Хусусиятҳои типологии забонҳои флективӣ
Нақшаи кор:
1.Тафсири истилоҳи «забонҳои флективӣ, флексия ва навъҳои он
2.Хусусиятҳои типологии забонҳои флективӣ
1.Тафсири истилоҳи «забонҳои флективӣ, флексия ва навъҳои он
Истилоҳи “забонҳои флективӣ” аз калимаи забони лотинии flexio – қатъ шудан, чандир будан гирифта шудааст, яъне забонҳои сарфӣ, забонҳое, ки калимаҳояшон тасриф мешаванд ва як калима метавонад шаклҳои бисёр дошта бошад. Тасрифи калимаҳо ва ё шаклдигаркунии калимаҳо дар забонҳои мазкур тавассути аффиксҳо (вандҳо) – и шаклсоз сурат мегирад, ки онҳоро ба тарзи дигар дар забоншиносӣ флексияҳо меноманд. Аз ин ҷо истилоҳи “забонҳои флективӣ” ба вуҷуд омадааст. Бори нахуст хусусиятҳои типологии ин намуди забонҳоро Фридрих Шлегел муайян карда буд.
Флексия ду хел мешавад: флексияи берунӣ ва флексияи дохилӣ. Флексияи берунӣ, вақте ки шакли калима дар натиҷаи ба реша (асос) пайваст шудани аффиксҳои шаклсоз тағйир меёбад. Масалан: китоб- китобҳо; ширин-ширинтар – ширинтарин; хондем-хондед – хонданд.
Флексияи дохилӣ, вақте ки бе пайвастшавии аффиксҳои шаклсоз ба реша (асос) шакли калима дар натиҷаи тағйироти овозӣ дар худи реша тағйир меёбад. Масалан: фикр- афкор (фикрҳо); модда – мавод (моддаҳо) ва ғ.
2.Хусусиятҳои типологии забонҳои филективӣ
Муҳимтарин хусусиятҳои типологии забонҳои флективӣ аз инҳо иборатанд:
-мавҷудият ва истифодаи флексияҳо (аффиксҳо, вандҳо) муҳимтарин аломати сохтори морфологии ин забонҳо маҳсуб меёбад;
-хеле фаровон истифода кардани ҳам аффиксҳои калимасоз ва ҳам аффиксҳои шаклсоз;
– сермаъно будани аффиксҳои шаклсоз, яъне ҳамон як морфемаи шаклсоз метавонад чанд маънои грамматикиро ифода кунад. Масалан, дар забони тоҷикӣ як бандаки феълӣ маъноҳои грамматикии шашсу шумора, замон, сиға, намуд ва ғайраро ифода мекунад ва ё дар забони русӣ як анҷомаи падежии исмҳо маъноҳои граммаикии шумора, падеж ва ҷинсияти грамматикиро ифода мекунад;
– мавҷудияти ҳодисаи фузия (омезиши морфемаҳо дар калима), ки дар ин ҳолат сарҳади байни морфемаҳо аз байн меравад ва онҳоро наметавон ба мисли забонҳои агглютинативӣ баосонӣ аз ҳам ҷудо кард, яъне фарқияти забонҳои флектифӣ аз забонҳои агглютинативӣ дар он аст, ки дар забонҳои флективӣ морфемаҳо омезиш меёбанд ва таркиби тақсимнопазире бо маҷмӯи маъноҳои гуногунро ташкил медиҳанд. Баъзан морфемаҳо шаклан ҳам тағйир меёбанд. Масалан, дар забони русӣ: мужик (мард)+ск- мужиской (мардона), яъне реша ҳангоми ба он пайваст шудани аффикс (анҷома, окончание) метавонад тағйир ёбад;
-мавҷудияти флексияи дохилӣ, ки ба боситаи он ҳам шакли грамматикии калима сохта мешавад. Масалан, дар забони олмонӣ: Bruder(бародар) –Brüder (бародарон) ва ё дар забони тоҷикӣ: китоб-кутуб (китобҳо).
– мавҷудияти навъҳои зиёди тасрифи калимаҳо, бахусус, дар он забонҳои флекивие, ки системаи падежҳо ва ҷинсияти грамматикӣ доранд;
– алоқамандии зичи морфемаҳо дар калима, ки ба онҳо имкон намедиҳад, то онҳо дар дохили калима озодона ҷояшонро иваз намоянд, чунон ки ин ҳолат дар забонҳои агглютинативӣ мушоҳида мешавад;
– дар баробари ин аффиксҳо метавонанд дар калима нисбат ба реша мавқеъҳои гуногунро ишғол намоянд, яъне дар калима пешванд, пасванд ва миёнванд (префикс, суффикс ва инфикс) омада метавонанд.
– мавҷуд набудани мувофиқати байни шакли грамматикӣ ва маънои грамматикӣ: як флексия метавонад чанд маънои грамматикиро ифода кунад ва дар баробари ин ҳамон як маънои грамматикӣ метавонад бо cфлексияҳои гугогун ифода ёбад. Масалан, дар забони русӣ: к воде, к дому, к лошади, к конью.
Ҳанӯз Август Шлегел забонҳои флективиро аз рӯи воситаҳои алоқаи грамматикӣ ва тарзи ифодаи маъноҳои грамматикӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: забонҳои флективии синтетикӣ ва забонҳои флективии аналитикӣ.
Ба гурӯҳи забонҳои флективии синтетикӣ забонҳои славянӣ (ба ғайр аз забони булғорӣ), олмонӣ, лотинӣ, санскрит, юнонии қадим ва ғайра, ба гурӯҳи забонҳои флективии аналитикӣ забонҳои романӣ, булғорӣ, норвегӣ, тоҷикӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Адабиёт:
1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.
2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.
3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.
4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.
5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.
0 Загрузки