Типологияи қабати синтаксиси забонҳо. Типологияи ибора

Нақшаи мавзӯъ:

1.Мафҳуми қабати синтаксиси забонҳо

2. Хусусиятҳои типологияи ибора

3. Меъёрҳо барои муайян намудани навъи типологии ибора

1. Мафҳуми қабати синтаксиси забон

Синтаксис яке аз бахшҳои забон буда, бо воҳидҳои нисбатан калони сохтори забон, яъне ибора ва ҷумла сарукор дорад. Ба ғайр аз воҳидҳои мазкур ба қабати синтаксиси забон воситаҳои алоқаи грамматикӣ (синтаксисӣ) ҳам дохил мешаванд.

Ибора аз ду ва ё зиёда калимаи мустақилмаъно тавассути яке аз воситаҳои алоқаи синтаксисӣ таркиб ёфта, мафҳуми нисбатан мураккабро ифода мекунад: китоби нав, хондани китоб, аз муаллим пурсидан, китобро хондан, ба мактаб рафтан, оҳиста рафтан ва ғайра.

Ибора ҳам мисли калима номи ашё, ҳодиса ва амалро ифода мекунад, яъне хусусияти номинативӣ (нобаркунӣ) дорад.

Воҳиди дигари қабати синтаксиси забон ин ҷумла мебошад, ки фикри пурраро ифода мекунад ва хусусияти предикативӣ (хабардиҳӣ) дорад. Ҷумла метавонад аз як калима ва ё якчанд калима иборат бошад.

2.Хусусиятҳои типологии ибора

Ибораҳо дар ҳар як забон аз рӯи қолабҳои муайяни хоси он забон таркиб меёбанд. Мақсади омӯзиши типологии ибораҳои забонҳои муқоисашаванда (масалан, забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ин муайян намудани хусусиятҳои изоморфӣ (изоморфия- монандӣ ва ё якхелагии сохтори воҳидҳои забонии мураккаб) ва алломорфӣ ( алломорфия – баръакси изоморфия, яъне фарқияти сохтори воҳидҳои забонии мураккаб) дар бахши ибораҳо мебошад.

Яке аз аломатҳои асосии ибора ин алоқаи синтаксисӣ мебошад, ки тавассути он ҷузъҳои ибора ба ҳамдигар алоқаманд мешаванд. Агар ҷузъҳои ибора баробарҳуқуқ бошанд (ин дар натиҷаи ҷойивазкунии ҷузъҳояшон маълум мешавад), онгоҳ маълум мешавад, ки онҳо тавассути алоқаи пайваст ба ҳам алоқаманд шудаанд. Масалан, дар забони русӣ: отец и сын ва ё сын и отец.

Агар ҷузъҳои ибора баробарҳуқуқ набуда, яке ба дигараш тобеъ аст, онгоҳ маълум мешавад, ки онҳо бо алоқаи тобеъ ба ҳамдигар алоқаманд шудаанд. Дар чунин ибораҳо ҷойи ҷузъҳоро иваз кардан мумкин нест. Масалан, дар забони тоҷикӣ: шаҳри калон ва ё дар забони русӣ: большой город ( агар гӯем, ки город большой, онгоҳ ибора ба ҷумла табдил меёбад).

Дар забони тоҷикӣ дар ибора фақат алоқаи тобеъ ба кор бурда мешавад ва аз чор намуди алоқаи тобеъ (изофӣ, вобастагӣ, ҳамроҳӣ ва мувофиқат) дар ибора сетои он (изофӣ, вобастагӣ, ҳамроҳӣ) истифода мешавад. Алоқаи мувофиқат дар забони тоҷикӣ хоси ҷумла (мувофиқати мубтадо бо хабар аз рӯи шахсу шумора) аст.

3. Меъёрҳо барои муайян намудани навъи типологии ибора

Барои он ки мафҳуми “навъи типологии ибора ҳамчун воҳиди муқоисакунӣ ” –ро хуб дарк намоем, зарур аст, аломатҳо ва хусусиятҳои ибораро ба назар гирем. Фақат ҳамон вақт муайян намудани мафҳуми дилхоҳамон (навъи типологии ибора) имконпазир мегардад.

Чунон ки дар боло ҳам зикр рафт, яке аз аломатҳои ибора ин алоқаи тобеият дар байни ҷузҳои ибораҳое, ки аз ду ҷузъ иборатанд ва муносибатҳои синтаксисӣ, ба мисли муносибатҳои муайянкунандагӣ, пуркунандагӣ ва ҳолӣ мебошад. Муносибатҳои мазкури синтаксисӣ тавассути воситаҳои алоқаи синтаксисии мувофиқат (дар забони русӣ), ҳамроҳӣ, вобастагӣ ва изофӣ (дар забони тоҷикӣ) ба амал меоянд. Воситаҳои алоқаи синтаксисӣ, ки ҷузъи сохтори забон маҳсуб меёбанд, аз як тараф, хусусияти типологии забонро инъикос мекунанд, аз тарафи дигар, чунин аломатҳоеро дар бар мегиранд, ки онҳо хусусияти типологии он забонро дар қабати ибораҳо муайян менамоянд. Масалан, дар забони русӣ сифат ба исм аз ҷиҳати ҷинсияти грамматикӣ, шумора ва падеж алоқаманд мешавад. Аз ин рӯ, алоқаи мувофиқат яке аз аломатҳои ибора дар ин забон ва яке аз меъёрҳои мансуб будани он ба ин ё он навъи типологии ибора маҳсуб меёбад; дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ бошад, алоқаи мувофиқат дар ибора вуҷуд надорад, зеро категорияҳои грамматикии ҷинсият ва падеж дар системаи исму сифати ин забонҳо вуҷуд надоранд. Дар забони тоҷикӣ сифат ба исм аз ҷиҳати шумора мувофиқат намекунад ва дар забони англисӣ бошад, мувофиқати исму сифат аз ҷиҳати шумора хеле маҳдуд аст. Аз ин рӯ, алоқаи мувофиқат аломати типологии забонҳои мазкур шуда наметавонад.

Барои муайян намудани мафҳуми “навъи типологии ибора” ҳамон воситаҳои алоқаи синтаксисӣ аҳамият доранд, ки дар он забон истифода мешаванд. Масалан, дар забони англисӣ воситаи асосии алоқаи синтаксисӣ ин алоқаи ҳамроҳӣ ва дар забони тоҷикӣ алоқаи изофӣ мебошад. Дар забони русӣ алоқаи ҳамроҳӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, аммо доираи истеъмоли он ба дараҷаи забони англисӣ нест ва аз ин рӯ, аломати фарқкунандаи таркиб (сохтор) –и ибора шуда наметавонад.

Барои муайян намудани мафҳуми “навъи типологии ибора” зарур аст, ки тарзи ифодаи муносибатҳои синтаксисии байни ҷузъҳои ибора (ибораи дуҷузъа) ҳам ба инобат гирифта шавад.

Нақши тартиби калима дар таркиби ибора ҳам яке аз аломатҳои асосии муайян намудани мафҳуми “навъи типологии ибора” ба шумор меравад. Хусусан, вақте ки ҷои ҷузъи тобеъшавандаи ибора доимӣ бошад. Масалан, дар забонҳои англисӣ, туркӣ ҷузъи тобеъшавандаи ибора ҳама вақт пеш аз ҷузъи тобеъкунанда меояд.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ибораи аз ду ҷузъи ба воситаи алоқаи тобеъ таркибёфта дорои аломатҳои зерин мебошад: мавҷудияти муносибатҳои синтаксисии муайянкунандагӣ, пуркунандагӣ ва ҳолӣ дар байни ҷузъҳои ибора; мавҷудияти воситаҳои алоқаи мувофиқат (дар забони русӣ), вобастагӣ, ҳамроҳӣ ва изофӣ (дар забони тоҷикӣ), ҷои ҷузъи тобеъшавандаи ибора (пеш ва ё пас аз ҷузъи тобеъкунанда).

Маҷмӯи ин меъёрҳо маҷмӯи устувори аломатҳоеро ташкил медиҳанд, ки ҳангоми муқоисаи типологии ибораҳо истифода мешаванд.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

2 Загрузки

713
Нет комментариев. Ваш будет первым!