Типологияи калима ва таркиби морфологии он

Навъҳои калимаҳои (аз ҷиҳати таркиб) дар боло зикршуда хусусияти типологии худро на танҳо дар мавриди қабули морфемаҳои шаклсоз, балки ҳангоми қабули морфемаҳои калимасоз ҳам нигоҳ медоранд. Масалан, калимаи русии цвет- о- вод- ств-о калимаи мураккаб буда, аз ду реша (цвет, вод), морфемаи калимасози – ств ва морфемаи падежии –о иборат аст, ки се маънои грамматикӣ (ҷинсияти грамматикӣ, шумора ва падеж)-ро дар бар гирифтааст. Ё калимаи муодили он дар забони туркӣ- çiçekçilik çiçek (гул) +çi (пасванди ифодакунандаи фаъолият) +lik (пасванди исмсози ифодакунандаи фаъолият, машғулият).

Ҳар гуна калимаҳои мансуб ба ҳиссаҳои номии нутқ дар забонҳои гуногун ду қатори калимаҳо: қатори шаклҳои гуногуни ҳамон як калима ва қатори калимаҳои дигар, ки бо аффиксҳои калимасоз аз ҳамон як калима сохта мешаванд. Мисолҳо: дар забони русӣ- дом-дома- дому-домов; дом-домик-домишко-домище; дар забони тоҷикӣ- гарм-гармак- гармакак; гармӣ- гармогарм- гармоба- гармхона ва ғайра.

Имконияти қабул кардани морфемаҳои калимасозу шаклсози калимаҳо ва тарзҳои пайвастшавии онҳо яке аз аломатҳои асосии типологии калима ба шумор меравад, ки дар вақташ забоншинос Э. Сепир ҳангоми таҳияи таснифоти типологии худ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳамин тавр, дар таркиби калимаҳои мансуби ҳиссаҳои номии нутқ морфемаҳои зерин ба назар мерасанд: морфемаи решагӣ ®, пасвандҳо, ки аз рӯи тартиби пайвастшавиашон дар калима бо S1, S2, S3 ва ғайра ишора карда мешаванд ва пешвандҳо, ки низ аз рӯи тартиби ба реша васлшавиашон бо P1, P2, P3, ва ғайра ишора карда мешаванд.

Дар забонҳои агглютинативӣ решаи калима ба асоси калима ё калимаи алоҳида баробар аст. Реша пасвандҳои гуногунмаъноро қабул карда, ба ягон тағйирот дучор намешавад Масалан, дар забони туркӣ: demir (оҳан-решаи калима) + çi+ lik= demirçi lik (оҳангарӣ).

Дар забонҳои флективӣ решаи калима ба асоси он баробар нест ва аз ҷиҳати таркиби овозии худ фарқ мекунад. Масалан, дар калимаи русии железный ба решаи калима- желез пасванди –н пайваст шуда, асоси ин калима (железн)-ро ташкил медиҳад. Аз ин асос бо пасванди сифатсози –ый сифат сохта шудааст. Дар баъзе мавридҳо пайваст шудани морфемаи калимасоз боиси тағйироти овозии решаи калима мегардад. Масалан, дар калимаи русии речной (дарёӣ, сифат) асоси калима речн, вале морфемаи решагии он рек мебошад.

Дар забони тоҷикӣ бошад, решаи калима ба асоси он ё калимаи алоҳида баробар аст: кор+гар, бо+ ақл ва ғ. Дар забони англисӣ низ ҳамчунин:frind (реша) + ship (пасванд) = friendship (дӯстӣ).

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

825
Нет комментариев. Ваш будет первым!