Типологияи воситаҳои калимасозӣ

Калимаҳои сохта дар ҳамаи забонҳо аз морфемаҳои зерин иборат аст: реша ®, ки маънои луғавиро ифода мекунад; пасванд (S), ки баъд аз реша мебиёяд ва ё пешванд (P), ки пеш аз реша мебиёяд. Дар забонҳои агглютинативӣ ва флективӣ реша метавонад ҳам пешванд ва ҳам пасвандро қабул кунад. Дар натиҷаи пайвастшавии реша ба аффиксҳои калимасоз лексема ба вуҷуд меояд.

Барои муайян намудани типологияи калимаҳои сохта меъёрҳои типологиро муқаррар намудан лозим аст. Чунон ки маълум аст, калима метавонад аз як лексема ва ё якчанд лексема иборат бошад. Аз ин ҷо меъёри якум, яъне миқдори лексемаҳо дар калима (яклексема ва ё бисёрлексема) бармеояд.

Лексема метавонад бо пешванд ва ё пасванд ташкил ёбад. Бинобар ин, меъёри дуюм ин мавқеи аффикс дар калима, яъне пеш аз реша ё баъд аз реша ва ё пайвастшавии ҳар ду намуди аффиксҳои мазкур ба решаи калима мебошад.

Маводи забонҳои гуногун нишон медиҳад, ки миқдори аффиксҳо дар забонҳо мухталиф аст. Аз ин рӯ, миқдори аффиксҳо ҳам яке аз меъёрҳои муайян намудани хусусиятҳои типологии калимаҳои сохта дар забонҳо ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, барои муайян намудани хусусияти типологии калимаҳои сохта се меъёри асосӣ муқаррар шудаанд: 1) миқдори лексема дар калима; 2) мавқеи аффиксҳо (пешванд, пасванд, миёнванд, конфикс) нисбат ба решаи калима; 3) миқдори аффиксҳое, ки решаи калима метавонад қабул кунад.

Аз рӯи меъёрҳои мазкур типологияи бо аффиксҳо сохташавии калимаҳоро бо мисолҳои зерин нишон додан мумкин аст: дар забони туркӣ ва забонҳои дигари ин оила лексемаҳои навъи p+R тамоман вуҷуд надорад, зеро ин забонҳо пешванд надоранд. Калимасозӣ тавассути пасвандҳо сурат мегирад ва миқдори пасвандҳои калимасоз дар калима бояд аз се адад зиёд набошад. Мисол: köy (деҳа)+ lü= köy lü (деҳқон-R +s) + lük= köy lü lük (R +s1 + s2- деҳқонӣ).

Дар забонҳои дигар( масалан, забонҳои индонезӣ) ҳолати баръаксро мушоҳида кардан мумкин аст. Мисол аз забони малгашӣ (ҷазираи Мадагасгар): калимаи сохтаи навъи p2 + p1+ R: mpan + fi + anatra (хондан, таълим додан) = mpanfianatra (муаллим); калима сохтаи навъи p3 + p2 + p1 + R: maha + te + ho + tia (дӯст доштан) = mahatehotia (аҷоиб).

Дар баъзе забонҳо дар калимасозӣ як навъи морфема истифода мешавад, ки онро конфикс меноманд ва он мураккаб буда, аз ду ҷузъ иборат аст. Ҳангоми калимасозӣ ҷузъи якум пеш аз реша ва ҷузъи дуюмаш баъд аз реша ҷой мегирад. Масалан, дар забони индонезӣ аз калимаи pulau (ҷазира) калимаи kepulauan (галаҷазира) сохта шудааст, ки дар ин калима ke….an конфикс мебошад. Мисоли дигар: аз калимаи pustaka (китоб) калима perpustakaan (адабиёт) сохта шудааст, ки pustaka (решаи калима) ва per…. an конфикс мебошад.

Ин забонҳоро аз рӯи хусусиятҳои типологии калимасозӣ забонҳои префиксию конфиксӣ меноманд.

Дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо аффиксҳо сохташавии калимаҳо аз нигоҳи типологӣ умумиятҳо ва фарқиятҳо ба назар мерасанд. Дар ҳар се забон навъҳои зерини лексема мавҷуданд: навъи пасванддор (сохтораш R + s); навъи пешванддор (сохтораш p + R); навъи пешванддору пасванддор (сохтораш p + R + s).

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

702
Нет комментариев. Ваш будет первым!