Проблемаи интихоби мизонзабон. Интихоби маводи таҳқиқоти типологӣ

Нақшаи мавзӯъ:

1.Интихоби мизонзабон ва аҳамияти он барои таҳқиқоти типологӣ.

2.Маводи таҳқиқоти типологӣ ва сарчашмаҳои он.

1.Интихоби мизонзабон ва аҳамияти он барои таҳқиқоти типологӣ

1. Масъалаи интихоби мизонзабон яке аз масъалаҳои муҳими типологияи забоншиносӣ ба шумор меравад. Маълум аст, ки барои ба таври муқоиса омӯхтани ҳар як чиз, аз ҷумла забон ҳам, мизоне ё меъёре лозим аст. Он мизон бояд дар худ аломат ва хосиятҳои асосии кулли предметҳои муқоисашавандаро таҷассум кунад. Дар типологияи забоншиносӣ чунин мизон ё меъёр забоне бояд бошад, ки он тамоми хусусиятҳои забонҳои дунёро дар худ фаро гирифта бошад ва он бо номи мизонзабон ёд мешавад. Албатта, ягон забони табиие нест, ки чунин хусусият дошта бошад. Пас мизонзабон бояд як забони сунние бошад.

Дар хусуси мизонзабон ҳам ақидаи забоншиносони бахши типологияи забонҳо як хел нест. Масалан, Б.А. Успенский мизонзабонро ба куллӣ ва ҷузъӣ ҷудо мекунад. Мувофиқи ақидаи ӯ, мизонзабони ҷузъӣ бояд дорои чунин хусусиятҳое бошад, ки онҳо дар қабати муқоисашавандаи забонҳои дахлдор дучор мешаванд. Мизонзабони куллӣ бояд тамоими аломатҳои забонҳои тадқиқшавандаро дар худ дошта бошад. Ба сифати мизонзабон ӯ забонҳои аморфӣ (решагӣ)-ро тавсия менамояд. Ба ақидаи Ю. В. Рождественский, мизонзабон бояд дар худ тамоми аломатҳои забонҳои дунёро таҷассум кунад. Ҷ. Бӯронов ба сифати мизонзабон категорияҳои типологиро тавсия кардааст. Категорияҳои типологӣ инҳо категорияҳои типпие мебошанд, ки ба системаи забонҳои муқоисашаванда хос мебошанд.

Ҳамаи ақидаҳои забоншиносон доир ба масъалаи мизонзабон хусусияти назариявӣ доранд ва ин масъала такмил ва асоси амалӣ мехоҳад, зеро ҳангоми муқоисаи забонҳо дар сохтори баъзеи онҳо ҳодисае мушоҳида мешавад, ки он дар дигар забонҳои муқоисашаванда мутлақо ягон воситаи ифода надорад. Дар ин маврид категорияи типологиро аз куҷо бояд пайдо кард?

Мизонзабон бояд дар худ маҷмӯи типҳои забонии асосиеро, ки ба аксари кулли забонҳои дунё хосанд, таҷассум кунад.

Ҳамин тавр, мизонзабон тимсоли хосиятҳои барҷастаи ҳамаи забонҳост. Дар забоншиносии типологии муосир назарияи хос доир ба мизонзабон ба вуҷуд омад. Аз рӯи ин назария мизонзабон ду хел мешавад: анкетӣ ва тахфифӣ (редуксионӣ).

Мизонзабони анкетӣ теъдоди ҳадди аксари воҳидҳои забонҳоро бо нишон додани хусусиёт ва мувофиқати байни онҳоро дар бар мегирад. Намунаи барҷастааш аломатҳои фонемаҳои забонҳои дунё дар фонологияи сохторӣ мебошад. Мизонзабони навъи анкетӣ ҳам бартариятҳо ва ҳам камбудӣ дорад, зеро аз як тараф, номгӯи зиёди аломатҳои воҳидҳои забонӣ имкон медиҳанд, ки забони мавриди таҳқиқ ҳаматарафа тасвир шавад. Ғайр аз ин, номгӯи аломатҳоро дар сурати зарурат метавон давом дод. Аз тарафи дигар, муҳақиқ бо аломатҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавад ва ҳангоми муқоиса лозим меояд, ки бисёр аломатҳои мизонзабонро сарфи назар кунад. Дар чунин сурат забони мавриди таҳқиқ аз мизонзабон осонтар менамояд. Камбудии дигари мизонзабони анкетӣ дар он аст, ки аз сабаби зиёд будани номгӯи аломатҳои воҳидҳои забонӣ муайян намудани монандӣ ва фарқияти байни якчанд забон ҳангоми муқоиса душвор мегардад.

Мизонзабони анкетӣ барои таҳқиқоти типологие қобили қабул мебошад, ки мақсадаш ҳар чӣ бештар тасвир намудани як забони мушаххас мебошад.

Ҳангоми муқоиса намудани якчанд забон истифода аз мизонзабони тахфифӣ созгортар аст. Он ба тарзи муназзам намудани номгӯи воҳидҳои забонӣ шакл мегирад. Ҳар як аломати баъдӣ тавре ба номгӯи аломатҳо ворид мегардад, ки васеъ шудани системаи воҳидҳои забонӣ таъмин гардад. Мисонзабони тахфифӣ ба мисли шумурдани аломатҳои забони муқоисашаванда мебошад, ки дар марҳилаи муайян васеъ намудани системаи ҳадди ақали аломатҳо имконпазир мегарад. Агар системаи фонемаҳоро ба шакли дарахт ба худ тасаввур намоем, принсипҳои созмонёбии мизонзабони тахфифӣ пеши назар меоянд. Мизонзабони тахфифӣ инчунин ҳангоми тартиб додани доираҳои луғавӣ- семантикӣ, таҳлили баъзе ҳодисаҳои грамматикӣ, ба мисли системаи падежҳо ба кор меояд.

Агар мо ин ду намуди мизонзабонро бо ҳам муқоиса намоем, мебинем, ки мизонзабони тахфифӣ ба мо имкон медиҳад, то забонҳоро бо усули сарфакорӣ тасвир намоем. Ғайр аз ин, созгории ин навъи мизонзабон дар он зоҳир мегардад, ки он аз рӯи принсипи “ аз сода ба мураккаб” ташаккул меёбад.

Созгории истифодаи мизонзабон дар таҳқиқоти типологӣ боз дар он зоҳир мегардад, ки он имкон медиҳад хусусиёти типологии ҳатто як забони мавриди таҳқиқ муайян карда шавад. Бо ёрии мизонзабон метавон ҳам забонҳои зинда ва ҳам забонҳои мурдаро мавриди таҳқиқ қарор дод.

2.Маводи таҳқиқоти типологӣ ва сарчашмаҳои он

Яке аз масъалаҳои муҳими таҳқиқоти типологӣ ин интихоби мавод барои таҳқиқот мебошад. Барои он ки аз таҳқиқоти типологӣ натиҷаҳои дуруст ба даст биёянд, зарур аст ки миқдори бештари забонҳо мавриди таҳқиқ қарор гиранд. Забонҳое, ки мавриди таҳқиқ қарор мегиранд, маводи интихобшуда мебошанд. Дар типологияи муқоисавӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад. Риоя накардани қоидаҳои интихоби мавод боиси мушкилоти зиёд мегардад. Олимон дар ин маврид аз ду намуди интихоби мавод истифода мебаранд. Дар намуди якум забонҳое интихоб карда мешаванд, ки дар мавриди тӯлонӣ, новобаста аз ҳамдигар инкишоф ёфтаанд ва барои ифодаи ҳодисаи мавриди омӯзиш воситаҳои гуногуни грамматикиро истифода мебаранд. Инро интихоби мақсаднок меноманд.

Намуди дуюми интихоби маводи таҳқиқоти типологӣ интихоби эҳтимолӣ ном дошта, дар асоси ҷадвали тасодуфӣ забонҳо интихоб карда мешаванд. Аз ҳама осонтар хоҳад буд, ки агар забонҳои ба оилаҳои гуногуни забонҳо мансуббуда, ки новобаста аз ҳамдигар инкишоф ёфтаанд, мавриди таҳқиқ қарор гиранд. Чунин усул барои бештари олимон созгор аст. Пас аз интихоби забонҳо барои таҳқиқоти типологӣ зарурати интихоби сарчашмаи маълумот пеш меояд. Олимон дар ин маврид аз манбаъ истифода мебаранд: 1) маълумоте, ки аз соҳибзабонон ҷамъ карда мешавад; 2) матнҳои ба ин забонҳо нашршуда; 3) китобҳои грамматикаи ин забонҳо.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

233
Нет комментариев. Ваш будет первым!