Мафҳум, предмет ва методи ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ

Дар назарияи ҳуқуқ тамоми соҳаҳои ҳуқуқро чун қоида ба моддӣ ва мурофиавӣ тақсим менамоянд. Ба соҳаҳои мурофиавӣ инҳо шомиланд: ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ ва ғайра.

Ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар раванди баррасӣ, ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ, санҷидани санадҳои судӣ ва иҷрои онҳо дар судҳои салоҳияти умумӣ байни суд ва дигар субъектони мурофиаи гражданӣ пайдошаванда, инкишофёбанда ва қатъгардандаро ба танзим медарорад.

Дар баъзе адабиёти ҳуқуқӣ, ҳуқуқи мурофиаи гражданиро ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие меҳисобанд, ки фаъолияти судро оид ба баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ, санҷидани санадҳои судӣ ва иҷрои онҳо танзим менамояд.

Предмети ҳамагуна соҳаи ҳуқуқро маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил медиҳад. Ин қоидаи маъмули назарияи ҳуқуқ, ба ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ низ паҳн мешавад. Предмети танзими ҳар як соҳаи мустақили ҳуқуқ ба саволи меъёрҳои соҳаи мазкури ҳуқуқ чиро танзим менамояд, ҷавоб медиҳад. Аз ин лиҳоз предмети ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ гуфта, маҷмӯи муносиабатҳои ҷамъиятиро меноманд, ки дар ҷараёни баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ, санҷидани санадҳои судӣ ва иҷрои онҳоро дар судҳои салоҳияти умумӣ, байни суд ва дигар субъекти мурофиаи гражданӣ пайдо мешаванд, инкишоф меёбанд ва қатъ мегарданд.

Ба маънои дигар, предмети танзими ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ ин фаъолияти судҳои салоҳияти умумӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ мебошад.

Яке аз масоили муҳими тамоми соҳаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, муайян намудани усул ва тарзҳои таъсиррасонии меъёрҳои ҳуқуқӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бинобар ин, методи танзимнамоии ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ тарзу воситаҳои таъсиррасонии меъёрҳои ҳуқуқиест, ки ба ихтиёрдории ҳуқуқҳо бо дарназардошти худи субъектҳо, баробарӣ ва якхела будани номгӯи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавӣ, мусобиқаҳои тарафҳои баҳскунанда дар исбот кардани ҳаққонияти талабу норозиги пешниҳодшуда асос меёбад.[1]

Таҳлили қонунгузории мурофиаи гражданӣ нишон медиҳад, ки ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ бо ду метод, яъне диспозитивӣ ва императивӣ ба танзим дароварда мешавад.

Методи диспозитивӣ гуфта, муқарраротеро меноманд, ки тибқи он субъекти ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ метавонад яке аз вариантҳои имконпазири қоидаи рафтори дар қонун пешбинишударо интихоб кунад.

Методи императивӣ гуфта, муқарраротеро меноманд, ки тибқи он субъекти ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ бояд варианти ягонаи рафторро, ки қонун пешбини кардааст, риоя намояд.

Бояд қайд кард, ки дар омӯзиши ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ дигар методҳои мантиқӣ, ба монандӣ методи анализ, синтез, индуксия, дедуксия ва дигарҳо истифода мешавад.

Ҳукуқи мурофиаи гражданӣ аз маҷмӯи меъёрҳои ба ҳам алоқаманде иборат мебошад, ки дар якҷоягӣ низоми ҳуқуқи мурофиаи гражданиро ташкил медиҳанд. Низоми ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ ин таснифбандии илмии меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ ба институтҳои алоҳида мебошад. Ба таври дигар гӯем соҳаи ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ аз меъёрҳои зиёди ба ҳам алоқаманде иборат мебошад, ки ба институтҳои ҷудогона тақсим мешаванд. Низоми ҳуқуқи мурофиаи гражданиро вобаста ба дараҷаи аҳамиятнокиашон ба ду гурӯҳ, яъне қисми умумӣ ва қисми махсус тақсим мекунанд.

Қисми умумӣ аз меъёрҳо ва институтҳои ҳуқуқие иборат аст, ки барои тамоми намудҳои мурофиаҳои судии гражданӣ ва давраҳои он аҳамият доранд. Ба монандӣ, принсипҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, муносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, субъектҳои он, вазъи ҳуқуқии субъектон, далелҳо, исботкунӣ ва дигарҳоро дар бар гирифтааст. Бояд қайд намуд, ки баъзе қоидаҳо ва меъёрҳо дар қисми махсуси Кодекси мурофиаи гражданӣ ҷой дода шуда бошад ҳам, онҳо бевосита ба қисми умумӣ тааллуқ доранд.

Қисми махсуси ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ аз меъёрҳо ва институтҳои ҳуқуқие иборат аст, ки давра ва ё ки танҳо як намуди мурофиаи судии гражданиро дар як тартиби муайян танзим менамояд: оғоз намудани парвандаи гражданӣ дар суди марҳилаи якум, омода намудани парвандаи гражданӣ ба муҳокимаи судӣ, муҳокимаи судии парвандаи гражданӣ, истеҳсолот дар марҳилаи кассатсионӣ, истеҳсолот дар марҳилаи назоратӣ, истеҳсолот аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда ва истеҳсолоти иҷро. Дар қисми махсус инчунин хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар мурофиаи гражданӣ муқаррар гардидааст.


[1] Болтуев С.Ш. Мафҳум ва моҳияти мурофиаи гражданӣ. Хуҷанд, 2001. С.20

509
Нет комментариев. Ваш будет первым!