Умумиятҳои забонӣ (унверсалияҳои забонӣ) ва нақши типологияи забоншиносӣ дар муайян намудани онҳо

Нақшаи мавзӯъ:

1.Тафсири мафҳуми умумиятҳои забонӣ (унверсалияҳои забонӣ)

2.Нақши типологияи забоншиносӣ дар муайян намудани умумиятҳои забонӣ

1.Тафсири мафҳуми умумиятҳои забонӣ (унверсалияҳои

Агар мо сохтори якчанд забонро бо ҳам муқоиса кунем, ба осонӣ пай мебарем, ки дар онҳо баъзе хусусиятҳои умумӣ ба назар мерасанд. Масалан, ҳангоми муқоиса намудани сохтори забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ дар ҳар кадоме аз ин забонҳои мазкур мо системаи садонокҳо ва системаи ҳамсадоҳоро мушоҳида мекунем. Аммо миқдори фонемаҳою таносуби садонокҳою ҳамсадоҳо дар забонҳо яксон нест. Масалан, дар забони тоҷикӣ 6 садоноку 24 ҳамсадо, дар забони русӣ 6 садонку 34 ҳамсадо, дар забони англисӣ бошад, 10 садоноки холис (монофтонгҳо) бо аломатҳои зиёди дарозию кӯтоҳӣ, 9 дифтонг ва 2 дифтогоид ва 25 ҳамсадо мавҷуданд.

Сохтори овозии забонҳои дигарро таҳлил намуда, мо боварӣ ҳосил мекунем, ки дар онҳо ҳам ситемаи садонокҳо ва системаи ҳамсадоҳо мавҷуданд. Забонеро ба худ тасаввур кардан номумкин аст, ки системаи садонокҳо ва системаи ҳамсадоҳо надошта бошад. Ҳамин тавр, далели дар сохтори забонҳо мавҷуд будани системаи садонокҳо ва системаи ҳамсадоҳо хусусияти умумӣ ё универсалӣ дорад.

Дар бештари забонҳои барои илми забоншиносӣ маълум шакли феъли замони ҳозира мавҷуд аст. Аммо он дар забони тоҷикӣ се шакл, дар забони англисӣ ду шакл, дар забонҳои русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ бошад, ин феъл як шакл дорад. Сарфи назар аз ин, шакли феъли замони ҳозира хусусияти умумӣ дорад. Инчунин забонеро барои худ тасаввур кардан номумкин аст, ки дар он калима ва ҷумла набошанд.

Ҳамаи ин далелҳо хусусиятҳои умумии забонҳо ба шумор мераванд ва аз қонуниятҳои муайяни сохторӣ, ки хоси ҳамаи забонҳост, гувоҳӣ медиҳанд. Ин гуна қонуниятҳо барои ҳамаи забонҳо умумӣ буда номи умумиятҳо ва ё универсалияҳои забониро касб кардаанд. Ҳамин тавр, умумиятҳои забонӣ гуфта, чунин хусусиятҳоеро меноманд, ки онҳо хоси ҳамаи забонҳо ва ё қариб ҳамаи забонҳо мебошанд.

2.Нақши типологияи забоншиносӣ дар муайян намудани умумиятҳои забонӣ

Дар муайян намудани умумиятҳои забонӣ илми типологияи забоншиносӣ нақши муҳим дорад. Муайян намудани ҳамаи умумиятҳои забонӣ имкон медиҳад, ки ба баъзе саволҳои муҳим равшанӣ андохта шавад. Масалан, кадом ҳодисаҳо дар забон вуҷуд дошта метавонанд ва кадомашон не? Ва ё кадом ҳодиса дар сохтори ҳар як забон ягона (беназир) аст? Аз ин рӯ, дар типологияи забоншиносӣ хусусиятҳои умумӣ, фарқиятҳои сохтори забонҳоро бо истилоҳоти унверсалияҳо, фреквенталҳо ва уникалҳо (ҳодисаи бемонанд) ифода карда мешаванд.

Хусусиятҳои умумии забонҳо хеле барвақт диққати забоншиносонро ба худ ҷалб кардаанд. Ба мавҷудияти хусусияти умумии забонҳо ҳанӯз муаллифони грамматикаҳои дунёи қадим ва асрҳои миёна таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд. Ҳанӯз дар он давраҳо кӯшиш мекарданд, ки барои ҳамаи забонҳои маҳмули он замон як грамматикаи умумӣ эҷод намоянд. Аммо омӯзиши воқеии масъалаи умумиятҳои забонӣ дар миёнаҳои асри XX оғоз ёфт. Дар Кунгураи 8- уми байналмилалии забоншиносон дар шаҳри Осло (соли 1957) Р. Якобсон дар маърӯзааш дар бораи аҳамияти таҳқиқоти типологӣ барои омӯзиши муқоисаӣ – таърихии забонҳо қайд кард, ки типология қонуниятҳои умумие, ки дар қабатҳои гуногуни сохтори забон мавҷуданд, муайян менамояд.

Масъалаи муайян намудани умумиятҳои забониро ба воситаи методҳои таҷриба бори нахуст Ҷ. Гринберг охири солҳои 60- уми асри XX ба миён гузошт. Моҳияти методи Ҷ. Гринберг аз он иборат аст, ки аз рӯи ягон хосият забонҳои оилаҳо ва минтақаҳои гуногунро бо ҳам муқоиса карда, аломати умумии онҳоро муайян карда мешавад. Аломатҳои умумии онҳоро умумиятҳои забонӣ ва ё универсалияҳои забонӣ меноманд.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

2 Загрузки

406
Нет комментариев. Ваш будет первым!