Типологияи қабати овозии забонҳо

Нақшаи мавзӯъ:

1.Мафҳуми қабати овозии забон

2.Интихоби аломатҳо барои муайян намуданн типологияи қабати овозии ду забон

3.Хусусияти типологии зада ва оҳанг.

1.Мафҳуми қабати овозии забон

Дар байни қабатҳои сохтори забон қабати овозӣ дар навбати аввал қарор дорад.Воҳиди асосии ин қабати забон фонема мебошад.

Фонема ҳамчун воҳиди асосии қабати овозии забон ду вазифаи муҳимро иљро мекунад:

1) фонема ҳамчун маводи сохтмонӣ барои ба вуљуд овардани воҳидҳои морфология ва қабатҳои дигари забон хизмат мекунад. Бе фонема на калима ва на морфема вуљуд дошта метавонад.

2) фонема имкон медиҳад, ки як морфема аз морфемаи дигар, як калима аз калимаҳои дигар фарқ карда шавад, яъне вазифаи фарқкунониро иҷро мекунад, ки барои муошират муҳим мебошад.

Ҳамин тавр, фонемаро ҳамчун гурӯҳи овозҳои аз љиҳати физикӣ ва вазифа монандро гуфтан мумкин аст.

Аз ин таърифи фонема маълум мешавад, ки ҳамон як фонема дар шароитҳои гуногун метавонад ба таври гуногун талаффуз шавад. Масалан, фонемаи «о» дар забони русӣ пеш аз ҳиљои заданок кӯтоҳ талаффуз мешавад: ак-но.

Ин гуна овозҳоеро, ки хелҳои гуногуни ҳамон як овозро ташкил медиҳанд, омоформ ва ё вариантҳои (гунаҳо) – и ҳамон як овоз меноманд.

Фонема дар таркиби морфемаҳо ва калимаҳо ҳиљоҳоро ташкил медиҳад, ки онҳоро ҳамчун воҳиди сегментии љараёни нутқ ҳисоб кардан мумкин аст.

Дар баробари фонемаҳо ва вариантҳои онҳо ба қабати овозии забон воҳидҳои дига|р: зада ва оҳанг (интонатсия) ҳам дохил мешаванд, ки онҳоро сегментҳои олӣ (суперсегментҳо) ҳам меноманд.

2.Интихоби аломатҳо барои муайян намуданн типологияи қабати овозии ду забон

Низоми овозҳои забонҳои људогонаро аз назар гузаронда, мо боварӣ ҳосил мекунем, ки таркиби қабати овозии забонҳо гуногун аст. Дар баъзе забонҳо миқдори овозҳои ҳамсадо хеле маҳдуд аст. Масалан, дар забони самоанӣ ҳамагӣ 9 -то (нуҳто) овози ҳамсадо мављуд аст. Дар забонҳои дигар теъдоди ҳамсадоҳо ба 60 ва аз он ҳам зиёдтар мерасад. Масалан, дар забони абхазӣ. Миқдори садонокҳо ҳам дар забонҳо гуногун аст. Масалан, дар забони шведӣ 17-то овози садонок, дар забони итолиёвӣ бошад 7-то садонок мавҷуданд.

Дар баъзе забонҳо миқдори ҳамсадоҳо бештар аст ва он забонҳоро забонҳои консонантӣ (ҳамсадоӣ) меноманд. Дар забонҳои дигар миқдори садонокҳо аз миқдори ҳамсадоҳо зиёдтар аст ва он забонҳоро забонҳои вокалӣ (садонокӣ) меноманд.

Тақсими забонҳо ба хелҳои мазкур аз рӯи таносуби садонокҳо ва ҳамсадоҳоро метавон ҳамчун яке аз меъёрҳои типологии забонҳо аз рӯи қабати овозӣ ҳисоб кард.

Ҳамин тавр, А.В. Исаченко, ки типологияи забонҳои славяниро таҳқиқ намудааст, ба қатори забонҳои консонантӣ забони русӣ (35 ҳамсадо), забони полякиро (35 ҳамсадо) дохил кардааст. Ба гурӯҳи забонҳои вокалӣ ин олим забони славенӣ (21 ҳамсадо-18садонок), забонҳои сербию хорватӣ (24 ҳамсадо – 18 садонок) дохл кардааст.

Қабати овозии забонҳои људогона на танҳо аз љиҳати миқдор, балки аз љиҳати сифати овозҳо ҳам аз ҳамдигар фарқ мекунад. Забонҳое мављуданд, ки системаи садонокҳои онҳо аз миқдори ками садонокҳо иборат аст, ки онҳо хусусияти дарозию кӯтоҳӣ ҳам надоранд: забонҳои русӣ, белорусӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, грузинӣ.

Дар забонҳои дигар бошад, садонокҳо хусусияти кӯтоҳу дароз талаффуз шудан доранд: арабӣ, санскрит, баъзе забонҳои германӣ.

Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки маљмӯи овозҳои (фонемаҳо), садонокҳо ва ҳамсадоҳо, миқдор ва таркиби онҳо метавонад меъёри умумии типологияи қабати овозии забонҳои муқоисашаванда бошанд.

Сохтори овозӣ барои муайян намудани хусусиятҳои типологии забон аҳамияти калон дорад. Яке аз унсурҳои сохтори овозии забон ин миқдор ва мухолифати сифати овозҳо ва дарозию кӯтоҳии онҳо ба шумор меравад. Мафҳуми мухолифати овозӣ муқобилгузории ду ва ё зиёда фонемаро ба мақсади мављудияти ягон хел фарқият дар байни онҳо ифода мекунад.

Барои муайян намудани хусусиятҳои типологии забонҳо аз рӯи қабати овозӣ меъёрҳои дигар, ба монанди аломатҳои тафриқии фонема (дифференциальные принципы фонем), диструбатсияи фонемаҳо ва ё дараљаи истеъмоли гурӯҳи муайяни овозҳо нисбат ба гурӯҳи дигари овозҳо (масалан, г ва л дар забонҳои туркӣ) ва вазифаи фонема ҳам ба кор бурда мешаванд. Масалан, дар забони туркӣ ововзҳои садонок барои муайян намудани маънои калима хизмат- мекунанд: gol (кӯл) göl (гул). Дар забони тољикӣ: бӯр-бур, бор-бар.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аломатҳои зерин хусусияти фонологии забонҳоро муайян менамоянд: 1) миқдор ва сифати фонемаҳо; 2) миқдор ва сифати мухолифатҳо; коррелятсия(дарозию кӯтоҳӣ); 3) ҳодисаи бетарафии фонемаҳо; 4) қувваи ихтилофҳо; 5) диструбатсияи фонемаҳо ва дараљаи истеъмоли онҳо; 6) вазифаи фонема дар калима.

Ин гуфтаҳоро ақидаи забоншинос Г.П. Тарсуев ҳам тасдиқ мекунанд, ки чунин навиштааст: «Барои муайян намудани типологияи системаи овозии забонҳо системаи овозҳо (хусусияти људогонаи овозҳо ва таносуби зергурӯҳҳо – садонокҳо, ҳамсадоҳо ва ѓ,), дараљаи истеъмоли фонема ва вазифаҳои онҳо аҳамияти калон дорад».

3.Хусусияти типологии зада ва оҳанг

Барои муайян намудани хусусиятҳои типологии системаи овозии забонҳо зада ва оҳанг (интонатсия) ҳам муҳим мебошанд.

Зада гуфта шиддатноктар талаффуз намудани яке аз ҳиҷоҳо дар калима меноманд.

Намуди типологии зада аз рӯи хусусиятҳои зерини зада муайян карда мешавад:

1) табиати зада: зада метавонад аз љиҳати нафасбарорӣ қувватнок ва динамикӣ бошад, метавонад оҳангнок бошад, агар бо баландшавии садо алоқаманд бошад.

2) ҷои зада дар калима (устувор-ноустувор).

3) сифати зада: задаи асосӣ вазифаи људокуниро иҷо мекунад, задаи дуюмдараља, ки нисбатан суст мебошад, вазифаи иловагиро иљро менамояд.

4) вазифаи зада: фарқ кунондани калимаҳо (замок-замок, мука-мука), фарқ кардани шаклҳои калимаҳо: года- года, игры-игры ва ѓ.

Оҳанг ҳам ба мисли зада ба гурӯҳи системаи овозии забон дохил мешавад. Оҳанг ҳaмеша дар љараёни нутқ вуљуд дорад ва дар сохтори овозии забон барои равшан намудани маъниҳои нутқи шифоҳӣ хизмат мекунад. Оҳанг аз љузъҳои зерин таркиб меёбад: 1) мелодика ва ё шаклҳои гуногуни ҳаракати овоз дар љумлаи шифоҳӣ; 2) хелҳои гуногуни зада: танфисҳо (пауза); 3) вариантои гуногуни лаҳн (тембровые варианты).

Ба монанди дигар воситаҳои ифодаи забон оҳанг ҳам дорои сохтори муайян мебошад, ки боиси ба вуљуд омадани хелҳои он гардидааст. Ин хелҳои оҳанг дуруст ташаккул ёфтани нутқи соҳибони забонро таъмин менамоянд ва ба дуруст дарк намудани он тавассути узвҳои шунавоӣ мусоидат намуда, раванди мубодилаи афкорро байни одамон таъмин менамояд.

Меъёри андозаи оҳанг синтагма шуда метавонад. Ҳар гуна синтагма ҳамчун воҳиди оҳанг аз љузъҳо иборат аст: қисмати безада, ки ҳаракати овоз бо он cap мешавад; љадвалҳои муқоиса, ки қисмати асосии синтагмаҳоро ташкил медиҳанд ва маљмӯи ҳиљоҳои зададор ва безадаро дар бар мегиранд; анљоме ки бештар вақт бо танфис тамом мешавад.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

546
Нет комментариев. Ваш будет первым!