Аз таърихи омӯзиши типологии забонҳо дар Аврупо

Нақшаи мавзӯъ:

1.Нахустин падидаҳои омӯзиши муқоисавии забонҳо дар Ҳинди қадим ва Рими қадим

2.Пайдоиши омӯзиши типологии забонҳо дар Аврупо дар ибтидои асри XIX

1.Нахустин падидаҳои омӯзиши муқоисавии забонҳо дар Ҳинди қадим ва Рими қадим

Намунаҳои нахустини истифодаи методи муқоисаи забонҳо ҳанӯз дар асарҳои олими Ҳинди қадим Панини (асри IV пеш аз мелод) ба назар мерасад.

Таҷрибаи нахустини истифодаи методи муқоиса дар муайян намудани сохти забони модарӣ ба номи забоншиноси Рими кадим Квинтилианус мансуб медонанд. Ӯ дар асараш “Дар бораи ташаккулёбии суханварӣ” системам падежҳои забонҳои лотинӣ ва юнонии кадимро мавриди муқоиса қарор дода, адади падежҳоро дар забони лотинӣ 5- то ва дар забони юнонӣ 6- то нишон додаст. Баъдтар маълум шуд, ки миқдори падежҳо дар забонҳои мазкур баръакс будааст, яънезабони лотинӣ 6- то ва забони юнонӣ 5 –то падеж доштааст.

Тавре ки маълум шуд, таваҷҷуҳ ба монандӣ ва фарқияти сохтори забонҳо ҳанӯз дар дунёи қадим, дар натиҷаи бо ҳам робита пайдо кардани намояндагони забонҳои гуногун пайдо шудааст.

2.Пайдоиши омӯзиши типологии забонҳо дар Аврупо дар ибтидои асри XIX

Дар асри XVII муаллифони грамматикаҳои забонҳои аврупоӣ кӯшиш мекарданд, ки хусусиятҳои умумӣ ва хоси ҳар як забонро нншон диҳанд. То ибтидои асри XIX дар Аврупо на танҳо грамматикаҳои забонҳои зиндаи ин минтақа, ба мисли забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, англисӣ, испанӣ ва ғайраро, балки грамматикаҳои забонҳои калонтарини Осиё, аз қабили забонҳои арабӣ, форсӣ, туркӣ, чинӣ ва ғайраро ҳам навиштанд. Ҳамаи ин барои омӯзиши муқоисавӣ – типологии забонҳо дар Аврупо шароитро фароҳам овард ва дар ибтидои асри XIX бошад, омӯзиши типологии забонҳо дар ин минтақа оғоз ёфт. Пайдоиши омӯзиши типологии забонҳо ба мисли забоншиносии муқоисавӣ- таърихӣ дар зери таъсири ғояҳои Ч.Дарвин оид ба инкишофи эволютсионии мавҷудоти зинда ва ҷараёни романтизм ба вуҷуд омад. Вазифаҳои омӯзиши типологии забонҳоро бори нахуст олимони олмонӣ Ф. Шлегел ва В.Ҳумболдт ба миён гузоштанд.

Олимони номбурда ва дигар ҳамзамононашон ба ин ақида буданд, ки сохти забон ва ҳамаи тағйироте, ки дар забон ба вуҷуд меояд, ҳодисаи тасодуфӣ набуда, балки инъикоскунандаи рӯҳи (тафаккури) соҳибзабонон мебошад. Забонҳо аз он сабаб фарқ мекунанд, ки хислати одамоне, ки бо ин забонҳо гап мезананд, аз ҳам фарқ мекунад.

Дар марҳилаи аввали омӯзиши типологии забонҳо муқоисаи сохтори забонҳо дар асоси таҳлили сохтори калима сурат гирифт, зеро маҳз дар ин сатҳ монандӣ ва фарқияти забонҳо бештар ба назар мерасад. Натиҷаи ин муқоисаи забонҳо таснифоти аввалини типологии забонҳо гардид, ки таснифоти морфологии забонҳо ном гирифт.

Бори нахуст Ф.Шлегел забони санскритро бо забонҳои юнонию лотинӣ ва туркӣ муқоиса карда, ба хулосае омад, ки ҳамаи забонҳоро метавон аз рӯи сохтори грамматикӣ ба ду гурӯҳ ҷудо кард: флективӣ ва аффиксдор (часпанда, агглютинативӣ).

Ба гурӯҳи забонҳои флективӣ вай забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва сомиро дохил кард. Ба гурӯҳи аффиксдор бошад, олими нобурда забонҳои туркӣ ва поленизиро дохил кард, ки дар онҳо аффиксҳои гуногун паи ҳам пас аз реша омада, маъноҳои гуногуни грамматикиро ифода мекунанд. Бародараш Август Шлегел таснифоти типологиии ӯро такмил дода, забонҳоро ба се гурӯҳ ҷудо намуд: забонҳои аморфӣ (забонҳои бешакл, решагӣ, изолятивӣ, такҳиҷоӣ) – забонҳои чинӣ ва ҳиндухитой; забонҳои аффиксдор ва забонҳои флективӣ. Номбурда забонҳои флективиро аз рӯи сохтори грамматикиашон ба синтетикӣ ва аналитикӣ ҷудо кардааст. Гарчанде бародарон Шлегелҳо бори нахуст ба таснифоти типологии забонҳо машғул шуда бошанд ҳам, вале асосгузори онро В.Ҳумболдт меҳисобанд. Вай донандаи забонҳои бисёр, аз ҷумла забонҳои ҳиндуёни америкоӣ ва забонҳои полинезӣ буд. Донистани забонҳои дорои сохтори гуногун ба ӯ имкон дод, ки ба таснифоти типологии забонҳо машѓул шавад. Вай аз рӯи имконияти пайваст шудани ин ё он морфема ба калима забонҳоро гурӯҳбандӣ мекард.

Ҳумболдт дар маҷмӯъ таснифоти типологии бародарон Шлегелҳоро маъқул дониста, ҳамаи забонҳои ба ӯ маълумро ба чор гурӯҳ ҷудо кард: а) забонҳои решагӣ, ба мисли забони чинӣ, ки калимаҳояшон танҳо аз реша иборатанд ва морфемаҳои шаклсозро қабул намекунанд, яъне калима шаклан тағйир намеёбад; б) забонҳои агглютинативӣ, ба мисли забонҳои туркӣ, ки аффиксҳои шаклсози якмаъно паи ҳам ба решаи калима пайваст мешаванд; в) забонҳои флективӣ, ба мисли забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва сомӣ, ки аффиксҳои шаклсози бисёрмаъно ба реша (асос) – калима пайваст мешаванд; г) забонҳои инкорпоративӣ, ки дар онҳо калимаҳо бо ҳам часпида, шакли як калимаи мураккабро мегиранд, вале он калимаи мураккаб фикрро ифода мекунад, яъне ҷумла аст.

Забоншиноси дигари олмонӣ Франс Бопп ба таркиби калима аз нигоҳи миқдори ҳиҷоҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Вай забонҳоро аз ин лиҳоз ба се гурӯҳ ҷудо кардааст: а) забонҳое, ки решаи калима дар онҳо аз як ҳиҷо иборат аст; б) забонҳое, ки решаи калимаашон ҳам бо решаҳои дигар ва ҳам бо морфемаҳои гуногун пайваст мешавад; в) забонҳое, ки решаи калима аз ду ва ҳатто аз се ҳиҷо иборат аст. Ба ин гурӯҳ вай забонҳои сомиро дохил кардааст.

Каме баъдтар забоншиноси дигари олмонӣ, намояндаи ҷараёни биологӣ дар забоншиноеӣ Август Шлейхер таснифоти В.Ҳумболдтро такмил дода, ба он баъзе иловаҳоро дохил кард. Таълимот дар бораи хели забонро ӯ морфология ва таснифоти забонҳоро, ки дар асоси гуногуни сохтори онҳо сурат мегирад, таснифоти морфологӣ номид. Ба ақидаи ӯ се навъи забонҳое, ки бародарон Шлегелҳо муайян карда буданд, се дараҷаи инкишофи забонҳоро нишон медиҳад.

Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса бармеояд, ки дар оғоз тадқиқоти типологӣ аз рӯи таснифоти хусусиятҳои гуногуни калима сурат гирифтааст. Омӯзиши типологии аввалҳои асри XIX бо он фарқ мекунад, ки дар ин давра навъҳои мухталифи сохтори забонҳоро ҳамчун марҳилаҳои раванди ягонаи инкишофи забон маънидод мекарданд, яъне ҳар як забон дар ҷараёни инкишофи худ аз ҳолати содаба ҳолати такмилёфта мерасад.

Ҳамин тавр, В. Ҳумболдт ва А.Шлейхер гумон мекарданд, ки забонҳои решагӣ – навъи забонҳои архаистӣ, забонхои алглютинативӣ – навъи гузариш ва забонҳои флективӣ навъи инкишофёфтаи забонҳо ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, таснифоти типологии аввалҳои асри XIX хусусияти баҳодиҳӣ дошт, яъне як навъи сохтори забонҳоро беҳтар ва дигареро бадтар ҳисоб мекарданд. Аз тарафи дигар, гумон мекарданд, ки забонҳои дигар ҳам, масалан, забони туркӣ (агглют.) дар рафти инкишофи худ ба забонҳои флективӣ табдил меёбанд.

Олими дигари олмон Г.Штейнтал, шогирд ва пайрави Ҳумболдт дар тадқиқоти типологии забонҳо қадаме ба пеш гузошт. Вай на ба калимаҳои алоҳида, балки ба омӯзиши воситаҳои алоқаи синтаксисӣ диққат дод. Бо ҳамин ӯ аз ҳодисаҳои морфологӣ ба синтаксис гузашт ва боз як аломати таснифоти типологиро илова намуд.

Равияи таҳқиқоти Штейнталро забоншиноси шведсарӣ Франс Мистели идома дода, ду меъёри нави таснифоти типологиро пешниҳод кард: яке ҷои калима дар ҷумла, дигаре сохтори дохили калима. Меъёри якум, яъне ҷои калима дар ҷумла хусусияти синтаксисӣ дошта, барои типология хеле муҳим аст. Масалан, дар забонҳои дорои сохтори аналитикӣ пеш аз хабар омадани мубтадо инкишофи хусусияти аналитикиро нишон медиҳад.

Ҳамин тавр, барои забоншиносони асри XIX меъёри асосии таснифоти забонҳо сохти морфологии калима будааст. Онҳо аз 2 то 8 намуди забонро муайян кардаанд. Аксари онҳо ин чор навъи забонро эътироф кардаанд: 1) забонҳои флективӣ, ки ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд – синтетикӣ ва аналитикӣ (забонҳои флективии ситетикӣ -русӣ, арабӣ, олмонӣ ва ғ., забонҳои флективии аналитикӣ- англисӣ, тоҷикӣ булғорӣ ва ғ.); 2) забонҳои агглютинативӣ: туркӣ, финӣ –угорӣ, ҷопонӣ, куриёӣ ва ғ.; 3) забонҳои решагӣ: чинӣ, бирманӣ, ветнамӣ ва ғ.; 4) забонҳои инкорпоративӣ(полисинтетикӣ): забонҳои ҳиндуёни америкоӣ, чукотӣ, камчатӣ ва ғ.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

261
Нет комментариев. Ваш будет первым!