Таснифоти типологии забонҳо дар Россия. Ф.Ф.Фортунатов ва И. Мешанинов
Нақшаи мавзӯъ:
1.Таснифоти типологии Фортунатов Ф.Ф.
2.Таснифоти типологии Мешанинов И.И.
1.Таснифоти типологии Фортунатов Ф.Ф.
Дар забоншиносии рус таҳқиқотҳои типологӣ дар охири асри XIX оѓоз ёфтанд. Фортунатов Ф.Ф. дар асоси меъёри сохтори шакли калима ва таносуби ҷузъҳои морфологии он таснифоти Ҳумболтро пурра карда, забонҳои сомиро ба гурӯҳи махсус – флективию-агглютинативӣ ҷудо кард. Ба ақидаи ин олим, дар ин забонҳо ҳам флексия ва ҳам агглютинатсия хеле зиёд ба кор меравад, бинобар ин, ин забонҳо бояд ба як гурӯҳи махсус, яъне гурӯҳи флективию агглютинативӣ ҷудо карда шаванд.
2.Таснифоти типологии Мешанинов И.И.
Забоншиноси дигари рус, ки дар омӯзиши типологии забонҳо нақши муҳим дорад, Мешанинов И.И. мебошад. Вай ба омӯзиши типологии муносибатҳои синтаксисии байни мубтадо (субъект) ва хабар (предикатив) машғул шудааст. Аз ин рӯ, И.И. Мешаниновро асосгузори типологияи ҷумла меноманд. Номбурда забонҳои гуногунро – аз забонҳои Кавказ cap карда то забонҳои полиосиёӣ мавриди омӯзиш қарор додааст. Мувофиқи таснифоти типологии Мешанинов. И.И. забонҳо ба се гурӯҳ (се тип) људо мешаванд:
а) забонҳо дорои сохтори ғайрифаъол (масалан, забони чукотӣ). Хусусияти фарқкунандаи сохтори синтаксисии онҳо аз он иборат аст, ки мубтадо ва хабар ягон ифодаи морфологӣ надоранд. Онҳо дар як таркиб муттаҳид шуда, ба калимаи асосӣ тобеъ мегарданд. Хусусияти дигари фарқкунандаи ин забонҳо он аст, ки феьлҳо ба мондаю гузаранда тақсим намешаванд.
б) забонҳои дорои сохтори эргативӣ (забонҳои Кавказ ва баскӣ), ки ба онҳо таркибҳои эргативӣ хос аст. Хусусияти фарқкунандаи ин таркиб он аст, ки хабар (феъл) аз ду ҷиҳат ба мубтадо алоқаманд мешавад, яъне феъл на танҳо ба мубтадо мувофиқат мекунад, балки ҳамзамон онро ба худ тобеъ мекунад. Ғайр аз ин, агар феъл гузаранда бошад, мубтадо дар падежи махсус – падежи эргатавӣ (падежи иҷрокунандаи амал) ва агар феъл монда бошад, мубтадо дар падежи мутлақ (им. падеж) қарор мегирад. То андозае ҷумлаи русии «Его ударила током» ба таркиби эргативӣ монанд аст, ки дар он иҷрокунандаи амал на дар падежи иминителний, балки дар падежи творителний омадааст.
в) забонҳои дорои сохтори номинативӣ (бештар аз забонҳои ҳиндуаврупоӣ). Хусусияти фарқкунандаи ин намуди забонҳо аз он иборат аст, ки новобаста аз oн ки феьл (хабар) монда ё гузаранда аст, мубтадо дар падежи именителний меояд.
Кори Мешанинов И.И. аз он чиҳат љолиб аст, ки вай барои таснифоти забонҳо на калимаҳои алоҳида, балки гурӯҳи калимаҳои бо ҳам дар муносибат (мубтадо – хабар: муайянкунанда — муайяншаванда; феъли гузаранда — пуркунанда) истифода бурдааст.
Адабиёт:
1.Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков, Ленинград, 1979г.
2.Гак В.Г. Сравнительная типология французского и русского языков, Ленинград, 1977.
3. 4.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С., Азимова М., Усмонова К. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. Душанбе, 1988.
4. Шарафутдинова Н.С. Лингвистическая типология и языковые ареалы. Ульяновский, 2011.
5.Шилихина К.М. Основы лингвистической типологии (учебно- методическое пособие). Воронеж, 2007.
2 Загрузки