Мафҳум ва хелҳои аҳд

Мафҳуми аҳд. Аҳд яке аз фактҳои юридикии паҳнгардида мебошад. ҳаракати шаҳрвандон ва шахсони юридикие, ки барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ равона карда шудааст, аҳд эътироф карда мешавад. Ҳамин тавр, моҳияти аҳдро аломатҳои зерин тавсиф менамоянд: а) аҳд — ин доимо амалиёти иродавист; б) амалиёти қонунӣ; в) амалиёти махсус барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъ намудани муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ равона карда шуда; г) амалиёти оқибати ҳуқуқии гражданӣ пойдоркунанда ме­бошад.

Барои он, ки иродаю мақсади аҳдкунанда ба атрофиён маълум гардад, бояд дар шакли конкретӣ ифода ёфта бошад. Шакли ифодаи ирода мумкин аст даҳонакӣ ё хаттӣ (хаттии оддӣ ё бо тасдики нотариалӣ) ё конклюдентӣ шавад. Аҳде, ки барои он қонун шакли муайянеро муқаррар накардааст, дар чунин маврид ҳам басташуда ҳисоб карда мешавад, ки агар рафтори шахс далолат диҳад, ки ӯ барои бастани аҳд азму ирода дорад, яъне бастани аҳд бо роҳи конклюдентӣ.

Танҳо дар мавридҳои бо қонун пешбиникарда барои бастани аҳд сукут ифодаи розигӣ эъти­роф карда мешавад.

Аҳдҳои зерин ба истиснои аҳде, ки тасдиқи нотариалиро талаб мекунад, бояд дар шакли од­дии хаттӣ баста шаванд:

а) аҳди шахси ҳуқуқӣ байни худ ва бо шаҳрвандон;

б) аҳди байни шаҳрвандон ба маблағе, ки аз андозаи бо қонун муқарраргардидаи музди меҳнати ҳадди ақал на камтар аз даҳ маротиба бештар аст ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, — сарфи назар аз маблағи аҳд.

Риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ тарафҳоро аз ҳуқуқи дар мавриди баҳс ҷиҳати тасдиқи аҳд ва шартҳои он аз истинод ба баёноти шоҳидон маҳрум месозад, вале онҳоро аз ҳуқуқи овардани далелҳои хаттӣ ва далелҳои дигар маҳрум намесозад. Дар ҳолатҳои бевосита дар қонун ё созишномаи тарафҳо зикргардида риоя накардани шакли оддии аҳди хаттӣ он беэътибор мегар­дад. Риоя накардани шакли оддии аҳди хаттии робитаи иқтисодии хориҷӣ онро беэътибор мегар­донад.

Аҳдҳои аз ҷониби нотариус тасдиқгардида бо роҳи дар ҳуҷҷати ба талаботи моддаи 185 Ко­декси гражданӣ мутобиқаткунанда аз ҷониби нотариус ё мансабдори барои анҷоми чунин амали нотариалӣ ҳуқуқдошта сабт кардани навиштаҷоти тасдиқкунанда анҷом дода мешаванд. Тасдиқи нотариалии аҳд дар ҳолати зайл ҳатмист: а) дар ҳолатҳое, ки дар қонун зикр гардидааст; б) бо талаби ҳар яке аз тарафҳо

Хелҳои аҳд. Вобаста ба ин ё он амалиёти ҳуқуқӣ аҳдҳо ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:

а) вобаста ба иродаи иштирокчиён ба аҳдҳои яктарафа, ду ва якчандтарафа. Агар барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан, ё қатъ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ ифодаи иро­даи як тараф кифоя бошад (масалан, тартиб додани васиятнома, қабул кардани мерос), аҳди яктарафа, розигии ду ё якчанд тарафҳо зарур бошад — аҳди ду ё якчандтарафа меноманд. Масалан, бастани шартномаҳо бо ифодаи иродаи ду ё якчанд тарафҳо; б) вобаста ба лаҳзаи бастани аҳдҳо реалӣ ва консенсуалӣ мешаванд. Аҳде, ки барои бастанаш нисбати шартҳои муҳимаш розигии тарафҳо кифоя аст, консенсуалӣ мебошад. Масалан, аз лаҳзае, ки байни фурӯшандаю харидор нисбати шартҳои муҳими шартнома (нарх, сифат, миқдор ва ғ.) розигӣ пайдо шуд, шартномаи хариду фурӯш басташуда ҳисоб меёбад. Агар лаҳ­заи бастани аҳд ба иҷрояш вобаста бошад, аҳд характери ре­алӣ мегирад. Масалан, шартномаҳои қарз, тӯҳфа, амонатнигаҳдорӣ; в) вобаста ба аҳамияти асосҳо барои эътиборнокии аҳд аҳдҳо казуалӣ ва абстрактӣ мешаванд. Мувофиқи қоидаи умумии эътиборнокии аҳд ба асосҳояш вобаста мебошад, яъне аҳди казуалӣ. Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки мувофиқи нишондоди қонун барои эътиборнокии аҳд аёнии асосаш аҳамият надорад. Дар ин ҳолат аҳд характери абстрактӣ доранд ва аз ин хусус бояд дар қонун гуфта шуда бошад. Масалан, вексель. г) аҳд мӯҳлатнок ва бемӯҳлат мешавад. Дар аҳди бемӯҳлат лаҳзаи амалигаштанаш, вақти қатъгаштанаш пешбинӣ кар­да намешавад. Чунин аҳд фавран қувваи амалӣ пайдо мекунад. Ва баръакс, дар аҳди мӯҳлатнок лаҳзаи амалигаштанаш ё қатъгаштанаш ё ҳарду ҳолат пешбинӣ карда мешавад; д) аҳди шартӣ таъхирнок ва бекоркунанда мешавад. Аҳд дар зери шарти таъхирнок дар он вақт басташуда эътироф карда мешавад, ки агар тарафҳо пайдо шудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои бо аҳд муқаррар кардашударо ба рӯй додан ё надодани шарте алоқаманд карда бошанд. Аҳд дар зери шарти бекоркунанда дар он вақт басташуда эътироф карда мешавад, ки агар тарафҳо қатъ шудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ба аҳд муқаррар карда шударо ба рӯй додан ё надодани шарте алоқаманд карда бошанд. Агар барои ба вуҷуд омадани шарт тарафе бевиҷдонона монеъ шуда бошад, ки барои вай рӯй додани шарт бефоида аст, дар ин маврид шарт ба вуҷудомада ҳисоб меёбад. Ва баръакс, агар барои ба вуҷуд омадани шарт тарафе бевиҷдонона ёрӣ расонад, ки барои вай рӯй додани шарт фоидалон аст, дар ин маврид шарт ба вуҷуднаомада хисоб мешавад; е) гурӯҳи алоҳидаро аҳдҳои биржавӣ ва фидусиарӣ ташкил медиҳанд. Хусусияти аҳди биржавӣ ба статуси субъектоне, ки ин гуна аҳд мебанданд, ҷои бастани аҳд ва предмети аҳд вобастагӣ дорад. Аҳди фидусиарӣ характери ваколатӣ дорад. Масалан, аҳдҳои супориш, комиссия, ашёро ба идоракунии ваколатдорӣ до­дан ба муносибати шахсӣ — эътимоднокӣ алоқаманд мебошанд. Бинобар ин тағйир ёфтани характери муносибати тарафҳо, гум шудани характери эътимоднокӣ мумкин сабаби якта­рафа даст кашидан аз иҷрои ӯҳдадорӣ гардад. Масалан, дар шартномаи супоришӣ вакилкунанда ҳақ дорад ҳар вақт супоришро бекор кунад, вакил бошад ҳақ дорад хар вақт аз вай даст кашад.

Шартҳои эътиборнокии аҳд. Эътиборнокии аҳдро қонун ба воситаи шартҳои зерин муайян менамояд: а) қонунӣ будани мазмун; б) қобилияти амалкунӣ доштани субъектони аҳд; в) бо ҳам мувофиқии ирода ва ифодаи ирода; г) риоя намудани шакли аҳд.

а) мазмуни аҳд набояд ба қонун, аснодҳои зерионунӣ, қоидаҳои зиндагӣ ва принсипҳои ахлоқии ҷамъиятӣ зид бошад;

б) аз сабаби он, ки аҳд амалиёти иродавӣ мебошад, онро танҳо шаҳрвандони қобилияти амалкунӣ дошта баста метавонанд. Шахсоне, ки қисман қобилияти амалкунӣ доранд ё қобилияти амалкуниашон маҳдуд карда шудааст, мустақилона танҳо он аҳдҳоеро баста метавонанд, ки бо қонун иҷозат дода шудааст.

Қобилияти амалкунии шахсони юридикӣ дар оиннома ё низомномаашон пешбинӣ карда мешавад ва ҳангоми бастани аҳд аз доираи бо ин ҳуҷҷат пешбинӣ карда шуда баромада наметаво­нанд;

в) бо ҳам мувофиқии ирода ва ифодаи иродаи иштирокчиёни аҳд. Эътиборнокии аҳд мувофиқ будани ирода ва ифодаи иродаро низ дар назар дорад. Мувофиқ набудани байни мақсаду ифодаи он сабаби беъэтибории аҳд мегардад. Масалан, аҳдҳое, ки дар натиҷаи таҳдид, зӯрӣ, фиреб баста мешаванд. Дар ин аҳдҳо иродаи тарафи ҷабрдида ва шакли ифодаи иродааш мувофиқ на­меоянд;

г) риоя намудани шакли аҳд. Аҳд бояд дар шакли бо қонун пешбинишуда баста шавад (хаттӣ, даҳонӣ, конклюдентӣ ва сукут). Аҳдҳое, ки барои онҳо қонун шакли хаттӣ (хаттии оддӣ ё бо тасдиқи нотариалӣ) ё дигар шакли муайянеро муқаррар накардааст, мумкин дар шакли даҳонӣ баста шавад. Масалан, бастани шартномаҳои хариду фурӯш дар бозорҳо.

Беэътибории аҳд. Эътиборнокии аҳд ба риоя кардани шартҳои дар боло қайдшуда вобастагӣ дорад. Нуқсоннокии ҳар яки онҳо мумкин са­баби беэътибор донистани аҳд гардад.

Нуқсоннокӣ дар субъектон. Чунин аҳдҳо аз ду гурӯҳ иборатанд. Гурӯҳи аввал ба ғайри қобили амалии шаҳрванд ва гурӯҳи дигар ба қобилияти махсуси ҳуқуқдории шахси юридикӣ ё статуси мақомоти он вобаста мебошад.

Бо сабаби он, ки аҳд амалиёти иродавӣ аст, эътиборнокии он ба синну сол ва муносибати рӯҳии шахс нисбати амалиёташ вобаста мебошад. Мувофиқи ин меъёр қонун аҳдҳои беэътиборро ба намудҳои зерин ҷудо мекунад: а) аҳде, ки шаҳрванди ғайриқобили амал эътироф карда, баста­аст; б) аҳде, ки шаҳрванди қобили амалаш маҳдуд кардашуда баста­аст; в) аҳде, ки ноболиғони ба синни 15 нарасида бастаанд; г) аҳде, ки ноболиғони аз 15 то 18 сола бастаанд. Аз рӯи чунин аҳдҳо тарафи қобилияти амалкунии гражданӣ дошта ӯҳдадор мебошад, ки ғайр аз оқибати умумии беэътибор ҳисоб кардани аҳд, ба тарафи дигар товони зарари дар натиҷаи бастани ингуна аҳд ра­сонидашударо диҳад. Товони зарар аз тарафи қобили амалкунӣ дошта ба шарте рӯёнида мешавад, ки агар ӯ ҳангоми бастани аҳд бевиҷдонона рафтор карда бошад.

Аҳде, ки шахси юридикӣ бархилофи максаде, ки дар оиннома (низомнома, низомномаи умумӣ дар бораи чунин хел шахсони юридикӣ) пешбинӣ шуда бастааст, беэътибор мебошад.

Нуқсоннокӣ дар ирода. Ба ин гурӯҳ аҳдҳое, ки дар зери таъсири фиреб, зӯрӣ, таҳдид, созиш бо нияти бад бастаи вакили як тараф ба тарафи дигар, инчунин аҳде, ки дар шароитҳои ниҳоят бе­манфиат баста, аҳде, ки онро шаҳрванд дар ҳолате бастааст, ки ӯ аҳамияти ҳаракатҳои худро намефаҳмид, дохил мешаванд. Ин гуна аҳдҳо беэътибор дониста мешаванд барои он, ки онҳо натиҷаи ифодаи озодонаи иродаи тарафи ҷабрдида набуда, акси иродаи шахсони дигар, ки ба иродаи аҳдкунанда фишор овардааст, мебошанд. Аҳде, ки дар натиҷаи гумроҳии дорои аҳамияти муҳим бас­та мешавад, бо даъвои тарафи гумроҳшуда беэътибор эътироф карда мешавад.

Нуқсонноки дар шакли аҳд. Қонун беэътибории аҳдро танҳо бо шакли хаттӣ бастани аҳд во­баста кардааст. Риоя накардани шакли хаттии оддии аҳд танҳо дар ҳамон вакт сабаби беэътибории аҳд мегардад, ки агар ин ҳолат махсус дар қонун пешбинӣ шуда бошад. Риоя накардани шакли нотариалӣ ва инчунин қайди давлатии аҳд доимо сабаби беэътибории он ме­гардад.

Нуқсонноки дар мазмуни аҳд. Аҳде, ки бо мақсади зидди асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ баста мешавад, ғайриқонунӣ мебошад, яъне мазмуни ин гуна аҳд зидди қонун, санадҳои зериқонунӣ, талаботи ахлоқи ҷамъиятӣ мебошад. Агар ин гуна аҳд дар ҳолати нияти бад доштани ҳарду тараф баста шуда бошаду ҳарду тараф аҳдро иҷро карда бошанд — тамоми чизҳои мувофиқи аҳд гирифтани онҳо ба фоидаи давлат рӯёнида мешаванд, дар ҳолати созишро иҷро карда­ни фақат як тараф — аз тарафи дигар тамоми чизҳои гирифтааш ва ҳамаи чизҳое, ки вай мебоист ба тарафи дигар медод ба фоидаи давлат рӯёнида мешавад; агар танҳо яке аз тарафҳо нияти бад дошта бо­шад, тамоми чизҳои дар асоси аҳд гирифтааш бояд ба тарафи дигар баргардонида шавад, аммо чизҳое, ки тарафи дуюм гирифтааст, ё бояд аз рӯи иҷрои ӯҳдадорӣ мегирифт, ба фоидаи давлат рӯёнида мешавад. Аҳдҳои беэътиборро қонун ба ду гурӯҳ: баҳснок ва мутлақо беэътибор ҷудо ме­кунад. Агар барои беэътибор донистани аҳд қарори суд лозим бошад, онгоҳ ин аҳд ба гурӯҳи аҳди баҳснок дохил мешавад. Масалан, аҳде, ки ноболиғи аз синни 15 то 18 сола бе розигии падару мо­дарон, ба фарзандӣ қабул-кардагон ё парасторон бастааст, суд метавонад бо даъвои падару мода­рон, ба фарзандӣ қабулкардагон ё парасторон беэътибор эътироф кунад. Ҳамин тавр, беэътибории аҳде, ки ноболиғи аз 15 то 18 сола бе розигии падару модарон ё ба фар­зандӣ қабулкардагон ё пара­сторон аз даъвои падару модарон, ба фарзандӣ қабулкардагон ё парасторон вобаста мебошад. Агар аз тарафи онҳо барои беэътибор донистани чунин аҳд ба суд даъво пешниҳод карда нашавад, аҳди бастаи ноболиғони аз синни 15 то 18 сола эътиборнок дониста мешавад.

Аҳде, ки бе қарори суд ҳам беэътибор мебошад, ба гурӯҳи аҳди мутлақо беэътибор дохил мешавад. Масалан, аҳде, ки шаҳрванди ғайриқобили амал эътироф карда бастааст ё аҳде, ки танҳо барои намуд баста шудааст.


360
Нет комментариев. Ваш будет первым!