Пули миллии давлатҳои ҷаҳон
11.1. Проблема ва мубориза бар зидди нобаҳрасозон(тангақаллобчиён)
Нобаҳрасозӣ(тангақалобчигӣ) – ин яке аз хавфноктарин ва яке аз қадимтарин намуди ҷинояти иқтисодӣ мебошад. Зеро аз он рӯзе, ки дар дунё пул пайдо шуд, дарҳол қалбакӣ тайёр намудани пул низ оғоз гардид.
Таҷриба нишон медиҳад, ки аз муомилот ҳама вақт пулҳои бисёр давлатҳоро, ки қалбакӣ бароварда шудааст, ҷамъ меоваранд, ки ҳар кадоми онҳо аз якдигар хушсифат ҳунармандона тайёр карда шудааст. Масалан, дар охири солҳои 2000-ум зарари моддӣ расонидаи нобаҳрасозон (тангақалобчиён) ба давлати Федератсияи Руссия ба маблағи 117млн. 517 ҳазор рубл, баргардонидан ва кашида гирифтани он 194 млн. 688 ҳазор рублро ташкил додаст. Умуман дар давоми ин солҳо аз муомилоти ҷиноятӣ 29381 рубл гирифта шудааст, ки саҳми умумии маблағи қалбакии рубли Руссия 3.910.115 рублро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 1999 2.3% зиёд аст.<sup/>
Нисбати пулҳои қалбакӣ бо пули миллии Тоҷикистон бошад, қобили қайд аст, ки бештар нобаҳрасозӣ (тангақаллобчигӣ) дар пулҳо(бонкнотаҳо)-и панҷсомона ва даҳсомона, ки ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот аст ва соли бароришашон 1999 мебошад, дида мешавад.
Дар вақтҳои охир бошад, аз муомилот бештар пулҳои 50 сомона ва 100 сомонае, ки нобаҳрасозон (тангақаллобчиён) тайёр намудаанд, гирифта мешаванд.
Дар баробари ин ба ҷумҳурӣ пулҳои қалбакии дигар давлатҳо низ ворид мешавад, ки дар бисёр ҳолатҳо ин доллари ШМА мебошад. То имрӯз аз ҳисоби бонкнотаҳои 50 доллара ва 100 доллара, ки дар муомилот бештар ба назар мерасанд бо маҳорати бениҳоят баланд сохта шудаанд, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳатто мошинаҳои махсус онҳоро муайян карда наметавонанд.
Ба муомилот ва низоми он ҷорӣ намудани пулҳои қалбакӣ барои кадом давлате, ки набошад, бениҳоят хавфнок аст.
Чӣ тавре ки дар ҷангӣ дуюми ҷаҳонӣ Германияи фашистӣ дар давлатҳое, ки фунт стерлинги Британияи Кабир дар муомилоти онҳо буд, ба интишори қалбакии ин пул он қадар саҳм гузошт, ки дар натиҷа иқтисодиёти Британияи Кабир зарари бениҳоят зиёд дид.
Имрӯз замони нобаҳрасозон(тангақаллобон)-и косиб гузаштааст. Бо пайдо шудани технологияи нави ҳозиразамон, принтерҳои ранга, ксероксҳо, низоми компютерии типографӣ, мини матбуот ва ғайра, сохтани пули қалбакӣ яке аз корҳои оддӣ ба шумор меравад.
Гарчанде мутобиқи қонунгузорӣ маҳдудият барои ба даст овардани таҷҳизоти компютерӣ ва бақайдгирии принтер ва ксероксҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, лекин ҳама вақт ин талабот ба он тартибе, ки бояд риоя карда шавад, ба роҳ монда нашудааст.
Дар соҳаи нобаҳрасозӣ(тангақаллобӣ) тамоилҳои зерин муайян карда шудааст, ки инҳоянд:
а) бо ҳар гуна маълумотҳо як қатор давлатҳо ё ташкилотҳо оид ба вайрон намудани сиёсати пулии доллари Амрико кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пулҳои қалбакии тайёрнамудаи онҳо дар дараҷаи аъло қарор доранд. Лекин дар аксар ҳолатҳо ҳаҷми умумии пулҳои қалбакии доллари ИМА билетҳои бонки марказии давлати Русияро худи «ҳунармандон»-и рус тайёр мекунанд.
б) фаъолияти нобаҳрасозӣ(тангақаллобӣ) рӯз аз рӯз вусъат мегирад ва он ба худ як шакли гурӯҳeро гирифтаистодааст ва бештари онҳо принтерҳои ранга(струйни)-ро истифода меба- ранд, ки сифати баланд доранд;
в) яке аз тамоилҳо ин ивазшавии синну соли субъект, яъне ба ин фаъолият машғул шудани ҷавонон ва ноболиғоне мебошад, ки бештар ба компютербозӣ рағбат доранд.
г) вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятие, ки ба тайёр кардани пулҳои қалбакӣ машғуланд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, фаъолияти нобаҳрасозӣ(тангақаллобчигӣ) сол аз сол кам шуда истодааст. Мувофиқи ахбороти дастрасшуда сатҳи ин аъмол дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005-ум 11 ҳодисаро ташкил диҳад, дар соли 2006 шумораи он ба 9 адад ва дар соли 2007 то моҳи октябр ҳамагӣ 5 ҳолати ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ ошкор шудааст, ки асосан он асъори хориҷӣ, яъне доллари амрикоӣ ва пули миллиро дар бар мегирад.
Агар мо аз нуқтаи назари омории ҳодисаҳои ошкоршуда нисбат ба пули сомонӣ дар се соли охир бингарем, маълум мешавад, ки интишори пулҳои қалбакии миллӣ нисбат ба солҳои пешин ба як адад зиёд шудааст. Аз ҳодисаҳои ошкоргардида маълум мешавад, ки ба интишори пулҳои қалбакӣ – сомонӣ бисёртар ҷавонони аз 18 сола то 25-сола, ки бештар ба кори компютерӣ рағбат доранд, машғуланд, ки ин ҳодисаҳо дар шуьбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба монанди н.Исфара-2, ш.Конибодом, ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов, н.Ғончӣ, н.Мурғоб, ш.Хоруғ, ноҳияҳои Сино-1 ва Сино-2, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, инчунин шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудаанд. Бояд қайд намуд, ки аз шумораи ҳодисаҳои ошкоргардида бо асъори хориҷӣ, яъне доллари Амрико танҳо муомилот бо асъори қалбакӣ мебошад, зеро тайёр кардани асъори қалбакии хориҷӣ то ҳол дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти салоҳиятдор ба қайд гирифта нашудааст.
Роҳҳои муайяннамоии пулҳои қалбакиро мумкин аст ба ду гурӯҳ тақсим намоем:
Ба гурӯҳи якум бо воситаи техникаи оддӣ –лупа хоҳиши аз назар гузаронидани пулҳои қалбакиро пайдо мекунанд, гурӯҳи дуюм бошад, бо санҷишҳои лабораторӣ.
Ба аломатҳои қалбакии оддӣ дохил мешаванд. Вуҷуд надоштан ё тамоман вуҷуд надоштани аломатҳои оббӣ, вуҷуд надоштани расмҳо, силсила(серия), рақам, интишори оддии онҳо, хатоҳо дар навиштаҷоти пул, нодуруст ҷилло додани рангҳо, фарқияти коғаз аз ҷиҳати ранг, ғафсии он, инчунин дар вақти бо даст ламс кардани он.
Гурӯҳи дигари аломатҳо ба ҳолати душвортар қарор дорад, яъне бо роҳи полиграфӣ бароварданро, ки намуди чоп кардани он ба тариқи ихтирооти алоҳидаи таҷҳизот, ки рангубори он, намуди коғаз, вуҷуд доштан ё надоштани бехатарии махсӯсро дар бар мегирад.
Роҳу усулҳои нашри пули қалбакӣ бениҳоят зиёданд. Ва қалбакисозӣ мувофиқи инкишофи соҳаи полиграфӣ ва техникаи нусхабардорӣ аз худ карда мешавад.
То давраи пайдоши технологияи нави низоми компютерӣ пулҳои қалбакӣ, асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматнокро бо санъати баланди усули полиграфи–чопи баланд, коғази офсетӣ, металография, чопи трафаретӣ ва ғайра тайёр мекарданд. Техникаи нусхабардорӣ дар он давра тараққи накарда буд ва ба тартиби ҳозира ба роҳ мондани чопи он имконнопазир буд. Ҷинояткорон бо кадом як роҳе кори полиграфиро аз худ намуда, қолаби пулро тайёр намуда, баъд ба чоп намудани пулҳои қалбаки машғул мешуданд, ки барои ин кор камаш аз ду то шаш сол вақт лозим буд. Бо сабаби пайдошавии техникаҳои нусхабардории шумораашон зиёд пулҳои қалбаки аввалан бо ранги сиёҳу сафед чоп карда, баъд гулкорӣ карда мешуданд.
Лекин баъд аз пайдо шудани компютерҳои нусхабардорӣ (сканер), техникаи нусхабардорӣ шумораашон зиёди ранга ва бисёр дигар намудҳо, пулҳои қалбакӣ бе ягон мамоният ва душвории азхуднамоии он ба сатҳи боло рафт. Ҳоло бошад қисми зиёди пулҳои қалбакӣ дар техникаи нусхабардории ранга бо истифодаи принтерҳои лазерии ранга ва нимрангаи струйи чоп карда мешаванд. Чунки ба воситаи ин техникаи ҳозиразамон рангҳо бо тамоми хусусияташон ба коғаз мегузаранд ва фарқ кардани он низ душвор аст. Вале як душворӣ низ ҷой дорад, ки ин ҳам дар ҳолати расидани намнокӣ, об, он рангҳое ки дар таркиби пулҳои қалбакӣ вуҷуд доранд, ранг мезананд ва дар рӯи коғаз паҳн мешаванд. Бинобар ин бояд шакл ва нишонаҳои обӣ, инчунин бехатарии онро дар асъор дуруст ва ба таври самаранок бояд ҷойгир намуд. Зиёда аз 15 намуди роҳҳои тайёр кардан ва ҷойгиронии аломатҳои обӣ вуҷуд дорад. Дар айни замон аз ҳама бисёр коғази офсетӣ маъмул аст. Пули бисёр давлатҳои хориҷӣ бо тариқи офсетӣ чоп карда мешаванд. Вонамуди чопи металлографӣ ин зeроварии коғаз бо ёрии штампҳои махсусе, ки барои зер кардани офсет истифода мешаванд, ки дар натиҷа дар рӯи коғаз пасту баландиҳо ва иззи ҳар як ҳарф пайдо мегардад. Аксари тангақаллобчиён қалбакӣ тайёр намудани асъори ИМА, яъне доларро бо роҳи дигар, яъне бо истифодаи хокаи феромагнитӣ, ба роҳ мемонанд, ки дар ҳолати санҷиш қалбакӣ будани он муайян мегардад, зеро шумораи зиёди мавҷудияти рангҳои магнитӣ ба ин шаҳодат медиҳанд.
Намуди дигари қалбакӣ тайёр намудани пул низ вуҷуд дорад, ки ин, масалан, дар қатори 10-доларраи ИМА илова кардани як сифри дигар, яъне нол дар пеш ва қафои он мебошад.
Хушбахтона аксари чунин банкнотаҳои қалбакӣ сифати паст дошта, ҳар як шахс агар ба ҳар ду тарафи он каме аҳамият диҳад, метавонад худро аз доми қаллобон наҷот диҳад. Дар аксар ҳолатҳо ин роҳҳо дар мавриди эмиссияи пули нав, ки дар бозорҳо мардум бисёр аст ва онҳо бо асъори нав хуб ошно нестанд, фирефтаи тангақаллобчиён мегарданд. Бештар одамони синну солашон калон, ки чашмони онҳо хира гаштаанд, инчунин дар он ҷое, ки савдо дар авҷ аст, фирефтаи чунин ҷинояткорон мешаванд, чунки дар ин мавридҳо ба қалбакӣ будан ё набудани пул он қадар аҳамият намедиҳанд.
Инчунин қобили қайд аст, ки ҳама вақт беҳтараш дар он дуконҳое ки мубодилаи арз гузаронида мешавад, оид ба ивази пулҳои худ ҳатман маълумотнома талаб намоед.
11.2. Хусӯсияти пулҳои аслӣ ва қалбакӣ
Қоидаҳои муайянкунии нишонаҳои асолат ва қобили пардохт будани пулҳои коғазии давлатҳои хориҷӣ ба тартиби зерин ба роҳ монда мешавад:
1) Пулҳои коғазӣ(банкнотаҳо, билетҳои хазинадорӣ)-и давлатҳои хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин қобили пардохт дониста мешаванд:
а) пулҳои коғазие, ки нишонаҳои асосии қобили пардохт буданро нигоҳ доштаанд, номи бонки ношир, рақам ва силсила, арзиш бо рақам ва ҳурӯф, расм(тасвир)-и асосии рӯй ва пушти пули қоғазӣ, ҳамчунин унсурҳои ҳимоя аз сохтакорӣ (нишонаи обӣ, аломатҳои магнитӣ, ки ба коғаз ворид карда шудаанд, нахҳои рангин, аз ҷумла нахҳое, ки дар зери шуъоҳои ултрабунафш дида мешаванд, конфеттӣ, риштаҳои ҳимоявӣ, резаматн, расмҳое, ки рангашон тағйир меёбанд ва ғайра).
б) пулҳои коғазӣ, ки фарсуда ва чиркин шудаанд;
в) пулҳои коғазӣ, ки кунҷ ё қисмҳои даридаашон (майдони на бештар аз 1-2 см квадратӣ) ширеш карда шудааст, агар қисмҳои ҷудогар-дида бешубҳа ба ин банкнота тааллуқ дошта бошанд;
г) пулҳои коғазие, ки қисмҳои даридагӣ ширешшуда доранд, агар онҳо зиёда аз чор як ҳиссаи паҳнои банкнотаро фаро нагиранд;
ғ) пулҳои коғазие, ки доғҳои хурди равғанӣ ва доғҳои дигар, навиштаҷот ва пайи тамға доранд(ба ғайр аз тамғаҳое, ки дар хусуси аслӣ набудани банкнота шаҳодат медиҳанд), дар ҳолате, ки агар онҳо ба муайян намудани асолати банкнота монеъ нашаванд ва яке аз аломатҳои асосии қобили пардохт будани дар зербанди «а»-и ҳамин банд нишондодашударо ба таври назаррас бештар аз 50% пинҳон насозад;
д) банкнотаҳое, ки сӯрохии диаметраш на бештар аз 0,5мм аст;
е) пулҳое, ки аз ҷониби бонки ношири давлати хориҷии дахлдор барои аз муомилот баровардан эълон шудаанд, то таърихи муайяннамудаи он, дар муомилот боқи мемонад.
Баъди фарорасии таърихӣ аз муомилот гирифтани пулҳо, пулҳои мазкур аз тарафи бонки ношир ғайри қобили пардохт эълон мегарданд ва танҳо барои иваз қабул карда мешаванд. Таърихи аз муомилот гирифтани пулҳое, ки аз тарафи бонки ношири давлатӣ хориҷии дахлдор эълон шудааст, дар маводи иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон нишон дода мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси тағирот дар муомилоти нақдию пулии давлатҳои хориҷӣ ва бонкҳои ваколатдор хабар медиҳад.
2)Пулҳо(банкнотаҳо, билетҳои хазинадори)-и давлатҳои хориҷӣ вобаста ба осеб ё асосҳои зерин ғайри қобили пардохт дониста мешаванд:
а) пулҳои ба қисмҳо ҷудошуда ва ширешгардида;
б) пулҳое, ки нишонаҳои асосии қобили пардохт буданро нигоҳ надоштаанд;
в) пулҳое, ки ранги ибтидоиашон тағйир ёфтаанд ё рангашон паридааст;
г) пулҳои нимсӯхта ва сӯхта;
ғ) пулҳое, ки ба рӯяшон пурра ё дар қисмати зиёдашон ранг, сиёҳӣ, равған рехтааст;
д) пулҳое, ки зери таъсири кимиёвӣ қарор гирифтаанд, аз ҷумла реактивҳое, ки боиси партавафкании қоғаз зери шуъоҳои ултрабунафш гаштаанд;
е) пулҳое, ки қасдан дучори осеб гардидаанд (расмҳои асосӣ, аз ҷумла сурати одамон тағйир дода шудааст, риштаи кимиёвӣ гирифта шудааст, мавҷуд будани навиштаҷоти зиёд, ки зери шуъоҳои ултрабунафш дида мешаванд);
ж) пулҳое, ки андозаи геометрияшон ба миқдори 3мм кам ё зиёд гардидааст;
з) пулҳои давлатҳои хориҷӣ, ки баъди таърихи эълоннамудаи бонки ношири давлатӣ хориҷии дахлдор аз муомилот гирифта шудаанд ва ба маълумоти бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон расонида шудаанд.
3) Пулҳои ғайриқобили пардохти давлати хориҷӣ мумкин аст ба пулҳои қобили пардохти ҳамон давлати хориҷӣ иваз карда шаванд ё бо сомонии нақд аз ҳисоби мизоҷ харидорӣ шаванд.
Дар ин ҷо аз таърихи пайдоиш ва унсурҳои ҳифзшавандаи пули миллии Тоҷикистон–сомонӣ ва тангаҳои он дирам, дар қатори он пул ва тангаҳои давлатҳои Аврупо (Евро), пул ва тангаҳои миллии ИМА (доллар), танга ва билети Бонки марказии Русияро, ки бештар дар дохили ҷумҳурӣ дар муомилот арзи вуҷуд доранд, барои мисол барраси менамоем:
20 Загрузки