Типологияи ҳиссаҳои нутқ

Нақшаи мавзӯъ:

1. Меъёрҳои типологӣ барои муқоисаи ҳиссаҳои нутқ.

2. Таркиби ҳиссаҳои нутқ дар базъе забонҳои сохтори морфологиашон гуногун.

1.Меъёрҳои типологӣ барои муқоисаи ҳиссаҳои нутқ

Ҳиссаҳои нутқ гурӯҳи калони луғавие мебошанд, ки ҳамаи калимаҳои дар забон мавҷудбуда аз рӯи ду меъёри асосӣ- ифодаи маъно ва хусусиятҳои морфологӣ ба онҳо тақсим мешаванд.

Барои он ки аломатҳои типологии якчанд забон дар бахши ҳиссаҳои нутқ муайян гарданд, бояд чунин меъёрҳоеро ба кор бурд, ки нисбатан хусусияти умумӣ доранд ва дар бисёр забонҳо ба назар мерасанд.

Аз рӯи ифодаи маъно ҳар як ҳиссаи нутқ гурӯҳи калони калимаҳои дорои маънои умумиро дар бар мегирад.Масалан, исм номи ашёву ҳодисаҳо ва мафҳумҳои предметонидашуда, феъл калимҳое, ки амалу ҳолат ва вазъият ва сифат бошад, калимаҳоеро дар бар мегирад, ки аломату хусусияти ашёро ифода мекунанд. Ин меъёр хеле барвақт муқаррар гардид ва яке аз меёрҳои асосии таснифоти калимаҳо ба ҳиссаҳои нутқ маҳсуб меёбад.

Меъёри морфологӣ ҳангоми муайян намудани мансубияти калима ба ин ё он ҳиссаи нутқ аз рӯи аломатҳои морфологӣ истифода бурда мешавад. Масалан, ҳар як ҳиссаи нутқ аффиксҳо (ванд)- ҳои шаклсози худро дорад ва аз рӯи онҳо ҳам мансубияти калима ба ин ё он ҳиссаи нутқ маълум мешавад.

Ба ғайр аз ин ду меъёри асосӣ – ифодаи маъно ва шакл, калимаҳо аз рӯи вазифаи синтаксисӣ ҳам фарқ мекунанд. Масалан, исмҳо дар ҷумла асосан ба вазифаи мубтадо ва пуркунанда, сифатҳо ба вазифаи муайянкунанда ва феълҳо ба вазифаи хабар меоянд. Аз ин рӯ, вазифаи синтаксии калимаҳо ҳам яке аз меъёрҳои таснифоти калимаҳо ба ҳиссаҳои нутқ мебошад.

Гурӯҳҳои гуногуни калимаҳоро таҳлил намуда, мо мушоҳида менамоем, ки на ҳар гуна калимаҳо ба ҳамдигар алоқаманд мешаванд. Масалан, дар забони русӣ зарфи “хорошо”(хуб) фақат бо феълҳо алоқаманд мешавад (хорошо пишет – хуб менависад; хорошо читает – хуб мехонад), аммо ҳеҷ гоҳ бо исму сифат алоқаманд намешавад. Масалан, хорошо дом ва ё хорошо красный ҳеҷ вақт гуфтан мумкин нест.

Алоқамандшавии калимаҳо, хусусан, дар он забонҳое, ки аломатҳои морфологии ифодакунандаи муносибати грамматикии байни калимаҳо хеле заиф инкишоф ёфтаант, аҳамияти калон дорад. Масалан, дар забони чинӣ, ки калимаҳои омонимӣ хеле зиёданд, яке аз меъёрҳои муайян намудани мансубияти калимаҳо ба ҳиссаҳои нутқ ин алоқамандшавии калимаҳо бо калимаҳои шуморагӣ, ки дар байни шумораҳо ва исм ҷой мегиранд, ба шумор меравад. Мисол: сан бен шу – се китоб (айнан, се реша китоб). Калимаи бен исми шуморагӣ нишон медиҳад, ки калимаи шу (китоб)- исм аст.

Барои ин алоқамандшавии калимаҳо ҳам яке аз меъёрҳои муайян намудани типологияи ҳиссаҳои нутқ ба шумор меравад.

Меъёри дигари таснифоти ҳиссаҳои нутқ ва типологияи онҳо ин аффиксҳои калимасоз мебошад, зеро ҳар як ҳиссаи нутқ аффиксҳои калимасози худро дорад.

Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки меъёрҳои таснифоти калимаҳо ба ҳиссаҳои нутқ ва муқоисаи типологии онҳо аз инҳо иборатанд: маънои калима, аломатҳо (категория)- и морфологӣ, вазифаи синтаксисӣ, алоқамандшавии калимаҳо ва калимасозӣ (аффиксҳои калимасоз).

2.Таркиби ҳиссаҳои нутқ дар баъзе аз забонҳои сохтори морфологиашон гуногун

Ба таври муқоиса таркиби ҳиссаҳои нутқро дар баъзе аз забонҳои сохтори морфологиашон гуногун аз назар мегузаронем:

Забони чинӣ:

а) ҳиссаҳои номии нутқ – исм, шумора, калимаҳои ивазкунанда;

б) предикатив (хабар) – сифат, феъл;

в) зарф.

Аз ин таснифоти ҳиссаҳои нутқ маълум мешавад, ки дар забони чинӣ сифату феъл хусусиятҳо (аломатҳо) – и умумӣ доранд ва барои ҳамин дар як гурӯҳ – предикатив муттаҳид шудаанд.

Забони туркӣ:

<td/><td/><td/><td/>
1.Ҳиссаҳои номии нутқ:

исм, сифат, шумора,ҷонишин

феъл2.Ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ: пасояндҳо, пайвандакҳо, ҳиссачаҳо
Зарф, нидоКалимаҳои тақлиди

Аз ин нақша маълум мешавад, ки дар забони туркӣ пешояндҳо вуҷуд надоранд ва ба ҷои онҳо пасояндҳо кор фармуда мешаванд, ки яке аз хусусиятҳои типологии забони мазкур ба шумор меравад.

<td/><td/><td/><td/><td/>
Забони русӣ – забони англисӣЗабони англисӣ
Исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф.

Пешояндҳо, пайвандакҳо,ҳиссачаҳо, нидо

Артиклҳо, феълҳои ёридиҳанда

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

1.36K
Нет комментариев. Ваш будет первым!