Таснифоти типологии Э. Сепир, Ҷ. Гринберг ва В. Скаличка

Нақшаи мавзӯъ:

1.Таснифоти типологии Э.Сепир

2.Таснифоти типологии Ҷ.Гринберг

3.Таснифоти типологии В.Скаличка

1.Таснифоти типологии Э.Сепир

Дар охири асри XIX меъёрҳои дигари таснифоти типологии забонҳо пешниҳод карда шуданд. Олими америкоӣ Э.Сепер пешниҳод кард, ки навъи типологии забон бояд аз рӯи ин се меъёр муайян карда шавад:

1. Тарзҳои ифодаи мафҳумҳои гуногун дар забон. Вай чор хели мафҳумро нишон медиҳад: а) мафҳуми мушаххасе, ки дар решаи калимаи мустақилмаъно маҳфуз аст (маънои луғавии калима); б) мафҳуми сохта (калимаи сохта-дериватсионӣ), ки ба воситаи аффиксҳои калимасоз ифода меёбад; в) мафҳуми луғавию грамматикӣ (омехтаю релятсионӣ), ки бо роҳи ба реша (асос)-и калима пайваст шудани аффиксҳои шаклсоз ё тағйироти дохили реша (флексияи дохилӣ) зоҳир мегардад; г) мафҳуми холиси грамматикӣ (релятсионӣ), ки берун аз ҳудуди калима, тавассути тартиби калима, калимаҳои ёридиҳанда, оҳанг ва ғайра зоҳир мегардад.

Дар асоси меъёри якум Э.Сепир чаҳор намуди забонҳоро муайян кардааст: а) забонҳои сирф релятсионии сода (чинӣ, ветнамӣ, тибетӣ, эве); б) забонҳои сирф релятсионии мураккаб (полинезӣ, туркӣ, тибетии классикӣ) в) забонҳои омехтаю релятсионии мураккаб (англисӣ, лотинӣ, юнонӣ, санскрит, сомӣ).

Меъёри дуюме, ки Э. Сепир дар таснифоти типологии забонҳо ба кор бурдааст, ин муносибатҳои грамматикии байни калимаҳо мебошад, ки дар навбати худ чор хел мешавад: а) изолятсия, ки маънои грамматикӣ берун аз калима ифода меёбад, яъне ба воситаи калимаҳои ёридиҳанда, тартиби калима ё оҳанг; б) агглютинатсия. ки дар он ба асос (реша) -и тағйирнопазир морфемаҳои шаклсози якмаъно мечаспанд (масалан,okullarimizda); в) фузия, ки дар он маънои луғавию грамматикӣ дар натиҷаи омезиши реша (асос) – и калима ва аффикс ҳосил шуда, ҳудуди байни морфемаҳои решавӣ ва шаклсоз барҳам мехӯрад.Масалан: приду-при иду; г) символизатсия, ки дар он маъноҳои грамматикӣ дар натиҷаи тағйироти овозӣ дар дохили калима(бадалшавии овозҳо, тағйир ёфтани ҷои зада дар калима, оҳанг) ифода мешавад. Масалан, фикр-афкор. сафед-сап-сафед: ё дар забони шиллук (Африка) калимаи “иит” бо оҳанги баланд маънои “гӯш” ва бо оҳанги паст маънои “гӯшҳо” -ро ифода мекунад.

Меъёри сеюм дар таснифоти типологии забонҳои Э. Сепир ин дараҷаи синтез дар грамматика мебошад, ки он се хел мешавад; а) тарзи аналитикӣ, ки он шакли таркибӣ буда, аз калимаи мустақилмаъно ва ёридиҳанда иборат аст (хонда будам, хонда истодааст); б) тарзи синтетикӣ, ки он шакли сода буда, аз асос (реша) ва аффиксҳои шаклсоз таркиб меёбад (книг-оӣ; книг-у; мехонам); в) тарзи полисинтетикӣ (инкорпоративӣ), ки решаҳо ба ҳам бевосита пайваст гардида, шакли калимаи мураккабро мегиранд, вале он ҷумла буда, фикрро ифода мекунад. Масалан, дар забони чуконӣ; т-ы-каа-нм-ат-ы-ркын-ман гавазнҳоро мекушам. Таркибҳои тоҷикӣ: гуфтамаш- ман ба ӯ гуфтам.

Дастовардҳои Э.Сепир аз инҳо иборатанд: таснифоти мафҳумӣ (консептуалӣ)-ро пеш гирифт; б) аз чанд ҷиҳат таҳлил кардани навъи забонро тавсия намуд; в) ба забон чун системаи том нигарист: г) аз доираи забонҳои ҳиндуаврупоӣ баромада, маводи фаровони забонҳои ҳиндуёни америкоиро хеле хуб истифода бурд ва ҳудуди тадқикотҳои типологиро васеъ гардонид, ки дар натиҷа якчанд навъи хосаи забонҳоро ошкор намуд.

Норасоиҳои таснифоти типологии Э.Сепир аз инҳо иборатанд: а) аз рӯи эътирофи худи ӯ таснифоташ ҳанӯз комил нест; б) дар байни баъзе забонҳо ҳудуди қатъии типологӣ мушоҳида намешавад; в) системаи таснифоташ хеле мураккаб мебошад; г) чанд забон (арабӣ, туркӣ) нодуруст гурӯҳбандӣ шудаанд. ғ) таърихи забон аз назари ӯ дур мондааст; д) таснифоти Э. Сепир ба саволи «навъи забон чист?» ҷавоб дода наметавонад.

2.Таснифоти типологии Ҷ… Гринберг

Ақидаҳои Э.Сепирро муҳаққиқи дигари америкоӣ Ҷ.Гринберг инкишоф додааст. Методи Ҷ.Гринберг оморӣ (квантативӣ) ном дорад, зеро ӯ панҷ аломатро асоси таснифоти типологӣ қарор дода, зуҳуроти ҳар яки онҳоро дар матне, ки дорои сад калима мебошад, ҳисоб карда мебарояд. Аз рӯи чунин ҳисоб навъи типологии забонро муайян менамояд. Он аломатҳо чунинанд: а) дараҷаи синтез, яъне миқдори морфемаҳо дар матн: б) таносуби байни морфемаҳои калимасоз ва шаклсоз дар он матн: в) тартиби ҷузъҳои тобеъ нисбат ба реша; г) тарзи алоқамандшавии калимаҳо; д) воситаҳои алоқаи грамматикии байни калимаҳо.

3.Таснифоти типологии В.Скаличка

Олими чех В.Скаличка тарзҳои шаклсозӣ, воситаҳои ифодаи муносибатҳои грамматикӣ, инчунин аломатҳои типологии қабатҳои забонро ба инобат гирифта, панҷ намуди забонро муайян кардааст: флектнвӣ, интрофлективӣ, алглютинативӣ, изолятивӣ (решагӣ), полисинтетикӣ (инкорпоративӣ). Номбурда аломатҳои хоси ҳар яки онҳоро нишон додааст, ки ҳамагӣ 18-то мебошанд. Аз ҷумла, алоқаи мувофиқат, мавҷудияти калимаҳои ёридиҳанда, тартиби калима (устувор ва ё озод), воҳидҳои калимасоз, инкорпоратсия, синонимия ва омонимия, воҳидҳои грамматикии ҷумлаҳое, ки калимаҳои мураккабро мемонанд, муқобилгузории воҳидҳои калимасоз ва бандакҳо, ҷинсияти грамматикӣ ва навъи исмҳо, мавҷудияти сифати феълӣ, феъли ҳол ва масдар, фаровонии ҷумлаҳои тобеъ ва амсоли инҳо. Баъзе ин хосиятҳо метавонанд дар ду ё ҳатто се намуди забон такрор шаванд ва баъзе хосиятҳои дигар танҳо ба як навъи забон хос мебошанд. Масалан, алоқаи мувофиқат, ҷинсияти грамматикӣ, синонимия ва омонимия, воҳидҳои грамматикӣ танҳо дар забонҳои флективӣ, инкорпоратсия фақат дар забонҳои полисинтетикӣ дучор мешавад. Дар забонҳои флективӣ ва решагӣ ҷумлаҳои мураккаби тобеъ инкишоф ёфтаанд. Тартиби устувори калима ба забонҳои агглютинативӣ, решагӣ ва полисинтетикӣ хос аст.

Адабиёт:

1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.

2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.

3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.

4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.

5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.

0 Загрузки

310
Нет комментариев. Ваш будет первым!