Хусусиятҳои типологии забонҳои инкорпоративӣ (полисинтетикӣ)

Нақшаи мавзӯъ:

1.Тафсири истилоҳоти “забонҳои инкорпоративӣ” ва “забонҳои полисинтетикӣ”

2.Хусусиятҳои типологии забонҳои инкорпоративӣ (полисинтетикӣ)

1.Тафсири истилоҳоти “забонҳои инкорпоративӣ” ва “забонҳои полисинтетикӣ”

Истилоҳи“ забонҳои инкорпоративӣ” аз калимаи лотинии “incorpoatio” –дар таркиби худ фаро гирифтан гирифта шудаст.Хусусиятҳои типологии ин навъи типологии забонҳоро бори нахуст В. Ҳумболдт муайян карда буд. Дар типологияи забоншиносӣ ин навъи забонҳо бо номи забонҳои полисинтетикӣ (аз калимаҳои юнонии poly- бисёр ва synteticos-пайвастшавӣ, таркибёбӣ) низ ёд мешаванд. Истилоҳи “полисинтетизм” бори нахуст аз ҷониби П.С. Дюпонсо (дар баъзе манбаъҳо аз ҷониби Э. Сепир) дар соли 1819 нисбат ба забонҳои ҳиндуёни Амрикои Шимолӣ истифода бурда шудааст. Забонҳои полисинтетикӣ (инкорпоративӣ) забонҳое мебошанд, ки дар онҳо ҳамаи аъзои ҷумла (инкорпоратсияи пурра) ва ё баъзе ҷузъҳои ибора (инкорпоратсияи нопурра) дар як таркиби воҳид, бидуни аломатҳои морфологии ҳар кадоме аз онҳо муттаҳид мешаванд. Ба ибораи дигар, ҷумла дар ин забонҳо ба калимаи мураккаб баробар аст.

Агар чунин навъи морфологии забонҳо, ба мисли забонҳои флективӣ, агглютинативӣ ва решагӣ дар асоси таҳлили сохтори морфологии калима муайян шуда бошанд, забонҳои инкорпоративӣ аз рӯи аломатҳои синтаксисӣ, дар асоси таҳлили ҷумла муайян карда шуданд.

2.Хусусиятҳои типологии забонҳои инкорпоративӣ (полисинтетикӣ)

Хусусияти муҳимтарини типологии ин забонҳо аз он иборат аст, ки дар онҳо дар як шакли грамматикӣ якчанд калимае, ки мафҳумҳои гуногунро ифода мекунанд, муттаҳид мешаванд. Як калимаи шаклан мураккаб метавонад, дар худ ду- се ва ҳатто аз ин ҳам зиёдтар калимаро фаро гирад. Масалан, дар забони чунук (яке аз забонҳои ҳиндуёни Амрикои Шимолӣ) ҷумлаи “Ман омадам, то инро ба вай диҳам” ба як калима баробар аст: i-n-i-a-l-u-d-am. Ин як калимаи дорои задаи ягона буда, аз ҷузъи решагии “d”- додан ва шаш пешванди дорои маъноҳои гуногун ва як пасванд иборат аст, ки аз онҳо i ба замони гузаштаи наздик далолат мекунад, n – ҷонишини объект, i- ҷонишини объект–ин, а- ҷонишини объект-вай, l- пешоянд, u- нишондиҳандаи амали аз пеши гӯянда равонагардида ва –am пасванде мебошад, ки маънои масоҳатии феълро аниқ мекунад.

Ҳамин тавр, он чизе, ки дар забонҳои дигар, аз ҷумла дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ба воситаи ҷумла ифода карда мешавад, дар забонҳои инкорпоративӣ, метавонад танҳо ба воситаи як калима ифода ёбад. Муносибати мубтадою пуркунанда ва дигар аъзои ҷумлаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар ин забонҳо дар дохили як калима ҷой мегиранд ва номҳои ин навъи типологии забонҳо, яъне полисинтетикӣ – “мутаҳидкунандаи воҳидҳои бисёр” ва ё инкорпоративӣ – “дарбаргиранда, фарогиранда” низ аз ҳамин ҷо ба вуҷуд омадаанд.

Хусусияти дигари типологии забонҳои мазкур аз он иборат аст, ки маъноҳои грамматикӣ дар онҳо на тавассути калимаҳои ёридиҳанда, балки асосан тавассути аффиксҳо ифода меёбанд. Аз лиҳози сохтори морфологӣ полисинтетизм ин хусусияти ин ё он забонест, ки аз рӯи миқдори зиёди морфемаҳои ба як калима ростомада дар муқоиса ба стандарти байни забонҳо муайян карда мешавад. Дар забонҳое, ки бештар хусусияти полисинтетизм (биёрморфемагӣ) доранд, тамоми морфология тобеи хабар (феъл) аст. Аз ин рӯ, амалан хусусияти полисинтетизм дар мураккабии сохтори морфолгии феъл зоҳир мегардад. Феъли полисинтетикӣ дар ин навъи забонҳо риштаҳои маъноҳои грамматикиеро муттаҳид мекунад, ки дар дигар забонҳо ё ба воситаи калимаҳои ёридиҳанда ва ё дар таркиби ҳиссаҳои номии нутқ дар ҷумла ифода меёбанд. Барои забонҳои полисинтетикӣ феълҳои шаклан дароз хос аст, ки аз лиҳози маъно ба ҷумлаи пурраи забонҳои дигар баробар аст. Ин хусусияти забоҳои мазкурро ба андозаи хеле кам бошад ҳам, дар забони тоҷикӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Мисоли барҷастааш ҷумлаҳои ихтисоршудае, ки дар забони гуфтугӯӣ ва баъзан дар назм истифода мешаванд. Масалан: гуфтамаш. Ф. Боас дар бораи “калима- ҷумла” (яъне ҷумлаи шаклан монанди калима), ки хоси забонҳои ҳиндуёни Амрикои Шимолӣ мебошад, навишта буд: “Дараҷаи бештарини пайвастшавии аффиксҳо дар таркиби феъл дар натиҷаи фаро гирифтани пешвандҳо ва пасвандҳои ифодакунандаи категорияи шахси феъл мушоҳида мешавад. Ҳамаи онҳо (пешвандҳою пасвандҳо) мувофиқи принсипи агглютинатсия ва аз рӯи мавқеи муайяни устувор ба феъл пайваст мешаванд. Таркиби феълӣ дар забонҳои полисинтетикӣ асосан ба ҷумла баробар аст, яъне фикри пурраро ифода мекунад”. Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки воҳидҳои сохтори забонҳои полисинтетикӣ на калима ва на ҷумла, балки як воҳиди дигаре дар байни инҳо мебошад, ки забоншиносон онро комплекси инкорпоративӣ меноманд. Ба ин тариқ, инкорпоратсия ҳодисаи морфологӣ – синтаксисӣ мебошад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таснифоти типологии забонҳоро холис таснифоти морфологӣ гуфтан ҷоиз нест. Дар робита ба ин хусусияти типологии забонҳои мазкур В. Ҳумболдт дуруст қайд кардааст, ки забонҳои полисинтетикӣ ҳудуди калимаҳоро вайрон карда, онро дар ҷумла ҳам ба кор мебаранд. Аз гуфтаҳои В. Ҳумболдт бармеояд, ки дар забонҳои инкорпоративӣ тафовути байни калима ва ҷумла аз байн меравад ва калимаи аз ҷиҳати грамматикӣ ташаккулёфта дар таркиби худ ҳам сараъзо ва ҳам аъзои пайрави ҷумларо фаро мегирад.

Ҳодисаи полисинтетизм ва ё инкорпоратсияро, ки дар он феъл нақши муҳим дорад, аз калимаҳои мураккабе, ки дар баъзе забонҳо аз исмҳо ва зарфҳо таркиб ёфтаанд, бояд фарқ кард. Масалан, чунин калимаи дароз дар забони баскӣ: ponetikaikoaekin – ҳамзамон касе, ки берет (як навъи кулоҳ) дар сар мекунад. Мисоли дигар, калимаи мураккаб аз забони астекӣ: totoltotlaxcalli – тухмбирён, аз калимаҳои totolin – мурғ, tell – санг, ахсаlli – тухм.

Ба гурӯҳи забонҳои инкорпоративӣ (полисинтетикӣ) забонҳои чукотию камчатӣ, эскомосию алеутӣ, бисёре аз забонҳои ҳиндуёни Амрикои Шимолӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

331
Нет комментариев. Ваш будет первым!