ТИПАЛОГИЯ забонҳо

Типологияи забонҳо ҳамчун як бахши забоншиносӣ
Типологияи забонҳо як қисмати забоншиносӣ буда, забонҳоро дар муқоиса бо ҳамдигар ба мақсади муайян намудани хусусиятҳои умумӣ ва фарќкунандаи онҳо меомўзад. Муқоиса яке аз методҳои асосии омӯзиши забонҳо ба шумор меравад ва аз рӯи маќсаду объекти омӯзиш ду хел мешавад: методи муқоисавӣ-таърихї, ки хешигарии забонҳоро муайян мекунад ва методи муқоисавӣ-типологӣ, ки хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи забонњоро аз нигоҳи сохтори овозӣ, морфологї ва синтаксисї меомӯзад.
Забонҳои ҷудогонаро мавриди муқоиса қарор дода, ба осонї пай бурдан мумкин аст, ки баъзеи онҳо дорои хусусиятҳои умумианд. Масалан, дар забонҳои русї, полякї, булѓорї калимаҳои зиёде ба назар мерасанд, ки аз як реша ба вуҷуд омадаанд.
Ин ҳодиса аз хешигарӣ ва аз нигоҳи гениологӣ ба як гурӯҳ – гурӯҳи забонҳои славянї мансуб будани ин забонҳо гувоҳї медиҳад.
Ҳамзамон мо мушоҳида мекунем, ки дар забони русӣ низоми тасрифи исмҳо аз рўи падежҳо мавҷуд аст, вале дар забони булғорї мавҷуд нест. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сохтори исмҳо дар забонҳои мазкур аз ҳамдигар фарқ мекардааст.
Дар дунё теъдоди зиёди забонҳо мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо ҳам дорои хусусиятҳои хос ва ҳам дорои хусусиятҳое мебошанд, ки дар забонҳои дигар њам ба назар мерасанд. Аз рўи хусусиятҳои умумии сохтории худ забонҳо боз ба гурўҳҳо људо мешаванд. Аломатҳои умумии сохторї дар забонҳои гуногун, новобаста аз хешигарии онҳо ба назар мерасанд. Maсалан, мавҷудияти ибораҳои муайянкунандагие, ки дар онҳо сифат пеш аз исм омада, бидуни ягон воситаи алоќа ба исм алоқаманд мегардад, дар забонҳои англисї, туркї, ҷопонї ва чинию забони муѓулї.
Гурӯҳбандии хусусиятҳою аломатҳои умумӣ ва муайян намудани қонуниятҳои умумие, ки дар баъзе забонҳо ба мушоҳида мерасанд, бахши алоҳидаи забоншиносї, яъне типологияи забонњо меомӯзад, ки онро таълимот дар бораи типи сохтори забонї ҳам номидан мумкин аст.
Бояд зикр кард, ки типологияи забоншиносӣ танҳо ҳамон ҳодисаҳои умумї ва ё фарқкунандаеро меомӯзад, ки хусусияти умумї доранд, яъне ҳодисаҳое, ки доираи васеи аломатҳои якхеларо дар бар мегиранд.
И.И.Мешанинов мегӯяд: «Типологияи муқоисовӣ бояд ҳамаи хусусиятҳои фарқкунандае, ки тавассути онҳо гурӯҳбандии забонҳо имконпазир мегирад, фаро гирад ва аз рӯи онҳо бояд муайян кард, ки чї чизҳо онҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва чӣ чизҳо онҳоро муттаҳид месозанд».

299
Нет комментариев. Ваш будет первым!