Таснифоти забонҳо ҳамчун як бахиш илми забонишносӣ

Нақшаи мавзӯъ:

1. Таснифоти ҷуғрофии забонҳо.

2. Таснифоти функсионалии забонҳо.

3. Таснифоти типологии забонҳо.

4.Таснифоти гениологии забонҳо.

1.Таснифоти ҷуғрофии забонҳо

Дар забоншиносӣ чанд хели таснифоти забонҳо мавҷуд аст, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: ҷуғрофӣ, функсионалӣ, типологӣ ва гениологӣ.

Таснифоти ҷуғрофии забонҳо харитаи густариши забонҳо, паҳншавии забонҳои алоҳида ва ё гурӯҳи забонҳо, шарҳи хусусиятҳои кишварҳои мухталиф аз нигоҳи истифодаи забонҳо ва масъалаҳои дигари амсоли инҳоро меомӯзад. Масалан, дар ҳудуди Тоҷикистон ба ғайр аз забони тоҷикӣ, забонҳои бадахшонӣ, яғнобӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ мавҷуданд. Аз нигоҳи гениологӣ забонҳои тоҷикию яғнобӣ ва гурӯҳи забонҳои бадахшонӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ, забони русӣ бошад, ба гурӯҳи забонҳои славянӣ дохил мешаванд. Ҳар дуи ин гурӯҳҳо ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешаванд.Забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ бошанд, ба оилаи забонҳои туркӣ мансубанд.

2.Таснифоти функсионалии забонҳо

Таснифоти функсионалии забонҳо аз рӯи маъёрҳои мухталиф сурат мегирад. Асосан, аз рӯи меъёрҳои зерин дар ин таснифот забонҳо гурӯҳбандӣ мешаванд:

  1. Робитаи забон ба умумияти этникие, ки он забон ба он мансуб аст.
  2. Вазифае, ки забон дар ҷомеа иҷро мекунад.
  3. Густариши забон берун аз ҳудуди соҳибзабонон.

Аз рӯи мансубияти забон ба умумияти этникӣ забонҳо се хел мешаванд: забони қабила, заболи халқият ва забони миллӣ.

Муайян намудани вазифаҳои забон дар ҷомеа боиси ҷудо намудани услубҳои забон ва вазифаҳои махсуси забонҳои адабию соҳибхат мегардад. Пайдоиши забон ба меҳнати якҷояи одамон дар ҷомеа алоқаманд аст.

Ҳангоми ташаккул ёфтани забонҳои халқиятҳо ва забонҳои миллии дорои шакли адабию хаттӣ ҳар як забон соҳаҳои бештари муоширатро таъмин менамояд, вазифақояш зиёд мешаванд, ки ин боиси махсусгардонии вазифаи забонҳои алоҳида ва пайдоиши услубҳои забон мегардад.

Дар ҷамъиятҳои ғуломдорӣ ва феъодалӣ динҳо дар ҳаёти сиёсию фарҳангии халқҳо нақши муҳим доштанд. Баъзе динҳо дар кишварҳои зиёд паҳн гашта, ба динҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтанд: динҳои буддоӣ, насронӣ ва ислом. Густариши дини буддоӣ забони санскритро ба забони расми дини буддоӣ ва равнақ ёфтану густариши дини ислом забони арабиро ба забони расмии дини ислом табдил доданд.Ташаккули ду мазҳаби дини насронӣ дар Аврупо- дар ғарби Аврупо мазҳаби католикӣ ва дар шарқи Аврупо мазҳаби православӣ ва дар соли 1054 чудо шудани дини насронӣ ба ду шоха- католисизми ғарбӣ ва православянии шарқӣ боиси муқаррар намудани мақоми динии ду забон: забони лотинӣ ва славянӣ (забони славянии динӣ) гардид.

Ҳангоми ташаккул ёфтани миллатҳо забонҳои динӣ мақоми худро аз даст медиҳанд, аммо таъсири онҳо дар забонҳои адабии муосир боқӣ мемонад. Аз ин нуқтаи назар пайдоиши забони урду ҷолиби диққат аст.Грамматикаи ин забон монанди забони ҳинду аст, вале таркиби луғавиаш бештар аз калимаҳои арабӣ ва форсӣ иборат аст. Алифбояш арибиасос. Ин забон пас аз забти Ҳиндустон дар асрҳои XIII-XIV аз тарафи мусулмонон ташаккул ёфтааст.

3.Таснифоти типологии забонҳо.

Мақсадки таснифоти типологии забонҳо аз муайян намудани навъи забон аз рӯи сохтори грамматикии он иборат аст. Навъи типологии забон аз рӯи шаклдигаркунии калимаҳо, калимасозӣ ва синтаксис муайян карда мешавад.

Забонҳои дунё, аз як тараф, агар шаклан мухталиф бошанд, аз тарафи дигар бисёр умумиятҳо дар сохтори онҳо ба назар мерасанд.

Бештар аз ҳама дар забоншиносӣ аз таснифоти морфологии забонҳо истифода мебаранд, зеро системаи морфологии забонҳо қабати устувортарини забон ба шумор меравад. Инчунин навъҳои морфологии забонҳо чандон зиёд нест ва онҳо дорои аломатҳои устувор мебошанд, ки ба таснифоти забонҳо имконият медиҳанд.

Таснифоти морфологии забонҳо дар асоси муқобилгозории решаи калимаҳо ва аффиксҳо дар таркиби калимаҳо сурат мегирад. Дар миёнаҳои асри XIX олими забоншиноси олмонӣ А.Шлейхер мушоҳидаҳои бародарон Шлегелҳо ва В.Ҳумболдтро ҷамъбаст намуда, ба ин хулоса омад, ки решаи калима маънои луғавиро ифода мекунад, аффиксҳо(вандҳо) бошанд, муносибати байни калимаҳоро ифода мекунанд Вай се навъи морфологии забонҳоро эътироф мекунад: решагӣ, агглютинативӣ ва флекгивӣ. Ба ақидаи ин олим сохтори забон ду хел мешавад: аналитикӣ ва синтетикӣ. Забонҳои сохторашон бисёрсинтетикӣ, ки В. Ҳумбодт онҳоро ба гурӯҳи алоҳида ҷудо карда буд, А. Шлейхер онҳоро ҳамчун гунаи забонҳои агглютинативӣ ҳисоб мекард. Ин таснифоти морфологии А. Шлейхер дар замони мо ҳам бо баъзе иловаҳо истифода мешавад.

4. Таснифоти гениологии забонҳо

Асосҳои таснифоти гениологии забонҳо пеш аз ҳама дар асоси маводи забонҳои ҳиндуаврупоӣ таҳия шуданд. Ба ин чиз методи муқоисавӣ- таърихӣ имкон дод.Дар таснифоти гениологии забонҳо дар асри XIX забоншиносони олмонӣ Ф.Бопп, Я.Гримм, А.Шллейхер, забоншиноси рус А.X. Востоков, олими даниягӣ Р. Раск ва забононшиноси фаронсавӣ Ф.Дис нақши муҳим доштанд.Баъд аз оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дигар оилаҳои забонҳо: оилаи забонҳои сомӣ-хамитӣ, финӣ-угорӣ, туркӣ, кавказӣ ва ғайра муайян карда мешаванд.

Адабиёт:

1.Кодухов В.И. Введение в языказнание.Москва, 1987.

2.Норматов М. Муқаддимаи забоншиносӣ. Душанбе, 2005.

3. Мирбобоев А. Муқаддимаи эроншиносӣ. Душанбе, 2015.

4.Реформатский А.А. Введение в языкознание. Москва, 2005.

5. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

6. Шарафутдинова Н.С. Теория и история лингвистической науки. Ульяновский, 2012.

794
Нет комментариев. Ваш будет первым!