Тағйироти таърихии навъи морфологии забонҳо

Нақшаи мавзӯъ:

1.Ақидаи забоншиносони асри XIX дар бораи инкишофи пайдарҳамии забонҳо

2. Ақидаи забоншиносони муосир дар бораи тағйир ёфтани навъи морфологии забонҳо

1.Ақидаи забоншиносони асри XIX дар бораи инкишофи пайдарҳамии забонҳо

Ҳанӯз дар асри XIX дар забоншиносӣ чунин ақидае ба вуҷуд омад, ки мувофиқи он забонҳо гӯё хусусияти худро тағйир дода, аз як намуд ба намуди дигар мегузаранд. Дар ибтидо ин ақида ҷанбаи баҳодиҳӣ дошт ва забон на танҳо ба навъҳои морфологӣ, балки “ дараҷаи инкишофи онҳо” ҳам муайян мегардид. Намунаи беҳтарини забон забонҳои юнонии қадим, санскрит ва олмонӣ маҳсуб меёфтанд. Аз ин рӯ, забоншиносони он давра ба ин ақида буданд, ки забонҳои дигар ҳам бо роҳи худтакмилдиҳӣ инкишоф ёфта, ба забонҳои намунавии мазкур наздик мешаванд. Масалан, А. Шлейхер чунин ақида дошт, ки забонҳо дар роҳи инкишофи худ чунин марҳилаҳоро тай мекунанд: аз сохти решагӣ ба сохти агглютинативӣ ва аз сохти агглютинативӣ ба сохти фузионӣ.

Г. Штейнтал навишта буд, ки дар марҳилаи ибтидоии инкишофи забонҳо сохти дохилии онҳо такмил ёфта, мураккаб гардид. Дараҷаи баланди инкишоф дар забонҳои санскрит ва юнонии қадим ба назар мерасад. Дар забонҳои муосир бошад, бозмонӣ аз инкишоф ва таназзул мушоҳида мешавад, ки дар ихтисоршавии шаклҳои зоҳирии морфологӣ зоҳир мегардад.

2.Ақидаи забоншиносони муосир дар бораи тағйир ёфтани навъи морфологии забон

Дар забоншиносии муосир касе чунин ақидаи инкишофи пайдарҳамии забонҳоро пайравӣ намекунад, аммо ақидаи тағйири навъи морфологии забон дар асоси таҳлили маводи забонҳо то андозае тасдиқи худро меёбад. Масалан, баъзе забонҳо дар марҳилаи гузариш аз сохти решагӣ ба сохти агглютинативӣ қарор доранд. Мисоли барҷастааш забони меланезӣ (ҷазираҳои Саломон) мебошад, ки дар он пешояндҳо батадриҷ ба пешвандҳо табдил ёфта, ба тағрйироти овозӣ (ихтисоршавии фонемаҳо) ҳам дучор гардидаанд. Маълум аст, ки ихтисоршавии овозҳо боиси тағйироти морфологӣ дар забон мегардад. Ғайр аз ин, дар натиҷаи ҳосилшавии морфемаи нав дар баробари ихтисори овозӣ ихтисори маъноӣ ҳам ба вуҷуд меояд. Дар нақша ҳодисаи мазкурро ба таври зайл нишон додан мумкин аст:

Забони решагӣ>ихтисоршавии овозию маъноӣ>забони агглютинативӣ

Тақрибан, маҳз механизми ихтисоршавӣ боиси гузариш аз агглютинатсия ба фузия мегардад. Дар чунин ҳолат бештар вақт якҷоя истифода бурдани ду морфема боиси омезиши шаклу маънои морфемаҳо мегардад. Чунин ҳодиса дар забони австронезӣ ба назар мерасад:

Na – i – Lesi – o > ni- lesi – o – ман инро мебинам.

Ko – i – lesi – nau > ki – lesi – nau – ту маро мебинӣ.

Таърихан пешвандҳои “na-” ва “ko-” аз пешванди замони оянда “i-” мустақил буданд. Аммо батадриҷ ин морфемаҳо омезиш ёфтанд ва як шакли грамматикӣ гирифтанд ва дар натиҷа ҳамон як морфема маҷмӯи маъноҳоро ифода мекунад, ки пештар онҳо бо ду морфема ифода меёфтанд. Бинобар ин, нақшаи ивазшавии навъи морфологии забонро метавон такмил дод:

Забони решагӣ > ихтисори овозию маъноӣ > забони агглютинативӣ > омезиши морфемаҳо > забони фузионӣ

Дар давраи ҳозира забоншиносони бахши муқоисаи типологӣ ба ин ақидаанд, ки мубаддалшавии шакли морфологии забонҳо дар марҳилаи фузия ба охир намерасад. Далелҳое мавҷуданд, ки забони фузионӣ дар марҳилаи муайяни инкишофи худ, метавонад, хусусиятҳои забони решагиро касб намояд. Ба ин забони англисӣ мисол шуда метавонад, ки дар он баъзе хусусиятҳои забони решагӣ ба назар мерасанд.

Истифодаи амалии натиҷаҳои таҳқиқоти типологӣ

Ҳамчун як бахши назарияи забоншиносӣ типология бо амалия робитаи бевосита надорад. Бо вуҷуди ин бисёре аз натиҷаҳои таҳқиқоти типологӣ метавонанд дар амалия истифода шаванд. Дар навбати аввал натиҷаҳои таҳқиқоти типологӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли рамзкушоӣ (дешифровка), ва тарҷумаи мошинӣ (компютерӣ) мавриди истифода қарор мегиранд.

Типология метавонад дар мавриди таҳқиқи забонҳои номаълум мадад расонад. Муҳақиқе, ки аз таносубҳои типологӣ баҳравар аст, аз рӯи баъзе қонуниятҳо метавонад як системаи мукаммали забониро барқарор кунад, зеро ҳар гуна рамзкушоии матни алифбоӣ бар пояи заминаҳои типологии ҳамнишинии овозҳои садоноку ҳамсадо, сохтори ҳиҷоҳо ва баъзе ҳодисаҳои дигари забонӣ қарор дорад.

Маълумотҳои типологӣ имкон имкон медиҳанд, ки намуди хат аз рӯи миқдори аломатҳо муайян карда шавад. Ҳангоми муайян кардани намуди хат (хати алифбоӣ, хати ҳиҷоӣ, хати идеографӣ) муҳақиқон, пеш аз ҳама, миқдори аломатҳои хатро ба назар мегиранд, вале метавон намуди хатро новобаста аз миқдори аломатҳо, аз рӯи дистрибутсияи аломатҳо муайян кард.

Дар давраи ҳозира методикаи муайян кардани намуди хат дар шакли алгоритми (амалҳои пай дар пай) дар мошинҳои электронии ҳисоббарор (компютерҳо) аз рӯи порчаи на онқадар калони матн (1000- 2000 аломат) коркард шудааст.

Дар мавриди хуб омӯхта шудани системаҳои типологӣ рамзкушоиро метавон ҳамчун ҷобаҷогузории пайдарҳами системаҳои мухталифу муҳими типологӣ дар аломатҳои матни мавриди рамзкушоӣ ба худ тассаввур кард. Он системае, ки бо он матни мавриди рамзкушоӣ беҳтар мувофиқат мекунад, шарҳи беҳтарини он дониста мешавад.

Баъзе муҳақиқон ба ин ақидаанд, ки рамзкушоии матнҳои забонҳои номаълум танҳо дар сатҳи дурусти қоидаҳои грамматикӣ имконпазир аст, вале барои системаи маъноии забонҳо ба кор намеравад. Масалан, муҳақиқе, ки матни ба забони русӣ навишташударо рамзкушоӣ мекунад ва ин забонро тамоман намедонад, ӯ метавонад танҳо ифодаҳое ба мисли “глубокой куздре” (тарҷумаи Л.В. Шерба) ба даст биёрад. Барои аз ҷиҳати маъно дуруст рамзкушоӣ кардани матн маълумоти иловагие, ки аз чаҳорчӯби назарияи умумии рамзкушоӣ берун аст, ба мисли маълумот доир ба таърихи он кишвар, фарҳанги он ва ғайра зарур аст.

Соҳаи дигари калоне, ки дар он дастовардҳои илми типология истифода бурда мешаванд, ин тарҷума, пеш аз ҳама, тарҷумаи мошинӣ (компютерӣ) ба шумор меравад. Аҳамияти типология барои тарҷумаи мошинӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки дар назди тарҷумаи мошинӣ проблемаи тарҷума аз забонҳои бисёр ба забонҳои бисёри дигар меистад. Ин мушкилот аз коркард кардани забони миёнрав ва гузариш аз забони миёнрав ба забони мушаххас иборат аст.

Дастовардҳои типологияи забоншиносӣ инчунин дар таълими забонҳо, бахусус забонҳои хориҷӣ маавриди истифода қарор мегиранд. Чунин вазифаи амалии типология метавонад, масалан, аз сохтани забони мобайнӣ барои гузариш аз забони хориҷӣ ба забони модарӣ (масалан, аз грамматикаи забони хориҷӣ ва луғати забони модарӣ) иборат бошад.

Маълумотҳои типологӣ метавонанд барои луғатнигорӣ (лексикография) ҳам фоидаовар бошанд. Вобаста намудани намуди типологии забон ва тарзи мақсаднок тартиб додани луғатномаи он забон импазир аст. Дар назария ва амалияи луғатнигорӣ масъалаи овардани маълумот доир ба грамматика, ки ҳамроҳи маъноҳои луғавии калима дар луғатнома оварда мешавад ва миқдори чунин маълумот ҳам ба намуди типологии забон вобаста аст, аҳамияти калон дорад.

Маълумотҳои типологӣ метавонанд барои амалияи сохтани хат, яъне муайян намудани принсипҳои сохтани хат мувофиқ ба ин ё он намуди забон ҳам аҳамияти калон доранд.

Аммо, сарфи назар аз соҳаҳои зиёди истифодаи амалии маълумотҳои таҳқиқоти типологӣ, типологияи забонҳо дар илми забоншиносӣ, пеш аз ҳама, як соҳаи назарияи забон ба шумор меравад. Аз ин нуқтаи назар вазифаи муҳимтарини он ин коркард ва кашфи умумиятҳои забонӣ маҳсуб меёбад.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

345
Нет комментариев. Ваш будет первым!