Таснифоти умумиятҳои забонӣ (универсалияҳои забонӣ)
Нақшаи мавзӯъ:
1.Умумиятҳои забонии тасвирӣ ва таснифоти онҳо
2.Умумиятҳои забонии диахронӣ
1.Умумиятҳои забонии тасвирӣ ва таснифоти онҳо
Муҳаққиқон аз рӯи ҳолати ҳозираи забонҳо намудҳои гуногуни умумиятҳои забониро кашф кардаанд.Чунин умумиятҳои забонӣ дар типология бо номи умумиятҳои тасвирӣ ёд мешаванд.
Умумиятҳои забонӣ аз ҷиҳатҳои гуногун тасниф мешаванд. Аз ҷиҳати тарзи муайян кардан умумиятҳои забонӣ ду хел мешанд: индуктивӣ ва дедуктивӣ.
Умумиятҳои индуктивӣ инҳо ҷамъбасти далелҳои забонҳои ҷудогона мебошанд ва таърифашон чунин аст: “Ин ҳодисаи забонӣ хоси ҳамаи забонҳои барои муҳаққиқ маълум мебошад”. Мисоли барҷастааш: дар ҳар забон ҷонишин се шахс дорад. Чунин ақида бояд дар асоси маводи ҳар чӣ бештари забонҳо санҷида шавад.
Умумиятҳои дедуктивӣ бошанд, аз ҳодисаҳои муайяни забоние иборатанд, ки бояд дар ҳамаи забонҳо мавҷуд бошанд.
Аз рӯи сохтори мантиқӣ умумиятҳои индуктивӣ боз дар навбати худ ба намудҳои умумиятҳои сода (одӣ), умумиятҳои имплекативӣ (натиҷа) ва умумиятҳои муодил ҷудо мешаванд. Умумиятҳои сода (одӣ) шаклан сода буда, ба ифодаҳои дигар ҷудо намешаванд. Масалан, “ ҳамаи забонҳо аз фонемаҳо иборатанд”. Миқдори чунин умумиятҳои забонӣ зиёд нест ва онҳо хоси ҳамаи забонҳои дунё мебошанд.
Намуди дигари умумиятҳои индуктивӣ инҳо умумиятҳои имплекативӣ мебошанд, ки чунин шакл доранд: “ агар дар забон хусусити X бошад, пас дар он забон хусусияти Y ҳам ҳаст”. Яъне як хусусият бе дигараш намешавад. Ба ин гурӯҳ бештари умумиятҳои забонии барои забоншиносон маълум дохил мешаванд.
2.Умумиятҳои забонии диахронӣ
Дар баробари умумиятҳои забонии тасвирӣ, ки аз рӯи ҳолати ҳозираи забонҳо муайян карда мешаванд, боз умумиятҳои забонии диахронӣ мавҷуданд, ки дар ҷараёни инкишофи забонҳо ба вуҷуд омадаанд. Масалан, табдили фонемаи [k] > ба [t] дар баъзе забонҳо хусусияти умумӣ дорад.Аз ҷумла дар забони русии қадим фонемаи [k] пеш аз садоноки қатори пеш [э] ба таври системавӣ ба фонемаи [ч] табдил ёфт: пеку- печёшь – печёт.
Дар забони англисии қадим ҳамсадои [k] ба [ts] табдил ёфт. Ин ҳодиса дар асрҳои XIX- XX дар забони англисӣ рух дод: da ceosan > ca cbesen > choose. Дар забонҳои шведӣ ва итолёвӣ ҳам ин ҳодиса мушоҳида мешавад. Масалан, дар забони итолёвӣ: centum (лот.)[kentum] > итолёвӣ cento [tsento] – сад ва ғайра.
Аз ин мисолҳо бармеояд, ки ҳодисаи фонетикии табдили фонемаи [k] ба [ts] пеш аз садоноки қатори пеш [э] хусусияти умумӣ дошта, умумияти забонии диахронӣ ба шумор меравад.
Чунин умумиятҳои забонии диахронӣ дар қабати морфологии забонҳо ҳам мушоҳида мешаванд.
Адабиёт:
1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.
2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.
3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.
4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.
5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.
0 Загрузки