Типологияи системаи фонологии забонҳо

Нақшаи мавзӯъ

1.Аз таърихи типологияи стстемаҳои фонологии забонҳо

2.Принсипҳои таснифоти системаҳои фонологии забонҳо

1.Аз таърихи типологияи стстемаҳои фонологии забонҳо

Типологияи сохтори овозии забонҳо дар оғози асри XX ба вуҷуд омад. Ба ин масъала бори нахуст намояндагони мактаби забоншиносии Прага (В. Скаличка, Р.О.Якобсон, Н.С.Трубетской) таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Таснифоти системаи садонокҳоро, ки Н.Трубетской гузарондааст, то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Ҳанӯз дар соли 1922 Б. Гавраник дар конгресси байналмилалӣ доир ба овошиносӣ (фонетика) бо маърӯзае таҳти унвони “Дар бораи ҷуғрофияи фонологӣ” баромад карда буд. Дар соли 1935 В.Скаличка кори таҳқиқотие дар бораи муқоисаи системаи фонологии забонҳои чехию венгериро ба нашр расонд. Ба туфайли таҳқиқоти типологии фонологӣ таҳқиқоти типологии сохти овозии забонҳо авҷ гирифт. Аз сабаби нисбатан сода сохтори қабати овозии забонҳо дар муқоиса ба қабатҳои морфологӣ ва луғавӣ дар типологияи фонологӣ на танҳо муайян кардани хусусиятҳои типологии системаҳои фонологӣ, балки таснифоти онҳо ҳам имконпазир гардид.

2.Принсипҳои таснифоти системаҳои фонологии забонҳо

Дар байни қабатҳои сохтори забон қабати фонологӣ дар навбати аввал қарор дорад. Воҳиди асосии ин қабати сохтори забон фонема мебошад. Фонемаҳо дар дохили морфемаҳо ва калима ҳиҷоҳоро ташкил медиҳанд.

Қабати фонологии забонҳоро муқоиса карда, мебинем, ки он як хел нест. Миқдори фонемаҳо дар забонҳо гуногун мешавад. Дар баъзе забонҳо миқдори ҳамсадоҳо хеле кам аст.Масалан, дар забони самоанӣ ҳамагӣ 9 то ҳамсадо маҷуданд. Дар баъзе забонҳои дигар, масалан, дар забони абхазӣ миқдори ҳамсадоҳо ба 60 то мерасад ва ҳатто аз он ҳам зиёдтар. Миқдори садонокҳо ҳам дар забонҳо як хел нест. Масалан, дар забони шведӣ 17 то садонок, дар итолиёӣ 7 то, дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ 6-тоӣ овози садонок мавҷуд аст.

Қабати фонологии забонҳоро метавон аз ҷиҳати миқдор ва сифати фонемаҳо таҳлилу муқоиса кард. Аз ҷиҳати миқдор, метавон, дар забонҳои дунё ҳадди ақал ва ҳадди аксари фонемаҳоро муайян кард. Масъалаи дигаре, ки ба миқдори фонемаҳо дар забонҳои дунё алоқаманд аст, ин аз ҷиҳати таносуби садонокҳою ҳамсадоҳо ба гурӯҳҳои вокалӣ (садонкӣ) ва консонантӣ (ҳамсадоӣ) ҷудо кардани забонҳои дунё мебошад.

Доир ба миқдори умумии фонемаҳо дар забонҳо то ҳоло чунин умумиятҳо муайян гардиданд: а) миқдори камтарини фонемаҳо дар забон на камтар аз 13 то; б) миқдори зиёдтарини фонемаҳо дар забон 141 то (забони бушменӣ дар Африка 141 фонема дорад).

Дар ҳамаи забонҳо фонемаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: садонокҳо ва ҳамсадоҳо. Аз рӯи таносуби миқдори садонокҳо ва ҳамсадоҳо забонҳои дунё ду хел мешаванд: забонҳои вокалӣ ва забонҳои консонантӣ.

Агар дар забон миқдори садонокҳо аз ҳисоби миёнаи ин нишондод дар забонҳои дунё зиёд бошад, онгоҳ он ба гурӯҳи забонҳои вокалӣ дохил мешавад. Мисоли барҷастааш забони даниягӣ мебошад, ки 23 садонок ва 20 ҳамсадо дорад. Забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ низ ба ин гурӯҳ дохил мешаванд(Шлихина К.М.). Исаченко А. В. ба ин гурӯҳ забонҳои славенӣ (21 ҳамсадо, 18 садонок), сербию хорватӣ (24 ҳамсадо, 18 садонок) дохил кардааст.

Агар дар забон миқдори ҳамсадоҳо аз ҳисоби миёнаи ин нишондод дар забонҳои дунё зиёд бошад, онгоҳ он ба гурӯҳи забонҳои консонантӣ дохил мешавад. Ба ин гурӯҳ забонҳои русӣ(35 ҳамсадо), полякӣ (35 ҳамсадо), тоҷикӣ (24 ҳамсадо), забонҳои кавказӣ, арабӣ, яҳудӣ ва бисёр забонҳои дигар дохил мешаванд.

Ҷиҳати дигари муқоисаи типологии системаи фонологии забонҳо ин сифати фонемаҳо мебошад. Ҳангоми ин муқоиса фонемаҳои нисбатан паҳнгардида ва фонемаҳои камёфт, вариянтнокии фонемаҳо, тарзҳои ташаккулёбии системаи садонокҳою ҳамсадоҳо ва ҳамсоли инҳо муайян карда мешаванд.

Фонемаҳои паҳнгардида фонемаҳое мебошанд, ки дар бештари забонҳо дида мешаванд. Фонемаҳои камёфт фонемаҳое мебошанд, ки талаффузашон душвор аст ва дар миқдори ками забонҳо дида мешаванд. Масалан, баъзе фонемаҳои забонҳои бушменӣ ва готентотӣ (Африка), ки на ҳангоми нафас баровардан, балки ҳангоми нафас кашидан талаффуз мешаванд.

Ҳамин тавр, аз рӯи миқдори умумии фонемаҳо, миқдори садонокҳою ҳамсадоҳо, миқдор ва сифати фонемаҳо, вариянтнокии онҳо, метавон, хусусияти типологии забонҳоро дар қабати фонологӣ муайян кард.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

2 Загрузки

565
Нет комментариев. Ваш будет первым!