Типология аз рӯи маъно ва ифодаи он

Нақшаи мавзӯъ:

1.Шарҳи мафҳуми “воҳиди асосии забонӣ”

2.Таснифоти маъноҳои забонӣ

1.Шарҳи мафҳуми “воҳиди асосии забонӣ”

Маънои асосии забонӣ, ки муносибати маъно ва ифодаро нишон медиҳад, воҳиди асосии забонӣ ба шумор меравад.

Воҳиди аз ҳама хурдтарини маънодори забон морфема мебошад. воҳиди мазкур дар натиҷаи тақсимшавии синтагматикию семантикӣ ҳосил мешавад. Мисолҳо: хон- ам; гуфт- ам ва ғайра.

Мисолҳои мазкур нишон медиҳанд, ки ин воҳидҳои забон аз ду морфема иборат буда, бо роҳи синтагматика метавонанд фақат аз рӯи ифода тақсим шаванд. Воҳидҳои дигари забон дорои сохти мураккаб буда, ҳам аз рӯи маъно ва ҳам аз ҷиҳати ифода тақсим шуда метавонанд. Ба чунин воҳидҳо шаклҳои гуногуни калима ва ҷумлаҳо дохил мешаванд.

Муносибати калима ва ҷумла хеле мураккаб аст. Маълум аст, ки морфемаҳо калимаҳои мушаххас ва калимаҳо ҷумлаҳои мушаххасро месозанд. Ҳар дуи инҳо (калимаҳо ва ҷумлаҳо) чун воҳидҳои асосии нутқ ба ҳисоб мераванд.

Мафҳуми “маъно” яке аз меъёрҳои асосии забон буда, дар ташаккули типологияи маъноӣ (контенсивӣ) нақши муҳим дорад. Мафҳуми маъно ба забоншиносӣ аз мантиқ ворид шуда, онро олимон ҳар хел маънидод мекунанд. Сабабаш дар он аст, ки таснифоти маъно пурра анҷом дода нашудааст. Масалан, аз сабаби он ки маъноҳои лексикӣ ва грамматикӣ як чиз ҳисоб шуда буданд, масъалаи ифодаи маъноро фақат лексикология меомӯзад.

Маъноҳои забонӣ ва ифода хусусияти умумӣ доранд ва ҳар дуяшон чун ифодаи рамзҳои тафаккури инсон мебошанд. Аммо бояд қайд кард, ки на ҳамаи маъноҳои забонӣ ба дараҷаи муайяи ифода расида метавонанд.

Степанов Ю. С. маънои калимро чун шакли инъикоси воқеият мешуморад.

2.Таснифоти маъноҳои забонӣ

Дар маъноҳои забонӣ хусусиятҳои монандӣ ва фарқиятро ҷудо кардан мумкин аст, ки инро таснифоти маъноҳои забонӣ меноианд. Таснифоти маъноҳои забонӣ гуногун аст. Масалан, Зеленский А. П. маъноҳои забониро чунин тасниф кардааст:

1) хусусияти инъикоси ду тарафи воқеият;

2) хусусияти алоқаи маъно бо воқеияти ғайризабонӣ;

3) сохт, таркиби маънои забонӣ;

4) дараҷаи муҷаррадии (абстракт) маъно.

Таснифоти маъноҳои забонӣ чунин гурӯҳҳои воқеиятро дар бар мегирад:

1) ҷисмҳо ва ашёҳо;

2) ҳодисаҳое, ки ба ҷисмҳо рӯй медиҳанд;

3) қобилияти ҷисмҳо ва ҳодисаҳо;

4) муносибати се гурӯҳи дар боло зикршуда.

Маъноҳои забонӣ ба ду қисм: маъноҳои ҳатмӣ (зарурӣ) ва ғайриҳатмӣ ҷудо мешаванд. Масалан, маънои падежӣ барои забонҳои русӣ ва олмонӣ зарурӣ аст. Исм дар ин забонҳо бе падеж шуда наметавонад. Дар забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ бошад, падеж умуман вуҷуд надорад.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

454
Нет комментариев. Ваш будет первым!