Типологияи қабати луғавии забонҳо

Нақшаи мавзӯъ:

1. Калима ҳамчун воҳиди асосии типологияи қабати луғавии забонҳо

2.Лексема ва фарқияти он аз калима

1. Калима ҳамчун воҳиди асосии типологияи қабати луғавии забонҳо

Калима воҳиди асосии забон мебошад ва аз замонҳои қадим диққати забоншиносонро ба худ ҷалб кардааст. Назар ба воҳидҳои қабатҳои дигари сохтори забон калима метавонад дар таркибаш морфемаҳои гуногун: реша, асос, аффиксҳоро фаро гирад. Аффиксҳо дар навбати худ ба калимасозу шаклсоз ҷудо мешаванд. Морфемаҳои калимасоз аз ҷиҳати шаклу мундариҷа ва мавқеи пайвастшавӣ ба реша (пеш аз реша- пешванд, пас аз реша- пасванд) гуногун мебошанд. Тарзи пайвастшавии морфемаҳо дар калима ҳам гуногун аст. Масалан, тарзи агглютинатсия, вақте ки аффиксҳо ба решаи калима ба таври механикӣ, бе тағйир ёфтани таркиби овозии онҳо пайваст мешаванд ва ё ҳангоми пайвастшавӣ дар таркибашон тағйироти овозӣ ба вуҷуд меояд.

Хусусияти пайвастшавии морфемаҳои калимасозу шаклсоз ба реша дар баъзе забонҳо боиси муайян намудани навъи типологии забонҳо гардид. Масалан, дар баъзе забонҳои ҳиндуаврупоӣ ба калима морфемаҳои шаклсози ифодакунандаи маъноҳои гуногуни грамматикӣ (шумора, ҷинсияти грамматикӣ, падеж) пайваст мешаванд. Чунончи, дар забони русӣ морфемаи “-а” маъноҳои грамматикии ҳолати мутлақ (имнит. падеж), шумораи танҳо, ҷинси занонаро ифода мекунад: голов-а, улиц-а, инчунин маънои грамматикии ифодаи соҳибият (родит. падеж), шумораи танҳо, ҷинси мардонаро ифода мекунад. Масалан, приказ декана (фармоиши декан), героизм солдата (қаҳрамонии сарбоз). Чунин морфемаҳои бисёрвазифаро морфемаҳои флективӣ меноманд. Забонҳоеро, ки дар онҳо калимаҳо тавассути флексияҳо тағйир меёбанд, забонҳои флективӣ ва ё забонҳои дорои сохтори флективӣ меноманд.

Дар баробари ин дар баъзе забонҳо ҳангоми ифодаи маъноҳои гуногуни грамматикӣ якчанд морфемаҳои шаклсоз, ки ҳар кадомашон як маънои грамматикӣ (шумора, соҳибият ва ғайра)-ро ифода мекунанд, ба калима пайваст мешаванд. Масалалн, дар забони туркӣ: koy + ler + imiz + de =koylerimizde (дар деҳаҳои мо). Ин тарзи тағйирёбии шакли калимаро агглютинатсия меноманд. Забонҳое, ки дорои чунин хусусият мебошанд, забонҳои агглютинативӣ ва ё забонҳои дорои сохтори агглютинативӣ меноманд: забонҳои туркӣ, муғулӣ, ҷопонӣ, финию угорӣ.

Дар гурӯҳи дигари забонҳо калимаҳо ягон хел морфемаи шаклсозро қабул намекунанд ва калимаҳояшон шаклан тағйир намеёбанд. Забонҳое, ки калимаҳояшон дорои чунин хусусият мебошанд, забонҳои аморфӣ ва ё ба истилоҳи дигар забонҳои решагӣ меноманд.

Хусусиятҳои мазкури калима меъёри асосии нахустин таснифоти типологии забонҳо гардид, ки онро А. Шлейхер таснифоти морфологии забонҳо номид. Ин таснифот бо баъзе иловаҳо ва аниқ намудан дар давоми асри 19 амал мекард ва баъдтар бо таснифоте, ки дар он на танҳо хусусиятҳои типологии калимаҳо, балки инчунин хусусиятҳо ва аломатҳои қабатҳои дигари сохтори забон ҳам ба назар гирифта мешуданд, иваз гардид.

2.Лексема ва фарқияти он аз калима

Чунон ки дар боло зикр гардид, калима аз ҷиҳати таркибаш (сохтор) аз ду ҷузъ иборат аст: морфемаи реша (асос) ва аффиксҳо. Аффиксҳо аз рӯи вазифаашон шаклсоз (флексияҳо, морфемаҳои флективӣ ва ё релятсионӣ) ва калимасоз (морфемаҳои древатсионӣ) мешаванд.

Инчунин калима дорои шакл ва мазмуни муайян мебошад. Дар раванди инкишофи забон баъзе морфемаҳои решагӣ (калимаҳо) маъноҳои нави иловагиро қабул намуда, сермаъно мешаванд. Морфемаҳои шаклсоз ба реша ҳамроҳ шуда, на танҳо шакли дигари калимаро месозанд, балки ба мазмуни аввала мазмуни иловагӣ ё тобишҳои нави маъноиро илова мекунанд. Масалан, морфемаи “-ик” дар забони русӣ ва морфемаи “- ча” дар забони тоҷикӣ ба исмҳо ҳамроҳ шуда, тобиши маъноии хурдиро ифода мекунанд. Мисолҳо: русӣ- дом(хона)- домик(хонача); тоҷикӣ- хона- хонача. Ҳамин тавр, ҳам калимаи решагӣ ва ҳам калимаи сохташуда дорои маъноҳои худ мебошанд. Чунин маҷмӯи маъноҳои ҳам калимаи сода ва ҳам калимаи сохтаро лексема меноманд. Аммо набояд калима ва лексемаро як чиз ҳисоб кард. Дар калима ҳам маънои луғавӣ ва ҳам маънои грамматикӣ якҷо мешаванд. Масалан, дар калимаи работница (забони русӣ) ба ғайр аз маънои луғавии ин калима (коргарзан) боз муносибати ин калима ба калимаҳои дигар дар ҷумла нишон дода шудааст. Агар мо аз ин калима морфемаи “-а”-ро гирем, калимаи мазкур шакли “ работниц”- ро мегирад, ки дар ин шакл ҳам маъноро ифода мекунад. Аз тарафи дигар, калимаи нав (работниц) яке аз шаклҳои калимаи работница маҳсуб ёфта, ҳам маънои луғавӣ ва ҳам маънои грамматикиро бе ягон морфема ифода мекунад.

Далелҳои мазкур моро водор менамоянд, ки лексемаро ҳамчун маҷмӯи шаклҳои як калима, чунон ки А. А. Реформаторский эътироф кардааст, қабул накунем, зеро ин тарзи фаҳмиши лексема хусусияти грамматикии онро нишон медиҳад. Фаҳмиши лексема ҳамчун маҷмӯи маъноҳои луғавии калима ба мақсад мувофиқтар аст. Дар муҳокимарониҳои минбаъда мо лексемаро ба ҳамин маъно кор мефармоем.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

1 Скачать

555
Нет комментариев. Ваш будет первым!