсупоранда ба суратҳисоби Хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонк ё дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ки хизматрасонии хазинавии буҷетро иҷро мекунанд, маблағи андозҳоро дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари баъди гузаронидани амалиёт ҷиҳати аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоби ҳисоббаробаркунӣ ё дигар суратҳисоби андозсупоранда ба манфиати буҷети дахлдор дохил намоянд (гузаронанд);
4) ба мақомоти андоз мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» маълумот пешниҳод намоянд ва ҳангоми мавҷудияти шартнома барои гузаронидани санҷиши андоз ба кормандони мақомоти андоз ба санҷиши амалиёти анҷомдодашуда бо суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии санҷишшаванда ва ба санҷиши мавҷудияти маблағ дар ин суратҳисобҳо иҷозат диҳанд.
Сармуҳосиби бонк вазифадор аст дар ҳолати кушодани бонк ба мизоҷони худ, яъне шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ҳисобҳои депозитӣ (ғайр аз пасандозҳои нигоҳдошташавандаи (депозитии) ҳисобҳои шахсони воқеъӣ), дар асоси талаботи моддаи 76 КА ҶТ аз мизоҷ ҳуҷҷатҳоеро, ки мақомоти андоз ба ӯ ҳамчун дорои рақами мушаххас буданашро тасдиқ мекунад, талаб кунад.
Бонк ӯҳдадор аст оид ба кушодани ҳисобҳо ба мизоҷони худ дар муддати 5 рӯз ба мақомоти гуногуни андозро хабардор созад, ки ҳисобҳо кушода шудаанд ва ӯҳдадор аст, ки бе нагузоштани рақами мушаххас ба ҳисобҳои онҳо амалиётҳои бонкӣ гузаронида намешавад.
Барои аз ҷониби бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявӣ-кредитӣ кушодани суратҳисоб ҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳои (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитиии) шахсони воқеӣ) шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз додани рақами мушаххаси андозсупорандаро тасдиқ мекунад, ба андозаи 100 ҳадди ақалли музди меҳнат барои ҳар суратҳисоби кушодашуда ҷарима андохта мешавад.
Барои аз ҷониби бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявӣ-кредитӣ вайрон кардани муҳлат, огоҳ нанамудани мақомоти андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеӣ), шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 50 ҳадди ақалли музди меҳнат барои огоҳ накардан ҷарима андохта мешавад.(м.165(5) Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқӣ вайронкунии маъмурӣ).
Бонк ӯҳдадор аст, ки дар ҳолати гузаронидани амалиёти бонкӣ дар ҳисобҳои мизоҷон (инчунин дар ҳисобҳои асъори хориҷии онҳо)ба он боварӣ дошта бошад, ки дар варақаи пардохтӣ ӯҳдадориҳои андоз нисбати маблағи мазкур ҷой дорад. Дар мавриди набудани чунин ҳуҷҷат ӯ ӯҳдадор мешавад, ки амалиёти мазкурро бе ин ҳуҷҷати номбаршуда нагузаронад. Лекин дар ҳолати вуҷуддории он бонк вазифадор аст ба ҳисоби мухталиф инъикос гардидаро ба ҳисоби андоз дар тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоббаробаркунӣ гузаронад.
Бонк инчунин вазифадор аст, ки мувофиқи супориши мизоҷ маблағҳоро баъд аз як рӯзи ба итмом расидани амалиёт ва соқит кардани маблағ аз ҳисоби андозсупоранда ба буҷети дахлдор гузаронад.
Дар ҳолати омадани хабарнома ё нусхаи фармон аз ҷониби роҳбари мақомоти андоз ба номи роҳбари бонк ё шӯъбаи мутасаддӣ гузаронидани амалиётҳои бонкӣ, бонк ӯҳдадор мебошад, барои гузаронидани санҷиши дар ҳисоби шахсони воқеъӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки мизоҷи бонк мебошанд, доир ба пардохти ӯҳдадориҳои андоз нисбати маблағ пули ва асъори шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ инчунин ба амалиётҳои гузаронидашуда тамоми маълумотҳоеро, ки хусусияти сирри бонкӣ доранд, нисбати шахсони дахлдор пешниҳод намоянд.
Мактубҳо, чӣ тавре ки КА ҶТ муқаррар намудааст, бояд ба ҳамон тартиб дастрас карда шаванд, яъне дар онҳо имзои роҳбари мақомоти андоз ё ин ки шахси ваколатдоре, ки ӯро иваз мекунад, инчунин бо мӯҳри дорои нишон тасдиқ карда шуда бошад ва бояд бо қайди расмӣ, нишондоди рақам ва таърихи он мавҷуд бошад. Агар мактуб ба номи бонк дар бланкаи фирмавии мақомоти андоз омада бошад, дар ин маврид ӯ мӯҳри дорои нишони тасдиқкунандаро зарурат надорад.
Шахсони ваколатдори мақомоти андоз ҳуқуқ доранд дар бонк ба ҳисобҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъие, ки то ин давра аз ҷониби онҳо амалиётҳо гузаронида шудааст ва маблағе, ки онҳо дар суратҳисобҳои худ доранд, ғайр аз пешниҳодоте, ки аз ҷониби бонк шудааст, тафтиш гузаронанд.
Ин ҳуқуқ танҳо ба шахси ваколатдори мақомоти андоз дар он маврид дода мешавад, ки агар ӯ бо роҳбари шӯъбаи бонк, ки амалиётҳои бонкиро оид ба суратҳисобҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мегузаронад, мувофиқа кунонида бошад, инчунин дар матни мактуб аломатҳои зерин мавҷуд бошад:
- таърихи рӯз ва рақами бақайдгирии мактуб дар мақомоти андоз;
- номгӯи мақомоти андозе, ки мактубро фиристодааст;
- ном ва насаби пурраи шахси андозсупоранда, мизоҷи бонк;
- рақами мушаххаси андозсупоранда, мизоҷи бонк;
- намуди санҷиш, мазмуни мактуб бояд фаҳмо бошад зеро санҷиши ҳуҷҷатҳои мизоҷ, ки дар бонк вокеъ аст, бояд ба қоидаҳои муқарраркардаи қонун, ки дар қисми 4 моддаи 76 КА ҶТ нишон дода шудааст, мувофиқат намояд ;
- вазифа ном ва насаби тафтишкунандагон;
- мӯҳлати гузаронидани санҷиш;
- давраи андозбандии тафтишшаванда;
Шахсони вазифадори мақомоти андозе, ки санҷишро пеш мебаранд, ӯҳдадоранд, ки ба роҳбари бонк шаҳодатномаи хизматии худро мувофиқи гуфтаҳои боло нишон диҳанд.
Ба ҳамин хотир роҳбари бонк боварӣ пайдо намуда, вазифадор мешавад, ки ном ва насаби шахсони вазифадори мақомоти андозро, ки дар мактуб инъикос гардидаанд, муайян намояд. Дар мактуб бояд маълумотҳои зерин ҷой дошта бошанд:
-мактуб бояд бо имзои роҳбари мақомоти андоз (ё ин ки шахси ваколатдоре ки ӯро иваз мекунад) бо муҳр, таърих ва рақами бақайдгирӣ тасдиқ шуда бошад;
-суратҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки барои тафтиш дар мактуб нишон дода шудааст, дар ҳақиқат аз ҷониби бонк хизмат расонида мешавад;
-санҷиши нишондодашуда бояд ба меъёрҳои қисми 4 моддаи 76 КА ҶТ мувофиқат кунад, яъне мӯҳлати гузаронидани санҷиши андоз оғоз ёфта, мӯҳлати санҷиш нагузашта бошад.
Баъд аз ин роҳбари бонк ӯҳдадор мешавад, ки шахсони вазифадори мақомоти андозро ба гузаронидани санҷиш роҳ диҳад ё бо сабаби ошкор кардани нофаҳмиҳо дар мактуб метавонад ба санҷиш роҳ надиҳад. Дар сурати ба санҷиш роҳ додан инро пеш аз оғози санҷиш бояд дар китоби бақайдгирии санҷишгузаронии субъектони хоҷагидорӣ нависад. Зеро санҷиш дар асоси як мактуб гузаронида мешавад.
Дар асоси муроҷиати мақомоти андоз аз ҷониби мақомоти судӣ низ метавонад қарор дар бораи манъ кардани амалиёти хароҷотӣ аз ҳисобҳое, ки дар бонкҳо аз тарафи андозсупорандагон кушода шудааст, қабул карда шавад.
Дар мавриди ворид шудани қарори суд ба бонк оид ба манъи амалиёти хароҷотӣ аз ҳисобҳои андозсупоранда ӯ бояд бевосита ин қарорро иҷро намояд. Манъи амалиёти хароҷотӣ ҳамаи он хароҷоти андозсупорандаро, ки дар суратҳисобҳои бонкӣ мавҷуд аст, ғайр аз ҳисоб намудан ва додани маош ва барои пардохти қарзҳои андоз фаро мегирад. Амалиёти хароҷот минбаъд дар асоси қарори мақомоти андоз, ки ташаббускори бо қарори суд манъ кардани онро пешниҳод намуда буд, барқарор ва гузаронида мешавад.
Дастури гузаронидан ва манъ кардани амалиёти хароҷотиро дар ҳисобҳои бонкии андозсупоранда Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон қабул менамояд.
Дар асоси муроҷиати мақомоти андоз ҷониби мақомоти судӣ низ метавонад дар бораи ситонидани маблағ аз ҳисобҳои андозсупорандагон ва қарздорони онҳо, ки дар бонкҳо барои пӯшонидани қарзи андоз ҳисобҳо кушодаанд, қарор қабул намоянд. Дар ҳолати аз ҷониби суд қабул кардани қарори мусбат оид ба арзи мақомоти андоз доир ба ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби андозсупоранда, ки дар бонк кушода шудааст, мувофиқи қонунгузории андоз қоидаҳои иҷроиши зерин пешбинӣ шудааст:
- дар бонке, ки суратҳисоб кушода шудааст ва ба андозсупоранда хизмат расонида мешавад, мақомоти андоз қарори мухталифи мақомоти судро мефиристад;
- қарзи андоз аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии андозсупоранда дар асоси супоришоти мухталифи инкассовии мақомоти андоз ситонида мешавад;
- маблағи супоришоти инкассовӣ ҳамчун қарзи андоз ба бонке гузаронида мешавад, ки дар он суратҳисоби андозсупоранда кушода шудааст ва мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи КГ ҶТ хизмат расонида мешавад;
- супоришоти инкассовӣ мутобиқи санадҳо ва меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад ва бояд мазмуни он ба ҳисоби андозсупоранда, ки аз он маблағи қарзи андоз ситонида мешавад, равона карда шуда бошад;
- дар мавриди набудани пули сомонӣ дар ҳисоби андозсупоранда қарзи андоз аз суратҳисоби дорои асъори хориҷии андозсупоранда бо истифодаи қурби асъори миллӣ нисбати асъори хориҷӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи ситонидани маблағ муқаррар карда шудааст, ситонида мешавад;
- дар ҳолати мавҷуд будани маблағи кофӣ дар суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда, супоришоти инкассовӣ барои ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҷониби бонк на дертар аз як рӯзи амалиёти бонкӣ гузаронида мешавад;
- дар мавриди нокифоя будани маблағ ё мавҷуд набудани он дар ҳисоби (ҳисобҳои) андозсупоранда супориши (супоришҳои) инкассовӣ дар суратҳисоби (ҳисобҳои) андозсупоранда мувофиқи имкониятҳо, яъне маблағҳои воридшаванда ба ин суратҳисоб (ҳисобҳо) ба иҷро расонида мешавад.
Мувофиқи муқаррароти меъёрҳои моддаи 165(7) Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои аз ҷониби бонкҳо ё муассисаҳои молиявӣ-кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудааст ва ба онҳо хизмат расонида мешавад ё бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявӣ-кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои дебиторҳои андозсупоранда кушода шуда ба онҳо хизмат мерасонанд, иҷро накардан ё сари вақт иҷро накардани фармоишҳои инкассовии мақомоти андоз, ки тибқи муқаррароти КА ҶТ барои гузаронидани маблағ ё аз ҳисоби шахсони сеюм – дебиторҳои андозсупоранда, аз ҷумла аз суратҳисобҳои худи андозсупоранда дар бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки ба ҳамин андозсупоранда хизмат мерасонанд ба ҳисоби пӯшонидани қарзи андози андозсупоранда пешниҳод шудаанд, – ба андозаи 100 ҳадди ақалли музди меҳнат ҷарима андохта мешавад.
Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти суд қабул шудани қарори мусбат нисбати арзи мақомоти андоз доир ба қарзи андозсупоранда, ки бояд аз ӯ ситонида шавад, ё қарздорони ӯ ки дар бонк суратҳисоб доранд, мутобиқи қонунгузории андоз барои иҷрои он тартиботи зерин муқаррар шудааст:
– қарздори андозсупоранда ва бонке, ки дар он суратҳисоб кушода шудааст ва ба ҳисоби қарздор хизмат расонида мешавад, мақомоти андоз қарори мухталифи мақомоти суд ва мактубро барои ситонидани маблағи ба (қарздор) ҳисобҳо ва суратҳисоб муроҷиат намуда, қарзи андози андозсупорандаро пӯшонидан мефиристад. Чунин мактуб мазмуни онро дорад, ки қарздорро намегузорад қарзи худро пардохта, дар назди андозсупоранда иҷро намояд;
– ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби маблағе, ки дар суратҳисоби қарздори андозсупоранда, ки дар бонк воқеъ аст, дар асоси супоришоти инкассовии мақомоти андози мухталиф, ки дар асоси санади муқоисавии ҳисоббаробаркунӣ байни андозсупоранда ва қарздори ӯ, ки дар рӯзи қабули мактуби дарҷ гардида тартиб дода шудааст, гузаронида мешавад;
– Супоришоти инкассови барои ситонидани маблағи қарзи андоз ба бонке, ки дар он суратҳисоб кушода шудааст ва ба суратҳисоби қарздори андозсупоранда, ки барои ба иҷро расонидан мувофиқи навбат, дар асоси муқаррароти КГ ҶТ хизмат расонида мешавад ва ба бонк гузаронида мешавад;
– Супоришномаи инкассовӣ бо шакли муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд нисбат ба ҳисоби (ҳисобҳои) қарздори андозсупоранда, ки аз он (онҳо) маблағи қарзи андоз ситонида мешавад, ба роҳ монда шавад;
– Дар ҳолати набудани маблағ дар ҳисобҳои дебитории (қарздории) андозсупоранда маблағи қарзи андоз бо пули миллӣ аз ҳисоби асъори хориҷии ӯ, ки қурби онро БМТ нисбати пули миллӣ дар рӯзи ситонидани маблағ муқаррар намудааст, ситонида мешавад;
– Дар мавриди кифоя будани маблағ дар суратҳисоби (ва ҳисоби), дебитор қарздори андозсупоранда, супоришоти инкассовӣ барои ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҷониби бонк на дертар аз як рӯзи амалиётии чунин супоришоти инкассовӣ баъд аз рӯзи қабули он ба иҷро расонида мешавад;
– Дар мавриди нокифоя будани маблағ дар ҳисоби (ҳисобҳои) дебитор қарздори андозсупоранда, супориши инкассовӣ (супоришҳои) мувофиқи имкониятҳои маблағи воридшуда ба ин (инҳо) ҳисоб (ҳисобҳо) ба иҷро расонида мешавад.
Баъд аз даровардани тағироту иловаҳои зарурӣ ( ба КА ҶТ) дар дастурамали БМТ № 112 «Дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ба ҳисоб гирифтан ва иҷро намудани супоришоти инкассовии мақомоти андоз дар шуъбаҳои бонк бояд чунин корҳо бо тартиботи зерин ба роҳ монда шавад:
– иҷрои супоришоти инкассовии мақомоти андоз ба таври қатъӣ таҳти роҳбарӣ қарор дода шавад;
– дар ҳолати дар бонк вуҷуд надоштани қарори суд, ки дар асоси он аз ҷониби мақомоти андоз супоришоти инкассовӣ навишта шудааст, инчунин дар ҳолати мувофиқат накардани намуди зоҳирии ҳуҷҷати пардохти супоришоти инкассовӣ, ҳатман ба мақомоти дахлдори андоз оид ба масъалаи пайдошуда, доир ба ислоҳ кардани хатоҳои ошкоршуда хабар дода шавад, то ин ки иҷрои ҳуҷҷати пардохти супоришоти инкассовӣ ба фоидаи буҷет гардад;
– дар ҳолати аз байн набурдани камбудии, ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти андоз оид ба иҷроиш ҳисоби андоз ва дебиторӣ ӯ;
– дар ҳолати ислоҳ накардани камбудиҳо, ки аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳуҷҷатгузории барои иҷроиш аз ҳисоби андозсупоранда ё аз қарздори ӯ пешниҳодкардашудаи бонк ҳуқуқ дорад, мувофиқи дастур ва қонунҳое, ки дар қисми 1 моддаи 900 КГ ҶТ супоришоти инкассовӣ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои иҷро ҳамроҳи мекунанд, иҷро баргардонад;
– Супоришоти инкассовӣ ё қарори суд, ки аз ҷониби мақомоти андоз ба бонк барои иҷро ворид шудааст, барои мувофиқакунонӣ ба андозсупоранда дода намешавад. Дар ин ҳолат бонк тавсия медиҳад, ки бе истодагарӣ намояндаи ваколатдори мизоҷро ба бонк барои ошно гаштан бо мазмуни ҳуҷҷати пардохт, ки ворид шудааст, беист аз ҳисоби (ҳисобҳои) ӯ, ки метавонад ба ӯ пешниҳод шавад (то вақти пардохт), танҳо барои шиносоӣ (нусхабардории он дар дохили бонк) даъват намояд;
– дар мавриди маблағ надоштани андозсупоранда дар суратҳисоб ба ӯ барои ҳар вақт пардохт кардани маблағ иҷозат дода мешавад.
-барои бурдани ҳисоб оид ба маблағи боқимондаи супоришоти инкассовии мақомоти андозе, ки пардохтро интизор аст, бо ҳисоби ғайритавозунӣ бонк бояд ба номи андозсупоранда суратҳисоби алоҳидаи шахсӣ таҳти № 93303 «Супоришоти инкассовии мақомоти андозе, ки пардохтро интизор аст» кушода шавад;
– мувофиқи имконият ба роҳ мондани супоришоти ҳарвақтаинаи пардохт аз ҳисоби андозсупоранда ба фоидаи буҷет, инчунин ба маблағи пардохт якбора бояд ба маблағи боқимондаи он бо ҳисоби ғайрӣ таварруми №93303 кам карда шавад;
– дар мавриди зиёда аз 6 моҳ, кашол ёфтан бе иваз намудани ҳисоби маблағи супоришоти инкассовии ғайритаваррумӣ ба бонк тавсия дода мешавад, ки барои бозхонди ҳуҷҷат ба мақомоти андоз муроҷиат намояд. Ба сифати асос бояд қоидаҳои амалкунандаи бонк (қисми 39, литер «Г» Дастурамали БМТ № 90 «Дар бораи ҳисобҳои депозитии бонкие, ки дар бонкҳои ҶТ кушода мешаванд) нишон дода шавад;
– Оид ба пӯшонидани ҳисоби депозитии беамали мизоҷ аз ҷониби бонк қарор қабул карда мешавад.
– Бо шартҳои басташудаи шартномаи ҳисоби бонкӣ, мизоҷи бонкӣ ҳуқуқ дорад худсарона бастани ҳисоби худро ба роҳ монад, новобаста ба иҷро нашудани ӯҳдадориҳои андоз, ки ба бонк супоришоти инкассавӣ гузошташудааст. Дар ин ҳолат бонк ӯҳдадор аст мақомоти андозро оид ба бастани ҳисоби бонкии андозсупоранда хабар расонда, ба ӯ супоришоти инкассовии пешниҳодшударо бо ҳама замимаҳояш, ки андозсупоранда ҳузур надорад, баргардонад;
– бонк ва шахсони масъули он барои вайрон кардани қонунгузории андоз дар асоси Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд;
– инчунин хизматчиёни бонк бояд огоҳ бошанд, ки мувофиқи меъёрҳои қисми 16 моддаи 118 КА ҶТ мақомоти андоз дар рафти бурдани санҷиши худи бонк санҷиши маблағҳои ҳисоби мизоҷони бонк танҳо дар асоси қарори суд ва тартиби муқарраркардаи қонун ба роҳ монанд. Шахсоне, ки сирри бонк ва инчунин гуфтаҳои дар боло оид ба муносибати бонк ва мақомоти андоз зикргардидаро фош менамоянд, мувофиқи муқаррароти моддаҳои 277-278 КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
10.3. Маҷбуран ситонидани андозҳо
Мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмин ва иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои андозбандӣ, ки аз ҷониби андозсупоранда дар мӯҳлати муқарраршуда пардохт карда нашудааст, талаботи зерин пешбинӣ карда мешавад:
- Ҳисоб кардани фоиз ба маблағи андозе, ки дар вақташ пардохт карда нашудааст;
- Манъ кардани амалиёти хароҷотӣ дар суратҳисобҳое, ки дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявию кредитӣ қарор доранд.
- Ҳабс кардани амволи андозсупоранда ва ситонидани маблағҳое, ки ба андозсупоранда тааллуқ доранд.
Мутобиқи муқаррароти меъёрҳои моддаи 95 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабси амвол ба сифати чораи таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои андоз чун амали мақоми андоз оид ба маҳдуд намудани ҳуқуқӣ моликиятдории андозсупоранда (дигар шахси ӯҳдадор) эътироф мегардад.
Мувофиқи талаботи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» пул ва дигар амволи қиматноки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҳисоб ва пасандозҳо мавҷуданд ё дар бонк нигаҳ дошта мешаванд, фақат бо қарори суд, инчунин бо қарори мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ, ки онро прокурор тасдиқ кардааст, ҳабс карда мешаванд.
Дар сурати ҳабс намудани пули дар ҳисобҳо ва пасандозҳо буда бонк баъди гирифтани қарор дар бораи ҳабс амалиёти додани маблағро аз ҳисоби (пасандози) мазкур дар ҳудуди маблағе, ки ҳабс карда шудааст, фавран қатъ мекунад.
Пул ва дигар амволи қиматноки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҳисобҳо ва пасандозҳо мавҷуданд ё дар бонк нигаҳдорӣ мешаванд, фақат дар асоси варақаҳои иҷроӣ ва ҳуҷҷатҳои ба онҳо баробаркардашуда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
Бонк, Бонки миллии Тоҷикистон барои зиёне, ки дар натиҷаи ғайриқонунӣ ҳабс намудан ё ситонидани маблағ ва дигар амволи қиматноки мизоҷон расида аст, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар Қонун пешбинӣ гардидаанд, ҷавобгар намебошанд. Зиён бо тартиби пешбининамудаи Қонун рӯёнида мешавад.
Пул ва дигар амволи қиматнок фақат дар асоси ҳукми қувваи қонунӣ пайдокардаи суд мусодира карда мешаванд.
Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда дар мӯҳлати муқарраршуда пурра пардохт накардани ӯҳдадориҳо оид ба пардохти андоз, ҷарима ва ё фоизҳо, мақомоти андоз оид ба пардохт кардани ин гуна ӯҳдадориҳо андозсупорандаро ба мӯҳлати 10 рӯз хабардор месозад. Аз рӯзи гирифтани ин хабарнома андозсупоранда аз рӯи имконият бояд аз паи иҷрои он бошад, вагарна нисбати он чораҳои мушаххаси муҷозотии пешбининамудаи қонунгузорӣ татбиқ карда мешаванд.
Маблағи камбуди андоз мутобиқи муқаррароти Кодекси граждании ҶТ бо роҳи ба ҳисобҳои бонкӣ гузаронидани маблағ ва соқит донистани онҳо ситонида мешавад.
Амволи андозсупоранда дар сурати ӯҳдадории андозсупориро дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накардани ӯ ва дар сурати далели кофӣ доштани мақомоти андоз барои омадан ба хулосае, ки шахс тадбирҳое андешидан мехоҳад, ки ғайб занад ё амволашро пинҳон кунад, ҳабс карда мешавад. Ҳабси амвол баъди қабул шудани қарори баҳабсгирӣ ва анҷом ёфтани парвандаи ҳабси амвол эътибор пайдо мекунад.
Ҳабси амвол метавонад пурра ё қисман бошад. Ҳабси пурраи амвол чунин маҳдудсозии ҳуқуқи андозсупоранда нисбати амволи ӯ эътироф мегардад, ки ҳангоми он ӯ ҳуқуқи ихтиёрдории амволи ҳабсшударо надорад, вале соҳибӣ ва истифодаи амволро бо иҷозати хаттӣ ва таҳти назорати мақоми андоз анҷом медиҳад. Ҳабси қисмани амвол чунин маҳдудсозии ҳуқуқи андозсупоранда нисбати амволи ӯ мебошад, ки ҳангоми он андозсупоранда амволашро мустақилона соҳибӣ мекунад ва истифода мебарад, вале ихтиёрдории амволро бо иҷозати хаттӣ ва таҳти назорати мақоми андоз анчом медиҳад. Ҳабси қисмани амвол метавонад нисбати андозсупорандае татбиқ гардад, ки қарзи напӯшонидаи андозро баъди гузаштани 60 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи муқарраршудаи пардохти андозҳо ақаллан оид ба яке аз намудҳои андоз дошта бошад. Ҳабси пурраи амволро баъди татбиқ намудани ҳабси қисмани амвол, агар бо гузашти 120 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи муқарраршудаи пардохти андозҳо қарзи напӯшонидаи андоз мавҷуд бошад, татбиқ намудан мумкин аст.
Ҳангоми тағйир ёфтани мӯҳлати пардохти андозҳо мутобиқи моддаи 90 КА ҶТ ҳисобкунии мӯҳлатҳои дар боло номбаршуда аз рӯзи якуми ба охир расидани батаъхиргузорӣ оғоз меёбад. Шарти пешакии ҳабси амвол аз иҷрои амали мӯҳлатӣ пешбининамудаи қисми 2 моддаи 92 КА ҶТ иборат аст. Барои амали намудани ҳабси қисман ё пурраи амвол мақоми андоз ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на пештар аз 15 рӯзи тақвимӣ то ба охир расидани муҳлатҳои дар қисми 3 моддаи 95 КА ҶТ зикршуда ба таври хаттӣ андозсупорандаро дар хусуси нисбати ӯ татбиқ намудани ҳабси қисман ё пурраи амвол огоҳ намояд. Ҳабси амвол танҳо баъди ба охир расидани ин мӯҳлати 15-рӯзаи огоҳсозӣ татбиқ карда мешавад, агар дар ин муддат қарзи андоз (бақияпулӣ) пурра пӯшонида нашавад. Шакли огоҳнома оид ба чораи татбиқи ҳабси қисман ё пурраи амволро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.
Ҳангоми гузаронидани ҳабси амволи андозсупоранда, дар сурати аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод шудани нақшаи воқеии беҳбуди вазъи молиявӣ, байни мақоми андоз ва андозсупоранда оид ба тартиб ва мӯҳлати пардохти қарз метавонад шартнома баста шавад. Шартнома метавонад боз доштани ҳабси намудҳои алоҳидаи амвол, иваз намудани ҳабси пурра ба ҳабси қисман нисбати тамоми амвол ё як қисми онро пешбинӣ намояд.
Ҳабсро нисбати ҳамаи намудҳои амволи андозсупоранда, ба истиснои амволе, ки ситонидани он мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад, татбиқ намудан мумкин аст. Ҳабс танҳо нисбати он амволе татбиқ мешавад, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои андоз зарур ва кифоя мебошад. Ҳабси амвол паиҳам нисбати инҳо татбиқ мегардад:
1) пули накд, аз ҷумла бо асъори хориҷӣ, ки дар хазина ё таҳти ҷавобгарии шахсони (кормандони) мансабдори андозсупоранда мебошад. Асъори хориҷие, ки дар таркиби амволи ба ҳабс гирифташуда қарор дорад, бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон барои мубодила ба пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз рӯзи дигари бонкӣ супорида шуда, якҷоя бо пули нақди миллӣ ба ҳабс гирифташуда барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда ба буҷет гузаронида шавад;
2) амволе, ки бевосита дар истеҳсоли маҳсулот (мол) иштирок надорад, аз ҷумла, коғазҳои қиматнок, асъор нақлиёти автомобилии сабукрав, маводи ороишии биноҳои хизматӣ (маъмурӣ) ва биноҳои ғайриистеҳсолӣ, дигар намуди амволи бозоргир ва ғайра;
3) маҳсулоти тайёр (мол), инчунин дигар арзишҳои моддие, ки барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот пешбинӣ нашудаанд;
4) ашёи хом ва маводе, ки барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот пешбинӣ шудаанд, инчунин дастгоҳҳо, таҷҳизот, бино, иншоот ва дигар воситаҳои асосӣ. Дастгоҳҳо, таҷҳизот, бино, иншоот ва дигар воситаҳои асосии корхонахо ва ташкилотҳои давлатӣ ба ҳабс гирифта намешаванд;
5) амволи дигар.
Ҳамзамон нисбати амволи андозсупоранда, ки ба иҷораи молиявӣ (лизинг) ва (ё) гарав дода шудааст, ситонидани чунин амвол ва тағйир додани шартҳои шартнома (лизинг ва (ё) гарав) аз лаҳзаи баровардани қарор оид ба ҳабси чунин амвол ва то бекор намудани он манъ аст.Амволи андозсупоранда дар асоси муроҷиати роҳбари якуми мақомоти андоз (ё