Хусусиятҳои изоморфизм , алломорфизм, синтетизм ва аналитисизм дар забонҳо

Нақшаи мавзӯъ:

1.Хусусиятҳои изоморфизм ва алломорфизм дар забонҳо.

2.Хусусиятҳои синтетизм ва аналитизм дар забонҳо.

1.Хусусиятҳои изоморфизм ва алломорфизм дар забонҳо

Чунон ки дар боло зикр рафт, ҳар як забон аз маҷмӯи типҳои гуногуни забонӣ иборат буда, онҳо типи забонро муайян мекунанд. Типҳои хоссаи як забон одатан дар системаи чанд забон такрор мешаванд, зеро аввалан, воҳидҳои забонӣ беохир шуда наметавонанд; дуюм, ҳамаи инсонҳо табиатан мекӯшанд, ки фикри худро аниқ ва равшан баён кунанд ва инро дар забоншиносӣ принсипи сарфакорӣ меноманд; сеюм, асоси мантиқии ҳамаи забонҳо якест. Маҳз ҳамин се омил сабаб мешавнд, ки ҳар як типи забонӣ дар системаи забонҳои гуногун такрор ёбад. Ин ҳодисаро дар типология изоморфизм мегӯянд, яъне монандӣ дар сохтори бисёр забонҳо. Масалан, ифодаи муайянӣ ва номуайянии исмҳо дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ ва ғайра.

Мафҳуми алломорфизм баръакси изоморфизм аст, яъне ба миқдори ками забонҳо хос будани воҳид ва ё ҳодисаеро алломорфизм мегӯянд. Масалан, шакли махсуси феъл- герондӣ дар забонҳои англисӣ ва испанӣ.

2.Хусусиятҳои синтитизм ва аналитисизм дар забонҳо

Хусусиятҳои синтетизм ва аналитизим дар забонҳо аз рӯи воситаҳои алоқа ва ифодаи маъноҳои грамматикӣ муайян карда мешаванд.

Ҳамаи воситаҳои грамматикӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) воситаҳое, маънои грамматикиро дар дохили калима ифода мекунанд: флексияи дохилӣ, аффиксҳо, такрори калима, зада ва суплетивизм; 2) воситаҳое, ки маъноҳои грамматикиро берун аз калима ифода мекунанд: калимаҳои ёридиҳанда, тартиби калима ва оҳанг.

Гурӯҳи якуми воситаҳои грамматикӣ воситаҳои синтетикии ифодаи маъноҳои грамматикӣ ва ё синтетизм ном доранд. Калимаи синтетикӣ ва ё синтетизм аз калимаи юнонии Syntetikos (synthesis – таркиб, тартиб додан) гирифта шуда, маънояш якҷошуда, дар натиҷаи синтез ҳосилшуда мебошад.

Гурӯҳи дуюми воситаҳои грамматикӣ воситаҳои аналитикӣ ва ё аналитисизм ном доранд. Калимаи аналитикӣ ва ё аналитисизм аз калимаи юнонии analitikos – “ҷудошуда”, “ҳалшуда” гирифта шудааст.

Маънои ин истилоҳот он аст, ки дар мавриди синтетизм маъноҳои грамматикӣ якҷоя бо маънои луғавии калима дар ҳудуди худи калима ифода меёбанд. Мисолҳо: китобҳо, ширинтар, мерафтам ва ғайра. Дар мавриди аналитизм маъноҳои грамматикӣ брун аз ҳудуди калима, дар алоҳидагӣ аз маънои луғавии калима ифода меёбанд. Маънои луғавиро худи калима ифода мекунад ва маъноҳои грамматикӣ бошанд, ҷудо аз он бо ёрии калимаи ёридиҳанда, бо такрори худи калимаи мустақилмаъно ва ё оҳанги ҷумла ифода меёбанд. Мисолҳо: рафта истодаам, аз ҳама зебо, вагон- вагон орд ва ғайра.

Аз бартарии яке аз хусусиятҳои мазкур дар забон хусусияти калима тағйир меёбад. Масалан, дар забонҳои дорои сохтори синтетикӣ агар калимаро аз ҷумла ҷудо кунанд ҳам, маънои грамматикии худро нигоҳ медорад.

Калимаҳои забонҳои аналитикӣ фақат маънои луғавиро ифода мекунанд ва ҳангоми аз ҷумла ҷудо кардани калима он калима фақат маънои луғавиро ифода мекунад ва маъноҳои грамматикиро танҳо дар ҷумла соҳиб мешавад.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

462
Нет комментариев. Ваш будет первым!