Типолияи муқоисавӣ, вазифаҳо ва робитаи он бо қисматҳои дигари забоншиносӣ.

Нақшаи кор:

1.Корбурди истилоҳоти тип (навъ, хел, намуд) ва типология дар илми забоншиносӣ.

2.Типологияи забонҳо ҳамчун як бахши забоншиносӣ.

3.Вазифаҳои типологияи муќоисавӣ.

4.Робитаҳои типологияи муқоисавӣ бо қисматҳои дигари забоншиносӣ.

1.Корбурди истилоҳоти тип (навъ, хел, намуд) ва типология дар илми забоншиносӣ

1. Истилоҳи “тип” (аз калимаи юнонии typos-навь, хел, намуд гирифта шудааст) мафҳуми шакли умумии ашё ва ҳодисоти мухталифро ифода мекунад.

Ислоҳи “типология” (аз калимҳои юнонии typos- навъ, намуд ва logos- таълимот) бошад, мафҳуми таснифот ва ё таҳлили ашёҳоро аз рӯи нишонаҳои умумии онҳо ифода мекунад. Дар забоншиносӣ истилоҳи тип ба ду маъно кор фармуда мешавад:

1.Ба маънои маҳдуд истилоҳи тип шакли умумии воҳидҳо ва ҳодисаҳои забониро мефаҳмонад. Масалан, типи ибораҳо ва ё типи ҷумлаҳо, типи воситаҳои алоќаи синтаксисӣ ва ғайра.

2.Ба маънои васеъ истилоҳи тип мафҳуми маҷмӯи хусусиятҳои умумии забонҳоро ифода мекунад. Масалан, забонҳои аналитикӣ, аглютинативӣ, флективӣ ва ғайра.

Типологияи забоншиносӣ ҳам типи воҳидҳои забонӣ ва ҳам типи забонҳои дорои хусусиятҳои умумиро меомӯзад Дар мавриди якум мавҷудияти ин ё он навъи ифодаҳои забонӣ дар ягон забон муайян карда мешавад, дар мавриди дуюм бошад, муносибати ин ё он забонро ба навъи мушаххаси типологии забонҳо муайян мегардад.

2.Типологияи забонҳо ҳамчун як бахши забоншиносӣ

Типологияи забонҳо як қисмати забоншиносӣ буда, забонҳоро дар муқоиса бо ҳамдигар ба мақсади муайян намудани хусусиятҳои умумӣ ва фарќкунандаи онҳо меомӯзад. Муқоиса яке аз методҳои асосии омӯзиши забонҳо ба шумор меравад ва аз рӯи маќсаду объекти омӯзиш ду хел мешавад: методи муқоисавӣ-таърихӣ, ки хешигарии забонҳоро муайян мекунад ва методи муқоисавӣ-типологӣ, ки хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи забонҳоро аз нигоҳи сохтори овозӣ, морфологӣ ва синтаксисӣ меомӯзад.

Забонҳои ҷудогонаро мавриди муқоиса қарор дода, ба осонӣ пай бурдан мумкин аст, ки баъзеи онҳо дорои хусусиятҳои умумианд. Масалан, дар забонҳои русӣ, полякӣ, булѓорӣ калимаҳои зиёде ба назар мерасанд, ки аз як реша ба вуҷуд омадаанд.

Ин ҳодиса аз хешигарӣ ва аз нигоҳи гениологӣ ба як гурӯҳ – гурӯҳи забонҳои славянӣ мансуб будани ин забонҳо гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамзамон мо мушоҳида мекунем, ки дар забони русӣ низоми тасрифи исмҳо аз рӯи падежҳо мавҷуд аст, вале дар забони булғорӣ мавҷуд нест. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сохтори исмҳо дар забонҳои мазкур аз ҳамдигар фарқ мекардааст.

Дар дунё теъдоди зиёди забонҳо мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо ҳам дорои хусусиятҳои хос ва ҳам дорои хусусиятҳое мебошанд, ки дар забонҳои дигар ҳам ба назар мерасанд. Аз рӯи хусусиятҳои умумии сохтории худ забонҳо боз ба гурӯҳҳо људо мешаванд. Аломатҳои умумии сохторӣ дар забонҳои гуногун, новобаста аз хешигарии онҳо ба назар мерасанд. Maсалан, мавҷудияти ибораҳои муайянкунандагие, ки дар онҳо сифат пеш аз исм омада, бидуни ягон воситаи алоќа ба исм алоқаманд мегардад, дар забонҳои англисӣ, туркӣ, ҷопонӣ ва чинию забони муѓулӣ.

Гурӯҳбандии хусусиятҳою аломатҳои умумӣ ва муайян намудани қонуниятҳои умумие, ки дар баъзе забонҳо ба мушоҳида мерасанд, бахши алоҳидаи забоншиносӣ, яъне типологияи забонҳо меомӯзад, ки онро таълимот дар бораи типи сохтори забонӣ ҳам номидан мумкин аст.

Бояд зикр кард, ки типологияи забоншиносӣ танҳо ҳамон ҳодисаҳои умумӣ ва ё фарқкунандаеро меомӯзад, ки хусусияти умумӣ доранд, яъне ҳодисаҳое, ки доираи васеи аломатҳои якхеларо дар бар мегиранд.

И.И.Мешанинов мегӯяд: «Типологияи муқоисовӣ бояд ҳамаи хусусиятҳои фарқкунандае, ки тавассути онҳо гурӯҳбандии забонҳо имконпазир мегирад, фаро гирад ва аз рӯи онҳо бояд муайян кард, ки чӣ чизҳо онҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва чӣ чизҳо онҳоро муттаҳид месозанд».

3.Вазифаҳои типологияи муќоисавӣ

Вазифаҳои типологияи муқоисавӣ иборат аст аз муқоисаи сохтори забонҳо, муайян намудани хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи онҳо. Вазифаи аввалиндараҷаи типологияи забоншиносӣ ин дарёфтани хосиятҳои барҷастаи забонҳо ва дар асоси онҳо ба намудҳо (типҳо)- муайяни сохторӣ ҷудо намудани забонҳои дунё мебошад. Аз ин рӯ, дар назди типологияи забоншиносӣ вазифаҳои зерин меистанд:

1) дар забонҳои дунё дарёфтани категорияҳои монанд;

2) ошкор кардани қонуниятҳои умумии сохтори забонҳо ва нишон додани робитаи байни системаи онҳо;

3) кашфи умумиятҳо (универсалияҳо)-и забонӣ;

4) гирд овардани забонҳои ҳамсистема.

Ба ғайр аз ин, типология забоншиносӣ вазифаҳои маҳдудтаре низ дорад, ки аз омӯзиши муқоисавии системаи ду забон иборат буда, типологияи муқоисавии забони модарӣ ва забони хориҷӣ ном дорад.

Маќсади амалии омӯзиши муќоисавӣ-типологии забонҳо аз онҳо иборат аст:

а) муайян намудани монандӣ ва фарќияти воситаҳои ифода дар забонҳои мухталиф, ки дорои аҳамияти муҳими методӣ мебошанд, зеро донистани ин фарќиятҳо хатогиҳои ҳангоми истифода аз забони дигарро пешгирӣ менамояд Ба ғайр аз ин, тарҷума аз як забон ба забони дигар дар асоси қонуниятҳои забоншиносӣ сурат мегирад.

б) омӯзиши хусусиятҳои мушаххаси забонҳои муқоисашаванда. Муқоиса имкон медиҳад, ки баъзе хусусиятҳои фарқкунандаи забони хориҷӣ аз забони модарӣ муайян гарданд, ки ҳангоми дар алоҳидагӣ омӯхтани забонҳо ба мушоҳида намерасанд.

в) муайян намудани қонуниятҳои умумӣ ва ҳодисаҳое, ки хоси забонҳои гуногунанд, муайян намудани умумиятҳои забонӣ (универсалияҳои забонӣ) ва имкониятҳои истифодаи онҳо дар забонҳои мушаххас.Чунин бархӯрд имкон медиҳад, ки хусусиятҳои умумибашарӣ аз хусусиятҳои хос дар забони омӯхташаванда фарқ кунонда шаванд. Инчунин имкон медиҳад, ки сохтори забони инсон дар маҷмӯъ хубтар дарк карда шавад, ки ин дорои аҳамияти муҳими илмӣ ва таълимӣ мебошад.

4.Робитаи типологияи муқоисавӣ бо қисматҳои дигари забоншиносӣ

Таълими типологияи муқоисавии забони модарӣ ва забони омӯхташаванда дар асоси ҳамаи қисматҳои назариявии забоншиносӣ, ки ба нақшаи таълимии факултетҳои филологӣ дохил карда шудаанд, ба роҳ монда мешавад.

Тарихи забон ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки онҳо ҳамаи он равандҳои мураккабу мухталифе, ки ҳангоми инкишофи таърихӣ дар тамоми сохтори он ба вуҷуд омаданд ва боиси ҳолати ҳозираи он гардиданд, хуб дарк намоянд.Типологияи забон дар асоси он аломатҳои умумие, ки хусусиятҳои типологии забонро ташкил медиҳанд, муайян карда мешавад.

Типологияи забоншиносӣ аз маълумотҳои умумиятёфтаи ҳамаи қисматҳои дигари забоншиносӣ ба таври восеъ истифода мебарад. Масалан, аз курси назариявии фонетика донишҷӯён сохтори овозии забонро ёд мегиранд.

Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса бармеояд, ки типологияи забонҳо, ҳамчун як бахши илми забоншиносӣ, назарияи худро дар асоси маълумотҳои қисматҳои дигари илми забоншиносӣ, ки инкишофи таърихӣ ва ҳолати имрӯзаи забонро ҳамчун система меомӯзанд, эҷод мекунад.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3.Шахобова М.Б. Опыт сопоставительного исследования строя таджикского и английского языков, Душанбе, 1985, ст. 4-20.

4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

5. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

6.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

1 Скачать

970
Нет комментариев. Ваш будет первым!