Типологияи системаи садонокҳо ва системаи ҳамсадоҳо

Нақшаи мавзӯъ:

1.Типологияи системаи садонокҳо

2.Типологияи системаи ҳамсадоҳо

1. Типологияи сисемаи садонокҳо

Системаҳои садонокҳои забонҳо аз рӯи мавқеи тавлидшавии овозҳои садонок фарқ мекунанд ва аз ин ҷиҳат ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: системаи секунҷашакл, системаи чоркунҷашакл ва системаи хаттӣ.

Аз ҷумлаи системаҳои секунҷашакл системаи 5- овоза бештар ба назар мерасад, ки тақрибан чунин шакл дорад:

<td/><td/><td/><td/>
iu
eo
a

Ин системаҳо дорои се қатор ва се дараҷа мебошанд. Чунин системаи садонокҳо дар забонҳои лотинӣ, юнонии нав, испанӣ, гурҷӣ, тоҷикӣ, русӣ ва бисёр забонҳои дигар ба назар мерасад. Ба шакли секунҷаи баробарпаҳлу тасвир кардани мавқеи тавлидшавии овозҳои садонокро дар ин система дақиқ ҳисобидан хатост. Дар воқеъ, аз рӯи маълумоти ренгенӣ ҳангоми талаффузи фонемаи “o” нисабат ба талаффузи фонемаи “u” забон дар мавқеи поёнтар қарор мегирад.

Системаи секунҷашакли садонокҳо метавонад тағйир ёбад, яъне каме мураккаб гардад. Масалан, дар забонҳои булғорӣ, чукотию камчатӣ ба он як садоноки қатори мобайнӣ (Ə) илова мешавад:

<td/><td/><td/>
iu
eƏo
a

Овози мазкур дар забони булғорӣ фонемаи алоҳида буда, дар забонҳои чукотию камчатӣ ҳамчун овози ёрирасон дар ташкил додани ҳиҷоҳо хизмат мекунад.

Дар баробари системаи садонокҳои секунҷамонанд системаи садонокҳои чоркунҷашакл мавҷуд аст. Дар чунин система маркази ягонаи артикулятсияи овозҳои садонок мавҷуд нест. Забон ҳангоми талаффузи овозҳои садонок аз рӯи хати уфуқӣ ба пеш ва ақиб ҳаракат мекунад. Дар байни садонокҳои қатори пеш ва қатори ақиб фосила мавҷуд аст.

Системаи садонокҳои чоркунҷашакли нисбатан паҳнгардида аз ҳашт садонок иборат буда, тақрибан чунин шакл дорад:

<td/><td/><td/><td/><td/><td/><td/>
iyu
eӕao

Ин система ҳам дорои се аломат мебошад: 1) қатор (пеш ва ақиб); 2) бардошт (боло ва поён); 3) лабӣ- ғайрилабӣ. Чунин системаи садонокҳо дар забонҳои туркӣ ва тувагӣ дида мешавад.

Дар системаи садонокҳои хаттӣ миқдори садонокҳо аз ду- сето зиёд набуда, аз рӯи аломати бардошт дар муқобили ҳамдигар қарор мегиранд. Чунин системаи садонокҳо дар забонҳои абхазӣ ва адигеӣ (забонҳои Кавказ) мушоҳида мешавад. Дар забони абхазӣ ҳамагӣ ду фонемаи садонок мавҷуд аст: фонемаи Ɨ, ки дар байни [i] ва [Ə] талаффуз мешавад ва ин фонема дар қатори боло қарор дорад. Фонемаи дигар дар муқобили он дар қатори поён дар байни [Ə] ва [ā] талаффуз мешавад.

2. Типологияи системаи ҳамсадоҳо

Системаи ҳамсадоҳои забонҳоро ба мисли системаи садонокҳо ба осонӣ ба хелҳо ҷудо кардан мумкин нест. Аввалан, ҳамсадоҳои ҳар як забон ба ду гурӯҳ: ҷарангдор ва беҷаранг ҷудо мешаванд. Дуюм, барои гурӯҳбандӣ намудани ҳамсадоҳо назар ба садонокҳо аломатҳои бештар лозиманд. Аз ин рӯ, муайян намудани принсипҳои таснифи системаҳои ҳамсадоҳои забонҳои дунё душвор аст.

Маъмулан, системаи ҳамсадоҳо аз рӯи ҷой ва тарзи тавлидшавии овозҳои ҳамсадо, инчунин сифати садои онҳо гурӯҳбандӣ мешавад.

Таснифоти ҳамсадоҳои беҷаранг. Ҳангоми таснифи системаи ҳамсадоҳо бисёр олимон аз усули Трубетской Н.С. истифода мебаранд, ки моҳияти он аз дараҷаи фаъолнокии узвҳои нутқ дар тавлиди овозҳо иборат аст. Аз рӯи ин метод системаи ҳамсадоҳои ҳар як забон ба гурӯҳҳои зерин: ҳамсадоҳои лабӣ, ҳамсадоҳои нӯгизабонӣ, ҳамсадоҳои пешизабонӣ ва ҳамсадоҳои пасизабонӣ ҷудо мешавад. Тавре ки аз муқоисаи системаи ҳамсадоҳо дар забонҳо маълум мешавад, баъзе аз ин гурӯҳҳои ҳамсадоҳо хоси ҳамаи забонҳо мебошанд. Дар бештари забонҳои дунё гурӯҳҳои мазкури ҳамсадоҳо ба ду ва ё зиёда зергурӯҳҳо ҷудо мешаванд. Масалан, ҳамсадоҳои лабӣ ба зергурӯҳҳои лабулабӣ, лабудандонӣ ҷудо мешаванд. Миқдори чунин зергурӯҳҳо дар забонҳо гуногун мешавад. Масалан, дар бештари забонҳои аврупоӣ аз гурӯҳи ҳамсадоҳои пасизабонӣ танҳо ҳамсадоҳои пуштикомӣ мавҷуданд.

Таснифоти ҳамсадоҳои ҷарангдор. Мавҷудияи ҳамсадоҳои ҷарангдор дар забонҳои дунё як хел нест. Аз ҳамсадоҳои ҷарангдор дар забонҳои дунё бештар аз ҳама ҳамсадоҳои ҷарангдори димоғӣ мушоҳида мешаванд. Гурӯҳи дигари ҳамсадоҳои ҷарангдори паҳнгардида инҳо ҳамсадоҳои пасикомию димоғӣ мебошанд. Чунин ҳамсадоҳо дар забонҳои англисӣ ва олмонӣ дида мешаванд. Дар ҷои сеюм ҳамсадоҳои ҷарангдори комӣ меистанд, ки дар забонҳои фаронсавӣ ва испанӣ мавҷуданд.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

1 Скачать

692
Нет комментариев. Ваш будет первым!