Типологияи қабати морфологии забонҳо

Нақшаи мавзӯъ:

1. Мафҳуми қабати морфологии забон

2. Интихоби воҳидҳои зарурӣ барои муайян намудани типологияи морфологии забонҳо.

1.Мафҳуми қабати морфологии забон

Дар ин бахши забон таркиби морфологии калима, калимасозӣ, воситаҳои ифодаи маъноҳои грамматикӣ ва таснифоти калимаҳо ба ҳиссаҳои нутқ баррасӣ мешаванд.

Воҳиди асосии қабати морфологии забон ин морфема мебошад. Морфема ин хурдтарин воҳиди маънодори забон мебошад. Морфемаҳо ду хел мешаванд: а) морфемаҳои аслӣ (асос ва реша); б) аффиксҳо(вандҳо). Аффиксҳо дар навбати худ ду хел мешаванд: аффиксҳои калимасоз ва аффиксҳои шаклсоз.

Морфема ба мисли дигар воҳидҳои забон (ба ғайр аз фонема) дорои шаклу мазмун мебошад. Шакли морфема ин маҷмӯи овозҳо (фонемаҳо) ва мазмуни он ин маънои луғавӣ (реша ё асос) ва маънои грамматикӣ (аффиксҳо) мебошад.

Маҷмӯи морфемаи маънодор(реша ё асос) ва аффиксҳои шаклсоз шакли калимаро ташкил медиҳад. Масалан: рафтам, бирафт, мерафт, нарафт ва ғ. Маҷмӯи шаклҳои гуногуни ҳамон як калима парадигмаи ҳамон калимаро ташкил медиҳад, ки намунаи шаклдигаркунии гурӯҳи калони калимаҳои мансуби он ҳиссаи нутқ ба шумор меравад. Масалан, ҳамаи шаклҳои тасрифии ҳамон як феъл дар забони тоҷикӣ ва ё шаклҳои тасрифии ҳамон як исм ё сифат дар забони русӣ марадигмаи онҳоро ташкил медиҳанд. Маҷмӯи парадигмаҳое, ки хусусияти ҳамон ҳиссаи нутқро ташкил медиҳад, категорияи грамматикӣ ном дорад. Аммо ҳар як категорияи грамматикӣ бояд воситаи ифодаи моддии (овозӣ)-и худро дошта бошад. Масалан, воситаи ифодаи категорияи падеж дар забони русӣ морфемаҳои падежӣ мебошанд. Воситаи ифодаи категорияи дараҷа дар сифатҳои забони англисӣ морфемаи –еr мебошад. Категорияи грамматикии муайяниву номуайянии исмҳо дар забони тоҷикӣ вуҷуд дорад ва воситаи ифодаи он артикли –е мебошад, вале дар забони русӣ ин категория вуҷуд надорад, зеро аломати грамматикӣ надорад.

Категорияи грамматикӣ ду мафҳумро ифода мекунад: яке мафҳуми умумии грамматикие, ки дар ин ё он забон мавҷуд аст ва хусусияти фарқкунандаи забони мазкур ба шумор меравад; дигаре гурӯҳи калимаҳое, ки ин категорияи грамматикӣ доранд.

Аз мулоҳизаҳои дар боло овардашуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки қабати морфологии забон аз воҳидҳои зерин иборат аст: морфема, шакли калима, парадигма ва категорияи грамматикӣ.

2. Интихоби воҳидҳои зарурӣ барои муайян намудани типологияи морфологии забонҳо

Барои он ки як забон бо забони дигар аз ҷиҳати системаҳои хурд муқоиса шавад, зарур аст ки чунин воҳидҳоеро интихоб намоем, ки муқоисашаванда бошанд. Зеро дар қабати морфологии забонҳо воҳидҳои гуногун мавҷуданд. Масалан, дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ феъл шаклҳои гуногун дорад ва системаи мураккаб мебошад. Дар забони русӣ бошад, системаи замонҳои феъл нисбатан сода аст. Ё дар забони русӣ феълҳо ду намуд доранд. Дар забони англисӣ бошад, феъл категорияи грамматикии намуд надорад. Вале муқоисаи типологӣ бе воҳидҳои монанд имконнопазир аст.

Меъёри асосие, ки аз рӯи он хусусияти воҳиди муқоисашавандаи муқоисаи типологӣ муайян менамоянд, ин вазифаи воҳиди муқоисашаванда мебошад. Маласалан, вазифаи морфемаҳои ифодакунандаи дараҷаи қиёсии сифат дар забони тоҷикӣ –тар (ширин-тар), забони русӣ –ее (умнее, красивее) ва забони англисӣ – еr .

Воҳиди муқоисашаванда бояд дар худ аломати умумиро акс намояд, он аломат хусусияти ҷузъӣ ҳам дорад. Масалан, дар баъзе забонҳо, ки системаи падежҳо доранд, ҳар як падеж маънои муайяни грамматикӣ ва аломати алоҳида дорад, аммо ҳамаи онҳо танҳо як аломати умумӣ, яъне муносибати як калимаро ба калимаи дигар муайян мекунанд. Бинобар ин, меъёри дигари интихоби воҳиди муқоисашаванда ин мувофиқати кул ва ҷузъ мебошад.

Воҳиди муқоисаи типологӣ на калимаҳои алоҳида, балки гурӯҳи калимаҳои аз ҷиҳати грамматикӣ якхеларо дар бар гирад, яъне меъёри дигари интихоби воҳиди муқоисашаванда ин фаро гирифтани миқдори зиёди калимаҳо мебошад.

Ҳамин тавр, барои интихоби воҳиди муқоисаи типологӣ дар қабати морфологии сохтори забонҳо се меъёр заруранд: а) монандии вазифаи морфемаҳои муқоисашаванда, б) мувофиқати кул бо ҷузъ, в) фаро гирфтани миқдори зиёди калимаҳо.

Чунин воҳиди муқоисашаванда дар қабати морфологии забонҳо, ки ҷавобгӯи ҳар се меъёр мебошад, ин категорияи грамматикӣ мебошад.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

627
Нет комментариев. Ваш будет первым!